Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 1992, № 9 "Дар бораи Фонди ҷумҳурии кӯмак ба қисми аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ камтар муҳофизатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Фонди ҷумҳурии кӯмак ба қисми аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ камтар муҳофизатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи с.1991 "Дар бораи таъсиси Фонди кӯмак ба қисми аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ камтар муҳофизатшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Оинномаи Фонди ҷумҳурии кӯмак ба қисми аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ камтар мушофизатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фонди ҷумҳурии кӯмак) маъқул дониста, Правленияи (Ҳайати идории) фонди мазкур, ки дар асоси ҷамъиятӣ кор мебарад, дар ҳайати замимагардида тасдиқ карда шавад.

2. Вазифаи хизматрасонӣ ба Фонди ҷумҳурии кӯмак ба зиммаи Банки ҷумҳурии саҳҳомию Тиҷоратии тараққиёти соҳаи иҷтимоӣ ва соҳибкории "Тоҷикбанкбизнес"-и Тоҷикистон гузошта шавад.

3. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ дар байни коллективҳои корхонаю ташкилотҳои тобеъ, инчунин аҳолӣ дар хусуси аҳамияти барои дастгирии моддии аҳолии камбизоати ҷумҳурӣ доштани Фонди ҷумҳурии кӯмак ва дар ин робита дар хусуси зарурати иштироки фаъолонаи корхонаю ташкилотҳо дар созмондиҳои фонди мазкур, бо назардошти он ки маблағҳои ба унвони Фонди ҷумҳурии кӯмак равонашаванда аз додани андоз озод мебошанд, кори шарҳдиҳиро ба анҷом расонанд.

 

Муовини

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Ҷ. Каримов

Муовини

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Ҷ. Каримов

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       С. Маҳкамбоев

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

...

Кабинет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Республиканском фонде помощи наименее социально защищенной части населения Республики Таджикистан

В соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 21 августа 1991г. "О создании фонда помощи наименее социально защищенной части населения в Республике Таджикистан" Кабинет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить прилагаемый   Устав Республиканского фонда помощи наименее социально защищенной части населения Республики Таджикистан (Республиканского фонда помощи) и утвердить Правление этого фонда, работающего на общественных началах, в составе согласно приложению.

...