ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи бевосита ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ кардани Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯьбаи Душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна
Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи Душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна аз тобеияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистен бароварда шуда, онҳо бевосита ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ карда шаванд.
2. Ба баъзе қарорҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тағьиротҳои зерине, ки аз банди якуми қарори мазкур бармеоянд, дароварда шаванд:
а/ банди 2 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи с.1992 № 159 аз эътибор соқит дониста шавад ва аз банди 3 ҳамин қарор калимаҳои "аз тарафи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;
б/ дар банди 4 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 маи с.1992 № 165 калимаҳои "4-ҷонишин" ба калимаҳои "3-ҷонишин" иваз карда шаванд;
в/ бандҳои I ва 5 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни с.1992 № 218 аз эътибор соқит дониста шаванд.
3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти тағьиротҳое, ки дохил карда мешаванд, сохтор ва схемаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти тағьиротҳое, ки бо қарори мазкур дохил карда мешаванд, таҳия намуда, онро бо тартиби муқарраргардида ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
5. Ба Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки тарифҳои боркашониҳои ҳавоиро дар асоси арзиши аслии аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноккардашуда ва фоиданокии то 15 фоиз дар хатҳои ҳавоии байнидавлатӣ ва таъмини безиёнӣ /Фоиданокии сифрӣ/ дар хатҳои ҳавоии маҳаллӣ бо нигоҳи доштани имтиёзҳои барои категорияҳои алоҳидаи аҳолӣ муқарраргардида, тасдиқ намояд.
И.В. Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдулладжанов
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
ш. Душанбе,
аз 20 октябри соли 1992, № 385