ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаҳои 53 ва 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба "Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" иваз карда шавад.
2. Дар назди Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" муассисаи таълимии томактабӣ таъсис дода шавад.
3. Маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" ва муассисаи таълимии томактабии назди Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" аз ҳисоби маблағҳои соҳаи маориф ва суратҳисоби махсус амалӣ карда шавад.
4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии муассисаҳои зикргардидаро ҳал намояд.
5. Банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 1995, № 356 "Дар бораи таъсиси лицей-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳри Душанбе" хориҷ карда шавад.
6. Сархати чилу нуҳуми Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон";".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 ноябри соли 2023, № 532