Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 № 321 "Дар бораи барҳам додани Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳам додани Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ"

Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ" барҳам дода шавад.

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияро оид ба барҳам додани Омӯзишгоҳи мазкур таъсис диҳад.

3. Комиссияи барҳамдиҳӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ барҳамдиҳии Омӯзишгоҳи мазкурро анҷом диҳад.

4. Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 майи соли 2009 № 321

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ликвидации Государственного образовательного учреждения "Педагогическое училище района Рудаки"

В соответствии со статьей 62 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Ликвидировать Государственное образовательное учреждение "Педагогическое училище района Рудаки".

2. Государственному комитету по инвестициям и управления государственного имущества Республики Таджикистан совместно с Министерством образования Республики Таджикистан создать ликвидационную комиссию данного Училища.

3. Ликвидационной комиссии в соответствии с порядком установленным гражданским законодательством осуществить ликвидацию данного Училища.

4. В Перечне учреждений и организаций системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 594, "О Министерстве образования Республики Таджикистан" исключить слова "Государственное образовательное учреждение "Педагогическое училище района Рудаки".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

от 28 мая 2009 года №321

г. Душанбе