Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, № 544 "Дар бораи Барномаи миллии "Кишвари сабз"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.06.2024 № 374 аз эътибор соқит дониста шуд 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миллии "Кишвари сабз"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миллии "Кишвари сабз"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи миллии "Кишвари сабз"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 1 декабр ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 ноябри соли 2023, № 544

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 29.06.2024 №374

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Национальной программе "Зеленая страна" Республики Таджикистан на 2023-2027 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Национальную программу "Зеленая страна" Республики Таджикистан на 2023-2027 годы и План действий на 2023-2025 годы Национальной программы "Зеленая страна" Республики Таджикистан на 2023-2027 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение настоящей Программы и её Плана действий и ежегодно до 1 декабря представлять информацию о её результатах в Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

3. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 1 января представлять информацию о выполнении настоящей Программы и её Плана действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 29 ноября 2023 года №544