ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои қатъ намудани фаъолияти филиали Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия
Мутобиқи моддаи 56 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Фаъолияти филиали Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қатъ карда шавад.
2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти филиали Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия чораҳои зарурӣ андешад.
3. Дар банди 6 замимаи 8 ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, № 454 "Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар сархати шашум аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад.
4. Банди 21 замима ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 5 январи соли 2024, № 670