Регламенти техникии "Бехатарии борҷома" аз 1 августи соли 2016 № 343

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

 

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2016, № 343

тасдиқ шудааст

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2016, № 343

тасдиқ шудааст

Регламенти техникии "Бехатарии борҷома"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Регламенти техникии "Бехатарии борҷома" (минбаъд - Регламенти техникӣ) бо мақсади дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани талаботи ҳатмии ягона барои истифода ва иҷрои талабот ба борҷома (воситаҳои бастабандӣ), таъмини ҷойгиркунонии озоди борҷомаҳои (воситаҳои бастабандӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашаванда таҳия шудааст.

2. Агар нисбати борҷома (воситаҳои бастабандӣ) дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботро ба борҷома (воситаҳои бастабандӣ) муқаррар менамоянд, қабул шуда бошад, дар ин маврид борҷома (воситаҳои бастабандӣ) бояд ба талаботи ҳамаи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ мегардад, мутобиқат намояд.

2. Доираи татбиқи Регламенти техникӣ

3. Регламенти техникии мазкур барои ҳама намудҳои борҷома, аз ҷумла воситаҳои борпечонӣ, ки маҳсулоти тайёр ба ҳисоб рафта, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, новобаста аз кишвари истеҳсолкунанда татбиқ мегардад.

4. Ба ҳама намудҳои борҷома (воситаҳои бастабандӣ), ки аз тарафи истеҳсолкунандаи маҳсулот омода гардида, дар раванди истеҳсоли ин навъи маҳсулот бастабандӣ мегардад ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, танҳо талаботи бобҳои 3, 5, 6 ва бандҳои 28, 29 боби 7 Регламенти техникии мазкур татбиқ мешавад.

5. Регламенти техникии мазкур талаботи ҳатмиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва иҷроиш ба борҷома (воситаҳои бастабандӣ) ва талаботи ба онҳо алоқамандидоштаи равандҳои нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи партовҳо, бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, амвол, муҳити зист, ҳаёту саломатии ҳайвоноту растаниҳо, ҳамчунин амалҳои огоҳкунандае, ки истифодабарандагони борҷомаро (воситаҳои бастабандиро) вобаста ба таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ меоранд, муқаррар менамояд.

...

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 августа 2016года, №343

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 августа 2016года, №343

Технический регламент "Безопасность упаковки"

1. Общие положения

1 Технический регламент "Безопасность упаковки" (далее - Технический регламент) разработан с целью установления на территории Республики Таджикистан единых обязательных для применения и исполнения требований к упаковке (укупорочным средствам), обеспечения свободного перемещения упаковки (укупорочных средств), выпускаемой в обращение на территории Республики Таджикистан.

2. Если в отношении упаковки (укупорочных средств) приняты иные технические регламенты Республики Таджикистан, устанавливающие требования к упаковке (укупорочным средствам), то упаковка (укупорочные средства) должна соответствовать требованиям всех технических регламентов Республики Таджикистан, действие которых на нее распространяется.

2. Область применения Технического регламента

3. Технический регламент распространяется на все типы упаковки, в том числе укупорочные средства, являющиеся готовой продукцией, выпускаемой в обращение на территории Республики Таджикистан, независимо от страны происхождения.

4. На все типы упаковки (укупорочные средства), которые изготавливаются производителем продукции, упаковываемой в процессе производства такой продукции, выпускаемой в обращение на территории Республики Таджикистан, распространяются требования только разделов 3, 5, 6 и пунктов 28, 29 раздела 7 настоящего Технического регламента.

5. Технический регламент устанавливает обязательные для применения и исполнения на территории Республики Таджикистан требования к упаковке (укупорочным средствам) и связанные с ними требования к процессам хранения, транспортирования и утилизации, в целях защиты жизни и здоровья человека, имущества, окружающей среды, жизни или здоровья животных, растений, а также предупреждения действий, вводящих в заблуждение потребителей упаковки (укупорочных средств) относительно ее назначения и безопасности.

6. Упаковка подразделяется по используемым материалам на следующие типы:

- металлическая;

...