ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №297
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 9 эзоҳоти Феҳристи корҳое, ки аз онҳо ҳаққи иёр (пардохти иёр) рӯёнида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №297 "Дар бораи тасдиқи Феҳристи корҳое, ки аз онҳо ҳаққи иёр (пардохти иёр) рӯёнида мешавад ва Тартиби иёр гирифтан ва тамға задани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда" тасдиқ шудааст, калимаҳои "бо пешниҳоди расид дар бораи пардохти ҳаққи иёр" ба калимаҳои "пас аз пардохт намудани маблағи ҳаққи иёр (пардохти иёр) тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби мақоми ваколатдор" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 сентябри соли 2023, № 473