Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2023, № 492 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №355"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 355

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Банди 13 Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 355 "Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"13. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта бояд ҳатман аз арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ гузаронида шаванд. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштае, ки бе гузаронидани арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ба мақоми ваколатдор барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ пешниҳод карда мешаванд, мавриди экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ қарор дода намешаванд.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 26 октябри соли 2023, № 492