Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 1990 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2023, № 1097

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 412

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз 29 январи соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №1-2, мод. 3) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 4 моддаи 41 пас аз калимаҳои "низоъҳои мусаллаҳона" калимаҳои ", баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ" илова карда шаванд.

2. Ба банди 1) қисми 1 моддаи 42 пас аз калимаҳои "низоъҳои мусаллаҳона" калимаҳои ", инчунин баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ" илова карда шаванд.

3. Ба қисми 6 моддаи 43 пас аз калимаҳои "низоъҳои мусаллаҳона," калимаҳои "баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ," илова карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 1990

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВОИНСКОЙ ОБЯЗАННОСТИ И ВОЕННОЙ СЛУЖБЕ"

Принят постановлением МН МОРТ от 4 октября 2023 года, №1097

Одобрить Постановлением ММ МОРТ от 3 ноября 2023 года, №412

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О воинской обязанности и военной службе" от 29 января 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №1-2, ст. 3) следующие дополнения:

1. Часть 4 статьи 41 после слов "вооруженных конфликтов," дополнить словами "осуществления миротворческой деятельности за пределами республики".

2. Пункт 1) части 1 статьи 42 после слов "вооружённых конфликтов" дополнить словами ", а также осуществления миротворческой деятельности за пределами республики".

3. Часть 6 статьи 43 после слов "вооруженных конфликтов," дополнить словами "осуществления миротворческой деятельности за пределами республики,".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон

г. Душанбе

13 ноября 2023 года №1990