Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2023, № 544
Барномаи миллии "Кишвари сабз"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миллии "Кишвари сабз"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) самтҳои асосии рушди устувори ҷомеаро барои танзими тавозуни табиӣ, газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба раванди тағйирёбии иқлим, гузариш ба иқтисодиёти сабз ва таъмини нигоҳдории устувории ландшафтҳои табиӣ, ташаккулдиҳии захираҳои гуногунии биологӣ, идоракунии устувори амнияти экологӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ба марҳилаи устувори гузариш ба иқтисодиёти сабзро муайян менамояд.
2. Барнома дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шудааст.
3. Барнома бо мақсади таъминкунии равандҳои танзимкунии газҳои гулхонаӣ, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, барқароркунии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, реҷаи гидрологии манбаъҳои обҳои ширин, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мусоидат намудан ба танзими асосҳои ҳуқуқӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва идоракунии самарабахши захираҳои олами наботот таҳия гардидааст.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
4. Мақсади Барнома коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти сабз ва фаъолсозии ташаббуси "Кишвари сабз" ва таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, бо истифода аз васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо, боғу токзорҳо, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолӣ мебошад.
5. Вазифаи Барнома аз иҷрои тадбирҳои зерин иборат мебошад:
- васеъ намудани майдони кабудизоркунӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, ҷангалзорҳо, боғу токзорҳо, минтақаҳои сабз ва ноил шудан ба истифодаи мақсадноки онҳо;
- ташкил ва васеъ намудани масоҳати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- бунёди фазои аз ҷиҳати экологӣ тоза барои беҳдошти солимии аҳолӣ;
- барқароркунии мавзеъҳои таназзулгардида бо истифода аз кабудизоркунӣ;
- рушди иқтисоди сабз;
- танзими ниҳолшинонӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, ки бо роҳҳои нақлиётӣ, кӯчаҳо ё хатҳои махсуси сабз ҷудо шудаанд;
- кабудизоркунии ҳамсарҳадӣ бо мавзеъҳои обанборҳои табиӣ, ҷангалзорҳо, инчунин шафати роҳҳои нақлиётӣ;
- танзими мувозинати экологии маҳалҳои истиқоматӣ бо истифода аз ниҳолҳои дарахтӣ 65 %, буттагӣ 25 % ва 10 % гулгаштҳо;
- таъмини нигоҳдории намудҳои нодири олами набототи ба минтақаҳо хос ва бо роҳи сунъӣ андешидани чорабиниҳо оид ба афзун намудани намудҳои онҳо;
- амалӣ намудани нақшаи идоракунии кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва баланд бардоштани донишу таҷрибаи корӣ, барқароркунии низоми экологии харобгаштаи табиӣ, ташкили низоми экологӣ барои таъмини амнияти экологии кишвар;
- баланд бардоштани таваҷҷуҳи табиатистифодабарандагон ба ҳифз ва нигоҳдории мавзеъҳои сабз дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумиинсонии рушди ҳамоҳанги табиат;
- такмили рушди низоми экологӣ бо роҳи андешидани чорабиниҳои илмию-амалӣ оид ба барқароркунии минтақаҳои сабз бо истифода аз шинонидани ниҳолҳои дарахту буттаҳо ва гулҳо.
3. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
6. Дар самти мазкур андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
- такмили минбаъдаи қонунгузорӣ доир ба истифодабарии самараноки захираҳои гуногунии биологӣ дар минтақаҳои аҳолинишин;
- такмил додани низоми бақайдгирии ниҳолҳои шинонидашуда дар мавзеъҳои кабудизоркардашуда ва ободонии маҳалҳо;
- фаъол намудани муносибати оқилонаи табиатистифодабарандагон доир ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототи минтақаҳои сабзпӯш;
- таҳияи нақшаи идоракунии минтақаҳои сабз ва амалӣ гардонидани он;
- такмили афзалиятнокии корҳои илмӣ, мониторинги биологӣ ва бақайдгирии олами наботот дар минтақаҳои кабудизоркардашуда ва фаъолсозии корҳои таблиғотӣ, экологӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот дар минтақаҳои сабзпӯш кардашуда;
- мусоидат ба рушди фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, гулпарварӣ ва сайёҳии экологӣ.
7. Иттилооти ҷомеа оид ба имкониятҳои ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои гуногунии биологии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҷангалзорҳо баланд бардошта мешавад.
8. Шароитҳои манфиатбахши ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти таъмини идоракунии самарабахши экологӣ ва иқтисодии захираҳои гуногунии биологии дарахтони аҳаммияти маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалидошта муҳайё карда мешавад.
9. Ба сармоягузории лоиҳаҳои ташкили ниҳолхонаҳои хурду калон оид ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами наботот мусоидат карда мешавад:
- андешидани тадбирҳо оид ба рушду ҳавасмандкунии сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои манзараҳои бо усули ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ фаъолгардонидашуда;
- баланд бардоштани идоракунии самарабахши мавзеъҳои сабз, ки бо усули ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар табиат ташаккул ёфтаанд;
- ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии минтақаҳои таназзулёфтаи назди маҳалҷойҳо, шоҳроҳҳо, назди биноҳои маъмурию хизматрасонӣ ва корхонаҳои саноатӣ;
- хушккунии заминҳои ботлоқшудаи объектҳои табиӣ, системаҳои экологии табиӣ, марғазорҳои табиӣ оид ба пешгирии равандҳои биёбоншавии заминҳо, таназзулёбии заминҳо.
4. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ
10. Солҳои охир, бинобар сабаби пуршиддат гардидани таъсири фаъолияти харобиовари табиатистифодабарандагон ба системаи экологии маҳалаҳои аҳолинишин, хиёбону кӯчаҳо, шоҳроҳҳои нақлиётӣ, минтақаҳои муҳофизатии хатҳои ҷангал, назди биноҳои маъмурию хизматрасонӣ, авҷ гирифтани ҳолатҳои таназзулёбии муҳити зисти минтақаҳои мазкур ба тағйирёбии сифати муҳити зист ва солимии ҷомеа таъсири манфии худро расондааст. Зеро дар таъмини рушди минтақаҳои сабз, татбиқи барномаи ҳадафнок пешбинӣ нагардидааст. Ҷиҳати амалисозии тадбирҳои ҳифзу нигоҳдории тавозуни табиӣ, нигоҳдории ҳолати устувори системаҳои экологӣ, дастгирии молиявию техникӣ пешбинӣ нашудааст.
11. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани тағйирёбии глобалии иқлим, авҷ гирифтани ҳолатҳои хушксолӣ ва зарурати рушди энергетикаи сабз барои дар амал татбиқ кардани Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, № 482 тасдиқ шудааст, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
12. Тадбирҳои пешбинигардидаи Барнома имкониятҳои зеринро доро мебошад:
- ташкили усулҳои асоснокшудаи нави ниҳолшинонӣ;
- фароҳамсозии муҳити солим дар муҳити зисти маҳалҷойҳо ва ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир;
- фароҳам овардани шароити хоси табиӣ барои афзоиши олами набототи объектҳои табиӣ ва антропогенӣ.
13. Амалишавии Барнома бо мақсади таъмини рушди солимии муҳити зист, ҷомеа ва гузаштан ба раванди иқтисодиёти сабз равона гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ, барқароркунии захираҳои табиӣ ва ба гардиш даровардани захираҳои нави гуногунии биологӣ пешбинӣ шудааст.
14. Идоракунии устувори кабудизоркунӣ ва ободонии маҳалҳо аз омилҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, муҳити атроф, ҷараёнҳои фаъоли системаҳои экологии табиӣ вобаста буда, онҳо, дар навбати аввал, ба ҳолати экологии маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ таъсири мусбат мерасонанд.
15. Ҳамасола дар шоҳроҳҳои кишвар намудҳои зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонда мешаванд, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва риоя накардани технологияҳои шинондани ниҳолҳо миқдори зиёди онҳо сабзиши паст доранд. Аз ин рӯ, дар доираи Барнома корҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудудҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Обигарм - Нуробод, Ҳулбук - Темурмалик - Кангурт, Данғара - Левакант - Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб - Ванҷ, шоҳроҳи Душанбе - Кулма, Қизилқалъа - Бохтари шоҳроҳи Душанбе - Бохтар, БекободБобоҷон Ғафуров - Конибодом, дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон - Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ - Қубодиён - Шаҳритус, Данғара - Гулистон - Кӯлоб, РӯшонХоруғ - Кулма, Хуҷанд - Конибодом, Хуҷанд - Ашт ва бунёди долонҳои зидди тарма дар ҳудуди Барсеми ноҳияи Шуғнон бо истифода аз усулҳои самарабахши ниҳолшинонии омехта ва кабудизоркунӣ дар шароити табиати ёбоӣ, дар равандҳои инкишофёбӣ ва зиёдшавии мавҷудоти зинда ва ташаккулёбии минтақаҳои рекреатсионӣ ба роҳ монда мешаванд.
16. Бо мақсади ҳифзу нигоҳдории тавозуни табиии ҳавои атмосфера, пешгирии равандҳои хатарҳои ногаҳонии тағйирёбии иқлим, паст фаровардани таъсири баландшавии ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами наботот ва пиряхҳои кишвар, ташкили чорабиниҳои "Кишвари сабз" бо истифода аз ниҳолшинонию кабудизоркунии минтақаҳои ҳамсарҳади корхонаҳои саноатӣ бо таносуби масоҳати ҷойгирӣ, объектҳои захираҳои табиатистифодабаранда бо таносуби 65 % кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ бо роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим гузаронида мешаванд.
17. Бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва таъмини устувории муҳити зист, тадқиқотҳои илмию мушоҳидавӣ амалӣ гардиданд, дастурамали методӣ дар бораи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, тартиб, принсипҳо ва усулҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии маҳалҳои аҳолинишин, риояи меъёри ниҳолшинонӣ, муҳлати ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, инчунин макони интихоб ва нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда ва кабудизоркунии маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин заминаи устувор мегузорад.
18. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 3500 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд ва бояд бо истифода аз усулҳои манфиатбахши кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ сабзазор карда шаванд.
19. Дар ин давра бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, корҳои кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди объектҳои истироҳатию маишӣ тибқи талаботҳои экологӣ гузаронида мешаванд.
5. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ КАБУДИЗОРКУНӢ
20. Нигоҳ доштани мувозинат дар табиат аз бисёр ҷиҳат ба беҳтар намудани олами наботот ва бунёду барқароркунии ҷангал вобаста аст. Самтҳои афзалиятноки кабудизоркуниро инҳо ташкил медиҳанд:
- нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, пурзӯр кардани ҳифзи ҷангал ва олами наботот, муҳайё намудани муҳити тозаи экологӣ;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ;
- ба хоҷагиҳои давлатии ҷангал тибқи тартиби муқарраргардида баргардондани заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки ба корхонаҳои кишоварзӣ ҳамчун чарогоҳ муҳлатнок вобаста карда шудаанд;
- гузарондани баҳисобгирии давлатии масоҳати замин дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;
- ба роҳ мондани парвариши навъҳои хушсифати чормағз, писта, хуч, ангат, бодом, санавбар ва меваҳои худрӯйи дигари ҷангалӣ, таъсиси плантатсияи онҳо бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ;
- бунёд ва барқароркунии хатҳои муҳофизатии ҷангал, боғҳо плантатсияҳо, бо мақсади ҳифзи заминҳо аз эрозия ва дар навбати худ, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва манбаи даромади иловагӣ, инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии чарогоҳҳо;
- тайёр намудани кадрҳо дар соҳаҳои олами наботот ва хоҷагии ҷангал дар дохил ва хориҷи кишвар;
- кишти тухми саксаул дар минтақаҳои Қашқадум, Қарадум ва Полвонтуғай-и Мамнуъгоҳи давлатии табиии "Бешаи палангон" ва кишти тухми терескен дар ҳудуди заминҳои Парки миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар Мамнуъгоҳи давлатии табиии "Зоркӯл";
- рушди ҳамкорӣ ва амалисозии барномаҳои сармоягузорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ баҳри беҳтар намудани вазъи экологии ҷангал;
- арзёбии экологии ҳолати табиии гузаргоҳҳои экологии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва баҳогузории фаъолияти табиии онҳо;
- васеъ намудани ҳудудҳои заминҳои Мамнуъгоҳи давлатии табиии "Даштиҷум", Боғи табии Сари Хосор, Боғи таърихию табиии Ширкент ва Парки миллии Яғноб;
- ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои солимнигаҳдорӣ ва вазъи кабудизоркунии Тоҷикистон бо тамоми усулҳо ва воситаҳои истифодабарии онҳо.
6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
21. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нигоҳ доштани сатҳи бехатарии муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим иштирок менамояд, ҳамкории самарабахши байналмилалиро барои ҷалби сармояҳои иловагии хориҷӣ ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии оқилонаи табиат ташкил менамояд, заминаи ҳуқуқии байналмилалиро тавассути бастани созишномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба созишномаҳои байналмилалии бисёрҷониба таъмин менамояд.
22. Дар миқёси глобалӣ сифати муҳити зист зарурати муттаҳид сохтани неруи тамоми кишварҳоро баҳри рафъи хатари экологӣ, ҳифзи биосфераи замин ва ояндаи башар пеш овардааст.
23. Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Барнома аз инҳо иборатанд:
- беҳтар намудани мубодилаи ахбор оид ба ҳолати муҳити зист ва иштирок дар ташкили низоми глобалии байналмилалии назорати экологӣ ва механизми байналмилалии ёрии таъҷилии экологӣ;
- такмили механизми ҳуқуқии байналмилалӣ, ки ҷидду ҷаҳди ҳамаи давлатҳо ва гурӯҳҳои ҷамъиятиро баҳри ҳимояи шароитҳои муътадили зист дар ҳамбастагӣ бо табиат таъмин менамояд;
- ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии экологӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳалли масъалаҳое, ки аз он бармеоянд;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахши байналмилалӣ дар соҳаи рушди ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳалҳо, назди биноҳои истиқоматию маъмурӣ, роҳҳо, каналҳо, дарёҳо, ҳавзҳо, обанборҳо ва сайёҳии экологӣ, таҳкими ҳамкории мутақобил бо созмонҳои умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ҳифзи табиати ёбоӣ ва сайёҳии экологӣ;
- вусъат додани робитаҳои байналмилалӣ оид ба ҷорӣ намудани усулҳои ниҳолшинонии илмии экологӣ ва амалисозии созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи кабудизоркунӣ.
7. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА
24. Дар шароити иҷрои пурраи маҷмуи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории Барнома ҳамасола фароҳам овардани шароити мусоиди табиӣ барои ташаккулёбии захираҳои гуногунии биологию экологӣ, ландшафтҳои табиӣ, объектҳои беназири комплекси табиӣ бо номи "Хиёбони сабз", "Маҳаллаи сабз", "Оромгоҳи сабз", "Хатҳои махсуси муҳофизатии сабз", "Корхонаи сабз", "Хатҳои сарҳадии сабз", "Фурӯшгоҳи сабз", "Обанбори сабз", "Кӯли сабз", "Дармонгоҳи сабз", "Боғчаи бачагонаи сабз", "Мактаби сабз", "Донишгоҳи сабз", "Соҳили сабз", "Истгоҳи сабз", "Партовгоҳи сабз", "Истироҳатгоҳи сабз", "Неругоҳи барқии обии сабз", ки боиси паст шудани таъсири манфии дуоксиди карбон аз 25 % то 35 % ва муътадил гардидани сифати ҳавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам кардани чангу ғубор ва хушкии ҳаво то 50 % ба назар хоҳад расид.
25. Таъмини афзоиши табиии олами наботот, аз он ҷумла масоҳати ҷангалзорҳои сабз ва ландшафтҳо ба беҳтар шудани табиати ёбоӣ аз 11 % то 18 %, афзоиши захираҳои генетикии захираҳои ҷангал аз 12 % то 15 %, барқароршавии захираҳои ҷангал бо истифода аз шинондани ниҳолҳо, буттаҳо ва танзими низоми мониторинги он 10 %, таъмини реҷаи гидрологии захираҳои об, ки 92 % захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои сабзпӯш тавлид мегарданд, таъмини идоракунии самараноки захираҳои гуногунии биологӣ ва воридшавии сайёҳон ба манзараҳои пурасрори табиӣ- сеҳрангез аз 150 000 то 280 000 нафар ба объектҳои табиии сабзи кишвар пешбинӣ мешаванд.
26. Нишондиҳандаҳои асосии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:
- тақвияти корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ тавассути воситаҳои ахбори омма бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати экологии аҳолӣ;
- пурзӯр намудани назорати давлатӣ барои сари вақт муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар мавзеъҳои сабзпӯш, боғҳои фарҳангӣ, истироҳатию фароғатӣ;
- афзудани шумораи сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ ба мавзеъҳои сабзазор ва ҷангалзорҳо бо мақсади сайёҳии экологӣ;
- паст шудани сатҳи қонунвайрокунӣ ҳангоми истифодабарии олами наботот дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дар ҳудуди сабзазорҳо;
- афзудани миқдори ҷамъоварӣ ва коркарди растаниҳои шифобахш ва ғизоӣ.
27. Натиҷаи амалисозии Барнома оид ба шинонидани ниҳолҳо, гулу буттаҳо ва танзими низоми мониторинги он:
- истифодабарии самараноки захираҳои гуногунии биологӣ ва беҳтаркунии сифати гузаронидани мониторинги биологӣ, шинонидани ниҳолҳо, гулу буттаҳо ва танзими системаи мониторинги он;
- муташаккилӣ ва самарабахшии сохтори назорати давлатӣ дар шинондани ниҳолҳо, гулу буттаҳо ва танзими низоми мониторинги он;
- таъмини ҳамкориҳои манфиатбахши идораҳои дахлдор оид ба истифода аз шинонидани ниҳолҳо, гулу буттаҳо ва танзими низоми мониторинги он.
28. Чорабиниҳои маҷмуӣ оид ба нигоҳдории чаманзорҳо ва сабзазорҳо, амалисозии низоми идоракунии самарабахши ландшафтҳои табиӣ гузаронда мешавад.
29. Сатҳи тарбияи экологӣ ва донишҳои экологӣ, аз он ҷумла кор карда баромадан ва амалисозии чорабиниҳои илман асоснок доир ба зиёд намудани захираҳои гуногунии биологӣ бо мақсади нигоҳдории ландшафтҳои экосистемаҳои табиӣ баланд бардошта мешавад.
8. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
30. Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ, сарчашмаҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ, маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор ва шарикии бахши давлатию хусусӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
31. Маблағи умумӣ барои амалисозии Барнома барои солҳои 2023-2027 129 миллиону 875 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.
32. Маблағи умумӣ барои амалисозии Барнома барои солҳои 2023-2025 67 миллиону 865 ҳазор сомонӣ муайян шудааст, ки иборат аст аз:
- маблағҳои буҷети давлатӣ - 33 миллиону 932 ҳазору 500 сомонӣ;
- маблағҳои худӣ - 16 миллиону 966 ҳазору 250 сомонӣ;
- маблағҳои шарикони рушд - 16 миллиону 966 ҳазору 250 сомонӣ.
33. Барои таъмини иҷрои маблағгузории чорабиниҳои Барнома корҳои зерин амалӣ мегарданд:
- ташкили фондҳои гуногуни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ доир ба ҳифзи иншоотҳои нодири табиӣ;
- таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати беҳтар намудани кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳо, ташкили комиссияи байниидоравӣ ҷиҳати мусоидат барои иҷрои Барнома;
- ҷалби кумаки беруна барои ноил шудан ба мақсад, самтҳои афзалиятноки Барнома ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои иҷрои бандҳои дахлдор аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
9. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
34. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, қисми муҳим ва ҷузъи Барнома мебошад, ки ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошташуда, сафарбар намудани захираҳои дохилию хориҷӣ ва самаранок истифода намудани онҳоро дар асоси ҷалби шарикони рушд дар амалишавии Барнома таъмин менамояд.
35. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома барои пайгирӣ намудани пешравӣ дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда, васеъ паҳн намудани таҷрибаи мусбати андӯхташуда ва мушкилоти мавҷудаи амалишавии Барнома, таҳлили равандҳои иҷрои Барнома ва кор карда баромадани хулосаҳои асоснок оид ба амалисозии Барнома ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи самаранокии иҷрои он равона шудаанд.
36. Асоси гузаронидани мониторинг ва арзёбиро ҳадаф ва афзалиятҳои миқдоран муайяншуда ташкил медиҳад. Барои андозагирии пешравиҳои муҳити зист дар самти ноил шудан ба ин ҳадафҳо низоми индикаторҳо истифода бурда мешавад, ки он имконияти пайгирии самаранокӣ ва натиҷанокии тадбирҳои Барномаро фароҳам меорад.
37. Қисмати асосии мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома низоми ҷамъоварии маълумот оид ба нишондиҳандаҳои индикаторҳои мониторинг ва маълумоти дигари миқдорию сифатӣ ташкил медиҳад, ки рушди ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистонро тавсиф менамоянд.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
38. Мақоми ваколатдор дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мониторинг ва арзёбии рафти амалишавии Барномаро таъмин менамояд. Ҳамасола бо дар назар доштани иттилооте, ки аз вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи рафти амалисозии Барнома ба даст оварда мешавад, маълумоти таҳлилӣ барои пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мегардад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2023, № 544
Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи миллии "Кишвари сабз"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
Ниг. ба Замима