ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.06.2001 № 279, аз 25.10.2003 № 482)
Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки шаҳрвандони дар рафъи оқибатҳои фалокати СЭА Чернобыль дар соли 1988 ва солҳои минбаъда иштирокдоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минтақаи таҳлия эвакуация ва аз минтақаи кӯч кӯчонида шудаанд, дар қаламрави ҷумҳурӣ бо ҷубронпулию имтиёзҳое ҳуқуқ доранд, (ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ), ки барои шахсони солҳои 1986-1987 дар рафъи оқибатҳои фалокати СЭА Чернобыль ширкатварзида муқаррар гардида, дар Қонуни ИҶШС "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардида" пешбинӣ шудаанд .
2. Муқаррар карда шавад, ки шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ инчунин ба инҳо ҳуқуқ доранд:
а) ба гирифтани харҷи шабонарӯзӣ ва хонапулӣ ҳангоми сафар аз маҳалли зист то табобатгоҳ, муоинаи диспансерӣ, амбулаторӣ ё клиникӣ ва ҳангоми бозгашт бо ҳамроҳии шахси мушоиаткунанда, мувофиқи тартибе, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
б) таъминоти маҳсулоти озуқа мутобиқи нормаҳои оқилонаи физиологии истеъмоли маҳсулоти озуқа бо вобаста кардан ба мағозаҳои марбута;
в) рафтуомади бепул дар нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ба истиснои таксӣ) дар қаламрави ҷумҳурӣ;
г) озод будан аз пардохти тамоми намудҳои андоз ва бочу хироҷ.
3. Муқаррар карда шавад, ки ба ҷумлаи шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидае, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Қонуни мазкури ИҶШС ба онҳо паҳн мегардад, инчунин атфоле дохил мешаванд, ки аз яке аз волидайни аз фалокати Чернобыль зарардида таваллуд шудаанд.
4. Муқаррар карда шавад, ки кӯдакони то синни 17-солаи дар банди 3 қарори мазкур зикргардида ба ҷубронпулию имтиёзҳои дар бандҳои 1-2, 13-14, 22, 24-25, моддаи 13, моддаи 24 Қонуни мазкури ИҶШС пешбинигардида ҳуқуқ дошта, инчунин ба онҳо ва волидайнашон ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:
а) ишғоли утоқи алоҳида аз ҷониби кӯдаке, ки бар асари бемории дар натиҷаи фалокати Чернобыль гирифторшуда маъюб гаштааст, ё таҳти муоинаи диспансерӣ қарор дорад (аз ҷониби муассисаи тиббие, ки ба ин кор ваколатдор карда шудааст, тасдиқ мегардад);
б) бо маҳсулоти ғизоии бепул таъмин намудани кӯдакони зарардида, аз ҷумла онҳое, ки ба муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ намераванд, баробари маблағи миёнаи арзиши ғизои ин муассисаҳо, ки аз тарафи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ муқаррар карда мешавад ё бо хоҳиши волидайн ба онҳо додани ҷубронпулӣ;
в) тамдиди мураххасии қисман пардохтшаванда ба модарон (падар, парастор) ҳангоми нигоҳубини кӯдаки зарардида аз 1,5 солагӣ то ба синни 12 солагӣ расидани он якҷоя бо пардохти ёрдампулии муқарраргардидаи қонунгузорӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба синни 1,5 солагӣ расидани он.
5. Муқаррар карда шавад, ки ба гирифтани ҷубронпулӣ бо сабаби дар натиҷаи фалокати Чернобыль аз даст додани саробон иштирокчии рафъи оқибатҳои садама дар СЭА Чернобыль, сарфи назар аз сабаби фавти ӯ, аъзои оилаи ғайри қобили меҳнате, ки қаблан таҳти парастории ӯ қарор дошта, статусашон мутобиқи Қонуни ИҶШС "Дар бораи таъминоти нафақавии шаҳрвандон дар ИҶШС" муайян карда мешавад, ҳуқуқ доранд. Талабагони омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, мактабҳои миёнаи махсус ва таълимгоҳҳои олӣ, то ба синни 23-солагӣ расиданашон, ба гирифтани ҷубронпулии ҳармоҳа бо сабаби аз даст додани парастор дар давоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд.
6. Муқаррар карда шавад, ки шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакон, бояд таҳти муоинаи махсуси диспансерӣ қарор гиранд. Барои таъмини бақайдгирии шахсии онҳо Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷумҳурии "Чернобыль" Регистри давлатии ҷумҳуриро таъсис диҳад. Рақами қайди Регистри ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон, инчунин муассисаҳои табобатии маҳалли зист ва кори онҳо маълум карда шавад
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо);
муоинаи ҳарсолаи тиббӣ (диспансеризация) шахсони зикршударо ташкил намоянд;
дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷумҳурии байниидоравии экспертӣ оид ба муайян кардани сабабҳои бемориҳо ва маъюбӣ дар натиҷаи фалокати Чернобыль таъсис дода шавад.
7. Ба шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳу маъюбӣ, сарфи назар аз синну сол, бемӯҳлат муқаррар карда мешавад. Муоинаи такрории ин маъюбон бо хоҳиши онҳо дар комиссияи экспертии тиббии меҳнат гузаронда мешавад.
8. Барои шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи табобатӣ, табобатию санаторӣ ва курортӣ меъёрҳои иловагии ғизои дуруст муқаррар намояд.
9. Вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) ҷиҳати ба фаъолияти оинномавӣ машғул шудан ин иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар асоси дархосташон дар навбати аввал бо ҷой, қитъаҳои замин, алоқа, нақлиёт, воситаҳои назорати дозиметрӣ, кебель таъмин кунанд
10. Хароҷоти бо иҷрои қарори мазкур вобастабуда аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бо пул таъмин карда шавад.
11. Муқаррар карда шавад, ки ба шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобыль зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳномае дода мешавад, ки ба ду забон - забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони русӣ тартиб дода шудааст.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев
Ҷонишини Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Бозоров
ш. Душанбе,
аз 24 июни соли 1992, № 233