ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 декабри соли 2023, № 1174
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2023, № 446
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 271; с. 2019, №7, мод. 465; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 694) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати шашуми моддаи 2 пас аз калимаи "қонунгузорӣ" калимаҳои "ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи бештари ҳуқуқидошта" илова карда шаванд.
2. Дар сархати нуҳуми моддаи 2 ва тамоми матни Қонуни мазкур калимаҳои "субъектони", "Субъектони" ва "субъектоне" мувофиқан ба калимаҳои "субъектҳои", "Субъектҳои" ва "субъектҳое" иваз карда шаванд.
3. Дар сархати сеюми қисми 3 моддаи 6 калимаи "интишори" ба калимаҳои "ҷойгир намудани" иваз карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 7, қисми 1 моддаи 34, сархати чоруми қисми 4 моддаи 57, қисми 5 моддаи 62, қисми 4 моддаи 66, қисми 3 моддаи 69, сархати ҳаштуми қисми 4 моддаи 82, қисми 3 моддаи 84, қисми 2 моддаи 87, ном, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 89, ном ва матни моддаи 91 калимаҳои "Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" ба калимаҳои "Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
5. Ба сархати даҳуми қисми 2 моддаи 9 пас аз калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" илова карда шуда, калимаҳои "Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" ба калимаҳои "Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 22 калимаи "бароварда" ба калимаҳои "қабул карда" иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 24:
- дар ном ва қисми 1 калимаҳои "ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" ба калимаҳои ", Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд.";
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" илова карда шуда, калимаҳои "Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" ба калимаҳои "Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
8. Ба қисми 3 моддаи 29 пас аз калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ," калимаҳои "фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд.
9. Дар қисми 2 моддаи 31 калимаҳои "Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" ва "ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" ва ", Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 39:
- дар қисми 2 калимаҳои "Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ" иваз карда шаванд;
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"5. Тартиби пешбурди Портали интернетӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкуниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.".
11. Ба моддаи 42 ҷумлаи шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кодекс, қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабул ё тасдиқшавандаи мушаххас ҳангоми дар шакли мухтасар ифода ёфтан, ки намуд ва номи онҳоро инъикос менамояд, бо ҳарфҳои хурд навишта шуда, бо ҳарфи калон оғоз меёбанд.".
12. Дар моддаи 43:
- аз қисми 9 калимаҳои ", зербандҳо" ва ", як зербанд" хориҷ карда шаванд; - аз қисми 11 калимаҳои "қисм ё" хориҷ карда шаванд.
13. Дар ҷумлаи якуми қисми 3 моддаи 47 пас аз калимаҳои "пас онҳо" калимаи "метавонанд" илова карда шуда, калимаи "мешаванд" ба калимаи "шаванд" иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 48:
- қисмҳои 2, 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"2. Дар мавриди истинод намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои таркибии онҳо) инҳо зикр карда мешаванд:
- ишора ба меъёри дақиқ (дар мавриди зарурӣ то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод кардан ба қисми таркибии алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ);
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- номи санади меъёрии ҳуқуқӣ.
3. Дар мавриди истинод намудан ба санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ илова ба нишонаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда рақам ва санаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ низ зикр карда мешаванд.
4. Дар ҳолатҳои якчанд маротиба ба санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ истинод кардан танҳо намуди санад, рақам ва санаи қабули он ва ё шакли мухтасари он зикр карда мешаванд.";
- қисми 5 хориҷ карда шуда, қисми 6 қисми 5 ҳисобида шавад.
15. Ба номи моддаи 52 пас аз калимаи "давлатӣ" калимаҳои "ва мафҳумҳо" илова карда шаванд.
16. Дар моддаи 55:
- дар ҷумлаи якуми қисми 2 калимаҳои "ҳуқуқӣ оид" ба калимаҳои "ҳуқуқии баробардараҷа оид" иваз карда шаванд;
- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Агар ҳангоми таҳияи лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд ояд, ин лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар маҷмуъ таҳия ва пешниҳод карда шаванд, агар дар лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.";
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инчунин метавонанд бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои дахлдор ворид карда шаванд.";
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
17. Ба ҷумлаи дуюми қисми 3 ва ба қисми 5 моддаи 56 пас аз калимаҳои "мешаванд" ва "мешавад" калимаҳои ", ба истиснои сархатҳо, ки онҳо мустақилона ҷобаҷогузорӣ мегарданд" илова карда шаванд.
18. Дар сархати шашуми қисми 4 моддаи 57 ва қисми 1 моддаи 66 калимаҳои "ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" ба калимаҳои ", Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
19. Ба қисми 1 моддаи 58 пас аз калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон," калимаҳои "Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд.
20. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 63 калимаи "экспертҳо" ба калимаи "коршиносон" иваз карда шавад.
21. Дар моддаи 64:
- ба қисми 1 пас аз калимаи "зиддикоррупсионӣ," калимаи "зиддитабъизӣ," илова карда шавад;
- дар қисми 2 калимаи "эксперт" ба калимаи "коршинос" иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаи "экспертҳо" ба калимаи "коршиносон" иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаи "экспертӣ" ба калимаи "коршинос" иваз карда шавад;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6. Экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз" гузаронида мешавад.".
22. Дар моддаи 66:
- дар қисми 1 калимаҳои "ва "Садои мардум" ба калимаҳои ", "Садои мардум", "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон"" иваз карда шаванд;
- қисми 3 хориҷ карда шуда, қисми 4 қисми 3 ҳисобида шавад.
23. Дар қисми 6 моддаи 67 ва қисми 4 моддаи 69 калимаи "аниқи" ба калимаи "дақиқи" иваз карда шавад.
24. Моддаи 68 хориҷ карда шавад.
25. Дар моддаи 69:
- ба қисми 1 пас аз калимаи "чоп" калимаҳои "ва шакли электронии он, ки аз соли 2011 бо шакли коғазӣ эътибори якхела дорад, дар сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир" илова карда шаванд;

"5. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъмин карда мешаванд.".
26. Дар моддаи 83:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 83. Мутобиқати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ";
- дар матни модда калимаҳои "Қонунҳои" ва "қонунҳои" мувофиқан ба калимаҳои "Қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои" ва "санадҳои қонунгузории дигари" иваз карда шаванд.
27. Қисми 4 моддаи 89 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Дар сурати ошкор гардидани мухолифати санади меъёрии ҳуқуқии вазорат, кумитаи давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии навқабулшуда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар бораи бартараф кардани мухолифати ҷойдошта хабарнома ирсол менамояд. Субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз санаи қабули хабарномаи Вазорати адлия мухолифатро бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ва ё аз эътибор соқит кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ бартараф карда, санади меъёрии ҳуқуқиро барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Дар сурати аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар давоми як моҳ пешниҳод нагардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф кардани мухолифат Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани он қарор қабул намуда, онро барои маълумот ва аз эътибор соқит намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор мефиристад. Қарор дар бораи аз Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад.".
28. Дар қисми 5 моддаи 91 калимаҳои "муқаррароти боби мазкур" ба калимаҳои "тартиби бақайдгирии давлатӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта" иваз карда шаванд.
29. Дар қисми 5 моддаи 93 калимаҳои "ва пешбурди" ба калимаҳои ", пешбурд ва ворид кардани иттилооти ҳуқуқии дигар ба" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 январи соли 2024, № 2024