Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2023, № 567
тасдиқ шудааст
РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ "БЕХАТАРИИ ГӯШТИ ПАРАНДА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДШУДАИ ОН"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Регламенти техникии "Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он" (минбаъд - Регламенти техникӣ) талаботи ҳатмӣ барои татбиқ ва таъмин нисбат ба маҳсулоти парандаи забҳшударо, ки дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парвариш ёфтаанд ва маҳсулоти коркард дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуда, талабот нисбат ба равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, (боркашонӣ), фурӯш ва нобудсозӣ, инчунин талабот ба тамғагузорӣ ва бастабандии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркарди онро барои таъмини интиқоли озоди маҳсулот муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандагонро ба иштибоҳ меандозад, таҳия гардидааст.
3. Объектҳои бамеъёрдарории техникии Регламенти техникӣ инҳо мебошанд:
1) маҳсулоти парандаи забҳшудаи дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парваришёфта ва маҳсулоти коркарди он:
- гӯшти паранда;
- маҳсулот аз узвҳои дигари паранда;
- равғанҳои ғизоии паранда (чарбуи хом ва чарбуи гудохташуда);
- гӯшти ба таври механикӣ ҷудошудаи паранда;
- устухони ғизоии паранда ва маҳсулоти коркарди он;
- пӯсти паранда;
- маҳсулоти хоми коллагендори паранда ва маҳсулоти коркарди он;
- маҳсулоти нимтайёр аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда);
- маҳсулоти таббохӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда);
- маҳсулоти ҳасибӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда);
- маҳсулот аз гӯшти паранда;
- консерваҳо аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда);
- маҳсулоти хушк аз гӯшти паранда;
- сафедаи ғизоии хушк аз маҳсулоти паранда ва маҳсулоти дигари аз он асосёфта;
- обпазҳо (пиёбаҳо);
- маҳсулоти парандаи забҳшуда барои ғизои кӯдакон;
- маҳсулот аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон;
2) равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол (боркашонӣ), фурӯш ва нобудсозии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркардшудаи он.
4. Амали Регламенти техникӣ нисбат ба маҳсулоти зерин татбиқ намегардад:
1) маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркардшудаи он, ки шаҳрвандон дар хона ва (ё) дар хоҷагиҳои шахсии ёрирасон истеҳсол кардаанд, инчунин равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол (боркашонӣ) ва нобудсозии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркардшудаи он, ки танҳо барои истеъмоли шахсӣ пешбинӣ гардида, барои ба муомилот баровардан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд;
2) маҳсулоти хӯроквории махсусгардонидашуда (ба истиснои маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркардшудаи он барои ғизои кӯдакон);
3) маҳсулоти хӯрокворие, ки дар он тибқи дастурамал вазни маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти гӯштӣ дар маҷмуъ 50 дарсад аст ё аз вазни маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркарди он зиёд мебошад;
4) иловаҳои ғизоӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ба ғизо, доруворӣ, хӯроки чорво, маҳсулоти барои ғизо пешбининашуда, ки бо истифода ё дар асоси маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркарди онҳо тайёр карда мешаванд;
5) маҳсулоти хӯроквории муассисаҳои хӯроки умумӣ, ки бо истифода ё дар асоси маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркардшудаи он омода гардида, барои фурӯш ҳангоми хизматрасонӣ, инчунин барои равандҳои ба фурӯш баровардани чунин маҳсулот пешбинӣ гардидаанд;
6) маҳсулоти хӯрокворӣ, ки мувофиқи дастурамал таркиби он камтар аз 5 дарсад гӯшти паранда дорад.
2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
5. Барои амалисозии Регламенти техникӣ мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- безараргардонӣ - раванди коркарди маҳсулоти парандаи забҳшуда, ки аз ҷониби мақомоти давлатии назорат (санҷиш)-и байторӣ барои истифода бо маҳдудият тасдиқ шуда, истеҳсоли он зери назорати мутахассиси соҳаи байторӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани ин гуна маҳсулот ба талаботи Регламенти техникӣ қарор мегирад;
- беҳискунии паранда - гузарондани таъсири мақсаднок ба бунияи паранда пеш аз забҳкунонӣ, бо мақсади муваққатан маҳдуд кардани қобилияти ҳаракати он ҳангоми нигоҳ доштани кори дил;
- боқимондаҳои устухонӣ - маҳсулот аз парандаи забҳшуда дар шакли устухонҳои ғизоии кӯфташудаи паранда бо мавҷудияти бофтаҳои гӯшти лаҳм мебошад, ки ҳангоми ба таври механикӣ ва усулҳои ҷудо кардани тани паранда ва (ё) қисмҳои он ба даст омада, барои коркарди минбаъдаи саноатӣ ва барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ё ҳамчун хӯроки чорво пешбинӣ шудааст;
- боқимондаи устухонҳои хунуккардашуда, устухонҳои ғизоии хунуккардашудаи паранда - пасмондаҳои устухоние, ки тариқи коркарди сардсозӣ омода гардида, ҳарорати сардӣ дар ҳама гуна нуқтаҳои андозагирии маҳсулот барои боқимондаи устухонҳо аз -2оC то 0оC ва барои дигар маҳсулоти забҳшуда аз -1оC то -4оC мебошад;
- ба қисмҳо ҷудосозии тани парандаи забҳшуда - ба қисмҳо тақсим намудани тани парандаи забҳшуда бо дар назар доштани ҷойгиршавии анатомии мушакҳо ва устухонҳои паранда, аз рӯйи сохтори муқарраргардидаи ба даст овардани маҳсулоти ғизоӣ;
- гӯшти намакхӯрда ва дуддодашудаи паранда - маҳсулоте, ки аз буридаҳои гӯшти лаҳми намакхӯрдаи паранда (бо ҳамҷоясозӣ ё бе ҳамҷоякунӣ ва пӯхтан) ва тариқи обпаз бо мақсади ба вуҷуд овардани яклухтии гӯшт ва таркиби ёзандагӣ дар маҳсулоти тайёр омода карда мешавад;
- гӯшти яхнӣ - маҳсулоти таббохие, ки аз таркибҳои тариқи ҳарорати гармӣ коркардшуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти дигар узвҳои паранда) бо дохил намудани таркибҳои ғайригӯштӣ омода гардида, бо қабат гузошта ва бо шӯрбои мурғӣ (обпаз)- и ғализкардашуда ва (ё) маҳлули моддаҳои яхнисозанда дар ҳаҷми то 50 дарсад пур гардида, дар ҳолати хунуккунӣ ба яхнии сахт мубаддал мешавад;
- гӯшти яхкардашуда (ва дигар маҳсулоти узвҳои яхнишудаи паранда, чарбуи хом, пӯст, устухон (боқимондаи устухон), гӯшти аз устухон тариқи механикӣ ҷудошуда, маводди хоми сафедадормаводди ғизоии хоми гӯштие, ки дар давоми ҳамаи муҳлати пас аз коркард дар ҳарорати хунукӣ то давраи истифода дар ҳама гуна нуқтаи ченаки маҳсулот ҳароратро на камтар аз -12оC нигоҳ медорад;
- гӯшти паранда - маҳсулоти парандаи забҳшуда дар шакли нимтаи ҷисми забҳгардида ва қисмҳои он;
- гӯшти беустухони паранда - маҳсулот аз гӯшти паранда дар шакли буридаҳо бо намуди дилхоҳи ҷудосозӣ ё резакунӣ, бо вазну андозаҳои гуногун, ки дар умумият аз узвҳои мушакӣ, бофтаҳои пайвандкунанда ва чарбуи онҳо, дорои пӯст ё бе пӯст иборат мебошад;
- гӯшти ба таври механикӣ ҷудошудаи паранда - маҳсулоти парандаи забҳшуда, ки дар натиҷаи аз устухон ҷудо кардан бо усулҳои аз ҳам ҷудосозии тани паранда ё қисмҳои он, аз ҷумла гардан ё устухонҳо бо буридани бофтаҳои гӯштдори на камтар аз 30 дарсад гӯштдошта, ки аз бофтаҳои соидашудаи мушакӣ, чарбӯӣ ва пайвасткунанда иборат буда, дорои андозаҳои меъёрӣ ва вазни қиёсии устухонҳо мебошанд, ба даст оварда шудаанд;
- гӯшти тариқи буғронӣ хушконидаи паранда - маҳсулоти хушконида аз гӯшти паранда, ки бо роҳи нобуд кардани рутубатнокии дохили гӯшт тавассути табдил додани он ба буғ бевосита аз ҳолати яхкардашуда ба даст оварда мешавад;
- гӯшти хунуккардашуда (ва маҳсулоти дигар узвҳои паранда, чарбуи хом, маводди хоми дорои коллаген, устухонҳои ғизоӣ, пӯст)гӯшти паранда (ва маҳсулоти дигар узвҳои паранда, чарбуи хом, маводди хоми дорои коллаген, устухонҳои ғизоӣ, пӯст), ки тариқи коркард бо сардсозӣ, ҳарорати сардӣ дар ҳама гуна нуқтаи ченаки маҳсулот аз -1оC то -4оC-ро ташкил медиҳад;
- гӯшти яхнии обкардашудаи паранда - гӯшти яхнии паранда, ки ҳар нуқтаи ченаки он дар ҳарорати аз 1шC то 4 шC об карда мешавад;
- консерваҳо аз гӯшти парандаи якҷинса барои ғизои кӯдакон - консервҳо аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон, ки ҳамчун ғизо ба кӯдакони аз 6-моҳа боло пешбинӣ гардида, дар таркибаш на камтар аз 80 дарсад зарраҳои гӯштдори ғизоӣ бо андозаи то 0,3 мм ва на бештар аз 20 дарсад зарраҳои то 0,4 мм ҷой дода шудааст;
- консервҳо аз гӯшти намаккарда ва дуддодашудаи паранда - консервҳо аз гӯшти паранда, ки аз буридаҳои лаҳми гӯшти намакхӯрдаи паранда тайёр карда мешавад;
- консервҳо аз гӯшти паранда бо афшӯраи гӯшти паранда - консервҳо аз гӯшти паранда, ки аз гӯшти устухондори паранда бо иловаи хӯришҳо ва намаки ошӣ омода карда мешавад;
- консервҳо аз гӯшти паранда (маҳсулоти гӯштӣ-сабзавотӣ ва сабзавотӣ-гӯштӣ бо истифодаи гӯшти паранда) барои ғизои кӯдакон - маҳсулот аз гӯшти паранда дар бастабандии истеъмолии ба таври ҳавоногузар маҳкамшуда, ки тамиз гардонида шуда, дар ҳолати якнавъсозӣ, пюремонанд, бо резаҳои калон ё пора-пора ё бо намуди саққочаҳо ё силиндршакл аз маводди хоми барои ғизои кӯдакон пешбинишуда (гӯшти паранда, маҳсулоти шикамбаю рӯда (ҷигар, дил), мувофиқи талаботи муқарраршуда оид ба таркиб, арзиши ғизоӣ ва бехатарӣ, бо истифода ё бе истифодаи таркибҳои ғайригӯштӣ, бо вазни киёсии таркибҳои гӯштӣ барои консерваҳои гӯштӣ-сабзавотӣ аз 18 то 40 дарсад ва барои консерваҳои сабзавотию гӯштӣ аз 5 то 18 дарсад омода гардидаанд. Консерваҳои гӯшти паранда (гӯштию сабзавотӣ ва сабзавотӣ-гӯштӣ аз гӯшти паранда) барои ғизои кӯдакони аз 6-моҳа боло, вобаста ба дараҷаи резашавӣ (якнавъсозӣ - аз 6 - моҳа боло, пюремонанд - аз 8 - моҳа боло, бо резаҳои калон - аз 9 - моҳа боло, қолабӣ - аз 1 - сола боло ва буридаҳои аз яку нимсола боло) истифода бурда мешаванд;
- консерваҳо аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), маҳсулоти ғизоии дар зарфҳои истеъмолии ба таври ҳавоногузар маҳкамшудае мебошад, ки тамиз гардонида шуда ё пастеризатсия гардида, ҳадафи аслии он ба таъмини бехатарии микробиологӣ ва мавҷуд набудани микрофлораи касалиовари қобили ҳаёт, ҳамчунин мувофиқат барои нигоҳдорӣ дар муддати тулонӣ нигаронида шудааст ва тибқи нишондоди дастурамал ҳиссаи вазни қиёсии гӯшти паранда ва (ё) маҳсулоти дигар узвҳои паранда дар ин намуди маҳсулот на кам 60 дарсадро ташкил медиҳад;
- консерваҳои яхнӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда)- консервҳо аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки бо истифода аз таркибҳои яхникунонанда омода карда мешаванд;
- консерваҳои қайлагӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - консерваҳо аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), гӯшти дар таркибҳои моеъ андудашуда мебошад, ки аз гӯшти паранда бо иловаи қайла мутобиқи дастурамали муқарраргардида тайёр карда мешавад;
- консерваҳои соидашуда гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - консерваҳо аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), гӯшти дар таркибҳои моеъ андудашуда мебошад, ки аз гӯшти паранда бо иловаи таркибҳо мутобиқи дастурамали муқарраргардида омода карда мешавад;
- консерваҳо аз гӯшти қимаи паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - консерваҳо аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки аз қимаи ҳасибии гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) тайёр карда мешаванд;
- консерваҳо бо резаҳои калони гӯштӣ аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон - консерваҳо барои ғизои кӯдакон аз гӯшти паранда, шикамбаю рӯдаи паранда (ҷигар, дил), ки барои ғизои кӯдакони аз 9-моҳа боло пешбинӣ гардида, дар таркибашон на камтар аз 80 дарсад зарраҳои гӯштии андозаи то 3 мм ва на бештар аз 20 дарсад заррачаҳои андозаашон то 5 мм ҷой дода шудааст;
- консерваҳо бо гӯшти буридаҳо аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон - консерваҳо аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон, ки ҳамчун ғизо ба кӯдакони аз яку нимсола боло пешбинӣ гардида, аз гӯшти паранда ва таркибҳои ғайригӯштии тариқи буридаҳо резакардашуда, бо вазни на камтар аз 30 г, бо афшураи худӣ, қайла, мурғшӯрбо ё яхнӣ тайёр карда шудааст;
- консерваҳои гӯштию сабзавотӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - консервҳо аз гӯшт ва (ё) маҳсулоти узвҳои дигари паранда, ки бо истифода аз таркибҳои растанӣ омода шуда, вазни қиёсии гӯшт ва (ё) маҳсулоти узвҳои дигари паранда дар таркиби онҳо аз 30 то 60 дарсадро ташкил медиҳад;
- консерваҳои тамизёфта аз гӯшти паранда - консерваҳо аз гӯшти паранда, ки дар раванди истеҳсол дар ҳарорати камтар аз 100 шС гарм карда мешаванд ва ба талаботи муқаррарнамудаи регламенти техникии мазкур, талаботи саноатии тамиз будан барои консерваҳои тамизшуда ва шароити нигоҳдории таъминсозандаи устувории микробиологӣ мутобиқ мебошанд;
- консерваи пюремонанд аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон - консервҳои дорои на камтар аз 80 дарсади зарраҳои ҳаҷмаш то 1,5 мм ва на бештар аз 20 дарсади зарраҳои ҳаҷмаш то 3 мм, ки барои ғизои кӯдакони аз 8-моҳа боло пешбинӣ шудааст;
- консерваҳои сабзавотию гӯштӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - консерваҳо аз гӯшти паранда ва (ё) маҳсулоти узвҳои дигари паранда, ки бо истифода аз таркибҳои набототӣ тайёр карда шуда, вазни қиёсии гӯшти паранда ва (ё) маҳсулоти узвҳои дигари паранда дар таркиби онҳо аз 5 то 30 дарсадро ташкил медиҳад;
- консервҳои тамизшуда - консервҳое, ки дар раванди истеҳсол бо ҳарорати зиёда аз 100шС гармӣ коркард шуда, ба талаботи муқарраргардидаи Регламенти техникӣ вобаста ба бехатарии микробиологӣ барои консервҳои тамизёфта мувофиқат мекунанд;
- консерваҳои тариқи ҳарорати гармӣ коркардшуда аз гӯшти паранда - консерваҳои тамизёфта аз гӯшти паранда, ки мутобиқ ба талаботи дар ҳуҷҷатҳои техникии истехсолкунанда муқарраршуда, бо мақсади нест кардани микробҳои касалиовар ва заҳрхориҷкунанда, ҳамчунин спораҳо ё тамизкардашуда онҳо дар бастабандӣ (зарфҳо)-и ҳавоногузар ҷой карда мешаванд;
- консерваҳои қолибӣ аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон - консерваҳо аз гӯшти паранда ва (ё) шикамбаю рӯдаи паранда (ҷигар, дил), ки дорои дар шаклҳои сақоӣ ё силиндрӣ бо андозаи заррачаҳои аз 0,5 то 3 см ва иловаи мурғшӯрбо ё қайла омода гардида, барои ғизои кӯдакони аз яксола боло пешбинӣ шудаанд;
- коркарди такрории маҳсулоти парандаи забҳшуда, маҳсулот аз гӯшти паранда - маҳсулоти хӯрокворӣ (масалан, маҳсулоти нимтайёр, ҳасиб ва маҳсулоти таббох) - и тавассути коркарди дубораи маҳсулоти парандаи забҳшудаи дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парваришёфта, ки бе истифода ё бо истифода аз таркибҳои маҳсулоти ҳайвонот, растанӣ, минералӣ, микробиологӣ, сунъӣ ва таркибҳои ғизоии парваришёфтаи обӣ ба даст оварда мешаванд;
- қимаи ҳасибӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда, ки барои истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ пешбинӣ гардида, аз омехтаи гӯшти парандаи беустухон (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), таркибҳои гӯштӣ ва ғайригӯштии дигар бо дараҷаҳои гуногун резакардашуда (аз ҷумла то дараҷаи маҳинсозӣ) омода гардида, коркарди технологию ба даст овардани он дар асоси дастурамали миқдории муқарраргардида ба роҳ монда мешавад;
- қима аз гӯшти паранда - маҳсулоти нимтайёри резашуда аз гӯшти беустухони паранда дар дараҷаҳои гуногуни суфтасозӣ бо илова ё бе илова кардани дигар таркибҳои гӯштӣ ва (ё) ғайригӯштӣ;
- қисми тани парандаи забҳшуда - маҳсулот аз парандаи забҳшуда, ки дар натиҷаи бурида ҷудо кардани тани парандаи забҳшудаи дохилаш тозагардида ба даст оварда мешавад.
- маводди хоми сафедадори паранда - маҳсулоти парандаи забҳшуда (пойҳо, болбуғумҳо, тағоякҳо, устухонҳои ғизоии паранда), ки таркиби он аз бофтаҳои дорои сафедаҳо иборат мебошанд;
- маҳсулоти яхкардашудаи коркардгардида аз маводди парандаи забҳшуда ва маҳсулоти яхнӣ аз гӯшти паранда - маҳсулоти аз маводди забҳи паранда коркардгардида, ки тавассути ҳарорати яхдон, дар ҳама гуна нуқтаҳои ченаки маҳсулот, дар шароити на бештар аз тарҳи 12шC барои маҳсулоти нимтайёр ва барои чарбуи обкардашуда, ҳамчунин маҳсулоти коркарди маводди хоми коллагендори паранда ва на бештар аз тарҳи 8шС барои дигар маҳсулот (масалан, ҳасиб, маҳсулоти таббохӣ ё худ маҳсулоти тайёр) омода карда мешавад;
- маҳсулоти ҳасибии обпаз (ҷӯшонидашуда) аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулоти ҳасибӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки ҳангоми истеҳсол тариқи таҳшиншавӣ, хушксозӣ, бирён кардан ва баъдан ҷӯшонидан омода мегардад. Маҳсулоти ҳасибиии тариқи обпаз аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) омодашуда метавонад бо истифода аз технологияи равандҳои якҷоясозӣ ё равандҳои алоҳидаро пешбинкунанда тайёр карда шавад;
- маҳсулоти ҳасибии обпазу дуддодашуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулоти ҳасибӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки ҳангоми истеҳсол тариқи таҳшиншавӣ, дудхӯрии пешакӣ, ҷӯшонидан, дуддиҳӣ ва хушксозии иловагӣ бо ҳарорати гармӣ тайёр карда мешавад. Маҳсулоти ҳасибиии обпазу дуддодашуда аз гӯшти паранда метавонад бо истифодаи технологияи бе раванди дуддиҳии пешакӣ коркардшаванда омода гардад;
- маҳсулоти ҳасибӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда - маҳсулоти хӯрокворӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки барои истеъмол омода гардидааст, шакл ва (ё) андозаи муқаррарӣ дошта, бо ғилофак ё бе ғилофак, аз қимаи ҳасиб ва (ё) гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) аз рӯйи технологияи муайян тайёр карда мешавад;
- маҳсулоти ҳасибӣ аз гӯшти нимдуддодаи паранда - маҳсули ҳасиби гӯшти паранда, истеҳсоли он тариқи таҳшиншавӣ, бирён кардан, обпазӣ, дудхӯрӣ бо ҳарорати гарм ва дар ҳолати зарурӣ хушконидан ба амал оварда мешавад. Маҳсулоти ҳасиби нимдуддода аз гӯшти парандаро бо истифода аз технологияе тайёр кардан мумкин аст, ки омезиши равандҳои алоҳидаро пешбинӣ мекунад;
- маҳсулоти ҳасибӣ аз узвҳои дарунии паранда - маҳсулоти ҳасибии ҷӯшонидашуда, ки аз шикамбаву рӯдаи паранда бо илова намудани таркибҳои гӯштӣ ва ғайригӯштӣ омода карда мешавад;
- маҳсулоти ҳасибии хушконидашуда аз гӯшти паранда - маҳсулоти ҳасибӣ аз гӯшти паранда, ки дар ҷараёни истеҳсол тариқи таҳшиншавӣ ва (ё) ферментатсиякунонӣ, инчунин тариқи хушконидан тайёр карда мешавад;
- маҳсулоти ҳасибии хушконидаву дуддодашуда аз гӯшти паранда - маҳсулоти ҳасибӣ аз гӯшти паранда, ки тариқи таҳшиншавӣ ва (ё) ферментатсия (бо истифода ё бе истифодаи омехтаҳои сертаркибаи яхнӣ), дудхӯрии хунук ва хушконидан омода мегардад;
- маҳсулоти таббохӣ аз гӯшти обпази паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда)- маҳсулоти таббохие, ки аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) тариқи коркард бо ҳарорати гармӣ, аз ҷумла бо роҳи хушксозӣ, бирёнкунӣ ва ҷӯшондан, ё танҳо обҷӯш истеҳсол карда мешавад;
- маҳсулоти таббохии бирён аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулоти таббохие, ки аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) тариқи бирён кардан омода гардидааст;
- маҳсулоти таббохии пӯхташуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда - маҳсулоти таббохие, ки аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), тариқи коркард бо ҳарорати гармӣ, аз ҷумла бо роҳи хушксозӣ, бирёнкунӣ ва пӯхтан, ё танҳо тариқи пӯхтан истеҳсол карда мешавад;
- маҳсулоти таббохӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулоте, ки аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) тариқи коркард бо ҳарорати гармӣ то омодагии пурраи таббохӣ бо хунуккунии минбаъда ё яхнисозӣ омода карда мешавад. Маҳсулоти таббохӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) ба гурӯҳҳои обпаз, бирён ва пӯхта ҷудо карда мешаванд;
- маҳсулоти нимтайёри таббохӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулоти хӯрокворӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) мебошад, ки дар шакли маҳсулоти нимтайёри таббохӣ ё маҳсулоти таббохӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) омода карда шудааст;
- маҳсулоти таббохӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулоти ғизоӣ аз гушти мурғ (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки ҳамчун маҳсулоти таббохии нимтайёр аз гушти мурғ ва ё маҳсулоти тибоҳи аз гушти мурғ ҳисобида мешаванд. Маҳсулоти таббоҳӣ аз гушти мурғ (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) метавонад дар шакли буридаҳо (аз ҷумла дар шакли ҷисми пурра) ва резашуда, дар ғилофак, бо орд ҷӯлонидашуда, хока, парварда, қайла ё бе ин шаклҳо, қимашуда ва қолабӣ истеҳсол карда шавад;
- маҳсулоти нимтайёри буридаҳои аз гӯшти паранда - маҳсулоти нимтайёр аз гӯшти паранда, ки дар шакли парандаи забҳшуда ё қисмҳои парандаи забҳшуда (гӯшти лаҳм ва (ё) беустухон) тайёр карда шудааст;
- маҳсулоти хунуккардашудаи коркардгардида аз маҳсулоти парандаи забҳшуда, маҳсулоти хунуккардашуда аз гӯшти паранда - маҳсулоти коркардшуда аз гӯшти парандаи забҳгардида, ки дар ҳама гуна нуқтаи ченаки он ҳарорати сардӣ барои маҳсулоти нимтайёр аз тарҳи 1шC то 4шC-ро ташкил дода, ин меъёри сардсозӣ барои маҳсулоти хушккардашуда ё хомдуддодашуда аз 0 шC то -15шC ва барои дигар маҳсулот аз 0 шC то -6шC мебошад;
- маҳсулоти хунуккардашуда аз гӯшти паранда ва ба таври механикӣ ҷудокардашуда - гӯшти парандаи ба таври механикӣ ҷудошуда, ки дар ҳарорати сардии ҳама гуна нуқтаи ченаки маҳсулот аз -2шC то 0шC нигоҳ дошта мешавад;
- маҳсулоти ҳасибии нимдуддодашудаи паранда барои ғизои кӯдакон - маҳсулоти нимдуддодашудаи ҳасибӣ аз гӯшти паранда, ки барои ғизои кӯдакони аз 6 - сола боло пешбинӣ шудааст;
- маҳсулоти нимтайёр аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон - маҳсулоти нимтайёри гӯшти паранда, ки барои ғизои кӯдакони аз яку нимсола боло таъин гардидааст;
- маҳсулоти нимтайёр аз гӯшти паранда (ва маҳсулот аз узвҳои паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда ва (ё) маҳсулоти узвҳои дигари паранда, ки аз гӯшти устухондор ё беустухони паранда дар шакли буридаҳо ё дар намуди резашуда ё омехтаи онҳо бо илова ё бе иловаи таркибҳои ғайригӯштӣ истеҳсол шуда, барои коркарди минбаъда бо ҳарорати гармӣ омода карда мешавад;
- маҳсулоти ҷӯшонидаву пӯхташуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки тариқи нимхушксозӣ, бирён кардан, ҷӯшондан ва пӯхтан ё дар алоҳидагӣ ҷӯшондану баъд пӯхтан омода карда мешавад;
- маҳсулоти ҷӯшонида-дуддодашуда (дуддода-ҷӯшонидашуда) аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки истеҳсоли он тариқи дуддиҳӣ, ҷӯшонидан ва дуддиҳии иловагӣ ба амал оварда мешавад;
- маҳсулоти ҷӯшонида-хушккардашуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти обпази (ҷӯшонидашудаи) паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки тариқи безараргардонӣ бо усули физикӣ ва боқимондани вазни холиси рутубатнокии аз 10 то 30 дарсад истеҳсол карда мешавад;
- маҳсулоти яхнӣ аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки аз маҳлули желатин ё дигар моддаҳои яхнисозанда бо дохил намудани гӯшт ва таркибҳои тариқи технологӣ омодашудаи ғайригӯштӣ, дар шакли ғилофакдор ё шакли дигар, бо коркарди минбаъдаи ҳарорати гармӣ то омодашавӣ барои истифода ё бидуни он истеҳсол мегардад;
- маҳсулоти хушккардашуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои паранда) - маҳсулоте, ки аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои паранда) тариқи ферментатсия бо истифода ва ё бе истифодаи маводҳои аз ҳисоби микробунияҳо интихобгардидаи манфиатовар ва бо оҳистагӣ қисман хушконидан ва нигоҳдории ҳолати чандирии мулоим истеҳсол карда мешавад;
- маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда, ки аз тани дохилаш тозагардида ва (ё) қисмҳои тан (бо устухон ё бе устухон) ва (ё) гӯшти беустухон ва резакардашуда ва (ё) маҳсулоти узвҳои дигари паранда бо иловаи таркибҳои ғайригӯштии намаккардашуда ва тариқи ҳарорати гармӣ коркардгардида ё танҳо намаккарда, то омода шудан ба истифода тайёр карда мешавад. Маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) метавонад дар шакли хому намакхӯрда, намаккардашуда, дуддодашуда, дуддодапӯхташуда, ҷӯшонидапӯхташуда, обпаздуддодашуда, хушконидадуддодашуда, хушконидақоқкардашуда, қоқкардашуда, хушконидашуда, ҷӯшонидахушконидашуда ва ғайра мавриди истифода қарор гирад;
- маҳсулоти дуддодаю пӯхташудаи гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки дар раванди истеҳсол тариқи нимхушксозӣ, дуд додан, ҷӯшонидан ва пӯхтан барои истеҳсол омода карда мешавад;
- маҳсулоти дуддодашуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки тариқи намакхобонӣ, дуддиҳӣ ва хушконидан ё танҳо тариқи намакхобонӣ ва дуддиҳӣ омода карда мешавад;
- маҳсулот дар асоси сафедаи паранда - маҳсулоти тезтайёршаванда бо таркиби сафедаи паранда, ки дар як воҳиди хӯрокворӣ барои истеъмол омодашудаи он на камтар аз 2 дарсад сафедаи паранда бо иловаи таркибҳои ғайригӯштӣ (таомҳои якум ва дуюм, таомҳои тезтайёр, шӯла) ҷой дода мешавад;
- маҳсулоти коркардшуда аз устухони ғизоии паранда - маҳсулот аз гӯшти паранда, ки дар натиҷаи коркарди такрории устухон ва боқимондаи устухон, аз ҷумла устухони чарбуяш гирифташуда ва гидролизати устухон тайёр карда шудааст;
- маҳсулоти коркардшудаи маводди хоми паранда - махсулот аз гӯшти паранда, ки дар натиҷаи коркарди технологии маводди хоми паранда бо қиёмсозии минбаъда ва (ё) хушконидан ё бидуни ин амалҳо омода гардидааст;
- маҳсулоти хушк аз гӯшти паранда - маҳсулот аз гӯшти паранда, ки бо усули беобсозии физикӣ то боқӣ мондани вазни қиёсии рутубатнокӣ ба миқдори на бештар аз 8 дарсад тайёр карда мешавад;
- маҳсулоти хушконидашуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки тариқи беобгардонӣ бо усули физикӣ бо боқӣ мондани вазни қиёсии рутубатнокӣ то 30 дарсад истеҳсол карда мешавад;
- маҳсулоти хоми бодхушккардашуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулоти гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда, ба истиснои ҷигар), ки тариқи ферменткунонӣ (бо истифода ё бе истифодаи маводҳо аз микробунияҳои фоидаовар) дуддиҳии хунук ва хушконидан истеҳсол мегардад;
- маҳсулоти хоми дуддодашуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки тариқи ферментикунонӣ (бо истифода ва ё бе истифодаи маводҳо аз микробунияҳои фоидаовар), дуддиҳии хунук ва хушксозӣ омода карда мешавад;
- маҳсулоти хоми намакхӯрда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои паранда), ки тариқи намак кардан, пӯхтан ва хушконидан ё танҳо намак кардан ва пӯхтан барои истеҳсол омода мегардад;
- маҳсулот аз парандаи забҳшуда - маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи ҳайвонот, ки бо роҳи технологияи саноатии забҳсозии парандаи дар хоҷагиҳо парваришёфта ба даст омада, барои аз нав коркард (коркард) - и минбаъда ва (ё) ба фурӯш баровардан (танҳои тозакардашуда ва қисмҳои тани паранда, чарбуи хом, пӯст, маҳсулоти коркардшудаи дигар узвҳои паранда, гӯшти ба таври механикӣ ҷудокардашудаи паранда, гӯшти беустухони паранда, устухони паранда, маводди хоми коллагендори паранда) тайёр карда шудааст;
- маҳсулот аз парандаи забҳшуда барои ғизои кӯдакон - маҳсулоти парандаи забҳшуда, ки барои истеҳсоли маҳсулоти ғизои кӯдакон пешбинӣ шудааст;
- маҳсулот аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон - маҳсулот аз гӯшти паранда, шикамбаю рӯда (ҷигар, дил)- и паранда, ки барои ғизои кӯдакони хурдсол (аз 6- моҳа то 3- сола), синни томактабӣ (аз 3- сола то 6- сола), синни мактабӣ (аз 6- сола боло) тавсия гардида, ба талаботи дахлдори физиологии буния (организм)- и кӯдак нисбат ба ғизои кӯдакон мувофиқат мекунад;
- маҳсулоти нимтайёри резашуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) - маҳсулоти нимтайёр бо шакл ва вазнҳои гуногун аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), ки аз гӯшти резашудаву ҷудогардидаи паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) бо илова ё бе иловаи дигар таркибҳо тайёр карда мешавад;
- маҳсулоти узвҳои паранда - маҳсулот аз парандаи забҳшуда, ки дар натиҷаи коркарди технологии узвҳои дарунӣ, аз ҷумла шикамбаву рӯда (ҷигар, дил, сангдон), шонаҳои қафо, гардан, калла ва почаи паранда ба даст оварда мешаванд;
- миқдори муайяни маҳсулоти забҳшудаи паранда - ҳама гуна миқдори маҳсулоти парандаи забҳшуда дар як намуд (барои ҷисми паранда ва қисмҳои онҳо - бо як усули коркард) мебошад, ки як номгӯй, бастабандии якхела, нигоҳдорӣ дар ҳарорати якхела, аз ҷониби як истеҳсолкунанда, дар як истеҳсолот, тибқи як стандарти минтақавӣ (байнидавлатӣ) ё миллӣ ва (ё) стандарти ташкилот ва (ё) дигар ҳуҷҷатҳои истеҳсолкунанда истеҳсол шуда, дар фосилаи муайяни вақт, бо ҳуҷҷатҳои боркашонии ҳамроҳ, ки назорати махсулоти хӯроквориро таъмин мекунанд, ифода меёбад;
- миқдори муайяни маҳсулот аз гӯшти паранда (ва дигар маҳсулоти узвҳои паранда) - ҳама гуна микдори маҳсулоти хӯроквории аз ҷиҳати таркиб ва сифат якхела (масалан, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти ҳасибӣ ва таббохӣ ва ғайра, ки бо роҳи коркард (коркарди дубора)- и маҳсулоти парандаи забҳшудаи дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парваришёфта ба даст омада, бе истифода ё бо истифодаи таркибҳои ҳайвонот, наботот, минералҳо, таркибҳои микробиологӣ, сунъӣ ва объектҳои дар муҳити обӣ парваришёфтаи барои истеҳсоли хӯрокворӣ пешбиншаванда, бо як намуд ва як номгӯй, дар ҳарорати гармии якхела, ки дар як воситаи истеҳсолӣ, тибқи як стандарти минтақавӣ (байнидавлатӣ) ё миллӣ миллӣ ва (ё) стандарти ташкилот ва (ё) ҳуҷҷатҳои дигар истеҳсол шуда, дар як санаи истеҳсол ва дар як вақт барои таҳвилу қабул пешниҳод гардидааст ва дорои ҳуҷҷатҳои боркашонии таъминкунандаи назорати маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад, ифода меёбад;
- миқдори муайяни парандаҳои забҳшаванда - шумораи муайяни парандаҳо аз як парандахона, ки дар як вақт барои забҳ фиристода шуда, аз як намуд ва гурӯҳи якхелаи синнусолӣ, дар як корхонаи истеҳсолӣ бо истифодаи як намуд технология дар як давраи муайян парвариш ёфтаанд ва бо як намуди нақлиёт, дар як вақт барои таҳвил ва қабул бо як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарии байторӣ пешниҳод карда мешавад;
- мусодираи байторӣ - маҳсулоти парандаи забҳшуда, ки аз рӯйи натиҷаҳои экспертизаи байторию беҳдоштӣ барои истифода ҳамчун маҳсулоти хӯрокворӣ корношоям эътироф шудааст;
- оби яхнии мурғшӯрбо - маҳсулоти таббохие, ки аз таркибҳои бо ҳарорати гармӣ коркардшуда, бо илова намудани мурғшӯрбо ва ҳамроҳсозии таркибҳои ғайригӯштии дорои ҳолати аз чандирӣ то мулоим тайёр карда мешаванд;
- обпаз (пиёба) - маҳсулоти коркардшуда аз маводди парандаи забҳшуда, ки бо роҳи ҷӯшонидан ё гидролизкунонӣ бо илова ё бе иловаи таркибҳои ғайригӯштӣ, инчунин тариқи ҷудосозӣ (сепаратсиякунонӣ), таркиббандӣ ё қиёмсозии фазаи моеъ ва (ё) хушксозии минбаъдаи он (ё бидуни хушксозӣ) омода мегардад;
- паштет - маҳсулоти таббохие, ки аз таркибҳои хом ва (ё) бо усули ҳарорати гармӣ коркардгардида тайёр карда шуда, дорои зарфияти пластикӣ мебошад ва ҳангоми истеҳсол то омодагии таббохӣ мавриди коркарди гармӣ қарор мегирад;
- парандаи болиғ - парандаи ҷисман аз инкишоф бозмонда бо ғуррии сахти устухонҳои қафаси сина;
- паранда барои забҳ - парандаи дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парваришёфта, ки барои забҳ ва коркарди такрорӣ пешбинӣ мегардад;
- парандаи дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парваришёфта - парандаи (дар дохили об ё хукӣ парваришёфта), ки аз бо дасти инсон барои таъмини иқтисодиёти хоҷагӣ, аз ҷумла истеҳсоли гӯшт ва наслгирӣ парвариш карда мешавад;
- пӯсти паранда - маҳсулоти парандаи забҳшуда, ки дар натиҷаи ҷудо кардани пӯст аз ҷисми тозакардашудаи паранда ё қисмҳои он ба даст оварда мешавад;
- сафедаи хушки ғизоии паранда - маҳсулот аз гӯшти хушконидаи паранда, ки дар натиҷаи ферменткунонии гидролизии ҷисми парандаи забҳшуда, маҳсулоти узвҳои паранда, устухонҳои аз ҷисми парандаи забҳшуда ҷудогардида ва гӯшти аз устухонҳо ба таври механикӣ ҷудошуда ба даст омада, ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои истифода ҳамчун таркиби ғизоӣ пешбинӣ карда мешавад;
- таркибҳои гӯштӣ - қисми таркибии дастурамали маҳсулоти хӯрокворӣ, ки маводди бадастомадаи ҳайвоноти забҳшуда, аз ҷумла маҳсулоти паранда ё маҳсулоти бадастомада дар натиҷаи коркарди маводди ҳайвоноти забҳшуда, аз ҷумла маҳсулоти бадастомада аз парандаи забҳшударо ифода мекунад;
- таркибҳои ғайригӯштӣ - ҷузъи таркибии маҳсулоти хӯрокворӣ аз рӯи дастурамал, ки маҳсулоти забҳи паранда ё маҳсулоти дар натиҷаи коркарди маводди парандаи забҳшуда ба даст оварда шудааст;
- тоза кардани гӯшти паранда - ҷудосозии қисми лаҳми гӯшт аз устухонҳои ҷисми паранда ё қисмҳои он;
- устухони ғизоии паранда - маҳсулот аз парандаи забҳшуда дар шакли устухони хом, ки дар натиҷаи аз ҷисми забҳгардидаю тозакардашуда ва (ё) аз қисмҳои алоҳидаи ҷисми парандаи забҳшуда ҷудо кардани устухон ба даст омада, ҳамчун устухони яклухт ё соидашуда барои коркарди минбаъдаи саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ё ҳамчун хӯроки чорво пешбинӣ гардидааст;
- ҳасиб аз гӯшти узвҳои паранда - маҳсулоти ҳасибии дорои сохтҳои гуногун, ки аз буридаҳои тариқи гармӣ коркардшудаи таркибҳои гӯштӣ ва ғайригӯштӣ тайёр карда мешавад;
- ҳасибҳои тамизёфта аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон - маҳсулоти ҳасибӣ барои ғизои кӯдакон аз гӯшти паранда, маҳсулоти шикамбаю рӯдаи паранда (ҷигар, дил), ки барои ғизои кӯдакони аз якунимсола боло пешбинӣ гардида, аз қимаи ҳасибҳо, дар шакли ғилофаки ҳасибӣ бо қутри на бештар аз 24 мм, тариқи коркард бо ҳарорати гармӣ ва тамизкунонӣ дар бастабандӣ (зарф)- и ҳавоногузар истеҳсол карда мешавад;
- чарбуи хоми паранда - маҳсулоти парандаи забҳшуда, ки дар натиҷаи коркарди махсулоти паранда ва дигар узвҳои паранда (сангдон) ва (ё) таҳиясозӣ (буридан)- и ҷисми парандаи забҳшудаи дорои бофтаҳои чарбудор ба даст оварда шудааст;
- чарбуи ғизоии гудохташудаи паранда - чарбуе, ки дар натиҷаи гудохтан (моеъсозӣ)- и чарбуи хоми паранда ба даст оварда мешавад;
- чӯҷаи паранда - чӯҷаи парандае, ки бо дар назар доштани муҳлати муайян барои истеҳсоли гӯшти паранда парвариш ёфта, дорои устухони норасидаи қафаси сина мебошад;
- чӯҷаи ҷойивазкунандаи парандаи болиғ - чӯҷаи парандае, ки барои ба даст овардани гӯшт ё ҷойивазкунии парандаи калонсол парвариш карда мешаванд;
- ҷисмии тозакардашудаи парандаи забҳгардида, парандаи забҳкардашуда - маҳсулоти парандаи забҳшуда, ки дар натиҷаи беҳискунонӣ, хунравӣ, парканӣ, беруноварии узвҳои дарунӣ, сар, гардан ва пойҳои паранда ба даст омада, ба сифати маҳсулоти ғизоӣ пешбинӣ карда мешавад;
- шикамбаю рӯдаи паранда - маҳсулот аз узвҳои дохилии паранда (узвҳои дохилии паранда - ҷигар, дил ва сангдони коркардгардида);
- яхнӣ - маҳсулоти таббохӣ аз таркибҳои бо ҳарорати гармӣ коркардшуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) бо ҳамроҳсозӣ ё бе ҳамроҳсозии таркибҳои ғайригӯштӣ, ки то 100 дарсад бо илова намудани шӯрбои мурғӣ ва (ё) дигар маҳлулҳои яхнисозанда омода гардида, ҳангоми сардсозӣ ба яхнии устувор (сахт) табдил меёбанд.
3. ҚОИДАҲОИ ҲАММОНАНДСОЗИИ МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА
6. Бо мақсади мансуб гардондани маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда бо объектҳои бамеъёрдарории техникӣ, ки нисбати онҳо Регламенти техникӣ татбиқ мегардад, ҳаммонандсозии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда аз ҷониби аризадиҳанда, мақомоти назорат (санҷиш)-и давлатӣ, мақомоти амалисозандаи назорат, мақомоти баҳодиҳии мутобиқат, инчунин шахсони манфиатдор бе гузарондани ташхис (озмоиш), бо роҳи муқоисаи номгӯйи маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти парандаи дар тамғакоғаз ё ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба маҳсулоти интиқолёбандаи нишондодашуда, ҳамчунин бо номгӯйи маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ба амал бароварда мешавад.
7. Муқаррар намудани мутобиқати маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ба номгӯйи онҳо, ҳаммонандсозии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда бо роҳи муқоисаи намуди берунии онҳо ва нишондиҳандаҳои зоҳирӣ ба амал бароварда шуда, дар ин васила хусусиятҳои муайяннамудаи стандартҳое, ки ба номгуйи стандартҳои дар натиҷаи қабули ихтиёрии риояи талаботи Регламенти техникӣ ё бо аломатҳои муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои техникӣ дохил гардидаанд, ба назар гирифта мешавад ва мутобиқи онҳо маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда истеҳсол мегардад.
8. Дар ҳолати бо усулҳои муоинашаванда ва зоҳирӣ ғайриимкон гардидани муайянсозии ҳаммонандии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда аз рӯйи номгӯй дар асоси маълумоти тамғакоғаз ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба маҳсулоти интиқолии нишондодашуда, ҳаммонандсозӣ бо усули таҳлилӣ, ки мутобиқати физикию кимиёвии нишондиҳандаҳои маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти парандаро муқаррар менамояд, бо дар назар доштани аломатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- муайянсозии маҳсулоти номбурда дар асоси Регламенти техникӣ ба амал оварда мешавад;
- аломати дар стандартҳо нишондодашуда, ки дар натиҷаи ба таври ихтиёрӣ қабул намудани онҳо риояи талаботи Регламенти техникӣ, барои муайянсозии номгӯйи стандартҳои баҳодиҳии мутобиқати Регламенти техникии мазкур истифода мешаванд, таъмин мегардад;
- дар ҳуҷҷатҳои техникие, ки мувофиқи онҳо маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда истеҳсол карда мешавад, нишон дода мешавад.
4. ҚОИДАҲОИ БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДАНИ МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
9. Маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолате ба муомилот бароварда мешавад, ки агар ба талаботи Регламенти техникӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати онҳо амалӣ меёбанд, мутобиқ бошанд.
10. Ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани маҳсулоти парандаи забҳшуда он бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарӣ дар соҳаи байтории аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба маҳсулоти интиқолёбанда таъмин карда мешавад. Ба маҳсулоти воридотии гӯшти паранда, ки таҳти назорати байторӣ қарор дошта, аз кишварҳои дигар ворид мегардад ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарӣ дар соҳаи байтории аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда ҳамроҳ карда мешавад.
11. Маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки ба талаботи Регламенти техникӣ ва талаботи дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат дошта, амалашон нисбат ба онҳо татбиқ мегардад ва аз баҳодиҳии мутобиқат гузаштаанд, бо забони давлатӣ тамғагузорӣ карда шаванд.
12. Маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки ба талаботи Регламенти техникӣ ва талаботи дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат надошта, амалашон нисбат ба онҳо амалӣ намегардад ва аз доираи баҳодиҳии мутобиқат нагузаштаанд, ба муомилот баровардани онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.
13. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилоти маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти парандае, ки муҳлати истеъмолаш гузаштааст, манъ аст.
5. ТАЛАБОТИ БЕХАТАРӢ НИСБАТ БА МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА
14. Барои забҳ ва коркарди дубораи парандаҳои ҷавони ба таври махсус дар хоҷагиҳои кишоварзии парандапарварӣ парваридашуда, чӯҷаҳои дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парваришёфта ва ҷойивазкунандаи ҳама намуди парандаҳо, аз ҷумла мурғҳои тухмкунанда ва чӯҷаҳои гӯштӣ, инчунин ҷойивазкунандаи парандаҳои калонсоли хоҷагиҳои кишоварзии парандапарварӣ истифода мешаванд.
15. Маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, ҳангоми истифода аз рӯйи таъинот бояд дар давоми муҳлати муқарраршудаи истеъмолӣ бехатар бошанд.
16. Маҳсулоти парандаи забҳгардида ва маҳсулот аз гӯшти паранда ба талаботи Регламенти техникӣ ва дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо амалӣ мешавад, мутобиқат намоянд.
17. Меъёрҳои бехатарии микробиологӣ ва талаботи гигиенӣ оид ба бехатарии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти гӯшти паранда (аз ҷумла маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон) ба талаботи замимаҳои 1-6 ва талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқ бошанд.
18. Дар таркиби маҳсулот аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон мавҷуд будани бензоапирен, диоксинҳо ва микотоксинҳо манъ аст. Таркиби маҳсулот аз гӯшти паранда, ки дар ҷараёни истеҳсол дуд дода мешавад, набояд аз 0,001 мг/кг бензоапирен зиёд дошта бошад.
19. Нишондиҳандаҳои физикию кимиёвии маҳсулот аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон ба талаботи дар замимаи 7 нишондодашуда мувофиқат дошта бошад. Нишондиҳандаҳои воқеии сафеда ва чарбу дар маҳсулот аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон набояд аз меъёрҳои пешбинишудаи дар замимаи 7 муқарраргардида берун бошад.
20. Дар таркиби маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда миқдори антибиотикҳо, аз ҷумла батситрасин, левомитсетин (хлорамфеникол) ва антибиотикҳои гурӯҳи тетрасиклин тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назорат гирифта мешавад:
- меъёри ниҳоии муқарраршудаи боқимондаҳои воситаҳои дорувории байторӣ, ки таркиби онҳо дар маҳсулоти парандаи забҳшуда мувофиқи маълумот оид ба истифодаи онҳо мутобиқ мебошад, аз ҷониби истехсолкунанда (таъминкунандаи) гӯшти паранда ҳангоми воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳангоми таҳвили маҳсулоти парандаи забҳшуда барои коркард назорат карда шуда, ба талаботи замимаи 8 мувофиқат дошта бошад;
- мавҷудияти боқимондаҳои моддаҳои гормоналӣ ва гормонмонанд дар таркиби маҳсулоти парандаи забҳшуда манъ аст.
21. Таркибҳои ғайригӯштие, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти паранда истифода мешаванд, ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки ба онҳо тааллуқ доранд, мувофиқат намоянд.
6. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА РАВАНДҲОИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА
22. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда уҳдадоранд равандҳои истеҳсолии худро тавре анҷом диҳанд, ки маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ба талаботи Регламенти техникӣ ва дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо амалӣ мекунанд, мутобиқат намоянд:
- шахсони аз ҷониби истеҳсолкунандаи маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ваколатдоршуда уҳдадоранд мутобиқати равандҳои истеҳсоли онҳо, инчунин маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти парандаро нисбат ба талаботи Регламенти техникӣ назорат кунанд;
- фурӯшандагони маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда уҳдадоранд, ки мутобиқати чунин маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти парандаро ба талаботи Регламенти техникӣ, инчунин ҳолати бастабандӣ ва муҳлати нигоҳдории онро назорат намоянд.
23. Ташкили иншооти истеҳсолие, ки дар онҳо раванди истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшуда ва (ё) маҳсулот аз гӯшти паранда амалӣ карда мешавад, ҳамчунин таҷҳизоти технологӣ ва рӯйхати асбобу анҷомҳои истифодашаванда дар раванди истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти гӯшти паранда, шароити нигоҳдорӣ ва берунсозии партовҳои истеҳсолии чунин маҳсулот, инчунин обҳои ҳангоми истеҳсолоти чунин маҳсулот истифодашаванда бояд ба талаботи Регламенти техникӣ "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мувофиқат дошта бошад.
24. Дар тамоми марҳилаҳои раванди истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда бояд пайгирии онҳо таъмин карда шавад.
25. Дар раванди истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда маводди ба истеҳсолот алоқаманддошта, ба талаботи бехатарии пешниҳодгардида нисбат ба бехатарии маводди ба маҳсулоти хӯрокворӣ алоқамандидошта мутобиқат дошта бошанд.
26. Дар биноҳои истеҳсолӣ нигоҳ доштани масолеҳи бастабандӣ пас аз ба итмом расидани басти корӣ рухсат дода намешавад. Нигоҳдории масолеҳи бастабандӣ дар ҳуҷраи алоҳида, хушк, дорои васоити шамолдиҳӣ ба амал бароварда мешавад, ки бо рафчаҳо ва рафҳои калон муҷаҳҳаз гардидаанд.
27. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда уҳдадор аст расмиёти заруриро барои таъмини бехатарии истеҳсоли онҳо мутобиқи Регламенти техникӣ "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" амалӣ намояд.
7. ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА РАВАНДҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ОН
28. Истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшуда равандҳои зеринро дар бар мегирад:
- нигоҳдории пеш аз забҳ ва омодагӣ ба забҳ, беҳисгардонӣ, забҳ, бехунсозӣ, коркард бо ҳарорати гармӣ, парканӣ, тоза кардани қисми дарунии тани паранда, коркарди узвҳои паранда, сардсозӣ, ба қисмҳо ҷудо кардани тан, бастабандӣ, яхникунонӣ, нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ намудани мусодираҳои байторӣ ва партовҳои техникӣ;
- нигоҳ доштани паранда пеш аз забҳ бе дастрасӣ ба ғизо ва бо дастрасии озод ба об тибқӣ замимаи 9 амалӣ карда мешавад.
29. Раванди омодасозии паранда барои забҳ бояд ба талаботи Регламенти техникӣ ва Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мувофиқ бошад.
30. Ба забҳи паранда барои истифодаи эҳтиёҷоти хӯрокворӣ ҳамон вақт рухсат дода мешавад, ки агар вазъи саломатии парандаи забҳшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳо дар доираи қабули чораҳои байторию беҳдоштӣ муътадил буда, истифодаи маҳсулоти забҳи он ба ҳайси маҳсулоти ғизоӣ мувофиқ бошад. Парандае, ки ба объектҳои истеҳсолӣ барои забҳ ворид карда мешавад, мутобиқи талаботи байторию санитарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои дар самти қабули чораҳои байторию беҳдоштӣ амалкунанда аз муоинаи байтории пеш аз забҳшавӣ гузаронда мешавад.
31. Забҳи парранда дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- агар парандаи барои забҳ фиристодашуда бо ҷиғилдони пур ва узвҳои ҳозимаи пур аз ғизо ба забҳхона ворид шавад;
- агар парандаи барои забҳ фиристодашуда бо пару боли чиркин ва рутубатнок ба забҳхона ворид гардад;
- агар парандаи барои забҳ фиристодашуда ҳаммонандӣ нашуда, аз муоинаи байторӣ нагузашта бошад;
- ба супоранда баргардондани парандагони бемор, гумонбаршуда ба мавҷудияти беморӣ, бо узвҳои вайроншудаву шикаста, ҳамчунин гурӯҳи парандагони ҳангоми қабул норасоӣ ё бемориашон ошкоршуда;
- агар парандаи барои забҳ дохилшуда аз ҳудуди объектҳои истеҳсолӣ берун оварда шавад;
- агар ба парандаи барои забҳ фиристодашуда дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи охирини хӯрокдиҳӣ гӯшти моҳӣ, партовҳои моҳӣ ва (ё) орди моҳӣ хӯронда шуда бошад;
- агар парандаи барои забҳ фиристодашуда ҳангоми парваришёбӣ бо мақсади табобат ё пешгирии беморӣ антибиотикҳо, воситаҳои доругии зиддигелминтӣ (зиддигиҷа) ва дорувориҳои дигар хӯронда шуда бошад, то ба охир расидани муҳлати беруншавии ин доругиҳо аз бунияи паранда, мувофиқи нишондоди дастурамали истифодаи дорувориҳо.
32. Раванди истифодаи партовҳои биологӣ (тани парандагон, маводди мусодираи байторӣ, пасмондаҳои забҳхона) ва партовҳои дигар, ки ҳангоми коркарди маводди хоми хӯрокворӣ ва ғайрихӯроквории ҳайвонот ба даст омадаанд, бояд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат дошта бошад.
33. Агар дар раванди қабул ва азназаргузаронии байтории пеш аз забҳи паранда аломатҳои бемории сироятӣ ошкор карда шавад, ҳамаи шумораи муайяни парандагони аз ҳамон қисми воридотӣ барои забҳ дохилшуда фавран ба забҳхонаи санитарӣ ё забҳ дар охири басти корӣ ё ба басти кории алоҳида фиристода шуда, таҳти назорати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (алоҳида аз парандаҳои солим) қарор мегиранд. Пас аз ба охир расидани забҳ бояд безараргардонӣ (дезинфексия)-и биноҳо ва таҷҳизот гузаронда шавад.
34. Раванди забҳшавии паранда бояд ба талаботи Регламенти техникӣ ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мувофиқ бошад.
35. Дар раванди забҳи паранда бояд ҳаммонандкунии маҳсулоти парандаи забҳшуда анҷом ёфта, назорати онҳо дар тамоми раванди технологии истеҳсоли онҳо таъмин карда шавад.
36. Дар раванди забҳи паранда бояд риояи равандҳои технологии забҳи паранда бо истифодаи усулҳои зерини технологии хориҷкунандаи ифлосиҳои сатҳи берунаи тани паранда таъмин карда шавад:
- беҳиссозии паранда бояд бо истифода аз воситаҳое анҷом дода шавад, ки маҳдудияти муваққатӣ ва аз даст додани қобилияти ҳаракати парандаро ҳангоми кори дил таъмин мекунанд;
- забҳи паранда бояд бехуншавии пурраи бадани парандаро таъмин намояд;
- усулҳои коркард бо ҳарорати гармӣ нисбат ба парандаи забҳшуда бояд вобаста ба намудхои он интихоб гардида, набояд ба вайроншавии пӯсти паранда дар натиҷаи истифодаи ҳарорати гармӣ роҳ дода шавад;
- амалиёти технологии парканӣ бояд ба таври пурра дур кардани парҳои паранда аз тани онро таъмин намояд ва набояд ба вайроншавии механикии пӯсти паранда роҳ дода шавад;
- ҳангоми амалиёти технологии тоза кардани тани забҳшудаи паранда, ба осеб дидани узвҳои ҳозимаи паранда ва ворид шудани таркиби онҳо ба тан ва таҷҳизот роҳ дода намешавад;
- пеш аз гузарондани экспертизаи байторию санитарӣ аз тани паранда ҷудо кардани узвҳои дарунӣ бе имконияти ҳаммонандсозии мансубияти онҳо ба тани паранда манъ мебошад.
37. Таҷҳизот ва асбобҳое, ки ҳангоми забҳи паранда истифода мегарданд, бояд эҳтимолияти ифлосшавии тани паранда ва дигар маҳсулоти парандаи забҳшударо истисно намоянд.
38. Дар сурати тахмин кардан ё ошкор гардидани бемориҳои махсусан хавфноки паранда қатъи фаврии хатти забҳсозии парандаро пешбинӣ кардан зарур аст.
39. Барои ҷамъоварии маводди мусодираи байторӣ новадонҳои махсус ва зарфҳо ҷиҳозонда мешаванд ё воситаҳои махсуси тамғагузошташудае мавриди истифода қарор мегиранд, ки бо зарфҳои аз маводди полимерӣ сохташудаи барои безараргардонӣ (дезинфексиякунанда) рухсат дошта бошад, оби гарм ва буғи тезро таъмин намоянд, ё аз пӯлоди зангногир бо сарпӯшҳои маҳкам васлшаванда муҷаҳҳаз ёфтаанд, ки ба дастрасии берухсат роҳ намедиҳанд.
40. Корд, қайчӣ, чангак ва асбобҳои дигар ҳангоми ифлосшавӣ на камтар аз 1 маротиба дар як соат аз ифлосиҳо тоза гардида, баъди ба охир расидани басти корӣ, дар сурати муносибат кардан бо маҳсулоти парандаи забҳшуда шуста мешаванд ва ҳамчунин танҳои аз парандаи бемор ё парандаҳои гумонбар ба беморӣ бадастомада тариқи тамизсозӣ бо маҳлулҳои махсус безарар гардонда мешаванд. Мӯзаҳо, пешдоманҳо, дастпӯшҳо ва остинҳои резинӣ ҳамарӯза пас аз анҷоми кор аз ифлосиҳо поккорӣ гардида, шуста ва хушк карда мешаванд. Кормандони сехҳои истеҳсолӣ пеш аз оғози кор ва баъди ҳар як танаффуси корӣ, ҳангоми аз як амалиёт ба амалиёти дигар гузаштан, инчунин баъди наздик шудан ва муносибат доштан бо маҳсулоти ифлосгардидаи парандаи забҳшуда, тани аз парандаи бемор ё гумонбар ба беморӣ гирифташуда дастони худро мешӯянд ва тамизкорӣ мекунанд. Пас аз рафтан ба ҳоҷатхона дар ҷойи дастшӯйӣ дастҳоро шустан ва тамизкорӣ кардан ва такроран дар ҷои кор (ҳангоми баргаштан ба сехи истеҳсолӣ, пеш аз оғози кор) дигарбора шустан ва тамиз кардани дастҳо зарур аст.
41. Дар охири раванди сардсозӣ ҳарорат дар ҳама гуна нуқтаи ченкунии тани паранда бояд бо нишондоди аз -1оС то - 4оC таъмин карда шавад. Барои кам кардани хатари тухмгузории микроорганизмҳои чубчашакл ба тани паранда, ҳангоми хунуксозӣ бо об (тариқи дар об ғӯтонидан) ва (ё) бо роҳи хунуксозӣ тариқи ҳавокашҳо тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи воситаҳои технологии ёрирасони зиддимикробӣ рухсат дода мешавад. Ҳангоми амалиёти технологии сардсозии тани парандаи забҳшуда тавассути об (тариқи дар об ғӯтонидан) ва (ё) бо роҳи хунуксозии тани парандаи забҳшуда тариқи ҳавокашҳо, ба истифодаи маҳлулҳои дорои хлори фаъол вобаста ба дараҷаи консентратсияи, яъне консентратсияи аз меъёри муқарраргардидаи зиёди хлор дар оби нӯшокӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Ҳангоми амалиёти технологии сардсозии тани парандаи забҳшуда тавассути об (тариқи дар об ғӯтонидан) бояд самти ҳаракати тани паранда дар зарфҳои хоса (ваннаҳо)-и сардсозанда ба самти оби воридшаванда мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба оби нушокӣ муқобил бошад.
42. Дар раванди истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшуда ба тани паранда ва қисмҳои он ворид кардани об, таркиби дигар ва иловаҳои ғизоӣ манъ аст.
43. Раванди коркарди маҳсулоти узвҳои паранда, аз ҷумла хориҷ кардани кутикулаҳо, хориҷ намудани таркибҳои дохили меъда, хориҷ кардани пардаҳои серозӣ, талхадон, хориҷсозии боқимондаи бофтаҳои ба ҳам часпида, чарбу, қабатҳои хушкшудаи пӯсти рӯйи пойҳо ва ифлосшавии онҳо бояд на дертар аз 30 дақиқа пас аз ҷудо кардани тани паранда (аз ҷумла дохил намудан ба дастгоҳи хунуккунанда ва (ё) иҷрои дигар равандҳои технологӣ) анҷом дода шавад.
44. Ба қисмҳо ҷудо кардани тани паранда, аз устухон ҷудо кардани тани паранда ва қисмҳои онҳо, истеҳсоли гӯшти паранда тариқи ҷудосозии механикӣ, маҳсулоти нимтайёр, тайёр кардани гӯшти қима ва пур кардани он ба ғилофакҳо бояд дар як сехи алоҳидаи забҳсозии бинои истеҳсолӣ (шуъба, дар як забҳхона) дар ҳарорати ҳавои на бештар аз 12шС ба амал оварда шавад. Ба қисмҳо ҷудосозии тани паранда бояд танҳо дар ҳолати ҳарорати сард амалӣ гардад.
45. Маҳсулоти ҳаммонанднашудаи гӯшти паранда ва маҳсулоти дигари парандаи забҳшудаи дар иншооти истеҳсолӣ ҷойгиршуда бояд партов ё нобуд карда шаванд.
46. Тартиботи ҳароратию рутубатнокӣ дар биноҳои истеҳсолӣ ва нишондиҳандаҳо (параметрҳо)-и равандҳои технологӣ, ки бехатарии маҳсулоти парандаи забҳшударо таъмин мекунанд, аз тарафи истеҳсолкунанда бо дар назар доштани маводди хоми истифодашаванда, технологияи қабулгардидаи коркард ва нишондиҳандаҳои бехатарии маҳсулоти парандаи забҳшуда, ҳамчунин бо дар назар доштани талаботи Регламенти техникӣ муқаррар карда мешаванд.
47. Пас аз тоза кардани қисмҳои дохилӣ ва берунии танҳои паранда бояд ҳар кадоми онҳо бо оби ошомиданӣ шуста шаванд. Пас аз шустан, дар сатҳи болоӣ ва дохили танҳо набояд тағйироти намоёни чашмрас ва ифлосшавӣ аз наҷосат ба назар расад:
- пеш аз ба қисмҳо тақсимсозӣ ва аз устухон ҷудо кардан тани паранда онро коркарди иловагӣ гузаронда (берунсозии боқимондаҳои пару болҳо, тоза кардани хуни шахшудаи дохили паранда (гематомаҳо), захмҳои дарунӣ, тоза кардани ҷойи хунрезиҳои дохилӣ, ки дар натиҷаи кафидани рагҳо ба вуҷуд меоянд) поксозӣ мекунанд;
- дар хатҳои худкори даврзананда, ки дар онҳо аз нав баркашидан дар шакли худкор (ё дастӣ) барои баркашидани тани паранда маҷуд аст, қисмҳои тани паранда пеш аз бастабандӣ ё аз устухон ҷудо кардан ба таври иловагӣ коркард карда мешаванд.
48. Дар ҳолате, ки агар корд, қайчӣ ва асбобҳои дигари буранда барои буридану тоза кардани тани паранда ва (ё) аз устухон ҷудо кардан истифода нашаванд, онҳо бояд дар асбоби тамизсозанда ё ҷойи махсус ҷудокардашуда нигоҳ дошта шаванд.
49. Пас аз забҳ намудани паранда, тан ва узвҳои дарунии он мутобиқ ба Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" аз ташхисгоҳи байторию санитарӣ гузаронда шавад.
50. Ҳангоми ошкор намудани бемории паранда баъд аз забҳи он, тани ин гуна парандаро дар қуттии алоҳида бо тамғагузорӣ ҷой намуда, барои безараргардонӣ, партови истифодашаванда ва ё тамоман нобудсозӣ равон мекунанд.
51. Ҳангоми дар тани паранда ва қисмҳои он дар раванди ҷудосозӣ, инчунин дар маҳсулоти узвҳои паранда ошкор гардидани иллатҳои патологӣ, ки хосси бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ дониста мешавад, то ба даст овардани натиҷаҳои ташхиси озмоишӣ маҳсулоти парандаи забҳшударо дар яхдонҳои камерадори санитарӣ бо ҳарорати на зиёда аз -12оC ҷойгир менамоянд.
52. Безараргардонии маҳсулоти парандаи забҳшуда, ки аз ҷониби мақомоти давлатии назорат (санҷиш)-и байторӣ барои истифода бо маҳдудият тасдиқ шудааст, дар охири басти корӣ, пас аз анҷом ёфтани истеҳсолоти асосӣ ё дар иншооти хосаи алоҳида бо истифода аз таҷҳизоте, ки якбора аз чанд тараф ҷойивазкунии маҳсулоти зарарнок ё безараргардонидашудаи парандаи забҳшударо истисно мекунанд, ба амал оварда мешавад:
- коркарди минбаъдаи маҳсулоти парандаи забҳшуда дар муассисаҳои истеҳсолӣ дар охири басти корӣ ё дар як басти алоҳидаи корӣ зери назорати мутахассиси хадамоти байторӣ гузаронда мешавад;
- баъд аз ба охир расидани кор коркарди беҳдоштии таҷҳизоти технологӣ, бинои истеҳсолӣ, асбобу анҷоми корӣ ва либоси махсус гузаронда мешавад;
- барои коркарди дубораи маҳсулоти безараргардонидашудаи парандаи забҳшуда истифода бурдани тасмахатҳои даврзанандаи махсуси технологӣ ва таҷҳизоти технологие, ки ба истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон пешбинӣ шудаанд, манъ аст.
53. Раванди истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшуда барои ғизои кӯдакон дар иншооти махсуси истеҳсолӣ, дар сехҳои махсусгардонидашуда, дар хатҳои махсусгардонидашудаи истеҳсолӣ ё дар таҷҳизоти технологӣ барои истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшудаи таъиноти умумӣ ба амал бароварда мешавад. Истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшуда барои ғизои кӯдакон дар таҷҳизоти технологии истеҳсоли маҳсулоти парандаи забҳшуда барои таъиноти умумӣ дар оғози басти корӣ ё дар як басти алоҳидаи корӣ пас аз шустушӯ ва тамизсозии пешакии таҷҳизоти технологӣ ва асбобу анҷоми корӣ, ҳамчунин коркарди беҳдоштии бинои истеҳсолӣ амалӣ сохта мешавад.
54. Истифодаи маҳсулоти хӯрокворӣ аз гӯшти паранда, маҳсулоти узвҳои дигари паранда ва чарбуи паранда дар ҳолатҳои зерин манъ карда мешавад:
- маҳсулоти аз ташхисгоҳи байторию санитарӣ нагузашта ва аз рӯйи натиҷаҳои экспертизаи байторию санитарӣ барои истифода ҳамчун маҳсулоти хӯрокворӣ манъшуда, инчунин ҳаммонандсозӣ нагардида;
- маҳсулот бо тағйирёбии ғайриодии ранги пӯст, мушакҳо ва бофтаҳои чарбу;
- маҳсулот бо бӯйи бегона;
- маҳсулоти дорои нуқсон ҳангоми зинда будани паранда, нуқсонҳо баъди забҳ ва коркард, бе коркарди иловагии пешакӣ (бо боқимондаҳои пару бол, хуни шахшудамондаи дохили паранда (гематомаҳо), захмҳои дарунӣ, хунрезиҳои дохилӣ);
- маҳсулот бо мавҷудияти ифлосӣ ва омехтаҳои бегона, аз ҷумла омехтаҳои металлӣ;
- маҳсулоти такроран яхкардашуда;
- маҳсулоти бадастомада аз парандае, ки ҳангоми парвариши он бо мақсади табобат ё пешгирии беморӣ антибиотикҳо, воситаҳои доругии зиддигелминтӣ (зиддигиҷа) ва дорувориҳои дигар хӯронда шуда бошад, то ба охир расидани муҳлати беруншавии ин доругиҳо аз бунияи паранда, мувофиқи нишондоди дастурамали истифодабарии дорувориҳо;
- маҳсулот бо гузаштани муҳлати истифода.
55. Вазни холиси рутубатнокӣ ҳангоми обшавии гӯшти паранда набояд аз 4 дарсад зиёд бошад, вазни холиси рутубатнокӣ ҳангоми нигоҳдории гӯшти сарсозишудаи паранда, махсулоти пораи нимтайёр аз гӯшти паранда набояд аз 4 дарсад зиёд бошад.
56. Барои коркарди гӯшти паранда тариқи механикӣ ҷудосозии устухон аз гӯшт ба истифодаи амалҳои зерин манъ аст:
- тани паранда ва қисмҳои он дар ҳолати сардӣ бо муҳлати нигоҳдории зиёда аз 2 рӯз;
- устухонҳо, гардани паранда дар ҳолати хунукӣ бо муҳлати нигоҳдории зиёда аз 1 рӯз;
- тани паранда ва қисмҳои он дар ҳолати яхкардашуда бо муҳлати нигоҳдории зиёда аз 1 моҳ;
- устухонҳои паранда бо вазни холиси бофтаҳои гӯшти лахми камтар аз 30 дарсад.
57. Ҳарорати гӯшти паранда бевосита пас аз ҷудосозии механикии устухонҳо набояд аз 6шС зиёд бошад.
58. Гӯшти яхкардашудаи парандаи ба таври механикӣ аз устухон ҷудошуда, ки дар истеҳсолоти шахсӣ ба даст оварда шудааст, барои истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва маҳсулоти дигар аз гӯшти паранда истифода мешавад. Гӯшти яхкардашудаи парандаи ба таври механикӣ аз устухон ҷудошуда, ки аз дигар самтҳои истеҳсолӣ ба даст омадааст, танҳо барои коркарди маҳсулот аз гӯшти паранда, ки дар ҷараёни истеҳсолот тариқи ҳарорати гармӣ коркард мегардад, истифода мешавад.
59. Дар зарфҳои технологии дорои гӯшти парандаи ба таври механикӣ ҷудошуда бояд тамғакоғази маълумотӣ бо нишон додани сана ва соати чунин навъи гӯшти паранда, барои таъмини пайгири пешбинӣ шуда бошад.
60. Гӯшти парандаи ба таври механикӣ аз устухон ҷудошуда бояд дар давоми 1 соат аз лаҳзаи истеҳсол барои истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти паранда истифода шавад.
Дар ҳолате, ки агар гӯшти парандаи ба таври механикӣ аз устухон ҷудошуда дар давоми 1 соат барои истифодабарӣ пешбинӣ нашуда бошад, он фавран пас аз истеҳсол ба камераҳои сардсозанда ё яхнисозӣ фиристода шавад.
61. Коркард ва тайёр кардани маводди хоми коллагендори паранда вобаста ба доираи истифодаи он дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчунин истеҳсоли маҳсулоти таъиноти хӯроки чорво ва маҳсулоти тиббӣ анҷом дода мешавад.
8. ТАЛАБОТ БА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА ВА РАВАНДҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ОН
62. Маҳсулоти парандаи забҳшуда, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти паранда истифода мегардад, ба талаботи Регламенти техникӣ ва Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқат намояд.
63. Маҳсулоти ҳаммонанднагардидаи парандаи забҳшудаи дар иншооти истеҳсолӣ ҷойгирбуда бояд ҳамчун партов барои коркарди дубора истифода гарданд ё нобуд карда шаванд.
64. Омодасозии маҳсулоти узвҳои паранда (аз ҷумла яхобшавӣ, муоина, шустан, тоза кардан) дар биноҳои алоҳида ё дар ҷойҳои махсус ҷудошудаи биноҳои истеҳсолӣ ба амал бароварда мешавад.
65. Истеҳсоли маҳсулот аз узвҳои паранда дар биноҳои алоҳида ва бо таҷҳизоти истеҳсоли маҳсулоти гӯшти паранда ҷиҳозонидашуда, дар шароити пайдарҳамии истеҳсоли онҳо бо гузаронидани шустушӯйи доимии таҷҳизоти технологӣ ва дигар асбобу анҷоми истифодашаванда дар ҷойҳои махсус ҷудокардашудаи биноҳои истеҳсолӣ рухсат дода намешавад.
66. Маҳсулоти забҳи паранда, ки барои суфтасозӣ (резакунӣ) ва (ё) намакхобонӣ пешбинӣ гардидааст, бояд дар ҳар нуқтаи ченкунӣ, ҳарорати на бештар аз 4шС дошта бошад.
67. Барои истеҳсоли чарбуҳои гудохташудаи ғизоии паранда чарбуи хоми паранда истифода мегардад, ки дар давоми на бештар аз 2 соат пас аз ҷамъ кардани он аз узвҳои паранда дар раванди забҳсозӣ, бо сардсозӣ ё яхнисозии минбаъда, ҳамчунин тариқи ҷамъ кардани чарбу ҳангоми бурида ҷудокунии тани паранда ба даст оварда мешавад.
68. Нитрити натрий (нитрити калий) танҳо дар шакли омехтаи намакҳои нитритӣ (намакию нитритӣ) бо вазни холиси на бештар аз 0,9 дарсад нитрити натрий (нитрити калий) истифода мегардад:
- дар раванди истеҳсоли маҳсулоти бо як номгӯй аз гӯшти паранда истеҳсолшаванда дар як вақт ба истифода бурдани 2 ё зиёда омехтаи нитритӣ-намкӣ (намакию нитритӣ) рухсат дода намешавад;
- ба истифодаи омехтаҳои нитритию намакӣ (намакию нитритӣ) барои маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки фурӯши онҳо дар шакли коркарднашуда таъин мегардад, рухсат дода намешавад;
- ба истифодаи фосфатҳо (аз ҷумла омехтаҳои фосфатдор ва фосфатҳо дар таркиби маҷмуи омехтаҳои ғизоӣ) барои маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки фурӯши онҳо дар шакли коркарднашуда пешбинӣ шудааст, рухсат дода намешавад.
69. Тайёр намудани таркибҳои ғайригӯштӣ дар бинои алоҳида ба амал оварда мешавад.
70. Расондани маводди сӯзишворӣ (аррамайда ва ҳезум) ба иншооти гармидиҳӣ тавассути бинои истеҳсолӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти паранда манъ аст.
71. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ ва маҳсулот аз гӯшти (маҳсулоти узвҳои дигари паранда) паранда ба талаботи зерин риоя карда шавад:
- нигоҳдории гӯшти паранда дар сурати намакхобонӣ дар бинои хоса бо ҳарорати ҳавои на бештар аз 4шC гузаронда мешавад (ба истиснои дар раванди намакхобонӣ истифода намудани таҷҳизоти технологии дорои сохтори хунуккунии дарунсохт);
- омодасозии намакоб ва баркашида бастабандӣ намудан (тайёр кардани)-и таркибҳои ғайригӯштӣ ба андозаи зарурӣ, барои таъмини 2 басти кории объектҳои истехсолӣ ба амал оварда мешавад;
- коркард тариқи ҳарорати гармӣ дар таҷҳизоти махсуси бо асбобҳои танзимкунандаи ҳарорат ҷиҳозёфта, аз ҷумла дар маркази истеҳсоли маҳсулот таҷҳизонидашуда (ба ғайр аз маҳсулоти хоми дуддодашуда ва сардсозигардида) ва рутубатнокии нисбӣ ё танҳо ҳарорат (ҳангоми коркард бо ҳарорати гармӣ дар об) гузаронда мешавад.
72. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) ба амалҳои зерин рухсат дода намешавад:
- истифода бурдани омехтаҳои нитритию намакӣ (намакию нитритӣ), аз ҷумла барои истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр, ки барои фурӯш дар муассисаҳои хӯроки умумӣ пешбинӣ гардидаанд;
- ба муомилот баровардани маҳсулоти нимтайёри сардсозишуда бо ҳарорати зиёда аз 4шС дар ҳама гуна нуқтаи ченкунӣ.
73. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти нимтайёри сардсозишуда аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) ва маҳсулоти гӯшти паранда, ки бо ҳарорати гармӣ коркард нашудааст, танҳо истифода бурдани гӯшти сардсозишудаи паранда рухсат дода мешавад.
74. Таҷҳизоти зудяхсозанда барои яхникунонии маҳсулоти нимтайёр аз гӯшти паранда (маҳсулоти узвҳои дигари паранда) бояд дар биное ҷиҳозонида шавад, ки дар он ба ҷой овардани амалҳои баркашӣ ва бастабандӣ имкон дошта бошад.
75. Ҳангоми истеҳсоли консервҳо талаботи зерин риоя карда шавад:
- бастаи истеъмолӣ барои консервҳо на камтар аз 3 маротиба дар як басти корӣ, инчунин баъди ҳар як танзимсозӣ, таъмир ё иваз намудани қисмҳои таҷҳизот тафтиш карда шавад;
- давомнокии раванди технологии истеҳсоли консерваҳо аз тайёр кардани маводди хом то тамизсозӣ ё пастеризатсия набояд аз 2 соат барои консерваҳои тамизёфта ва аз 1 соат барои консерваҳои пастеризатсияшуда, ба истиснои муҳлати коркарди он, зиёд бошад;
- ҳарорати маводди хоми тариқи буғронӣ коркардшуда пеш аз баркашида бастабандӣ намудан дар бастаи истеъмолӣ бояд на камтар аз 40шC бошад;
- муҳлат аз лаҳзаи ҳавоногузар кардани бастаи истеъмолӣ то оғози коркарди консерваҳо тариқи ҳарорати гармӣ набояд аз 30 дақиқа зиёд бошад;
- тариқи гармӣ коркард намудани консерваҳо тибқи реҷаи тамизсозӣ ё пастеризатсия, ки бехатарии маҳсулоти тайёрро таъмин менамояд ва мутобиқ ба нишондиҳандаҳои тамизсозии саноатӣ, ки дар замимаи 3 пешбинӣ шудааст, ба амал оварда мешавад;
- ҳуҷҷати дарбаргирандаи нишондодҳои тамизсозӣ ё пастеризатсияи дар варақаи маълумотӣ ва (ё) маълумоти дар воситаи электронӣ сабтшуда бояд аз ҷониби истеҳсолкунанда дар муҳлате нигоҳ дошта шаванд, ки аз муҳлати нигоҳдории маҳсулоти консерваҳо на камтар аз 3 моҳ изофа бошад;
- муҳлати истифодаи консерваҳо аз тарафи истеҳсолкунанда вобаста ба гурӯҳи консерваҳо, хусусиятҳои бастаи истеъмолӣ ва бузургиҳои дастраси моҳияти тамизсозӣ муқаррар карда мешавад;
- давомнокии нигоҳдорӣ (тобоварӣ)-и консерваҳо дар анбори истеҳсолкунанда барои муқаррар намудани устувории микробиологӣ ва бехатарии маҳсулот бояд на камтар аз 11 рӯзро ташкил диҳад.
76. Ҳангоми истеҳсоли сафедаи хушки ғизоии паранда ва шӯрбои мурғ бояд талаботи зерин риоя карда шавад:
- равандҳои технологии истеҳсолот бояд ба талаботи дар бандҳои 64-67 Регламенти техникии пешбинишуда ҷавобгӯ бошанд;
- усулҳои технологӣ бояд баъди ба охир расидани равандҳои технологӣ фаъолияти муътадили ферментҳоро таъмин кунанд.
9. ТАЛАБОТ БА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА БАРОИ ҒИЗОИ КӯДАКОН ВА РАВАНДҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ОН
77. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон (барои ҳама гурӯҳҳои синнусолӣ), аз ҷумла барои коллективҳои ташкилоти кӯдакон танҳо истифода бурдани гӯшти сардсозишудаи паранда рухсат дода мешавад. Барои ғизои кӯдакон ба истифодаи гӯшти парандаи ба таври механикӣ аз устухон ҷудогардида ва маводди хоми коллагендор манъ аст.
78. Истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти паранда (шикамбаю рӯдаи паранда) барои ғизои кӯдакони яксола дар объектҳои махсусгардонидашудаи истеҳсолӣ ё дар сехҳо ва биноҳои махсусгардонидашуда анҷом дода мешавад. Истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда) барои ғизои кӯдакони аз 1- сола боло метавонад дар объектҳои истеҳсолии махсусгардонидашуда ё дар сехҳои махсусгардонидашуда ва ё дар хатҳои технологии махсуси истеҳсолӣ ё тавассути таҷҳизоти технологӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштии таъиноти умумӣ, дар ибтидои басти корӣ ё дар басти алоҳидаи корӣ, баъд аз шустушӯ ва тамиз намудани таҷҳизоти истеҳсолкунанда амалӣ карда шавад.
79. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулот аз гӯшт (шикамбаю рӯда)-и паранда барои ғизои кӯдакони ҳама синну сол истифода намудани маводи зерин мумкин нест:
- фосфатҳо, ангезандаи мазза ва хушбӯӣ, маводди бензоӣ, кислотаҳои сорбинӣ ва намакҳои онхо, инчунин маҷмуи иловаҳои ғизоӣ, ки таркибашон фарогири фосфатҳо, ангезандаи мазза ва хушбӯӣ, кислотахои бензоӣ, сорбинӣ ва намакҳои онҳо мебошанд;
- маводди хоми ғизоӣ (хӯрокворӣ), ки дорои бунияҳои генетикии тағйирёфта мебошанд;
- маводди хоми ғизоӣ (хӯрокворӣ), ки бо истифодаи пеститсидҳои дар Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" пешбинигардида ба даст оварда шудааст;
80. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулот аз гӯшт (шикамбаю рӯда)-и паранда барои ғизои кӯдакони аз 6- моҳа то 3- сола ва кӯдакони аз 3сола боло истифодаи маводҳои зерин манъ карда мешавад:
- маводди хоми ғизоӣ (хӯрокворӣ), ки номгӯйи онҳоро Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" муқаррар намудааст;
- маҳсулоти парандаи забҳшуда бо таркиби умумии зиёда аз 0,25 дарсад фосфор.
81. Ҳангоми истеҳсоли консервҳо барои ғизои кӯдакони аз 6 моҳа то 3- сола ва кӯдакони аз 3- сола калонтар, давомнокии нигоҳдории (тобоварии) онҳо дар анбори истеҳсолкунанда барои муқаррар намудани устувории микробиологӣ ва бехатарии хӯрокворӣ на камтар аз 21 рӯз бошад.
82. Дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулоти нимтайёри буридашуда аз гӯшт (шикамбаю рӯда)-и паранда барои ғизои кӯдакони аз 3- сола боло, ҳарорати гӯшти қима набояд аз 40С зиёд бошад.
83. Ҳангоми истеҳсоли консервҳо аз гӯшт (шикамбаю рӯда)-и паранда барои ғизои кӯдакони аз 6- моҳа то 3- сола баркашидан ва бастабандӣ дар бастабандиҳои истеъмолӣ бо ҳаҷми ҷойгирсозии на бештар аз 0,25 метри мукааб сурат мегирад.
10. ТАЛАБОТ БА РАВАНДҲОИ НИГОҲДОРӢ, ИНТИҚОЛ (БОРКАШОНӢ), ФУРӯШ ВА НОБУДСОЗИИ МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА
84. Истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва шахсоне, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот ва гӯшти паранда ваколатдор шудаанд, уҳдадоранд равандҳои нигоҳдорӣ, интиқол (боркашонӣ) ва фурӯши онҳоро тавре анҷом диҳанд, ки маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ба талаботи Регламенти техникӣ ва дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онхо татбиқ карда мешаванд, мутобиқат дошта бошанд.
85. Равандҳои нигоҳдорӣ, интиқол (боркашонӣ) ва фурӯши маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда бояд ба Регламенти техникии мазкур ва Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мувофиқат кунанд. Муҳлати истеъмолии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда бо дарназардошти талаботи нигоҳдорӣ, ки регламенти техникӣ муқаррар намудааст, аз тарафи истеҳсолкунандаи он муайян карда мешавад.
86. Равандҳои истифодаи партовҳои маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда бояд ба талаботи Регламенти техникӣ ва Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мувофиқат дошта бошанд.
87. Маводде, ки бо маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол (боркашонӣ) ва фурӯш алоқамандӣ доранд, ба талаботи бехатарии маводди бо маҳсулоти хӯрокворӣ алоқамандидошта мутобиқат намоянд.
88. Дар камераҳои яхдон маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти парандаро дар рафҳои штабелҳо ва ё қабатҳои дуюми зарфмонӣ мегузоранд, ки баландии онҳо на камтар аз 8 см аз фарш бошад. Аз деворҳо ва дастгоҳҳои сардсозӣ, маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда дар масофаи на камтар аз 30 см ҷойгир карда мешаванд. Дар байни рафҳо гузаргоҳҳо мавҷуд бошанд, ки дастрасии бемамониатро ба маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда таъмин менамоянд.
89. Камераҳои яхдон барои коркарди сардсозӣ ва нигоҳдории маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда бо ҳароратсанҷҳо ва (ё) воситаҳои худкори танзими ҳарорат ва рутубатнокӣ тавре муҷаҳҳаз карда шаванд, ки нишондиҳандаҳо (параметрҳо)-ро бо фосилаи муайяни вақт тариқи варақаҳо ва (ё) воситаҳои электронӣ ба қайд гирифтан имконпазир бошад.
90. Маҳсулоти парандаи забҳшуда ҳангоми нигоҳдорӣ аз рӯйи намуд, таъинот (фурӯш ё коркарди дубора (коркард) ва ҳолати ҳароратнокӣ (сардшуда, яхникардашуда) гурӯҳбандӣ карда мешавад.
91. Ба болобардории ҳарорати ҳаво ҳангоми нигоҳдорӣ дар камераҳои яхдон ҳангоми бор кардан ё фаровардани маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда на бештар аз 50С рухсат дода мешавад. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво ҳангоми нигоҳдорӣ дар камераҳои яхдон, инчунин ҳангоми интиқол ва фурӯши маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда набояд аз 2шС зиёд бошад.
92. Ба нигоҳдории маҳсулоти сардкардашуда ва яхникунонидаи парандаи забҳгардида ва маҳсулот аз гӯшти паранда дар биноҳои беяхдон пеш аз бор кардан ба воситаи нақлиёт ё қуттиҳо ва пас аз фаровардани бор аз нақлиёт ё қуттиҳо рухсат дода намешавад.
93. Интиқол (боркашонӣ)-и паранда ба иншооти истеҳсолӣ тавассути нақлиёти махсусгардонидашуда ё ба таври махсус таҷҳизонидашуда амалӣ карда мешавад. Воситаҳои нақлиёт ва қуттиҳое, ки барои интиқол (боркашонӣ)-и маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда пешбинӣ шудаанд, бо таҷҳизоте муҷаҳҳаз карда мешаванд, ки имкони риоя ва бақайдгирии низоми муқаррарии ҳарорат дар онҳо мавҷуд аст.
94. Интиқол (боркашонӣ)-и маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда тариқи яклухт бе истифодаи бастабандии нақлиётӣ ва (ё) борпечҳои истеъмолӣ манъ аст.
95. Воситаҳои нақлиёт (зарфҳо) ва қуттиҳо баъд аз интиқол (кашонидан)-и маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ҳамарӯза пас аз ба итмом расидани басти корӣ аз пасмондаҳои хӯрокворӣ тоза карда шуда, бо маҳлулҳои шустушӯй ва об шуста мешаванд ва пас аз он тамиз мегарданд. Коркарди беҳдоштӣ (санитарӣ)-и воситаҳои нақлиёт дар ҳар 10 рӯзи тақвимӣ як маротиба тариқи қайдгузорӣ дар китоби бақайдгирии ҳолати беҳдоштӣ ба амал оварда мешавад.
96. Ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол (кашонидан) ва ба фурӯш баровардан обсозии маҳсулоти яхнии парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда рухсат дода намешавад. Маҳсулоти яхнии обкардашудаи парандаи забҳшуда ва махсулот аз гӯшти паранда, ҳамчунин ба фурӯш баровардани он дар шакли маҳсулоти сардшуда дар ташкилотҳои савдои чакана ва яклухт манъ аст.
97. Дар ташкилотҳои савдои чакана ва яклухт дар зери беҳаво ё дар шароити тағйирёфта аз нав бастабандӣ кардани маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки қаблан дар беҳаво ё дар шароити тағйирёфтаи муҳити ҳаво бастабандӣ гардида буданд, рухсат дода намешавад.
98. Дар нуқтаҳои савдо ба фурӯш баровардани гӯшти парандаҳои ба таври механикӣ аз устухон ҷудошуда манъ аст.
11. ТАЛАБОТ БА БАСТАБАНДИИ МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА
99. Бастабандӣ (аз ҷумла воситаҳои маҳкамкунӣ)-и маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда бояд ба талаботи Регламенти техникии "Бехатарии борҷома" мувофиқат дошта бошад.
100. Бастабандӣ ва маводди бастанбандие, ки бо маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда алоқамандӣ доранд, бехатарӣ ва бетағйир будани аломатҳои ҳаммонандкуниро ҳангоми муомилот бо маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми муҳлати истифодаашон таъмин намоянд.
12. ТАЛАБОТ БА ТАМҒАГУЗОРИИ МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА
101. Тамғагузории маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ба талаботи бандҳои 104-121 Регламенти техникӣ мувофиқ бошад.
102. Барои пешгирии амалҳое, ки истеъмолкунандагон (харидорон)-ро ба иштибоҳ меандозанд, амалҳои зеринро ба анҷом расондан зарур аст:
1) тамғагузорие, ки маълумот дар бораи хусусиятҳои фарқкунандаи маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда (ҳалол, гӯшти кошер)-ро дар бар мегирад, ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқ бошад;
2) ба тамғагузории маҳсулоти гӯшти паранда барои таъиноти умумӣ бо истифода аз номҳои бофташудаи сунъӣ, ки ба таври ассотсиатсиявӣ ҳамчун маҳсулот барои ғизои кӯдакон қабул карда мешаванд (ҳасибҳои кӯдакона ва парҳезӣ), рухсат дода намешавад;
3) тамғагузорӣ кардани маҳсулоти гӯшти паранда бо номҳои бофташудаи якхела ё ба ҳам монанд манъ аст, аз ҷумла номҳои бофташудаи маҳсулоти гӯшти паранда, ки тавассути стандартҳои байнидавлатӣ (минтақавӣ) муқаррар гардидаанд, ба ғайр аз маҳсулоти мувофиқи ин стандартҳо истеҳсолшуда;
4) ба истифодаи номҳои ба таври умумӣ қабулшуда, ки аз рӯйи аломатҳои анатомӣ қабул гардидаанд (қафаси сина, қанотчаҳо, гӯшти сон), намунаҳои хосси резасозии гӯшт (сервелат, салямӣ, ветчин), навъи таркибҳои аз рӯйи дастурамал истифодашаванда (мурғӣ, аз мурғи марҷон, аз гӯшти паранда) ё номҳои васеъ истифодашавандаи намунаҳои истеҳсолӣ (пастрома, купати, бифштекс, филе) рухсат дода мешавад;
5) нишондиҳандаҳои арзиши ғизоии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда дар тамғагузорӣ нишон дода мешавад. Меъёрҳои дастраси арзишҳои воқеии таркиби моддаҳои ғизоӣ ҳангоми нишон додани маълумот дар бораи арзиши ғизоии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда инҳоянд:
- сафеда - на камтар аз 80 дарсад аз арзиши дар тамғагузории маҳсулот нишондодашуда;
- чарбу, карбогидратҳо, арзиши энергетикӣ - на бештар аз 120 дарсад нисбат ба арзиши дар тамғагузорӣ нишондодашуда.
103. Дар доираи тамғагузории маҳсулоти гӯшти паранда истифодаи ибораҳои аз маводди хоми сардшуда истеҳсолгардида ё аз ҷиҳати маъно монанд, дар ҳолати истифода ҳангоми омодасозии маҳсулот аз гӯшти паранда, бо равандҳои дигари коркарди маводди хоми паранда тариқи ҳарорати гармӣ, ба ғайр аз маҳсулоти сардсохташуда, рухсат дода намешавад.
104. Агар ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти гӯшти паранда, гӯшти ба таври механикӣ ҷудошудаи паранда истифода шавад, маълумот дар бораи ин раванд дар тамғагузории чунин маҳсулот нишон дода мешавад (гӯшти парандаи ба таври механикӣ ҷудошуда).
105. Дар тамғагузории маҳсулот аз гӯшти паранда дар таркиби чунин маҳсулот тарзҳои илова намудани об (дар шакли ях, намакоб, маҳлул) нишон дода мешавад.
106. Дар тамғагузории таркиби маҳсулот бо коркарди дубораи маҳсулоти парандаи забҳшуда, парвардасозӣ ва намакобкунонӣ бо ифодаи таркибҳо ба онҳо дохилшуда нишон дода мешаванд. Иловаҳои ғизоӣ, маҷмуи иловаҳои мураккаби ғизоӣ ва хӯшбӯйкунандаҳо дар таркиби маҳсулот мутобиқи талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ" нишон дода мешавад. Агар ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ҳасиб ва маҳсулот аз гӯшти паранда таркибҳои ғизоии аҳамиятноки микроорганизмҳо истифода шуда бошад, мавҷудияти онҳо дар тамғагузорӣ нишон дода мешавад.
107. Агар маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда бо таркибҳои ферментӣ коркард карда шаванд, дар тамғакоғаз (таркиб)-и онҳо маълумот дар бораи истифодаи чунин таркибҳои ферментӣ, дар сурати боқимондани фаъолияти онҳо, аз ҷумла боқи мондан дар маҳсулоти тайёр, нишон дошта мешавад.
108. Дар тамғакоғази маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки дар шароити беҳавоӣ ё муҳити тағйирёфта бастабандӣ карда шудаанд, маълумоти мувофиқ дарҷ карда шавад.
109. Дар ҳолате, ки агар истеҳсолкунанда маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти парандаи дар раванди истеҳсол бастабандишударо дар ташкилотҳои фурӯши чакана ва яклухт ба фурӯш барорад, бастабандии минбаъдаи онҳоро дар бандубасти истеъмолӣ бо тағйир додани миқдори маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ва (ё) навъи бастабандии онҳо пешниҳод менамояд, ки тамғагузории чунин маҳсулот маълумотро дар бораи муҳлатҳои истифода то боз намудани бастабандӣ ва пас аз кушодани баста (вайрон кардани якбуридагии он), вале дар давоми муҳлати умумии истифода шароити нигоҳдориро дар бар гирифта бошад:
- дар сурати мавҷуд набудани чунин маълумот дар тамғагузорӣ, тағйир додани миқдори маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ва (ё) навъи бастаи онҳо, ки барои фурӯш дар муассисаҳои савдои чакана ва яклухт пешбинӣ шудааст, манъ аст;
- дар тамғагузории маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки дар раванди фурӯши он шумора ва (ё) навъи бастабандӣ тағйир дода мешавад, маълумоти иловагӣ дар бораи шахси ҳуқуқӣ ё воқеии ба сифати соҳибкори инфиродӣ бақайдгирифташуда, ки бастабандиро анҷом медиҳад, инчунин санаи бастабандӣ, муҳлати истифода ва шароити нигоҳдорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда дар ҳузури истеъмолкунанда дар муассисаҳои савдои чакана ва яклухт бастабандӣ карда мешаванд) нишон дода шавад.
110. Тамғагузории гӯшти паранда ба талаботи дар бандҳои 103108 ва 110-112 Регламенти техникӣ нишондодашуда, инчунин ба талаботи зерин мувофиқат кунад:
- дар тамғагузорӣ маълумот дар бораи намуд ва гурӯҳи синнусолии паранда (мурғи марҷон, чӯҷаи мурғи марҷон), усули коркарди танҳои яклухт (шикамбаю рӯдаҳо, шикамбаю рӯда бо маҷмуи узвҳои дарунии паранда ва гардан), навъ ё дараҷабандӣ, инчунин ҳолати ҳарорат (сардсозишуда, яхнӣ) дарҷ карда шавад;
- дар бастабандӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи тамғаи байторӣ ё тасвири он дар тамғакоғаз насб карда мешавад.
111. Тамғагузории маҳсулот аз узвҳои дигари паранда ба талаботи дар бандҳои 103-108 ва 110-112 Регламенти техникии нишондодашуда, инчунин ба талаботи зерин мувофиқат дошта бошад:
- дар тамғакоғаз маълумот дар бораи намуд ва гурӯҳи синнусолии паранда (мурғи ҷойдорӣ, чуҷаҳо, мурғи марҷон, чӯҷаи мурғи марҷон) ва ҳолати ҳарорат (сардсозишуда, яхнишуда) нишон дода мешавад;
- дар бастабандӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории давлатҳои узв, чопи тамғаи байторӣ ё тасвири он дар тамқоғаз насб карда мешавад.
112. Тамғагузории маҳсулоти нимтайёр (аз ҷумла маҳсулоти нимтайёри таббохӣ ба талаботи дар бандҳои 103-108 ва 110-112 Регламенти техникии нишондодашуда мутобиқ бошад. Маълумот дар бораи намуд ва гурӯҳи синнусолии паранда (аз гӯшти мурғи ҷойдорӣ, аз гӯшти чӯҷа, аз гӯшти мурғи марҷон, аз гӯшти чӯҷаи мурғи марҷон), гурӯҳи маҳсулоти нимтайёр (гӯшти резашуда), намуди маҳсулоти нимтайёр (гӯшти лаҳм, гӯшти устухондор, гӯшти қима, гӯшт ба парда, гӯшти қолибӣ), инчунин ҳолати ҳарорат (сардсозишуда, яхнӣ) нишон дода мешавад.
113. Тамғагузории маҳсулоти таббохӣ, маҳсулот аз гӯшти паранда ба талаботи дар бандҳои 103-112 Регламенти техникии дарҷгардида мувофиқ бошад. Маълумотро дар бораи навъи паранда (аз гӯшти мурғи ҷойдорӣ, аз гӯшти мурғи марҷон, аз гӯшти мурғобӣ), технологияи истеҳсол (ҷӯшонидашуда, бирён, пӯхташуда), навъ ё дараҷабандӣ (аълосифат, навъи олӣ) (дар ҳолати мавҷудият), инчунин ҳолати ҳарорат (сардсозишуда, яхнишуда) инъикос менамояд.
114. Тамғагузории маҳсулоти ҳасибӣ ба талаботи дар бандҳои 103-112 Регламенти техникии нишондодашуда мутобиқ бошад. Дар тамғакоғази маҳсулоти ҳасибӣ маълумот дар бораи навъи маҳсулоти ҳасибӣ (ҳасиб ҳасибча), навъи гӯшти паранда (аз гӯшти мурғ (ва маҳсулоти дигари узвҳои мурғ), аз гӯшти мурғи марҷон), усули коркарди технологӣ (ҷӯшонидашуда), навъ ё дараҷабандӣ (аълосифат, навъи олӣ) (дар ҳолати мавҷудият), инчунин ҳолати ҳарорат (сардсозишуда, яхнишуда) ворид карда мешавад.
115. Тамғагузории маҳсулоти консервӣ ба талаботи дар бандҳои 103-108 ва 110-112 Регламенти техникии пешбинишудаи пешбинишуда мувофиқ бошад. Тамғагузорӣ маълумотро дар бораи гурӯҳи консерваҳои хӯрокворӣ (аз гӯштӣ паранда (ва маҳсулоти узвҳои дигари паранда), гӯштию сабзавотӣ, сабзавотию гӯштӣ), намуд ва гурӯҳи синнусолии паранда (аз гӯшти мурғ, аз гӯшти чӯҷа), усули коркарди технологӣ (тамизёфта, пастеризатсияшуда), инчунин намуди консервҳо (бо афшураи худӣ) дар бар мегирад:
- дар сурати имконпазир набудани насби тамғакоғаз ба бастабандии истеъмолӣ, барои таъмини нигоҳдорӣ ва ба истеъмолкунанда расондани маълумот, то ба охир расидани муҳлати истифодабарӣ маълумот дар бораи санаи истеҳсоли консерв, муҳлати истифода, рақами шартӣ (дар сурати мавҷудият) дар сарпӯши қуттӣ ва ё дар тарафи муқобили сарпӯши қуттӣ ё тамғакоғази бастаи истеъмолӣ, тариқи литографӣ, чопи флексографиӣ ё усулҳои чопи офсетӣ дигар дарҷ карда мешавад;
- маълумот дар бораи санаи истеҳсоли консерва, муҳлати истифода, рақами шартӣ (дар сурати мавҷудият) (ба истиснои тамғакоғаз) дар сарпӯш ё қисми поёни бастаи истеъмолӣ тавре нусхабардорӣ карда шавад, ки то охири муҳлати истифодабарӣ нигоҳдорӣ ва хондашавии маълумотро таъмин намояд.
116. Тамғагузорӣ ба чарбуи ғизоии паранда ба талаботи бандҳои 103-105, 107, 108 ва 110-112 Регламенти техникӣ мутобиқ бошад. Илова бар ин, дар тамғакоғаз маълумот дар бораи намуди паранда (чарбуи гудохташудаи мурғӣ), инчунин ҳолати ҳарорат (сардсозишуда, яхнишуда) нишон дода шавад.
117. Тамғагузорӣ ба маҳсулоти хушк ва мурғшӯрбо ба талаботи дар бандҳои 103-112 Регламенти техникӣ дарҷёфта мутобиқ бошад. Илова бар ин, тамғакоғази маҳсулоти хушк бояд доираи маълумотро дар бораи гурӯҳи маҳсулот (маҳсулоти паранда) ва намуди маҳсулот (маҳсулоти хушк) дар бар мегирад. Дар тамғақоғази мурғшӯрбо маълумот дар бораи гурӯҳи маҳсулот (маҳсулоти паранда), усули коркарди технологӣ (хушконидашуда, ғизонокшуда, моеъ) ва навъи маҳсулот (мурғшӯрбои ғизонокшуда) нишон дода мешавад.
118. Тамғагузории маҳсулоти парандаи забҳшуда барои ғизои кӯдакон ва маҳсулот аз гӯшти паранда барои ғизои кӯдакон ба талаботи дар бандҳои 103-120 Регламенти техникии дарҷгардида мувофиқат кунанд. Илова бар ин, дар тамғакоғаз маълумоти зерин низ нишон дода мешавад:
- маълумот дар бораи истифодаи мақсадноки маҳсулот барои ғизои кӯдакон (барои кӯдакони хурдсол, барои кӯдакони синни томактабӣ, барои кӯдакони синни мактабӣ) ё маълумот бо нишондоди синну соли мушаххаси кӯдакон, ки истифодаи чунин маҳсулот ба онҳо тавсия дода мешавад (барои ғизои кӯдакони аз 6сола боло);
- маълумот дар бораи муҳлати истифода ва шартҳои нигоҳдорӣ пас аз кушодани бастаи истеъмолӣ;
- дар муносибат бо маҳсулот барои кӯдакони то яксоламаълумот дар бораи синну соли кӯдак (бо моҳҳо), ки тавассути он ворид намудани ин маҳсулот ба вояи ғизоии кӯдак рухсат дода мешавад ва дараҷаи суфташавии (резакунии) маҳсулот (якҷинскунонидашуда, пюремонанд, бо пораҳои калон резашуда), инчунин тавсияҳо оид ба истеъмоли он.
13. ТАЪМИНИ МУТОБИҚАТИ МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА БА ТАЛАБОТИ БЕХАТАРӢ
119. Мутобиқати маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ба талаботи бехатарӣ тавассути иҷрои талаботи Регламенти техникӣ ва талаботи Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" таъмин карда мешавад.
120. Усулҳои ташхис (озмоиш) ва ченак дар стандартҳое муқаррар карда мешавад, ки ба номгӯйи стандартҳои дарбаргирандаи қоидаҳо ва усулҳои ташхис (озмоиш), ҳамчунин усулҳои ченак, аз ҷумла қоидаҳои интихоби намунаҳо барои амалӣ ва иҷрои талаботи зарурии стандартҳо ба Регламенти техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқати маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, дохил гардидаанд.
14. БАҲОДИҲИИ МУТОБИҚАТИ МАҲСУЛОТИ ПАРАНДАИ ЗАБҲШУДА ВА МАҲСУЛОТ АЗ ГӯШТИ ПАРАНДА
121. Маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти парандае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, мутобиқи Регламенти техникӣ дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ тасдиқ карда шаванд.
122. Сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда аз ҷониби мақомот оид ба сертификатсия, ки дар доираи аккредитатсияи маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда татбиқ мегардад, дар асоси шартнома ва (ё) дархости байни дархостдиҳанда ва мақомоти сертификатсия ба амал бароварда мешавад.
123. Дархостдиҳанда уҳдадор аст мутобиқати маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти парандаро ба талаботи Регламенти техникӣ таъмин намояд.
124. Тасдиқи мутобиқати маҳсулот аз ҷониби таҳвилдиҳандаи мол дар шакли сертификатсияи ҳатмӣ дар асоси далелҳои бадастовардашуда бо ҷалби озмоишгоҳҳои аккредитатсиягардида ба амал бароварда мешавад.
125. Баҳодиҳии мутобиқат нисбат ба маҳсулоти зерин амалӣ гардонида мешавад:
- маҳсулоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад - дар шакли сертификаткунонии ҳатмӣ;
- маҳсулоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шудааст - дар шакли назорат (санҷиш)-и давлатӣ ба риояи талаботи Регламенти техникӣ.
126. Ҳангоми тасдиқи ҳатмии мутобиқат дархостдиҳанда истеҳсолкунанда (воридкунанда, фурӯшанда) ба ҳисоб меравад.
127. Нисбати маҳсулоти ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда тасдиқи ҳатмии мутобиқат аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, таҳвилдиҳандаи мол, фурӯшанда) дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- таъмини мутобиқати маҳсулоти пешниҳодшаванда ба талаботи Регламенти техникӣ;
- масъулият барои мутобиқат накардани маҳсулоти пешниҳодшуда ба талаботи Регламенти техникӣ.
128. Тасдиқи ҳатмии мутобиқати ҳар як миқдори муайяни маҳсулот дар доираи алоҳида ва нисбат ба маҳсулоти воридотӣ тибқи ҳуҷҷатҳои ҳисобнома ё борхат, ки дар он миқдори маҳсулот нишон дода шудааст, ба амал бароварда мешавад.
129. Ҳангоми тасдиқи ҳатмии мутобиқати маҳсулот вобаста ба Регламенти техникӣ истеҳсолкунанда уҳдадор мешавад:
- назорати истеҳсолиро амалӣ намуда, тамоми чораҳои заруриро андешад, то раванди истеҳсол мутобиқати маҳсулотро ба талаботи Регламенти техникӣ таъмин намояд;
- дар озмоишгоҳҳои истеҳсолӣ барои назорати дохилӣ мутобиқ ба талаботи Регламенти техникӣ аз рӯйи усулҳои муқарраргардидаи стандартҳои ба Регламенти техникӣ алоқаманддошта, ташхиси пешакии ҳар як миқдори муайяни маҳсулотро гузаронад;
130. Сертификатсияи ҳатмии миқдори муайяни маҳсулоти ба муомилот баровардашуда тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.
131. Тартиби гузаронидани сертификатсияи ҳатмии маҳсулот амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- пешниҳоди дархост;
- интихоби намунаҳо ва ҳаммонандсозии маҳсулот;
- гузарондани санҷиши намунаи маҳсулот дар озмоишгоҳи мустақили аккредитатсияшуда;
- ҷамъбасти натиҷаҳои санҷиш ва қабули қарор дар бораи пешниҳод (рад кардан)-и сертификати мутобиқат ба дархостдиҳанда;
- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" амалӣ намудани санҷиши назоратии маҳсулоти сертификатсияшуда;
- андешидани чораҳои ислоҳӣ дар ҳолати мувофиқат накардани маҳсулот ба талаботи мукарраргардида ва нодуруст татбиқ намудани аломати мутобиқат дар Регламенти техникӣ;
- пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарӣ аз мақоми байторӣ гирифташуда.
15. ТАМҒАГУЗОРӢ БО НИШОНИ МУТОБИҚАТИ МАҲСУЛОТ
132. Тамғагузорӣ бо нишони мутобиқати маҳсулот дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ба муомилот баровардани маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда анҷом дода мешавад.
133. Маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки аз баҳодиҳӣ (тасдиқ)-и мутобиқат ба талаботи Регламенти техникӣ ва дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, доираи амалашон ба онҳо татбиқ мегардад, бояд бо нишони мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ шаванд.
134. Тамғакоғази нишони мутобиқати маҳсулот ба маҳсулоти бебастабандии парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшудаи боркашонӣ насб карда мешавад.
135. Тамғакоғази нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҳсулоти забҳи паранда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки бевосита дар бастабандиҳои интиқолӣ (боркашонӣ) ҷой дода шудаанд, дар бастабандии интиқолӣ (боркашонӣ) ва (ё) дар тамғакоғаз ва (ё) дар варақаи замимавӣ, ки дар ҳар як бастабандии интиқолӣ ё мансуб ба ҳар бастабандии интиқолӣ, ё ба ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба боркашонӣ мебошанд, насб карда мешаванд.
16. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
136. Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникӣ нисбат ба маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда ва ба равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши ин намуди маҳсулот алоқаманд аз тарафи мақомоти ваколатдор тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" амалӣ карда мешавад.
17. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
137. Сертификати мутобиқат ба маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулот аз гӯшти паранда, ки то рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникӣ дода мешавад, то ба охир расидани муҳлати амали онҳо эътибор дорад.
138. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замимаи 1
Замимаи 2
Замимаи 3
Замимаи 4
Замимаи 5
Замимаи 6
Замимаи 7
Замимаи 8
Замимаи 9