Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 аз 28 октябри соли 2023, № 504

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 октябри соли 2023, № 504

Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (минбаъд - Барнома) бо мақсади ҳифз намудани мероси гаронбаҳои мусиқии миллии халқи тоҷик ва рушду тарғиби минбаъдаи шашмақом ва фалак дар ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия гардидааст.

2. Барнома барои амалисозии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти фарҳанг таҳия гардида, ба анҷом додани ислоҳот дар рушди шашмақом, инчунин намунаҳои мақомсароӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва эҳёи мактаби суннатии "устод-шогирд" баҳри тақвияти худшиносии воқеии наслҳои ҷавон, баланд бардоштани нақш ва аҳҳамияти мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди ҳамаҷонибаи тафаккури бадеиву маънавии тоҷикон равона шудааст.

3. Барномаи мазкур бо мақсади ҳифзи мероси мусиқии суннатии тоҷик ва асолати намунаҳои он, аз ҷумла санъати классикии шашмақом, фалак, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун дастоварди башарият пазируфта шудаанд, инчунин санъати хосси мақомсароии тоҷикӣ ва анъанаи меросии таълими санъати мусиқии касбии тоҷик-мактаби суннатии "устод-шогирд" дар шароити ҷараёни ҷаҳонишавӣ, якрангшавӣ ва оммавишавии фарҳангу санъат амалӣ карда мешавад.

4. Ҷашнгирии давлатии Рӯзи Шашмақом ва Рӯзи Фалак маънои дар сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми афзалиятнок пайдо кардани рушди шаклҳои санъати мусиқии ирфониро дорад. Нақши ин ду ҷашн дар устуворгардонии санъати мақомхониву фалакхонӣ хеле бузург аст.

5. Дар баробари тақвияти ҷараёни худшиносӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва зарурати тарбияи инсони дорои тафаккури нав дар амалияи мусиқӣ ва таълимоти махсуси касбиву иловагии бадеӣ эҳтиёҷот ба омӯзиши амиқ ва таҳқиқоти усулҳои тадрис ва фаннии мусиқии классикиву касбии суннатӣ афзуда истодааст.

6. Барномаи мазкур ба устуворгардонӣ ва мушаххасгардонии шаклҳои мухталифи омӯзишу фаҳмиш, тарбияи мутахассисон, донишҷӯён ва шунавандагони санъати волои шашмақому фалак равона гардидааст.

7. Барнома муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба рушди санъати шашмақому фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" муайян менамояд.

2. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

8. Мақсади асосии Барнома ҳифз намудани мероси гаронбаҳои мусиқии ҳирфаии миллати тоҷик ва рушду тарғиби он дар ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

9. Баҳри ноил шудан ба мақсадҳои Барнома ҳалли вазифаҳои зерин зарур мебошад:

- эҳё, барқарорсозӣ ва ҳамаҷониба ҷорӣ намудани услуби суннатии шашмақом ва фалак;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои таълимию методии мактаби суннатии "устод-шогирд";

- омода кардани мутахассисони сатҳи олӣ - иҷрокунандагони шашмақому фалак тибқи талаботи мактаби суннатии "устодшогирд";

- таҳияи роҳу усулҳои навини замонавӣ тибқи талаботи мактаби суннатии "устод-шогирд";

- таҳияи барномаҳои таълимӣ, маводди методӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба шашмақом ва фалак тибқи талаботи мактаби суннатии "устод-шогирд";

- таҳия ва нашри нави "Донишномаи Шашмақом" бо тағйиру иловаҳо;

- ҷамъоварӣ, омода ва нашр намудани намунаҳои маъруфи мақомсароии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон;

- омода ва нашр намудани силсилаи маҷмуаҳои оҳангҳои фалаксароӣ дар сабти нотавӣ;

- таҳияи силсилаи филмҳои мустанад бахшида ба фаолияти эҷодии устодони шашмақом ва фалак;

- таҳия ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногун баҳри тарғиби шашмақому фалак;

- ташкил намудани экспедитсияҳои махсуси фарҳангшиносӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ бо мақсади ҷамъоварии намунаҳои гуногуни мақомхонӣ ва фалаксароӣ;

- мусоидат намудан ба фаъолгардонӣ ва ба роҳи дурусти илмию эҷодӣ равона кардани ҳунари тайёр кардани асбобҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон;

- таҳкими асосҳои таълимию методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик тавассути таҳияи феҳристу луғатномаҳо;

- мусоидат намудан ба рушди шашмақом ва фалак дар таҳсилоти касбии сезинагӣ ва бадеии соҳаи фарҳанг ва санъат;

- доир намудани мизҳои мудаввар дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бахшида ба шашмақому фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд";

- дар услубҳои суннативу композиторӣ эҷод намудани асарҳои нав бо истифода аз мақому фалак.

3. САМТҲО ВА МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

10. Бо мақсади таҳкими мақоми зарурии шашмақому фалак дар ҷомеаи муосир, дар Барнома самтҳои асосии зерин муайян карда шудаанд:

- аз нав дида баромадани истилоҳоти шашмақом ва фалак бо истифода аз вижагиҳои суннативу таърихии забони тоҷикӣ;

- ташаккули заминаи асосии таълимию методии шашмақому фалак дар системаи таълимоти касбӣ ва бадеӣ;

- тарғибу ташвиқи хусусиятҳои бадеӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва эстетикии шашмақому фалак тавассути воситаҳои ахбори омма;

- баргузор намудани мизҳои мудаввар, конференсия ва симпозиумҳо, инчунин чорабиниҳои гуногун ҷиҳати рушди минбаъдаи санъати шашмақому фалак;

- нашри матнҳои асосии шеъриву мусиқии шашмақому фалак;

- фаро гирифтани ҳамаи муассисаҳои таълимиву эҷодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон буда ҷиҳати тарғибу ташвиқи шашмақом ва фалак.

11. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсоз ва масъули амалисозии Барнома буда, онро якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои нависандагон ва композиторон амалӣ менамояд.

12. Барномаи мазкур бо қабули Нақшаи амал дар се марҳила дар солҳои 2024-2026, 2027 ва 2028 амалӣ карда мешавад.

4. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

13. Манбаъҳои асосии маблағгузории амалисозии Барнома маблағҳои ҳамасола барои рушди соҳаи фарҳанг ҷудошавандаи буҷети давлатӣ, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ мебошанд.

14. Хароҷот барои амалисозии Барнома аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ҷудошаванда ва ҷалби маблағҳои грантӣ 4170,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 3495,0 ҳазор сомонӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 225,0 ҳазор сомонӣ ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 80,0 ҳазор сомонӣ, инчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои грантӣ 370,0 ҳазор сомонӣ.

5. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА

15. Амалисозии Нақшаи амали Барнома имкон медиҳад, ки натиҷаҳои зерин ба даст оварда шаванд:

- баҳри таҳким намудани асолати миллии шашмақому фалак ва дар тафаккури ҷомеа устувор намудани эҳсоси худшиносии фарҳангӣ шароити мусоид муҳайё мегардад;

- меъёрҳои тарҳрезишудаи таълимию методӣ, илмию эҷодии мусиқии суннатии тоҷик дар системаи таълимии махсуси мусиқӣ ва иловагии бадеии кишвар заминаи асосии раҳнамоиро ташкил медиҳад;

- дар шуури ҷомеаи муосири кишвар дарки бадеият ва моҳияти эстетикии шашмақом, фалак ва мактаби суннатии "устодшогирд" ба сатҳи арзанда мерасад;

- масъулияти насли ҷавон дар нигоҳдошти мероси маънавии аҷдодӣ фаъол мегардад;

- инфрасохтори системаи таълими мусиқии касбӣ ва иловагии бадеӣ таҳким меёбад.

6. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА

16. Низоми мониторинг ва арзёбӣ унсури муҳимми амалисозии Барнома буда, дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад ва иҷрои воқеии корҳо, мушкилоти ҷойдошта ва натиҷаҳои бадастомадаро муайян менамояд.

17. Мониторинги натиҷавӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳо гузаронида шуда, тавассути он то кадом андоза ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда муайян карда мешавад (як маротиба дар охири сол гузаронида мешавад) ва пас аз мониторинг маълумоти муфассал омода ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда мешавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 октябри соли 2023, № 504

Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

Ниг. ба Замима