ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 23 Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 "Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"23. Пардохти хизматрасонии тиббию санитарии музднок дар муассисаҳои бонкӣ ё дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз рӯйи шартнома анҷом дода мешавад. Ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолӣ барои пешниҳоди хизматҳои музднок аз ҷониби муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ бо истифода аз корти бонкӣ, воситаҳои дигари пардохти электронӣ, аз ҷумла ҳамёнҳои мобилӣ ва QR-рамзҳо ё бо роҳи ба суратҳисоби муассисаи давлатии системаи тандурустӣ ворид намудани маблағ анҷом дода мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 сентябри соли 2023, № 472