ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №225
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №225 "Дар бораи Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1) бандҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"2. Бонкҳо, бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ (минбаъд - ташкилотҳои қарзии молиявӣ) дар асоси шартномаи бо мақоми масъул басташуда хизматрасонии қабули пардохтҳои ғайринақдиро, ки номгӯйи онҳо дар шартнома дарҷ шудааст, ба аҳолӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои автоматиконидашудаи худхизматрасон пешниҳод менамоянд.
3. Қабули пардохтҳо тавассути терминалҳо ва терминалҳои автоматиконидашудаи худхизматрасон бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ амалӣ карда мешавад.";
2) дар банди 5 ва тамоми матн калимаҳои "Ташкилотҳои қарзӣ", "қонунигардонии (расмикунонии)", "ташкилотҳои қарзии", "ташкилоти қарзии", "ташкилотҳои қарзӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Ташкилотҳои қарзии молиявӣ", "қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и", "ташкилотҳои қарзии молиявии", "ташкилоти қарзии молиявии", "ташкилотҳои қарзии молиявӣ" иваз карда шаванд;
3) дар банди 8 калимаи "Терминалҳои" ба калимаҳои "Терминалҳо ва терминалҳои" иваз карда шавад;
4) дар банди 10 калимаи "Терминали" ба калимаҳои "Терминал ва терминали" иваз карда шавад;
5) бандҳои 4, 9, 13 ва 14 хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 сентябри соли 2023, № 476