ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои таъмини кори мунтазами Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Девони Вазирони ҶТ аз 20.10.1992 № 385)
Бо сабаби вазъи бӯҳронӣ дар фаъолияти Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бамиёномада ва бо мақсади таъмини кори мураттаби он Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан то охири соли 1992 ҳуқуқ дода шавад, ки тарифҳои бору мусофаркашонии ҳавоии аз ҷониби Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомшавандаро бо назардошти арзиши аслии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшудаю даромаднокии то 15 фоиз дар хатҳои ҳавоии байналхалқӣ ва таъмини безиёни (даромаднокии баробари сифр) дар хатҳои ҳавоии маҳаллӣ тасдиқ намуда, имтиёзҳои барои категорияи алоҳидаи аҳолӣ муқарраршударо нигоҳ дорад
2. Банки саҳомию тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи барқарор намудани муносибатҳои корреспондентӣ бо банкҳои хориҷӣ дар доираи даромади арзи хориҷии соли равон иҷрои муттасили супоришоти ширкати ҳавоии "Тоҷикистон"-ро аз рӯи пардохтҳои вобаста бо фаъолияти хоҷигиаш таъмин намояд.
3. Дар Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани шакли муоҳидавии муносибатҳои меҳнатӣ миёни маъмурият ва кормандони ширкати ҳавоӣ иҷозат дода шавад.
4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо гурӯҳи алоҳидаи округи сарҳадии Байрақи Сурхдори Осиёи Миёна ҳамчун объекти дорои аҳамияти махсус ва фурудгоҳи истиқрори муштарак муҳофизати мусаллаҳонаи шабонарӯзии фурудгоҳи Душанберо аз рӯи периметр таъмин намояд;
- якҷоя бо Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе барои бопултаъминкунӣ ва нигоҳдории гурӯҳи махсус дар шӯъбаи милицияи фурудгоҳи Душанбе оид ба муҳофизати қитъаи парвозу фуруд ва тартиботи ҷамъиятӣ имконоти иловагӣ дарьёфт намоянд;
- ба Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон" миқдори иловагии зарурии яроқ ва техникаи муҳаррик дода шавад.
5. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи тараққиёти нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ намудан ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд
6. Бо сабаби васеъ гардидани робитаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти тобеияти Ҷумҳурии ӯзбекистон гузаштани роҳрави байналхалқии Тирмиз, шоҳроҳи байналхалқӣ дар роҳрави Душанбе-Панҷ кушода шавад.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев
Ҷонишини Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Бозоров
ш. Душанбе,
аз 10 июни соли 1992, № 218
ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои таъмини кори мунтазами Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо сабаби вазъи бӯҳронӣ дар фаъолияти Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бамиёномада ва бо мақсади таъмини кори мураттаби он Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан то охири соли 1992 ҳуқуқ дода шавад, ки тарифҳои бору мусофаркашонии ҳавоии аз ҷониби Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомшавандаро бо назардошти арзиши аслии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшудаю даромаднокии то 15 фоиз дар хатҳои ҳавоии байналхалқӣ ва таъмини безиёни (даромаднокии баробари сифр) дар хатҳои ҳавоии маҳаллӣ тасдиқ намуда, имтиёзҳои барои категорияи алоҳидаи аҳолӣ муқарраршударо нигоҳ дорад.
2. Банки саҳомию тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи барқарор намудани муносибатҳои корреспондентӣ бо банкҳои хориҷӣ дар доираи даромади арзи хориҷии соли равон иҷрои муттасили супоришоти ширкати ҳавоии "Тоҷикистон"-ро аз рӯи пардохтҳои вобаста бо фаъолияти хоҷигиаш таъмин намояд.
3. Дар Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани шакли муоҳидавии муносибатҳои меҳнатӣ миёни маъмурият ва кормандони ширкати ҳавоӣ иҷозат дода шавад.
4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо гурӯҳи алоҳидаи округи сарҳадии Байрақи Сурхдори Осиёи Миёна ҳамчун объекти дорои аҳамияти махсус ва фурудгоҳи истиқрори муштарак муҳофизати мусаллаҳонаи шабонарӯзии фурудгоҳи Душанберо аз рӯи периметр таъмин намояд;
- якҷоя бо Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе барои бопултаъминкунӣ ва нигоҳдории гурӯҳи махсус дар шӯъбаи милицияи фурудгоҳи Душанбе оид ба муҳофизати қитъаи парвозу фуруд ва тартиботи ҷамъиятӣ имконоти иловагӣ дарьёфт намоянд;
- ба Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон" миқдори иловагии зарурии яроқ ва техникаи муҳаррик дода шавад.
5. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи тараққиёти нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ намудан ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.