Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, № 2040 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати содирот""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 июни соли 2023, № 1039

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 463

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати содирот" аз 31 декабри соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №12, мод. 822; с. 2017, №1-2, мод. 15) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ - савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот, реэкспорт, воридот, реимпорт, транзит, сармоягузорӣ ва фаъолият тавассути кооператсияи истеҳсолӣ дар самти мубодилаи байналмилалии молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавӣ, маълумотдиҳӣ, иҷрои кор, хизматрасонӣ ва натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (ҳуқуқ ба онҳо);

- айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда - муайян намудани мансубияти молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавӣ ба молҳои назоратшаванда;".

2. Ба моддаи 6 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- комиссия оид ба назорати содиротро таъсис дода, низомнома ва ҳайати онро тасдиқ мекунад;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2040