×

Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 31 августи соли 2023, № 417

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2023, № 417

Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2023-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барномаи давлатӣ) бо мақсади иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, № 636 тасдиқ гардидааст ва банди 9 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 263 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, самтҳои афзалиятҳои рушд, принсипҳои ташаккул ва механизмҳои амалисозии пешрафти инноватсионии кишварро дар давраи миёнамуҳлат муайян мекунад.

2. Истифодаи механизмҳои рушди устувор бо дарназардошти алоқамандии сиёсати давлатӣ доир ба рушди илмию техникӣ, инноватсионию саноатӣ, инчунин рушди маориф, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва соҳаҳои дигари илмталаб пешбинӣ шудааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРӢ

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши инноватсионӣ диққати махсус медиҳад. Дар маҷмуъ, рушди тадқиқоти илмӣ ба ҳалли вазифаҳои стратегӣ, фароҳам овардани заминаҳо ва шароит барои рушди босифати иқтисодиёти кишвар нигаронида шудааст.

4. Дар соли 2021 дар бахши илмии кишвар 82 муассисаи илмию таҳқиқотии академӣ ва соҳавӣ фаъолият менамуд. Дар баробари ин, дар зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ ва филиалҳо тадқиқоти илмӣ гузаронида мешаванд.

5. Шумораи мутахассисоне, ки бевосита бо фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва коркардҳо машғуланд, дар кишвар аз 443 нафари дар соли 2015 то 450 нафари дар соли 2021 нисбат ба 1 миллион нафар аҳолӣ афзоиш ёфта, афзоиши миёнаи солона 3,1 дарсадро ташкил дод. Дар айни замон, сатҳи миёнаи музди меҳнат дар низоми илмии кишвар танҳо дар давраи соли 2021 ба сатҳи миёнаи музди меҳнат дар кишвар наздик шуд, ки барои ҳавасмандгардонии сифати тадқиқоти илмӣ начандон кумак мекунад.

6. Рушди босуръати фаъолияти илмию тадқиқотӣ асоси тағйироти назарраси заминаи техникӣ ва сохтории иқтисоди миллӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии он мебошад. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ақибмонӣ дар ҳудуди 12 моҳ дар коркардҳои технологии маҳсулот даромадро аз фурӯш ё истифодаи онҳо дар тӯли тамоми давраи ҳаёти маҳсулот дар ҳудуди қариб 50 дарсад коҳиш медиҳад. Ин як ангезаи ҷиддӣ барои рушди босуръати тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои афзалиятноку ояндадор ва навсозии босуръати истеҳсолот мебошад.

7. Азбаски Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ислоҳоти миқёси дарозмуддатро муайян мекунад, хеле муҳим аст, ки натиҷаҳои фосилавии ислоҳот дар барномаи миёнамуҳлат инъикос ёбанд. Чунин раванд бояд дар робита бо нишондиҳандаҳои мақсадноки афзалиятҳои асосии рушд таъмин гардад. Аз ин рӯ, дурнамои рушди бахшҳои калидии илм, технология ва инноватсияҳои кишвар бояд ба талаботи муосири глобалӣ ва миллӣ ҷавобгӯ бошанд (аз он ҷумла сабақҳои соли 2020 вобаста ба COVID-19).

3. ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ МАҚСАДНОКИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

8. Ҳадафи Барномаи давлатӣ баланд бардоштани рақобатпазирии низоми миллии тадқиқот ва инноватсия, таъмини илмию техникӣ ва инноватсионии тағйироти сохторӣ дар иқтисод ва ҷомеа мебошад.

9. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар банди 8 пешбинишуда корҳои зерин бояд иҷро карда шаванд:

- таҳкими неруи зеҳнии илм ва бунёди сармояи инсонӣ, навсозӣ ва рақамисозии инфрасохтори илмии кишвар;

- баланд бардоштани натиҷанокии дастовардҳои илмии ватанӣ ва таъмини ҳамгироии онҳо ба фазои илмии ҷаҳонӣ;

- таъмини рушди самтҳои афзалиятноки корҳои илмию техникии ҷавобгӯйи талаботи саноатикунонии босуръати кишвар ва амалисозии сенарияи рушди индустриалӣ-инноватсионии кишвар, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст;

- мусоидат намудан ба рушд ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми миллии инноватсионӣ дар асоси тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ташаккули бозори маҳсулоти илмию техникӣ ва муҳити мусоид барои амалисозии фаъолияти инноватсионӣ;

- дарёфти ҷавонони боистеъдод ва фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди касбият дар муҳити илмӣ, муҳандисӣ ва соҳибкорӣ;

- мусоидат дар ташаккул ва рушди инфрасохтор барои пешбурди навовариҳо дар низоми коркардҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию технологӣ;

- ташаккули муҳити рақобат барои фаъолнокии инноватсионӣ.

10. Дар Барномаи давлатӣ сатҳи иҷрои вазифаҳои банақшагирии стратегӣ ва банақшагирии ҷорӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои мақсаднок (тибқи замима), аз ҷумла бо нишондиҳандаҳои асосии рушди илм ва инноватсия, шохисҳои байналмилалӣ, шохиси рақобатпазирии ҷаҳонӣ, шохиси ҷаҳонии инноватсионӣ, шохиси омодагии шабака, шохиси рушди инсонӣ арзёбӣ мегардад.

11. Нишондиҳандаҳои мақсадноки Барномаи давлатӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти саноатикунонии босуръат, ташкили ҷойҳои корӣ, ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, ки бо технологияҳо, инфрасохтор ва инноватсияҳо вобаста аст, нигаронида шуданд.

12. Дар марҳилаи миёнамуҳлат ташаккули заминаҳои зарурӣ барои рушди босуръат дар бахшҳои илм, технология ва инноватсия дар назар аст. Барои татбиқи гузариши пайваста ва устувор аз навовариҳои технологӣ (аз хариди таҷҳизот ба истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияҳои истеҳсолии дохилӣ) ба навовариҳои рақобатпазир дар маҳсулот шароит фароҳам оварда мешавад.

4. АФЗАЛИЯТҲОИ МИЁНАМУҲЛАТИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

§1. Такмили раванди идоракунӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми тадқиқот ва инноватсияҳо

13. Ташкили коркард ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки аҳаммияти давлатӣ доранд, дар марҳилаи миёнамуҳлат тавассути тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- мутамарказ намудани неруи илмию техникии кишвар ҷиҳати ташаккул ва рушди соҳаҳо ва бахшҳои миёна ва баландтехнологии иқтисоди миллӣ дар асоси технологияҳои пешрафта ва коркардҳо, бо маблағгузории афзалиятноки лоиҳаҳои инноватсионӣ дар ин самт;

- таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои инноватсионии пешбиникунандаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки ҳангоми амалисозии барномаҳои илмию техникӣ ба даст омаданд;

- ташкили истеҳсолоти инноватсионӣ барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла маҳсулоти дар асоси иҷозатнома ва патентҳои хориҷӣ истеҳсолшуда;

- дастгирии фаъолияти сохторҳое, ки татбиқи босамари ғояҳои инноватсиониро аз коркард то пайдо кардани истеъмолкунандаи мушаххас таъмин мекунанд.

14. Баландтар бардоштани самаранокии раванди идораи низоми миллии инноватсияҳо тавассути тадбирҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- инкишофи низоми дастгирии давлатии раванди ташаккули кластерҳои инноватсионӣ дар бахши саноат ва комплекси агросаноатӣ;

- такмили низоми арзёбии рушди инноватсионии ҷумҳурӣ бо дарназардошти методологияи байналмилалӣ;

- баланд бардоштани самаранокии банақшагирии индикативии рушди инноватсионии кишвар дар асоси таҳкими воситаҳои танзимкунанда, ҳамоҳангсозанда ва ҳавасмандгардонандаи Барномаи давлатӣ.

15. Ташаккули муҳити институтсионалӣ барои ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ тавассути тадбирҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- такмили низоми танзими меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ;

- таъсиси низоми бисёрсатҳии оммавигардонии эҷодиёти зеҳнӣ ва соҳибкории инноватсионӣ ҳамчун бахши дорои аҳаммияти давлатӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ афзалиятдошта;

- инкишофи низоми дастгирии давлатии ихтироот ва эҷодиёти муҳандисию техникии ҷавонон;

- рушди низоми танзими техникӣ, стандартизатсия ва сертификатсия, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои коркард, ҷорӣ намудан дар истеҳсолот, пешбурди маҳсулоти илмию техникии ба бозор нигаронида шудааст;

- татбиқи сиёсати буҷетию андозӣ, пулию қарзӣ ва сармоягузорӣ, ки фаъолияти инноватсионии ташкилотҳоро ҳавасманд мекунад.

16. Инкишофи низоми ояндабинии технологӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмию техникӣ тавассути тадбирҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- ташаккули механизми арзёбии ҳамаҷониба ва пешгӯйии рушди технологияҳо ва истеҳсолот;

- рушди низоми ягонаи экспертизаи давлатии илмӣ ва илмию техникӣ;

- дар заминаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар интернет-портали ягонаи низоми миллии рушди илмию инноватсионӣ муттаҳид намудани захираҳои иттилоотии гуногун доир ба инноватсияҳо дар доираи таъмини дастрасии иттилооти илмӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ.

§2. Ташаккули сармояи инсонии рақобатпазир, ки ба тадқиқот ва навоварӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷалб карда шудааст

17. Таъминоти кадрии рушди инноватсионии иқтисоди миллӣ тавассути тадбирҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- тайёр кардани мутахассисон барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, пеш аз ҳама дар соҳаҳои миёна ва баландтехнологии саноат ва истеҳсолоти илмталаб;

- рушди низоми бисёрзинагии омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бефосилаи мутахассисон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ барои таъсиси комплекси ҷумҳуриявии таълимию инноватсионӣ, ки ба ташкили таҳсилоти иловагӣ барои роҳбарон ва мутахассисони тиҷорати хурду миёна дар бахши соҳибкории инноватсионӣ нигаронида шудаст;

- баланд бардоштани эътибори фаъолияти илмию инноватсионӣ ва таъмини воридшавии ҷавонони боистеъдод ба бахши инноватсионӣ тавассути фароҳам овардани шароит барои дастгирии молиявии лоиҳаҳо аз ғоя то татбиқи ниҳоии онҳо.

18. Ҳавасмандгардонии ҷолибият ва натиҷанокии фаъолияти илмию тадқиқотӣ тавассути тадбирҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- ташаккули маҷмуи чорабиниҳо дар самти дастгирии фаъолияти илмию тадқиқотии хонандагон, донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон;

- таҳкими ҷараёни ошкор ва дастгирии қобилияти эҷодии хонандагон, донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон, дастгирии эҷодиёти илмию техникии онҳо;

- дастгирии натиҷанокии иштироки хонандагон, донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон дар чорабиниҳои илмию техникӣ;

- таҳкими низоми ҷалби кадрҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва маъмурии муассисаҳои таълимӣ ба роҳбарии лоиҳаҳои илмӣ ва ташкили фаъолияти илмию тадқиқотӣ.

19. Мустаҳкам намудани заминаи илмию тадқиқотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию тадқиқотӣ тавассути тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- густариши батадриҷи барномаҳои баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии ватанӣ;

- дастгирии маблағгузории барномавии тадқиқоти бунёдию амалӣ бо арзёбии самаранокӣ ва боздеҳи онҳо;

- ҳавасмандгардонии афзоиши маблағгузории фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию лоиҳакашӣ, аз ҷумла дастгирии рушди маблағгузории барои лоиҳаҳои нав бо ҷалби маблағгузории байналмилалӣ;

- таҳияи "харитаи роҳ" доир ба тақвияти механизмҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ.

§3. Устуворгардонии низоми инфрасохтор ва таъминоти иттилоотии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ

20. Дар доираи инкишофи низоми инфрасохтор дар бахшҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ таъсис ва рушди чунин ниҳодҳо дар назар аст:

- субъектҳои инфрасохтори инноватсионӣ бо таҳкими заминаи моддию техникӣ ва захираҳои инсонии онҳо;

- "нуқтаҳои рушд" барои тиҷоратикунонии коркардҳо дар ҳар минтақаи кишвар (дар асоси технопаркҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ);

- озмоишгоҳҳои соҳавӣ оид ба таъминоти илмӣ бо озмоишҳои таҷрибавию саноатӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ дар истеҳсолот;

- марказҳои (озмоишгоҳҳои) истифодаи дастаҷамъонаи таҷҳизоти нодири илмӣ;

- минтақаҳои озод (махсус)-и иқтисодӣ ҳамчун майдонҳо барои ташкили истеҳсолот дар асоси технологияҳои пешрафта.

§4. Ташаккули низоми самараноки коммуникатсияҳо дар бахшҳои илм, технология ва инноватсия, ташкили манфиату шароит барои рушди соҳибкории инноватсионӣ

21. Дар доираи таъмини рушди соҳибкории инноватсионӣ иҷрои чораҳои зерин дар назар аст:

- дастгирии таъсиси ташкилотҳои инноватсионӣ, ки тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро таъмин мекунанд;

- таҳкими низоми рушди инфрасохтор барои дастгирии соҳибкории инноватсионӣ, ки ба таъмини ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот нигаронида шудаст;

- таъмини дастрасии захираҳои моддӣ, молиявӣ ва зеҳнӣ барои субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ;

- дастгирии рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти фаъолияти инноватсионӣ.

22. Дар доираи рушди ҳамкориҳои илмӣ ва илмию истеҳсолӣ чораҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- ташаккули низоми иштироки муассисаҳои илмию тадқиқотӣ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд, аз ҷумла асосноккунии дурнамо ва сенарияҳои рушд, пешбурди ислоҳоти асосии иқтисодӣ;

- ташаккул додани заминаҳои ташкил ва рушди кластерҳои илмию технологӣ.

§5. Фаъолгардонии ҳамкории минтақавию байналмилалии илмию техникӣ ва инноватсионӣ

23. Таҳкими ҳамкории байниминтақавии илмию техникӣ ва инноватсионӣ ба ҳадафҳои зерин нигаронида мешавад:

- таҳкими фаъолияти зерсохторҳои ташкилотҳое, ки барои ташкили фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ, идоракунии моликияти зеҳнӣ, кадрҳои баландихтисос дар минтақаҳои кишвар масъуланд;

- муайян намудани нишондиҳандаҳои мақсадноки аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда оид ба рушди коркардҳои илмӣ барои мақомоти маҳаллии иҷроия ва танзимкунанда;

- дастгирии ташкили марказҳои минтақавии фаъолияти инноватсионӣ ва ҳамкории кластерӣ дар шаҳрҳои калон ва марказҳои вилоятии кишвар.

24. Таъмини рушди ҳамкории байналмилалии илмию техникӣ ва инноватсионӣ тавассути тадбирҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- тақвияти иштироки ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар амалисозии лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ;

- дастгирии иштироки муассисаҳои тадқиқотии ватанӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои соҳавии илмию истеҳсолӣ дар барномаҳои дахлдори байналмилалӣ;

- ҷалби маблағгузорӣ барои пешбурди лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ тавассути сохторҳои гуногуни байналмилалӣ (бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар).

25. Дар доираи ташкили истеҳсол ва ташаккули иқтидор барои содироти маҳсулот ва технологияҳои илмталаб чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта мешаванд:

- муайян намудани имкониятҳои илмӣ, технологӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рақобатпазирӣ дар бахшҳои нави бозор;

- муайян кардани афзалиятҳо дар самтҳои коркардҳои амалӣ, ки дар доираи онҳо объектҳои моликияти зеҳнии мушаххас таъсис дода мешаванд (кафолати бадастории намунаҳои таҷрибавӣ ва истеҳсолоти устувори маҳсулоти инноватсионӣ, корҳо (хизматрасониҳо)-и рақобатпазирро таъмин менамоянд);

- мониторинги тамоюлҳои технологии ҷаҳон ва арзёбии зарурати хариди объектҳои моликияти зеҳнӣ бо мақсади истифодаи минбаъдаи онҳо дар истеҳсолоти ватанӣ;

- истифодаи объектҳои моликияти зеҳнӣ дар ташкили иқтидорҳои нав ва навсозии иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти илмталаб, маҳсулоти миёна ва баландтехнологии саноатӣ.

5. ФАЪОЛИЯТИ БАРНОМАВӢ АЗ РӯЙИ СОҲАҲОИ ТАДҚИҚОТ ВА ИННОВАТСИЯ

26. Дар давраи миёнамуҳлат иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 аз рӯйи соҳаҳои тадқиқот ва инноватсия, аз ҷумла дар доираи татбиқи самтҳои афзалиятноки барномавии тадқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №50 тасдиқ шудааст) мушаххас карда мешавад. Ҳамзамон ҳамкории байни самтҳои татбиқи афзалиятҳои барномавӣ аз рӯйи соҳаҳои тадқиқот ва инноватсия, пайвасташавии илм ва амалия таъмин карда мешавад.

§1. Баланд бардоштани саҳми коркардҳои илмию амалӣ дар соҳаҳои табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар таъмини пешрафти кишвар

27. Бо дарназардошти эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ, коркардҳои барномавӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, фанҳои дақиқ ва риёзӣ барои гирифтани натиҷаҳои зерини байнисоҳавӣ нигаронида мешаванд:

- коркарди масолеҳи нав ва кристаллҳои сунъӣ аз ашёи хоми ватанӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни техникӣ ва технология, бо баланд бардоштани самаранокии коркардҳои илмӣ ва технологӣ дар соҳаи физикаи ядроӣ;

- васеъ намудани коркарди технологияҳои каммасраф, "энергияи сабз", технологияҳои коркарди партовҳо, аз ҷумла радиоактивӣ, барои бунёди таҷҳизот ва технологияҳои муосир;

- зиёд намудани имкониятҳои математикаи амалӣ барои коркард ва пешниҳоди моделҳои риёзӣ дар самти банақшагирии истеҳсолот, барномасозии компютерӣ, ташкил ва идоракунии фаъолияти истеҳсолӣ, инчунин тадқиқот дар бахши забоншиносии компютерӣ бо дарназардошти меъёрҳои забони адабии тоҷик;

- истифодаи технологияҳои коркардшуда дар саноати хӯрокворӣ ва доруворӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи хосиятҳои амалии хӯлаҳои алюминий ва истифодаи онҳо дар саноат, таҳияи технологияҳои муосири истеҳсоли нуриҳои минералӣ аз ашёи хоми ватанӣ, коркарди металлҳои нодир;

- васеъ намудани истифодаи технологияҳое, ки олимони соҳаи химия барои истеҳсоли пектинҳо, фосфоритҳо, гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти дигари воридотивазкунанда таҳия карданд;

- ба даст овардани усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бо истифода аз усулҳои муосири биотехнологӣ ва усулҳои анъанавии зотпарварӣ.

§2. Таъмини устувории кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти ғизогӣ

28. Ҳамкории илмию тадқиқотӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти ғизо ба мусоидат ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои байнисоҳавии зерин нигаронида мешавад:

- таъмини бехатарии маҳсулоти ғизо бо мақсади навсозии низоми миллии идораи сифат;

- баланд бардоштани дастрасӣ ва дараҷаи фарогирӣ бо ғизо барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ, коҳиш додани хатари бемориҳои вобаста ба ғизо;

- таъсиси механизмҳои истифодаи самараноки захираҳои об, замин ва гуногунии биологӣ;

- баланд бардоштани самаранокии истифодаи нуриҳо, аз ҷумла бионуриҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии замин бо дарназардошти васеъ намудани низоми бехатарӣ ва ҳифзи набототу ҳайвонот.

29. Навовариҳо дар самти таҳия ва истифодаи тухмиҳои баландсифат, ки ба иқлими кишвар мутобиқ карда шудаанд, ба вирусҳо ва бемориҳо тобоваранд, ба гирифтани натиҷаҳои байнисоҳавии зерин нигаронида мешаванд:

- коркарду дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои рақобатпазири зироатҳои кишоварзии дорои ҳосили баланд, тобовар ба хушксолӣ ва бемориҳою ҳашароти зараррасон;

- баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва мутобиқшавии зироатҳо ба тағйирёбии иқлим;

- ба даст овардани технологияҳои каммасрафи истифодаи об, маводди ғизоӣ барои зироатҳо ва чорво;

- ташаккули низомҳои самараноки истеҳсолоти кишоварзӣ, ки ба муҳити зист камтар зарар мерасонанд.

30. Тақвияти фаъолият ҷиҳати таъмини идоракунии устувори низоми экологии кишоварзӣ ба мусоидат ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои байнисоҳавии зерин нигаронида мешавад:

- таҳкими низоми идоракунии генофонди растаниҳо;

- муайянкунӣ ва пешбурди навъҳои зироатҳо ва зоти чорвои дорои неруи баланд барои ҳосилнокӣ, маҳсулнокӣ ва мутобиқшавӣ;

- пешгӯйӣ ва мониторинги таҳдидҳои хатарноки фитосанитарӣ ва таҳияи чораҳо оид ба мубориза бо организмҳои зараррасони карантинӣ;

- таҳияи усулҳои алтернативии ҳифзи растаниҳо ва пешбурди низоми кишоварзии экологӣ;

- таҳия ва навсозии технологияҳои устувор ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткорӣ.

31. Навовариҳо дар таҳия ва пешбурди технологияҳои нави коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ба мусоидат ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои байнисоҳавии зерин нигаронида мешаванд:

- баланд бардоштани самаранокии технологӣ ҳангоми коркарди ашёи хоми кишоварзӣ;

- таъмини камшавии талафоти ашёи хоми кишоварзӣ ва маҳсулоти ғизогӣ дар раванди коркард;

- баланд бардоштани дастрасии иқтисодӣ ва техникии технологияҳои инноватсионии нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ.

§3. Таъмини рақобатпазирӣ ва интишори технологияҳои инноватсионӣ

32. Таҳқиқот ва навовариҳо барои мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва рақобатпазирӣ бо таъмини дастгирии зарурии илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, асосноккунии илмии сиёсати иқтисодӣ, навсозии заминаи институтсионалӣ ва низоми идоракунӣ алоқаманд хоҳанд буд. Чунин фаъолият барои ба даст овардани натиҷаҳои зерини маҷмуӣ ва байнисоҳавӣ мусоидат менамояд:

- пешбарии илмии ташаккули равандҳои саноатикунонии босуръат, низомҳои дастгирии рушди корхонаҳои хурд ва миёна;

- вусъатёбии шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва пешгӯйии салоҳият аз рӯйи самту касбҳо мутобиқи талаботи бозори меҳнат;

- таҳияи сенарияҳо (моделҳои рушди иқтисодӣ) тавассути таҳлили таҳдидҳо, хатарҳо ва осебпазирӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, миллӣ ва маҳаллӣ;

- ташаккули низоми рушд ва ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда бо дарназардошти тавъамсозии механизмҳои танзими давлатӣ ва бозории рушди кишвар.

33. Таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ ба васеъ намудани гуногунии маҳсулот барои истифодаи мушаххас дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, ҷалби муҳақиқон ба коркарди маҳсулоти нав ва технологияҳои муосир барои омода намудани дастгоҳҳо ва низомҳое, ки дар муҳитҳои муайян фаъолият мекунанд (масалан дар шароити баландкӯҳӣ), инчунин барои тадқиқоте, ки барои ҷалби маблағгузории хусусӣ имкон медиҳанд. Фаъолият дар самти мазкур ба мусоидат ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои байнисоҳавии зерин нигаронида мешавад:

- ашё ва масолеҳи дорои хосиятҳои беҳтаршуда барои истифода дар шароити махсуси баландкӯҳ;

- коркарди ашёю масолеҳи пешрафта ва арзон барои истифода дар соҳаҳои иқтисодиёт;

- таҳлил, банизомдарорӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои таҳқиқотҳои бунёдии назариявӣ ва пешниҳоди равишҳои нави методологӣ дар соҳаҳои физика, химия, математика ва информатика, геология ва сейсмология;

- коркард ва истеҳсоли воситаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои муҳандисӣ барои низомҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ.

34. Истифодаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, дастрасии васеъ ба инфрасохтори муосири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, мундариҷаи гуногуншакли рақамӣ ва хадамоти пешрафтаи иттилоотӣ бояд боиси афзоиши рақобатпазирӣ ва устувории рушд гардад. Фаъолият ба таъмини мусоидат ва ноил шудан ба натиҷаҳои байнисоҳавии зерин нигаронида мешавад:

- ташаккули инфрасохтори электронии маълумот дар самтҳои тадқиқот, рушд ва инноватсия;

- истифодаи таъминоти барномавии кушода ва воситаҳои ройгони онлайнӣ барои коркард, паҳн ва истифодаи технологияҳои рақамӣ барои самтҳои афзалиятноки тадқиқот ва инноватсия;

- коркарди механизмҳои ҳавасмандгардонии ҷорӣ намудани барномаҳо ва таҷҳизоте, ки барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои электронӣ пешбинӣ шудаанд;

- асосноккунии самтгирии рушд ва моделсозии математикии равандҳои технологӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.

35. Ташаккули низоми миллии дорусозӣ дар чорчӯбаи мусоидат ба гирифтани натиҷаҳои зерини байнисоҳавӣ нигаронида мешавад:

- арзёбии хосиятҳои фитохимиявии растаниҳои шифобахш дар минтақаҳои кишвар ва имконияти истифодаи онҳо дар саноати дорусозӣ;

- таҳияи фитодоруҳои муассир дар асоси омӯзиши растаниҳои шифобахши Тоҷикистон бо хосиятҳои гиполипидемӣ, антиоксидантӣ, гипогликемикӣ;

- таҳияи доруҳои муосир ва ғизои дорои микроэлементҳо аз ашёи хоми ватанӣ;

- истифодаи манбаъҳои табиии дастрас ва маҳсулоти илми дорусозии ватанӣ дар амалияи тиббӣ;

- таҳияи иловаҳои ғизоии табиӣ барои табобати пешгирикунанда.

§4. Муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва амнияти энергетикӣ

36. Таҳқиқоти пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим саҳми худро бо чунин натиҷаҳои байнисоҳавӣ афзун мегардонад:

- таҳияи Феҳристи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои инноватсионии геоинформатсионӣ;

- муайян намудани тағйироти эҳтимолӣ дар муҳити пиряхҳо;

- ташкили мониторинг ва пешгӯйии ҳолати воқеии пиряхҳо.

37. Бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини амнияти энергетикии кишвар, коркардҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои зерини байнисоҳавӣ равона мегарданд:

- таҳияи нақшаҳои сохтмони низомҳои инноватсионӣ ва дастгоҳҳои гибридии истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- ҷорӣ намудани коркардҳои инноватсионии техникӣ барои таъмини фаъолияти боэътимоди низоми энергетикаи кишвар;

- дастгирии таҳия ва амалисозии шабакаҳои зеҳнӣ;

- маҷмуи чорабиниҳои оид ба паст кардани талафоти энергия дар занҷираи истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истеъмоли энергия.

38. Мусоидат ба бехатарии экологӣ тавассути натиҷаҳои зерини байнисоҳавӣ таъмин карда мешавад:

- муайян кардани ҳудудҳое, ки ба тағйирёбии иқлим осебпазиранд, арзёбии таъсири онҳо ба соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии об, иқтидори сайёҳӣ;

- муайян кардани тағйироти эҳтимолии ҷузъҳои муҳити зист (релеф, иқлим, об, олами наботот, ҳайвонот), ки бо суръати баланди тағйирот ба вуҷуд омаданд;

- мониторинги сейсмикии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо тақсимоти рақамҳои асосии сейсмикӣ.

§5. Инноватсияҳо дар бахшҳои илмҳои иҷтимоӣ

39. Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарии миллӣ ҳамчун рукнҳои асосии ҷомеа нақши муҳим доранд, ки ба ҳифз ва таҳкими хотира ва шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ тавассути ба даст овардани натиҷаҳои зерини байнисоҳавӣ мусоидат мекунанд:

- тадқиқоти назариявӣ дар бахшҳои таърих, фалсафа, филология, энсиклопедия, санъат ва кори осорхонавӣ, ки ба пояи устувор барои лоиҳаҳо ва тадқиқоти амалӣ табдил меёбанд;

- коркарди илмии объектҳои мероси фарҳангӣ (забоншиносӣ, адабиёт, фолклор, этнология, таърих, меъморӣ, санъат, бостоншиносӣ);

- ҷорӣ намудани платформаи электронӣ барои энсиклопедияи миллӣ;

- таъминоти илмию назариявӣ ва иттилоотии азхудкунии мероси бостонӣ (археологӣ), этнологӣ, санъат, меъморию эҷодӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин замина;

- таъмини коркарди масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар равандҳои геополитикӣ ва ҳамгироӣ.

40. Ҷорӣ намудани инноватсияҳо дар раванди ташаккул ва рушди сармояи инсонӣ бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои зерини байнисоҳавӣ таъмин мегардад:

- тақвият додани таҷрибаи илмӣ дар самти илмҳои педагогӣ, таъминоти иҷтимоӣ, илмҳои психологӣ ва психопедагогикӣ;

- мутобиқсозии низоми маориф ба равишҳои нав, ки ба малакаҳои амалӣ ва рақобатпазирӣ нигаронида шудаанд.

6. МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИСОЗӢ, МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

41. Амалисозии Барномаи давлатӣ ва Нақшаи амали он аз ҷониби воҳидҳои дахлдори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои илмию тадқиқотии идоравӣ сурат мегирад.

42. Нишондиҳандаҳои асосии мониторинг ва арзёбии амалисозии Барномаи давлатӣ аз нишондиҳандаҳои мақсадноки Барномаи давлатӣ бармеоянд. Мониторинги мазкур дар асоси ҷамъоварӣ ва таҳлили доимии нишондиҳандаҳои тасдиқшуда таъмин мегардад. Ҳисоботҳои мониторингӣ доир ба рафти иҷрои Барномаи давлатӣ омода ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда мешавад.

43. Барномаи давлатӣ дар асоси Нақшаи амал бо риояи қатъии афзалиятҳои стратегӣ иҷро карда мешавад. Фаъолият оид ба иҷро ҷузъҳои зеринро дар бар мегиранд:

- мониторинги амалисозии чораҳои дар Нақшаи амал пешбинишуда дар асоси нишондиҳандаҳои Барномаи давлатӣ;

- хусусияти иҷро (ҳар сол, доимо);

- самараҳои бадастомада дар натиҷаи иҷрои чорабиниҳои банақшагирифташуда (аз ҷумла самараҳои низомӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ);

- ҷалби шахсони масъул барои иҷрои чораҳои пешбинишуда;

- муҳлати иҷрои Барномаи давлатӣ.

44. Арзёбии Барномаи давлатӣ ба таври муназзам дар тӯли тамоми давраи амалисозӣ гузаронида мешавад ва омодасозии ҳисоботро оид ба иҷрои он аз рӯйи нишондиҳандаҳои мақсаднок дар бар мегирад. Ҳисоботдиҳӣ ва мониторинг бояд ба принсипҳои зерин асос ёбанд:

- таҳлили ҳарсолаи самаранокии Барномаи давлатӣ аз нуқтаи назари ноилшавӣ ба ҳадафҳои гузошташуда;

- аҳаммияти илмӣ, ки бо дастгирии ташаккул ва паҳни донишу малака ва технологияҳои нав, ҳалли масъалаю мушкилоти нав алоқаманд аст;

- таъсири иҷтимоӣ, ки бо тақвияти қарорҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар алоқамандӣ дорад;

- таъсири иқтисодӣ, ки бо ҳавасмандкунии ҳама шаклҳои инноватсия алоқаманд аст;

- ҷамъоварии доимии маълумот оид ба идора ва истифодаи амалии Барномаи давлатӣ тавассути ҳисоботи солона сурат мегирад.

7. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

45. Маблағгузории Барномаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳамасола барои соҳаи маориф ва илм ба нақша гирифта мешаванд, маблағҳои барномаи сармоягузории давлатӣ, сармоягузории хориҷӣ, инчунин маблағҳои бахши хусусӣ, грантҳо ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мебошад. Оғози маблағгузории барномавӣ аз соли 2024 шуруъ мешавад.

46. Манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои Барномаи давлатӣ аз инҳо иборатанд:

- маблағҳои мақсадноки буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории соҳаи маориф ва илм ҷудо карда мешаванд, дар ҳаҷми 4,7 млн сомонӣ;

- кумаки байналмилалӣ ва грантҳо барои вусъатёбии инноватсия дар ҳаҷми 1,5 млн сомонӣ;

- аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо ҳаҷми маблағгузорӣ 6,2 млн сомониро ташкил медиҳад.

47. Маблағгузории иҷрои Нақшаи амали Барномаи давлатӣ ба се соли аввали фаъолият аз инҳо иборатанд:

- маблағҳои мақсадноки буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории маориф ва илм ҷудо карда мешаванд, дар ҳаҷми 2,816 млн сомонӣ;

- дастгирии молиявии шарикони рушд ва грантҳо барои вусъатёбии инноватсия дар ҳаҷми 0,9 млн сомонӣ;

- аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо ҳаҷми маблағгузорӣ 3,716 млн сомониро ташкил медиҳад.

48. Маблағгузории чорабиниҳои барномавӣ дар соли 2023 ташкили амалисозии Барномаи давлатӣ дар доираи ҳаҷми тасдиқшудаи маблағгузории низоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъмин мегардад.

49. Амалисозии Барномаи давлатӣ истифодаи мақсадноки маблағҳоро мувофиқи вазифаҳои гузошташуда пешбинӣ менамояд.

50. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои асосии дастгирии ғайрибуҷетии фаъолият дар самти илм, технологияҳо ва инноватсияҳо метавонад бо чунин ҷанбаҳо пайваст гардад:

- ҳифзи ҳуқуқӣ ва дастгирии давлатии навоварон;

- пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ, қарзӣ, гумрукӣ, иҷоравӣ (аз ҷумла лизингӣ) барои навоварон;

- таъминоти илмӣ, методӣ ва иттилоотии раванди инноватсионӣ;

- дастгирии ташкили иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳо ҷиҳати вусъатдиҳии фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаҳо ва истеҳсолоти ояндадор;

- гузаронидани сиёсати протексионистӣ дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳои фаъоли навовар.

8. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА

51. Амалисозии Барномаи давлатӣ ба чунин натиҷаҳо мусоидат менамояд:

1) ташаккули фазои мусоид барои амалисозии фаъолияти инноватсионӣ, амалисозии сенарияи рушди индустриалӣ ва инноватсионии кишвар ва ташкили бозори пешрафтаи маҳсулоти илмию техникӣ;

2) таъмини рушд ва диверсификатсияи истеҳсолот, афзоиши маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва дорои иқтидори содиротидоштаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ;

3) саноатикунонии босуръати кишвар, рушди инноватсионии соҳаҳо ва бахшҳои иқтисоди миллӣ;

4) ташаккули бахшҳои миёна ва баландтехнологии иқтисоди миллӣ дар асоси технологияҳои пешрафтаи муосир дар соҳаҳои зерин:

- технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;

- технологияҳои иловагӣ;

- гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- био ва наноиндустрия;

- саноати доруворӣ (фарматсевтӣ).

52. Дар доираи амалисозии лоиҳаҳо оид ба таъсиси истеҳсолоти нав, ки барои рушди инноватсионии ҷумҳурӣ аҳаммияти ҳалкунанда доранд, инчунин тадбирҳо оид ба рушди инфрасохтори инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2027 зиёда аз 40 корхонаи даромаднок дар раванди воридотивазкунӣ ва ба содирот нигаронидани истеҳсолот бо ташкили тақрибан 150 ҳазор ҷойи кории нав ба нақша гирифта шудааст.

53. Арзёбии амалисозии Барномаи давлатӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои мақсадноки зерин гузаронида мешавад:

- ҳаҷми маблағҳои ба самти илм нигаронидашуда нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, бо фоиз;

- ҳиссаи маблағҳои аз ҷониби бахши хусусӣ ҷудошуда барои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-лоиҳакашӣ дар ҳаҷми умумии маблағгузории илм, бо фоиз;

- ҳиссаи хароҷоти ташкилотҳо барои навовариҳои технологӣ, ки бо кӯшиши худи онҳо амалӣ карда мешавад, дар ҳаҷми умумии навовариҳои технологӣ дар бахши тадқиқот ва коркардҳо, бо фоиз;

- ҳиссаи ташкилотҳои фаъоли инноватсионӣ дар шумораи умумии ташкилотҳое, ки фаъолияти асосии онҳо истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мебошад;

- ҳиссаи маҳсулоти инноватсионии содиротшуда дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшудаи ташкилотҳое, ки фаъолияти асосии онҳо истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мебошад;

- шумораи ҷойҳои кории ташкилшуда;

- ҳиссаи арзиши мошину таҷҳизот бо муҳлати истифода то 5 сол дар арзиши умумии мошину таҷҳизот дар ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқкунандаҳои коркардҳо, бо фоиз;

- ҳиссаи шумораи нафарони дар бахши илм ва тадқиқоти соҳавӣ фаъолияткунанда дар шумораи умумии кормандон, бо фоиз;

- таносуби маоши миёнаи мутахассисони бахши тадқиқоти илмӣ бо маоши миёна дар кишвар;

- ҳиссаи тадқиқотчиёни то синни 39 дар шумораи умумии тадқиқотчиёни ватанӣ, бо фоиз;

- ҳиссаи кормандони баландихтисоси илмӣ (номзадҳо ва докторҳои илм) дар шумораи умумии тадқиқотчиёни ватанӣ, бо фоиз;

- сатҳи фарогирии ҷавонони синни 18-24-сола бо таҳсилоти олӣ, бо фоиз;

- сатҳи фарогирии ҷавонони синни 15-29-сола бо таҳсилоти расмӣ, бо фоиз;

- ҳиссаи соҳаҳои миёна ва баландтехнологӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бо фоиз;

- ҳиссаи арзиши иловашуда дар соҳаҳои миёна ва баландтехнологӣ дар арзиши иловашуда, бо фоиз;

- шохиси рақобатпазирии ҷаҳонӣ.

9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

54. Мақоми ҳамоҳангсоз оид ба амалисозии Барномаи давлатӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, натиҷаҳои фаъолиятро оид ба амалисозии чорабиниҳои Барномаи давлатӣ ҷамъбаст менамояд.

55. Барномаи давлатӣ ба рушди илму инноватсия дар марҳилаи навбатӣ мусоидат намуда, барои баланд бардоштани рақобатпазирии низоми миллии тадқиқотӣ ва инноватсионӣ замина мегузорад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2023, № 417

Нақшаи амали солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

Ниг. ба замима