ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, №441
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз банди 26 калимаҳои "ва аломатҳои қайди давлатӣ" хориҷ карда шаванд;
- ҷумлаҳои якум ва дуюми банди 53 хориҷ карда шаванд;
- аз банди 74 калимаҳои "(ба истиснои аломатҳои бақайдгирии дар музояда бурдкардашуда, ки муҳлати нигоҳдориашон аз лаҳзаи супоридан 12 моҳ пешбинӣ шудааст)" ва ҷумлаи чорум хориҷ карда шаванд;
- номи боби 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"VI. Додани нусхаҳои дуюми ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва аломатҳои бақайдгирии нав";
- бандҳои 89 ва 91 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"89. Ҳангоми додани нусхаҳои дуюми ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ амалҳои дар банди 18 ҳамин Тартиб пешбинишуда анҷом дода мешаванд.
91. Додани нусхаҳои дуюми аломатҳои бақайдгирӣ манъ аст.";
- банди 115 хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 18 августи соли 2023, № 361