Оинномаи Фонди ҷумҳурии кӯмак ба қисми аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ камтар муҳофизатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 1992

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори

Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 январи с.1992, № 9

маъқул дониста шудааст

ОИННОМАИ Фонди ҷумҳурии кӯмак ба қисми аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ камтар муҳофизатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Фонди ҷумҳурии кӯмак ба қисми аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ камтар муҳофизатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд Фонди ҷумҳурии кӯмак номида мешавад, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи с.1991 таъсис ёфта, ташкилоти худидораи хайрияи ҷумҳурӣ мебошад.

2. Фонди ҷумҳурии кӯмак барои дастгирии хайрияи молиявию дигари моддии аҳолии камбизоат ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ камтар муҳофизатшудаи ҷумҳурӣ, инчунин барои ташвиқ намудани комьёбию ташаббуси донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва талабогони мактабҳои миёнаи махсус, ки ҳам дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз ҳудуди он таҳсил мекунанд, пешбинӣ шудааст.

3. Фонди ҷумҳурии кӯмак дар асоси ихтиёрӣ саъю кӯшиши коллективҳои меҳнатии корхонаю ташкилот ва иттифоқҳо, сарфи назар аз шакли ташкилу моликияташон, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва инчунин шаҳрвандону ташкилотҳои хориҷиеро, ки хоҳиши иштирок дар татбиқи вазифаҳои фондро доранд, муттаҳид месозад.

Фонди ҷумҳурии кӯмак фаъолияти хешро дар ҳамкории наздик бо вазорату идораҳо, мақомоти дигари идораи давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки аз фаъолияти онҳо некӯаҳволии моддии аҳолии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад, ба амал мебарорад.

4. Фонди ҷумҳурии кӯмак мутобиқи вазифаҳои ба зиммаш гузошташуда:

дар таҳқиқи вазъи моддию маишии шароити зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ, донишҷӯён, талабагон ширкат варзида, аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқ ба эҳтиёҷдоштагон ғамхорӣ зоҳир мекунад ва онҳоро дастгирӣ менамояд;

ба оилаҳои /шаҳрвандони/ камбизоат кӯмаки яквақтаи модцй ва ди- гар мерасонад, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад, бевосита ё бо иштироки коллективхоимеҳнатии корхонаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони алоҳида ба чунин оилаҳо /шаҳрвандон/ ғамхорӣ зоҳир мекунад;

дар мавридҳое, ки андозаи нафақаю ёрдампулиҳо талаботи оиларо қонеъ гардонида наметавонанд, ба онҳо иловапулӣ муқаррар менамояд;

бо роҳи муқаррар намудани стипендияҳои Фонди ҷумҳурии кӯмак ташаббуси донишҷӯёну талабагонро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамояд;

фаъолияти ташкилоту иттиҳодияҳои хоҷагӣ ва ҷамъиятиеро, ки дар кори воқеан баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо роҳи муқаррар намудани мукофотпулии махсус ва ҷоизаҳои дигар ташвиқ менамояд;

ба оилаҳое, ки кӯдакони қобилияти хоса доштаро тарбия мекунанд, барои ба онҳо фароҳам овардани шапоити зарурӣ кӯмаки мақсаднок мерасонад;

либосу асбоби рӯзгорро ҷамъ карда, ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ бо нархҳои арзон фурӯхтани онҳоро ба таври васеъ ташкил мекунад;

мувофиқи тартиби мукарраргардида корхонаҳои муштараке таъсис мекунад ва дар таъсиси онҳо ширкат меварзад, ки барои татбиқи ҳадафу вазифаҳои ба зиммаи фонд гузошташуда мусоидат мекунанд;

коғазҳои арзишноки худро мебарорад, бозиҳои лоторея ташкил мекунад ва саҳмҳои банку шахсони дигари юридикиро харида мегирад;

баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тадбирҳои дигар меандешад.

5. Маблағҳои Фонди ҷумҳурии кӯмак аз ин ҳисоб ташаккул меёбанд:

пардохту хайроти ихтиёрии шаҳрвандон, коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкилотҳои хориҷӣ, миллӣ ва байналхалқӣ;

неъматҳои мухталифи моддӣ ва хайроти ғайримолиявии онҳо, аз ҷумла таҷҳизот, асбобҳо, мошину дастгоҳҳо барои минбаъд ба оилаҳои камбизоат, ки бо кӯмаки неъматҳои зикршуда метавонанд бизнеси худро ташкил намуда, некӯаҳволии оилаи худро баланд бардоранд, додани онҳо;

даромаде, ки аз ҳисоби фаъолияти корхонаҳои хурду муштараки дар назди Фонди ҷумҳурии кӯмак таъсисьёфта, инчунин аз ҳисоби фаъолияти тиҷоратии худи фонд ба даст меояд.

Асоси Фонди ҷумҳурии кӯмакро пардохти ихтиёрии ҳарсолаи Банки ҷумҳурии саҳҳомию тиҷоратии "Тоҷикбанкбизнес"-и Тоҷикистон ба андозаи 100 ҳазор сӯм ташкил мекунад.

6. Маблағпулию воситаҳои дигари Фонди ҷумҳурии кӯмак танҳо мутобиқи ҳадафу вазифаҳои он ва дар асоси қарори Правления сарф карда мешаванд.

7. Ба Фонди ҷумҳурии кӯмак Правления роҳбарӣ мекунад, ки ҳайати он аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Правленияи Фонди ҷумҳурии кӯмак:

дар асоси ҳуҷҷатҳои худ, инчунин тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кумитаҳои маҳаллаю ҳавлиҳо ва шахсони юридикию ҷисмонӣ дар хусуси хароҷоти маблағҳои зикршуда қарор қабул мекунад;

самтҳои асосии фаъолияти фондро баррасӣ ва тасдиқ менамояд;

ба корхонаю ташкилотҳои тобеи фонд роҳбарӣ мекунад;

сметаи даромаду хароҷоти фондро баррасӣ ва тасдиқ менамояд, аз болои пурра шудани он назорат мекунад, планҳо ва барномаи фаъолияти худ, плани солонаи молиявӣ ва инчунин ҳисоботро дар хусуси иҷрои онҳо тартиб ва тасдиқ мекунад;

ба фаъолияти мақомоти маҳаллии фонд роҳбарӣ ва назорат мекунад, ҳисоботи кори онҳоро шунида, тасдиқ менамояд;

манфиати Фонди ҷумҳурии кӯмакро дар назди фондҳои дигар, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра ифода мекунад ё барои иҷрои чунин вазифа шахси дигарро ваколатдор месозад.

Правления ба қадри зарурат даъват карда мешавад. Он дар сурате ба қабули қарор ҳуқуқ дорад, ки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзояш ҳузур дошта бошад. Қарорҳои правления ба тариқи раъйдиҳии кушод бо аксарияти оддии овози ҳозирон қабул карда мешаванд.

8. Раиси Правленияи Фонди ҷумҳурии кӯмак:

кори ҷории правленияро ташкил мекунад, маблағҳоро ба ҳисоб мегирад, доир ба истифодаи онҳо ҳисобот медиҳад ва ба онҳо назорат мекунад;

якҷоя бо бухгалтер ба ҳуҷҷатҳои молиявй имзо гузошта, ваколатномаҳо медиҳад.

9. Фонди ҷумҳурии кӯмак барои ҳалли вазифаҳои дар Оинномаи мазкур пешбинишуда дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои худро таъсис медиҳад. Тартиби таъсису кори намояндагиҳоро правленияи фонд муайян менамояд.

10. Фонди ҷумҳурии кӯмак аз фаъолияти худ дар назди аҳли ҷомеа ҳисобот медиҳад. Бо ин мақсад баланси ҷамъбастии он ҳар сол ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дар матбуот чоп мешавад.

Ҳисоботдиҳии фонд ба мақомоти омор, молия ва банкҳо ба воситаи қонунҳои ҷорӣ муайян мегардад.

11. Фонди ҷумҳурии кӯмак дорои ҳуқуқи шахси юридикӣ буда, мувофиқи тартиби муқарраргардида бояд ба қайд гирифта шавад.

Оинномаи Фонди ҷумҳурии кӯмакро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд. Ба он тағьйроту иловаҳо бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

12. Правленияи Фонди ҷумҳурии кӯмак дар ш.Душанбе ҷойгир аст.

 

Замимаи

қарори Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 январи соли 1991, № 9

ҲАЙАТИ  правленияи Фонди ҷумҳурии кӯмак ба қисми аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоии камтар муҳофизатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Вафоев Мурод Саидович         - Ҷонишини якуми Раиси Правленияи Банки саҳҳомию тиҷоратии

                                   "Тоҷикбанкбизнес" /Раиси Правления/

 

2. Ҷураева Сайёра Аминовна       - и.в. сардори шӯьбаи баҳисобгирии муомилоти пулию

                                   ҳисобисарбухгалтери УО Банки Саҳҳомию тиҷоратии

                                   "Тоҷикбанкбизнес"

 

3. Шелякова Тамара               - сардори шӯъбаи бопултаъминкунии инкишофи иҷтимоии

                                   Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

4. Ҷунайдов Зайдулло Ҷунайдович  - ҷонишини Раиси Фонди атфоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

5. Гончаренко Галина Бояновна    - сардори управленияи банақшагирии молиявии

                                   Вазорати таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      С. Махкамбоев

 

ОДОБРЕН

Постановлением

Кабинета Министров

Республики Таджикистан

от 14 января 1992г. №9

УСТАВ

Республиканского фонда помощи - наименее социально защищенной части населения Республики Таджикистан

1. Республиканский фонд помощи наименее социально защищенной части населения Республики Таджикистан, далее Республиканский фонд помощи, учрежден Указом Президента Республики Таджикистан от 21 августа 1991г., является республиканской самоуправляемой благотворительной организацией.

2. Республиканский фонд помощи предназначается для оказания благотворительной финансовой и иной материальной поддержки малообеспеченной и наименее социально защищенной часта населения республики, а также для поощрения успеваемости и инициативности студентов и учащихся высших и средних специальных учебных заведений, как обучающихся на территории республики, гак и за её пределами.

3. Республиканский фонд помощи на добровольных началах объединяет усилия трудовых коллективов предприятий и организаций и союзов независимо от форм организации и собственности, граждан республики, а также граждан и организаций зарубежных стран, желающих участвовать в реализации задач фонда.

Свою деятельность Республиканский фонд помощи осуществляет в тесном взаимодействии с министерствами, ведомствами, другими органами государственного управления, общественными организациями от деятельности которых зависит материальное благосостояние населения республики.

4. Республиканский фонд помощи в соответствии с возлагаемыми на него задачами:

принимает участие в обследовании состояния материально-бытовых условий жизни населения республики, студенчества, учащихся и по их результатам оказывает нуждающимся попечение и поддержку;

выдает в разовом порядке материальную и иную помощь малообеспеченным семьям (гражданам), а в необходимых случаях осуществляет попечительство над такими семьями (гражданами) непосредственно, либо с участием трудовых коллективов, предприятий и организаций независимо от форм собственности, общественных организаций и отдельных граждан;

устанавливает надбавки к пенсиям и пособиям в тех случаях, когда их размер не покрывает потребности семьи;

материально поддерживает инициативность студентов и учащихся путем установления стипендий Республиканского фонда помощи;

поощряет деятельность хозяйственных и общественных организаций и объединений республики, внесших значительный вклад в дело реального повышения благосостояния населения республики, путем установления специальных премий или других вознаграждений ;

оказывает целевую помощь семьям, воспитывающим особо одаренных детей в создании для них необходимых условий;

осуществляет сбор- и широкую организацию продажи по низким ценам одежды и предметов домашнего обихода для малоимущих слоев населения;

создает в установленном порядке и принимает участие в создании совместных предприятий, способствующих реализации стоящих перед фондом целей и задач;

выпускает собственные ценные бумаги, организует лотереи, приобретает акции банков и других юридических лиц;

проводит другие мероприятия по повышению социальной защиты населения республики.

5. Средства Республиканского фонда помощи формируются за счет:

добровольных взносов и пожертвований граждан, трудовых коллективов, государственных учреждений и общественных организаций, зарубежных, национальных, а также международных организаций;

передаваемых жди различных материальных ценностей и другие пожертвования нефинансового характера, включая оборудование, инструменты, машины, станки для их дальнейшей передачи мало-имущим семьям, которые при помощи указанных ценностей смогут организовать свой бизнес и повысить благосостояние семьи;

поступлений полученных за счет деятельности созданных при Республиканском фонде помощи малых и совместных предприятий, а также за счет коммерческой деятельности фонда.

Основу Республиканского фонда помощи составляет ежегодный добровольный взнос Таджикского Республиканского акционерного коммерческого банка "Таджикбанкбизнес" в размере 100 тыс.рублей.

6. Денежные и иные средства Республиканского фонда помощи расходуются только в соответствии с его целями и задачами и на основании решении Правления.

7. Руководство Республиканским фондом помощи осуществляется Продлением, состав которого утверждается Кабинетом Министров Республики Таджикистан.

Правление Республиканского фонда помощи:

принимает решение о расходовании указанных средств на основании имеющихся собственных материалов, а также ходатайств Президента Республики Таджикистан и Премьер-министра Республики Таджикистан, исполкомов местных Советов народных депутатов, общественных организаций, махаллинских и домовых комитетов, юридических и физических лиц;

рассматривает и утверждает основные направления деятельности фонда;

руководит подведомственными фонду предприятиями и организациями;

рассматривает и утверждает смету доходов и расходов фонда, осуществляет контроль за её пополнением, разрабатывает и утверждает планы и программу своей работы, годовой финансовый план, а также отчеты об их выполнении;

направляет и контролирует деятельность местных органов фонда, заслушивает и утверждает отчеты об их работе;

представляет интересы Республиканского фонда помощи либо уполномочивает другое лицо для выполнения такой обязанности в отношении с другими фондами, общественными и другими организациями.

Правление созывается по мере необходимости. Оно правомочно принимать решения при наличии не менее двух трети его членов. Решения правления принимаются открытым голосованием простым большинством голосов присутствующих.

8. Председатель Правления Республиканского фонда помощи:

осуществляет организацию текущей работы правления, учет средств, отчетность и контроль по их использованию;

подписывает вместе с бухгалтером финансовые документы, выдает доверенности.

9. Республиканский фонд помощи открывает свои представительства в городах и районах Республики Таджикистан для решения задач, предусмотренных настоящим Уставом.

Порядок создания и работы представительств определяется правлением фонда.

10. Республиканский фонд помощи в своей деятельности отчитывается перед общественностью. В этих целях его развернутый баланс ежегодно публикуется в печати на таджикском, узбекском и русском языках.

Представление отчетности фонда в органы статистики, Финансов и банков определяется действующим законодательством.

11. Республиканский фонд помощи является юридическим лицом и подлежит регистрации в установленном порядка.

Устав Республиканского фонда помощи рассматривается Кабинетом Министров Республики Таджикистан. Изменения и дополнения в него вносятся по решению Кабинета Министров Республики Таджикистан.

12. Правление Республиканского фонда помощи находится в г.Душанбе.

Приложение к постановлению Кабинета Министров Республики Таджикистан от 14 января 1992г.  №9

СОСТАВ ПРАВЛЕНИЯ Республиканского фонда помощи наименее социально защищенной части населения Республики Таджикистан

1. ВАФАЕВ Мурод Саидович - первый заместитель Председателя Правления АКБ "Таджикбанкбизнес", (председатель Правления фонда)

2. ДЖУРАЕВ Сайера Аминова - и.о. начальника отдела учета денежно- расчетных операций - главного бухгалтера ОПЕРУ АКБ "Таджикбанкбизнес"

3. ШЕЛЯКОВА Тамара Григорьевна - начальник отдела финансирования социального развития Минфина Республики Таджикистан

4. ДЖУНАЙДОВ Зайдулло Джунайдович - заместитель Председателя Таджикского республиканского Детского фонда

5. ГОНЧАРЕНКО Галина Бояновна - начальник планово-финансового управления Министерства социального обеспечения Республики Таджикистан