ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №227
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 227 "Дар бораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) банди 3) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3) Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 76 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 50 воҳиди корӣ муқаррар карда шавад.";
2) дар банди 4) рақами "3" ба рақами "5" иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;
3) бандҳои 5) - 7) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"5) Маблағгузории дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъба ва раёсатҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ анҷом дода шавад.
6) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат ва маблағгузории хароҷоти дигари вобаста ба фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.
7) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар муҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии сохторҳои маҳаллии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намоянд.";
4) бандҳои 8) ва 9) хориҷ карда шаванд;
5) дар замимаи 1:
- ба банди 5) сархатҳои чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум ва сенздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- дар ҳолати афзоиш ва ё болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулоти муайян (кор ва хизматрасонӣ) дар бозори мол, татбиқ намудани танзим ва назорати давлатии зиддиинҳисорӣ;
- назорати дурустии ташаккулёбии нархи (тарифҳои) кору хизматрасониҳои музднок;
- назорати истифодаи кумакпулиҳои давлатӣ ва тадбирҳои дигари дастгирии давлатӣ;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯйи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд;
- назорати давлатӣ аз рӯйи тартиби дурустии ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо дар бозори танзимшаванда;
- тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷиши риояи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зиддиинҳисорӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ;
- оғоз ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор вайрон гардидани талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва қабули қарорҳои дахлдор аз рӯйи натиҷаи баррасии онҳо;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ ва гузаронидани гуфтушунидҳо бо мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои дигар оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ;
- муроҷиат намудан ба мақомоти ваколатдори соҳа ва ё суд оид ба боздошт ё қатъ намудани фаъолияти истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ё фурӯшандагони мол (кор ва хизматрасонӣ) ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва халалдор гардидани манфиати доираи номуайяни истеъмолкунандагон;
- баррасии арзу муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар хусуси расонидани зарар ва андешидани чораҳои дахлдор тибқи талаботи қонунгузорӣ;";
- дар сархатҳои бисту чорум ва бисту нуҳуми банди 5) калимаҳои "монополияи" ва "монополияҳои" ба калимаҳои "инҳисорӣ" ва "инҳисороти" иваз карда шаванд;
6) сархати сенздаҳуми банди 6) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, шахсони хориҷие, ки дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, шахсони мансабдори онҳо ва роҳбарони онҳо фармоиш, қарор ва амрномаҳоро ирсол менамояд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад;";
7) ба банди 9) ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Дар ҳолати набудани сардори Хадамот, ваколати сардорро муовини якум ё бо супориши ӯ муовини сардор иҷро мекунад.";
- сархатҳои шашум ва ҳафтуми банди 12) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва сохторҳои маҳаллии худро тибқи тартиби муқарраргардида ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- роҳбарони сохторҳои маҳаллии худро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд. Инчунин барои ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани роҳбари сохтори маҳаллии худ дар шаҳри Душанбе ва кормандони он ба Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе розигии хаттӣ медиҳад;";
8) ба банди 12) сархатҳои нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- ҷойивазкунии кормандони мақомоти зиддиинҳисориро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ ва субъектҳои бозорро ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ менамояд;";
9) ба банди 14) пас аз калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва сохторҳои маҳаллии зиддиинҳисорӣ" илова гардида, калимаҳои "шахси", "мебошад" "мегардад" мувофиқан ба калимаҳои "шахсони", "мебошанд", "мегарданд" иваз карда шаванд;
10) дар замимаи 2:
- ба сархати сеюм пас аз калимаҳои "инҳисороти табиӣ" калимаҳои "ва соҳаи обтаъминкунӣ" илова карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи "Шуъбаи" ба калимаи "Раёсати" иваз карда шавад;
- сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Шуъбаи коргузорӣ ва назорат
Бахши таҳлил ва муайяннамоии хавфҳо";
- сархати ҳаштум хориҷ карда шавад;
11) дар замимаи 3:
- дар сархати панҷум калимаи "Шӯъбаи" ба калимаи "Раёсати" иваз карда шавад;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 июли соли 2023, № 352
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года. №227
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №227 "Об Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:
I ) пункт 3) изложить в следующей редакции:
"3) Установить предельную численность работников Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан 76 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата 50 штатных единиц.";
2) в пункте 4) цифру "3" заменить цифрой "5" и второе предложение исключить;
3) пункты 5)-7) изложить в следующей редакции:
"5) Финансирование центрального аппарата Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан, отделов и управлений Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области. Хатлонской и Согдийской областях, городах и районах республиканского подчинения осуществлять за счет средств республиканского бюджета, а Управления Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан по городу Душанбе за счёт местного бюджета.
6) Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить фонд заработной платы и финансирование прочих расходов, связанных деятельностью Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан.
7) Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области. Хатлонской и Согдийской областей и города Душанбе в месячный срок решить вопрос размещения местных органов Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан.";
8) пункты 8) и 9) исключить;
9) в приложении 1:
- пункт 5) дополнить обзацами четвёртым, пятым, шестым, седьмым, восьмым, девятым, десятым, одиннадцатым, двенадцатым и тринадцатым следующего содержания:
"- применение государственного антимонопольного регулирования и контроля в случае возрастания или необоснованного повышения цен на товарном рынке на определенные товары и продукции (работы и услуги);
- контроль правильности формирования цен (тарифов) работ и платных услуг;
- контроль использования государственных субсидий и других мер государственной поддержки;
- представление Правительству Республики Таджикистан перечня социально значимых товаров и продукций, цены на которых подлежат государственному регулированию;
- государственный контроль над правильным порядком формирования и реализации свободных цен и тарифов на товары производственного и технического назначения, товары народного потребления и услуги на регулируемых рынках;
- проведение в установленном порядке проверок соблюдения антимонопольного законодательства Республики Таджикистан хозяйствующими субъектами, государственными органами, местными исполнительными органами государственной власти. органами самоуправления поселков и дехотов, организациями и предприятиями, а также физическими лицами;
- возбуждение и рассмотрение административных дел в случаях нарушения антимонопольного законодательства хозяйствующими субъектами и принятие соответствующие решений по результатам их рассмотрения;
- осуществление в установленном порядке сотрудничества и ведение переговоров с антимонопольными органами зарубежных стран, международными и иными организациями по вопросам антимонопольной политики;
- обращение в уполномоченный орган отрасли или в суд по приостановлению или прекращению деятельности производителей, исполнителей или реализующих товаров (работ и услуг) при выявлении случаев нарушений прав потребителей и нарушения интересов неопределенного круга потребителей;
- рассмотрение жалоб и обращений физических и юридических лиц о выявлению случаев нарушения прав потребителей, связанных с причинением вреда и убытков, применение мер в соответствии с требованиями действующего законодательства;";
6) тринадцатый абзац пункта 6) изложить в следующей редакции:
"- выдает в установленном порядке государственным органам, местным исполнительным органам государственной власти, органам самоуправления поселков и дехотов, а также их должностным лицам, иностранным лицам, которые ведут деятельность на рынках Республики Таджикистан, другим физическим и юридическим лицам, их должностным лицам, а также их руководителям, распоряжения, решения, и предписания, обязательные для исполнения;";
7) пункт 9) дополнить вторым предложением следующего содержания:
"В случае отсутствия начальника Службы, полномочия начальника исполняет первый заместитель начальника или по его поручению его заместитель.":
- абзацы шестой и седьмой пункта 12) изложить в следующей редакции:
"- назначает в установленном порядке на должность и освобождает от должности работников центрального аппарата Службы и своих местных структур;
- назначает в установленном порядке на должность и освобождает от должности руководителей своих местных структур по согласованию с местными исполнительными органами государственной власти. Также выдаст письменное согласие Исполнительному органу государственной власти города Душанбе для назначения на должность и освобождения от должности руководителя и сотрудников своей местной структуры;";
8) пункт 12) дополнить абзацами девятый и десятый следующего содержания:
"- ротацию работников антимонопольного органа в порядке, установленном законодательством:
- в установленном порядке в целях стимулирования представляет к государственным наградам работников антимонопольного органа и субъектов рынка;";
9) пункт 14) после слов "Правительство Республики Таджикистан" дополнить словами "и местные антимонопольные органы", и слова "является", "лицом" и "финансируется" заменить соответственно словами "являются", "лицами" и "финансируются":
10) в приложении 2:
- третий абзац после слов "естественных монополий" дополнить словами "и сферы водоснабжения":
- в пятом абзаце слово "Отдел" заменить словом "Управление":
- дополнить абзацами седьмым и восьмым следующего содержания:
"Отдел делопроизводства и контроля
Сектор анализа и выявления рисков";
- восьмой абзац исключить:
11) в приложении 3:
- в пятом абзаце слово "Отдел" заменить словом "Управление";
- дополнить абзацем шестым следующего содержания:
"Управление Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан в городах и районах республиканского подчинения".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 31 июля 2023 года №352