ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳамоҳангсози Барномаи мазкур муайян карда шуда, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии он дар доираи маблағҳои ғайрибуҷетӣ чораҳои зарурӣ андешад;
- оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 июни соли 2023, № 310