ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, №5
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5 "Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар банди 5 калимаҳои "қарори ҳайати мушовараи" ба калимаҳои "фармоиши раиси" иваз карда шаванд;
2) дар банди 10:
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- рӯйхати захиравии довталабони грантиро муайян менамояд;";
- ба сархати панҷум пас аз калимаи "грантиро" калимаҳои "тибқи рӯйхати захиравӣ" илова карда шаванд;
3) ба банди 12 пас аз калимаи "банақшагирифташуда" калимаҳои "баъд аз хулосаи Комиссияи грантӣ" илова карда шаванд;
4) дар бандҳои 13, 14, 21, 23, 24, 26 ва 31 калимаҳои "соҳибкор", "Соҳибкороне", "соҳибкорон", "Соҳибкоре" ва "Соҳибкор" мувофиқан ба калимаҳои "грантгиранда", "Грантгирандагоне", "грантгирандагон", "Грантгирандае" ва "Грантгиранда" иваз карда шаванд;
5) дар банди 27 калимаҳои "Соҳибкор" ва "соҳибкор" мувофиқан ба калимаҳои "Грантгиранда" ва "грантгиранда" иваз карда шуда, калимаи "соҳибкории" хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 октябри соли 2023, № 495
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 января 2021 года, №5
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Внести в Правила выделения грантов Президента Республики Таджикистан по поддержке и развитию предпринимательской деятельности женщин на 2021-2025 годы, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 января 2021 года, №5 "О грантах Президента Республики Таджикистан по поддержке и развитию предпринимательской деятельности женщин на 2021-2025 годы", следующие изменения и дополнения:
1) в пункте 5 слова "решением коллегии" заменить словами "распоряжением председателя";
2) в пункте 10:
- дополнить абзацем четвертым следующего содержания:
"- определяет резервный список претендентов грантов;";
- абзац пятый после слова "претенденту" дополнить словами "согласно резервному списку";
3) пункт 12 после слова "работ" дополнить словами "после заключения Грантовой комиссии";
4) в пунктах 13, 14, 21, 23, 24, 26 и 31 слова "предпринимателем", "Предприниматели", "предпринимателей", "Предприниматель", "предпринимателя" и "предприниматель" соответственно заменить словами "грантополучателем", "Грантополучатели", "грантополучателей", "Грантополучатель", "грантополучателя" и "грантополучатель";
5) в пункте 27 слова "Предприниматель" и "предпринимателя" соответственно заменить словами "Грантполучатель" и "грантополучателя" и слово "предпринимательской" исключить.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 26 октября 2023 года №495