Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1992, № 218 "Дар бораи тадбирҳои таъмини кори мунтазами Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 20.10.1992

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои таъмини кори мунтазами Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Девони Вазирони ҶТ аз 20.10.1992 № 385)

Бо сабаби вазъи бӯҳронӣ дар фаъолияти Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бамиёномада ва бо мақсади таъмини кори мураттаби он Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан то охири соли 1992 ҳуқуқ дода шавад, ки тарифҳои бору мусофаркашонии ҳавоии аз ҷониби Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомшавандаро бо назардошти арзиши аслии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшудаю даромаднокии то 15 фоиз дар хатҳои ҳавоии байналхалқӣ ва таъмини безиёни (даромаднокии баробари сифр) дар хатҳои ҳавоии маҳаллӣ тасдиқ намуда, имтиёзҳои барои категорияи алоҳидаи аҳолӣ муқарраршударо нигоҳ дорад (бо қарори Девони Вазирони ҶТ аз 20.10.1992 № 385 аз эътибор соқит дониста шуд).

2. Банки саҳомию тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи барқарор намудани муносибатҳои корреспондентӣ бо банкҳои хориҷӣ дар доираи даромади арзи хориҷии соли равон иҷрои муттасили супоришоти ширкати ҳавоии "Тоҷикистон"-ро аз рӯи пардохтҳои вобаста бо фаъолияти хоҷигиаш таъмин намояд.

3. Дар Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани шакли муоҳидавии муносибатҳои меҳнатӣ миёни маъмурият ва кормандони ширкати ҳавоӣ иҷозат дода шавад.

4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо гурӯҳи алоҳидаи округи сарҳадии Байрақи Сурхдори Осиёи Миёна ҳамчун объекти дорои аҳамияти махсус ва фурудгоҳи истиқрори муштарак муҳофизати мусаллаҳонаи шабонарӯзии фурудгоҳи Душанберо аз рӯи периметр таъмин намояд;

- якҷоя бо Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе барои бопултаъминкунӣ ва нигоҳдории гурӯҳи махсус дар шӯъбаи милицияи фурудгоҳи Душанбе оид ба муҳофизати қитъаи парвозу фуруд ва тартиботи ҷамъиятӣ имконоти иловагӣ дарьёфт намоянд;

- ба Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон" миқдори иловагии зарурии яроқ ва техникаи муҳаррик дода шавад.

5. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи тараққиёти нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ намудан ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (бо қарори Девони Вазирони ҶТ аз 20.10.1992 № 385 аз эътибор соқит дониста шуд). 

6. Бо сабаби васеъ гардидани робитаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти тобеияти Ҷумҳурии ӯзбекистон гузаштани роҳрави байналхалқии Тирмиз, шоҳроҳи байналхалқӣ дар роҳрави Душанбе-Панҷ кушода шавад.

 

Сарвазири

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         А. Мирзоев

Ҷонишини Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         И. Бозоров

ш. Душанбе,

аз 10 июни соли 1992, № 218

 

Кабинет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

(в редакции пост. Совета Министров РТ от 20.10.1992 №385)

О мерах по обеспечению бесперебойной работы Государственной авиакомпании Республики Таджикистан "Точикистон"

В связи сложившимся критическим положением в деятельности Государственной авиакомпании Республики Таджикистан "Точикистон" и в целях обеспечения её ритмичной работы Кабинет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Предоставить право временно до конца 1992 года Министерству транспорта Республики Таджикистан утверждать тарифы на авиационные перевозки, осуществляемые Государственной авиакомпанией Республики Таджикистан "Точикистон", исходя из экономически обоснованной себестоимости и рентабельности до 15 процентов на межгосударственных авиалиниях и обеспечении безубыточности (нулевой рентабельности) на местных авиалиниях с сохранением льгот, установленных для отдельной категории населения (в редакции пост. Совета Министров РТ от 20.10.1992 №385 утратил силу).

2. Акционерно-коммерческому банку внешнеэкономической деятельности Республики Таджикистан на основе установления корреспондентских отношений с иностранными банками в пределах инвалютной выручки текущего года обеспечить бесперебойное исполнение поручений авиакомпании "Точикистон" по платанам, связанным с его хозяйственной деятельностью.

3. Разрешить введение в Государственной авиакомпании Республики Таджикистан "Точикистон" контрактной формы трудовых отношений между администрацией и работниками авиакомпании.

4. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан:

- совместно с отдельной группой Краснознаменного Среднеазиатского пограничного округа организовать и обеспечить круглосуточную вооруженную охрану по периметру аэропорта Душанбе как объекта особой важности и аэродрома совместного базирования;

- совместно с Министерством экономики и финансов Республики Таджикистан, Душанбинским горисполкомом изыскать возможность дополнительного финансирования и содержания специальной группы в линейном отделении милиции аэропорта Душанбе по охране аэропорта и его взлетно-посадочной полосы и общественного порядка;

- выделить авиакомпании "Точикистон" необходимое дополнительное количество оружия и подвижной техники.

5. Министерству транспорта Республики Таджикистан представить в Кабинет Министров Республики Таджикистан на утверждение проект, программы развития воздушного транспорта Республики Таджикистан (в редакции пост. Совета Министров РТ от 20.10.1992 №385 утратил силу).

6. В связи с расширением международных связей Республики Таджикистан и переходом международного коридора Термез под юрисдикцию Республики Узбекистан открыть международную трассу по коридору Душанбе-Пяндж.

Премьер-министр

Республики Таджикистан                       А.Мирзоев

Зам. Управляющего Делами Кабинета

Министров Республики Таджикистан              И.Базаров

г.Душанбе

от 10 июня 1992 года №218