Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, № 573 "Дар бораи басти вазифавӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи басти вазифавӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

 

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Басти вазифавӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории саривақтии хароҷоти нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсарияро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои фаъолияти сиёсати хориҷӣ пешбинишуда таъмин намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошавандаро барои нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария назорат намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2012, № 49 "Дар бораи тасдиқи ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария" аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Қарори мазкур аз 1 октябри соли 2023 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 30 декабри соли 2023, № 573

 

*** Замимаҳои 1 ва 2 дар матни аслӣ оварда шудаанд

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О штатном расписании и смете расходов на содержание Посольства Республики Таджикистан в Швейцарской Конфедерации

В соответствии со статьей 21 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить штатное расписание и смету расходов на содержание Посольства Республики Таджикистан в Швейцарской Конфедерации (приложения 1 и 2).

2. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить своевременное финансирование расходов на содержание Посольства Республики Таджикистан в Швейцарской Конфедерации за счет средств, предусмотренных в республиканском бюджете на внешнеполитическую деятельность.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан обеспечить контроль за целевым использованием средств, выделяемых на содержание Посольства Республики Таджикистан в Швейцарской Конфедерации.

4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 февраля 2012 года, №49 "Об утверждении штатного расписания и смете расходов на содержание Посольства Республики Таджикистан в Швейцарской Конфедерации".

5. Настоящее постановление ввести в действие с 1 октября 2023 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 30 декабря 2023 года №573

Приложение 1-2 приводится в оригинале