Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, №267
Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 295)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда (минбаъд - Тартиб) масъалаҳои бақайдгирии давлатӣ, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории диссертатсияҳои номзадӣ, докторӣ, доктори фалсафа (PhD)- доктор аз рӯи ихтисос ва доктор хабилитатро, ки дар шуроҳои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он дар соҳаҳои гуногуни илм ҳимоя шудаанд, дар муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Маркази патентӣ) ба танзим медарорад.
2. Тартиб тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
3. Нусхаҳои диссертатсияҳои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояшуда (ҳамчунин, як нусха автореферат) ба Маркази патентӣ бо мақсади ташаккули захираи иттилооти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси Фонди миллии диссертатсияхо пешниҳод карда мешаванд.
2. ПЕШНИҲОДИ ДИССЕРТАТСИЯ БА МАРКАЗИ ПАТЕНТӢ
4.Тартиби барасмиятдарории варақаи баҳисобгирии диссертатсияро Маркази патентӣ муайян мекунад. Маркази патентӣ Фонди миллии диссертатсияҳо ва инчунин, маҳзани маълумоти автоматику-нонидашударо, ки дар онҳо маълумот оид ба диссертатсияҳои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояшуда нигоҳдорӣ мешаванд, ташкил менамояд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва ҳисоботии тибқи Тартиби мазкур пешбинигардида ба Маркази патентӣ ба таври ройгон вогузор карда мешавад. Омодасозии варақаи баҳисобгирии диссертатсия аз тарафи Маркази патентӣ ба таври мутамарказ амалӣ мегардад.
5. Масъулияти пешниҳоди диссертатсияҳо ба Фонди миллии диссертатсия ба уҳдаи муассисаҳое, ки дар сохтори онҳо шуроҳои диссертатсионӣ таъсис ва фаъолият менамоянд, вогузор мешавад.
6. Ҳангоми ҳимояи диссертатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои диссертатсионие, ки дар он диссертатсия ҳимоя шудааст, дар муҳлати 30 рӯз баъд аз санаи ҳимоя, ирсоли як нусхаи муқовабандинашудаи диссертатсия якҷоя бо автореферат ва нусхаи электронии диссертатсияро дар диски оптикии СD, инчунин, ду нусхаи пуркардашудаи варақаи баҳисобгирии диссертатсияро ба Маркази патентӣ таъмин менамояд.
7. Ҳангоми аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудани диссертатсия берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ пешниҳоди диссертатсия ба Маркази патентӣ ба уҳдаи ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони дараҷаи илмигирифта фаъолият менамоянд, инчунин, ба уҳдаи Комиссияи олии аттестасионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нострификасия ва аз нав аттестатсия шудани онҳо вогузор карда мешавад.
8. Бо мақсади интишор, тарғиб ва истифодаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ варақаи баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ мувофиқи Таснифи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ (мутобиқи замимаҳои 4 ва 5) пур карда шуда, ба Маркази патентӣ вогузор мешаванд.
9. Маркази патентӣ дар муҳлати 10 рӯзи баъди қабули ҳуҷҷатҳо як нусхаи варақаи баҳисобгирии диссертатсияи ба қайди давлатӣ гирифташударо ҳамроҳ бо маълумотномаи расмӣ оид ба таҳвили диссертатсия ба Маркази патентӣ ба шурои диссертатсионӣ бармегардонад.
10. Намунаи муқарраргардидаи варақаи баҳисобгирии диссертатсия (мутобиқи замимаҳои 1 ва 2) ҳуҷҷати иттилоотӣ буда, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои таъмини ташкили мубодилаи байнидавлатии иттилоот оид ба рисолҳои илмии ҳимояшуда пур карда мешавад.
11. Бо мақсади баҳисобгирӣ ва назорати ҷараёни пешниҳоди диссертатсия ба Фонди миллии диссертатсия Маркази патентӣ ҳуқуқ дорад маълумотро оид ба теъдод ва мавзӯи диссертатсияи ҳимояшуда ва ё радшуда талаб намояд. Ҳангоми ошкор гардидани камбудиҳо дар ҷараёни муқоисаи миқдорӣ ва сифатии корҳои ба Маркази патентӣ пешниҳодшуда маркази мазкур ҳуқуқ дорад ба муассисае, ки дар он ҷо диссертатсия ҳимоя шудааст, барои андешидани чораҳои зарурӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳо дархост пешниҳод намояд.
12. Бо мақсади ҷуброни хароҷоти Маркази патентӣ вобаста ба таҳия ва нашри маводи иттилоотӣ дар бораи диссертатсияи ҳимояшуда, инчунин, ташаккул ва пешбурди фонд ва махзани маълумот мутобиқи тарифҳои тасдиқшуда маблағ ситонида мешавад.
3. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ДИССЕРТАТСИЯ ВА ПЕШНИҲОДИ НУСХАҲОИ ОН
13. Диссертатсия тибқи муқаррароти Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Тартиби додани унвонҳои илмӣ таҳия карда мешавад.
14. Ҳуҷҷатҳои нодуруст барасмиятдаровардашуда дар муддати 15 рӯз баъд аз дарёфти онҳо барои ислоҳ бо зикри сабаби баргардонидан ба шурои диссертатсионӣ баргардонида мешаванд. Шурои диссертатсионӣ дар муддати 10 рӯзи баъд аз ворид намудани ислоҳоти зарурӣ маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳоро ба Маркази патентӣ бармегардонад.
15. Маркази патентӣ дар асоси фонди ташаккулёбанда ва махзани маълумоти мавҷуда ба таҳия ва нашри маводи иттилоотӣ иқдом мекунад.
16. Маркази патентӣ тибқи дархости муассисаҳо (давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва ғайра) хизматрасониҳои иттилоотиро роҳандозӣ менамояд ва нусхаи диссертатсияи дар фонд мавҷудбударо тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд.
4. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ВАРАҚАИ БАҲИСОБГИРИИ ДИССЕРТАТСИЯ
17. Варақаи баҳисобгирии диссертатсия (минбаъд - ВБД) ҳуҷҷати электронии иттилоотӣ буда, барои баҳисобгирии маълумот дар бораи диссертатсияҳои илмии номзадӣ, докторӣ, доктори фалсафа (PhD)- доктор аз рӯи ихтисос ва доктор хабилитат тартиб дода мешавад. Барои таҳияи ВБД варақае, ки аз коғази сахти андозааш А4 (210 x 297 мм) сохта шудааст, истифода бурда мешавад.
18. ВБД аз тарафи муаллифи диссертатсия пур карда шуда, онро котиби илмӣ ё раиси шурои диссертатсионие, ки дар он ҳимоя баргузор шудааст, тасдиқ мекунад.
19. Ба Маркази патентӣ ду нусха ВБД ба забони тоҷикӣ ва ду нусха ба забони русӣ барои амалисозии мубодилаи байнидавлатии иттилооти илмӣ-техникӣ пешниҳод мегардад.
20. ВБД ба қисмҳо тақсим карда шуда, дар онҳо ишораҳои рақамӣ, яъне рамзҳо барои ташаккул додани махзани маълумоти автоматикунонидашуда дода мешаванд. Ҳар як қисм аз минтақаҳои реквизитӣ иборат аст, ки дар онҳо барои рамзи реквизит, инчунин, барои сабти маънои реквизит катакҳо ҷой дода шудааст. Рамзи катаки маънои реквизит (дар оянда-рамзи катак) бо ранги сиёҳ иҳота карда мешавад, матн дар катаки реквизит бо мошинкаи чопӣ навишта мешавад. Ҳарфҳо бояд пурра, равшан ва ба андозаи на камтар аз 2,5 мм бошанд.
21. Ҳангоми пур кардани ВБД ба катаки "Реферат" диққати махсус додан зарур аст. Матни реферат бо 1,5 мм фосилаи байни сатрӣ чоп карда мешавад. Пур кардани ҳамаи катакҳои ВБД (ғайр аз онҳое, ки махсус ишора шудаанд) ҳатмист.
22. Реферат бояд мазмуни кор ва натиҷаҳои бадастовардашударо ба таври мухтасар тавсиф намояд. Маводи реферат бояд тибқи қоидаҳои дар поён овардашуда баён гардида, ҳар як қисми таркибӣ матни пайдарпайро ташкил диҳад. Пур намудани фаслҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
- объекти таҳқиқот, коркард ё лоиҳакашӣ;
- мақсади кор;
- методи таҳқиқот ва дастгоҳҳо;
- натиҷаҳои бадастомада ва навгонии онҳо (натиҷаҳои асосии кор алоҳида қайд карда мешаванд);
- сатҳи татбиқи он;
- самаранокӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ғайра);
- соҳаи истифода;
- нишондиҳандаҳои асосии бунёдӣ ва техникию иқтисодӣ.
23. Ҳангоми пуркунӣ ба ВБД маълумоти зерин дохил карда мешаванд:
- 5013 - варақаи баҳисобгирии диссертатсия. Дар катаки мувофиқи реквизит дар ҳолатҳои зерин аломати "+" гузошта мешавад:
- ҳангоми тартиб додани варақаи баҳисобгирии диссертатсияи номзадӣ дар катаки 04;
- ҳангоми тартиб додани варақаи баҳисобгирии диссертатсияи докторӣ дар катаки 05;
- ҳангоми тартиб додани варақаи баҳисобгирии диссертатсияи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос дар катаки 06;
- 5418 - рақами содиротӣ, сана. Рамзи содиротии номаи ҳамроҳ, ки шурои диссертатсионӣ ва ё ташкилоте, ки шуро дар он амал мекунад, ба қайд гирифтааст ва дар зери он таърихи ба Маркази патентӣ фиристонидани ҳуҷҷатҳои диссертатсия гузошта мешавад;
- 5436 - рақами инвентарӣ. Онро Маркази патентӣ пур мекунад. Дар катаки реквизит рақами инвентарии парвандаҳое, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои диссертатсияи пешниҳодшударо дар бар гирифта, ба фонд қабул шудааст, гузошта мешавад;
- 5715 - забони диссертатсия. Забоне номбар карда мешавад, ки диссертатсияи пешниҳодшаванда навишта шудааст;
- 5409 - санаи ҳимоя. Санаи ҳимояи диссертатсия дар шурои диссертатсионӣ гузошта мешавад. Сана бо рақам ва бо қоидаҳои зерин навишта мешавад: сол, моҳ, таърихи рӯз. Чунончи: 13.05.10 - 10 майи соли 2013;
- 6444 - рамзи ихтисоси илмӣ. Рамзи ихтисоси илмӣ, ки аз рӯи он диссертатсия мувофиқи Рӯйхати амалкунандаи ихтисосҳои кормандони илмӣ ҳимоя шудааст;
- 9045 - мавзӯи диссертатсия;
- 7425 - катаки реквизит "Барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ". Номи мухтасари дараҷаҳои илмӣ ва соҳаи илм, ки аз рӯи он дараҷаҳои илмӣ дода мешавад. Номи мухтасари дараҷаҳои илмӣ ва соҳаи илм мутобиқи Номгӯи соҳаҳои илм дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор), ихтисороти онҳо, ки дар замимаи 3 нишон дода шудааст, оварда мешавад;
- 6147 - насаб, ном, номи падари унвонҷӯ. Насаб, ном, номи падари унвонҷӯ бо тартиби нишондодашуда навишта мешавад. Насабро бояд аз ном ва номи падар бо хатти амудӣ ҷудо намуд;
- роҳбари илмӣ. Маълумот дар бораи роҳбари илмӣ (мушовири илмӣ) ва ташкилоте, ки дар он ҷо кор мекунад, дар катакҳои реквизитҳо ишора карда мешавад;
- 6156, 6165 - маълумот дар бораи роҳбарони илмӣ ва муқарризони расмӣ, насаб, ном, номи падари онҳо пурра навишта мешавад;
- 6255, 4662 - номгӯи мухтасари дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) мутобиқи номгӯи дар замимаи 3 овардашуда;
- 6453, 4626 - рамзи ихтисоси илмӣ мутобиқи "Рӯйхати ихтисосҳои кормандони илмӣ";
- 5739 - миқдори ҷилдҳо. Бо рақамҳои арабиасос миқдори умумии ҷилдҳои диссертатсияе, ки ба Маркази патентӣ пешниҳод карда мешавад, нишон дода мешавад;
- 5742 - миқдори умумии саҳифаҳо. Бо рақамҳои арабӣ миқдори умумии саҳифаҳои диссертатсия нишон дода мешавад. Ҳангоми ба Маркази патентӣ пешниҳод намудани якчанд ҷилди диссертатсия дар катаки 5742 мутаносибан, рақами ҷилдҳо ва миқдори саҳифаҳои ҳар як ҷилд гузошта мешаванд;
- 5751, 5472, 5787, 5778, 5760 - бо рақамҳои арабӣ ишора карда мешаванд:
- миқдори умумии замимаҳо дар диссертатсия;
- миқдори патентҳое, ки ҳангоми иҷрои диссертатсия дарёфт шудаанд;
- миқдори сарчашмаҳои барои омодасозии диссертатсия истифодашуда;
- миқдори маводи чопшуда (монографияҳо, китобҳои дарсӣ, мақолаҳо, иттилооти шарҳӣ, тезиси маърӯзаҳо, патентҳо, дастнависҳои бойгонишуда ва ғайра);
- 2034 - маълумот дар бораи ташкилоте, ки дар шурои диссертатсионии он ҳимояи диссертатсия сурат гирифтааст;
- 7452, 2457, 2934, 2394, 3033, 2754, 2151, 2655 - мутобиқи номи катаки реквизитҳо пур карда мешаванд;
- 2088 - маълумот дар бораи ташкилоте, ки унвонҷӯ дар он ҷо кор мекунад;
- 2457, 2934, 2394, 3033, 2754, 2151 - мутобиқи номи катакҳое, ки дар варақа нишон дода шудааст, пур карда мешаванд;
- 5634 - шохисҳои таснифи универсалии даҳӣ. Шохисҳое, ки аз рӯи таснифи универсалии даҳӣ нишон дода мешаванд. Барои диссертатсияе, ки дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ иҷро карда шудаанд, дар катаки реквизит "Илмҳои ҷамъиятшиносӣ" қайд карда мешавад;
- 2151 - номи ташкилот (пурра ва кӯтоҳшуда);
- 2682 - нишонии ташкилот (шохис, ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, кӯча, хона);
- 9108 - реферат. Муҳтавои асосии натиҷаҳои таҳқиқоти бадастомада, ки дар диссертатсия баён карда шудааст, ба таври мухтасар қайд карда мешавад. Дар катаки "Реферат" бо сархатҳои алоҳида инҳо ишора карда мешаванд:
- 9117 - объекти таҳқиқот ва ё коркард;
- 9126 - мақсади кор;
- 9144 - методҳои таҳқиқот ва дастгоҳҳо;
- 9153 - натиҷаҳои бадастомада ва навгонии онҳо (натиҷаҳои асосии корҳо алоҳида номбар карда мешаванд);
- 9180 - соҳаи истифода;
- 9162 - сатҳи татбиқ;
- 9188 - нишондиҳандаҳои асосии бунёдӣ ва техникию иқтисодӣ;
- 9171 - самаранокӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ғайра). Пур кардани катакҳои реферат аз рӯи сохтор ҳатмист;
- 5436 - катакҳои реквизитро Маркази патентӣ пур мекунад;
- 6111, 6264, 6311, 6320, 6210, 6462 - маълумот дар бораи роҳбари ташкилот ва раиси шурои диссертатсионӣ (насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ);
- имзои роҳбар ва раиси шурои диссертатсионӣ бо муҳри ташкилоту шурое, ки дар он ҳимоя баргузор гардидааст, тасдиқ карда мешавад;
- 5616 - рамзи рубрикаҳои мавзӯӣ (Маркази патентӣ пур мекунад);
- 7334 - санаи бақайдгирӣ;
- 7506 - рақами воридотӣ (Маркази патентӣ пур мекунад);
- 5643 - ҷадвали намунаи ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳо. Вожаҳои калидие, ки муҳтавои корҳоро бо мақсади ташкили ҷустуҷӯ дар бастаи ҳуҷҷатҳо инъикос мекунад, навишта мешаванд.
5. ТАРТИБ ДОДАНИ ВАРАҚАИ БАҲИСОБГИРИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ
24. Варақаи баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣтехникӣ (минбаъд-ВБ НФИТ) ҳуҷҷати иттилоотӣ буда, барои баҳисобгирии маълумот дар бораи натиҷаҳои бадастомада тартиб дода мешавад. Барои ВБ НФИТ варақае, ки аз коғази сахти андозааш А4 (210 x 297 мм) сохта шудааст, истифода бурда мешавад.
25. ВБ НФИТ аз тарафи муаллифи диссертатсия пур карда шуда, онро роҳбари ташкилоте, ки муаллифи диссертатсия дар он ҷо фаъолият дорад, тасдиқ мекунад.
26. ВБ НФИТ ба бандҳо тақсим карда шуда, ба онҳо ишораҳои рақамӣ, яъне рамзҳо барои ташаккул додани махзани маълумоти автоматикунонидашуда дода шудаанд. Дар ҳар як банд минтақаҳои реквизитӣ ҷудо шудааст, ки дар онҳо барои рамзи реквизит, инчунин, барои сабти маънои реквизит катакҳо ҷой дода шудааст. Рамзи катаки маънои реквизит (дар оянда рамзи катак) бо ранги сиёҳ иҳота карда мешавад, матн дар катаки реквизит ба таври чопӣ навишта мешавад. Ҳарфҳо бояд пурра, равшан ва дар андозаи на камтар аз 2,5 мм бошанд. Матн бояд бо 1,5 мм фосилаи байнисатрӣ чоп шавад. Пур кардани ҳамаи катакҳои ВБ НФИИТ (ғайр аз ишораҳои махсус) ҳатмист.
6. ТАРТИБИ ПУР НАМУДАНИ ВАРАҚАИ БАҲИСОБГИРИИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ
27. Тартиби пур намудани варақаи баҳисобгирии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ инҳоро дар бар мегирад;
- 01 - рақами баҳисобгирӣ. Онро Маркази патентӣ пур мекунад;
- 02 - рамзи БДИИТ. Онро Маркази патентӣ пур мекунад;
- 03 - номи мавзӯи кори илмӣ-таҳқиқотӣ, ки дар доираи он натиҷаи мазкур ба даст омадааст (рақами баҳисобгирии диссертатсия ба таври илова нишон дода мешавад);
- 04 - ташкилот (ҳо)-иҷрокунандагони КИТ (ном ва нишонии он);
- 05 - баёни мухтасари натиҷаи бадастомада (натиҷаи бадастомада мухтасар ва дақиқ баён карда мешавад);
- 06 - соҳаи истифода (доираи фаъолияти инсонӣ, соҳаҳои иқтисод ва техникие, ки дар онҳо захираи имконпазири истифодаи натиҷа мавҷуд аст, нишон дода мешавад);
- 07 - тавсифи мухтасари натиҷа (муаррифии баёни моҳияти расмии натиҷа, ки имкони ҳаммонандкунии онро медиҳад);
- 08 - асолат (хусусиятҳои фарқкунандаи натиҷа, навгонӣ ва афзалияти он нишон дода мешавад;
- 09 - сатҳи илмӣ-техникӣ (хусусиятҳои техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии натиҷа нишон дода шуда, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ оварда мешаванд);
- 10 - сатҳи омодагӣ барои истифода (шакли пешниҳоди натиҷа нишон дода мешавад: хулосаҳои назариявӣ, ҳуҷҷатгузориҳои дастурӣ ё техникӣ, намунаи озмоишӣ, намунаи саноатӣ, маҳсулоти силсилавӣ);
- 11 - маълумот дар бораи санҷиши расман тасдиқшуда (макон, санаи санҷиши натиҷа ва номи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар ҳолати мавҷуд будани он нишон дода мешавад);
- 12 - ҳолати ҳифозати моликияти зеҳнӣ (ном ва рақами патент, нахустпатент, шаҳодатнома нишон дода мешавад);
- 13 - муаллифони НФИТ (насаб, ном, номи падари иҷрокунанда (ҳо)-и бевоситае, ки бо меҳнати он(ҳо) натиҷаи мазкур ба даст омадааст, нишон дода мешавад);
- 14 - санаи пуркунии НФИТ нишон дода шавад;
- 15 - насаб, ном, номи падар ва имзои роҳбар;
- 16 - муҳри ташкилот.
Замимаҳои 1-5
* дар тамоми матни Тартиб калимаҳои "ШӯРО", "Шӯро", "Шӯрои", "шӯрои", "Шӯроро" ва "шӯроҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ШУРО", "Шуро", "Шурои", "шурои", "Шуроро" ва "шуроҳои" иваз карда шудааст
Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, №267
Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда (минбаъд - Тартиб) масъалаҳои бақайдгирии давлатӣ, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории диссертатсияҳои номзадӣ, докторӣ, доктори фалсафа (PhD)- доктор аз рӯи ихтисос ва доктор хабилитатро, ки дар шӯроҳои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он дар соҳаҳои гуногуни илм ҳимоя шудаанд, дар муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Маркази патентӣ) ба танзим медарорад.
2. Тартиб тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
3. Нусхаҳои диссертатсияҳои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояшуда (ҳамчунин, як нусха автореферат) ба Маркази патентӣ бо мақсади ташаккули захираи иттилооти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси Фонди миллии диссертатсияхо пешниҳод карда мешаванд.
2. ПЕШНИҲОДИ ДИССЕРТАТСИЯ БА МАРКАЗИ ПАТЕНТӢ
4.Тартиби барасмиятдарории варақаи баҳисобгирии диссертатсияро Маркази патентӣ муайян мекунад. Маркази патентӣ Фонди миллии диссертатсияҳо ва инчунин, маҳзани маълумоти автоматику-нонидашударо, ки дар онҳо маълумот оид ба диссертатсияҳои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояшуда нигоҳдорӣ мешаванд, ташкил менамояд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва ҳисоботии тибқи Тартиби мазкур пешбинигардида ба Маркази патентӣ ба таври ройгон вогузор карда мешавад. Омодасозии варақаи баҳисобгирии диссертатсия аз тарафи Маркази патентӣ ба таври мутамарказ амалӣ мегардад.
5. Масъулияти пешниҳоди диссертатсияҳо ба Фонди миллии диссертатсия ба уҳдаи муассисаҳое, ки дар сохтори онҳо шӯроҳои диссертатсионӣ таъсис ва фаъолият менамоянд, вогузор мешавад.
6. Ҳангоми ҳимояи диссертатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯрои диссертатсионие, ки дар он диссертатсия ҳимоя шудааст, дар муҳлати 30 рӯз баъд аз санаи ҳимоя, ирсоли як нусхаи муқовабандинашудаи диссертатсия якҷоя бо автореферат ва нусхаи электронии диссертатсияро дар диски оптикии СD, инчунин, ду нусхаи пуркардашудаи варақаи баҳисобгирии диссертатсияро ба Маркази патентӣ таъмин менамояд.
7. Ҳангоми аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудани диссертатсия берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ пешниҳоди диссертатсия ба Маркази патентӣ ба уҳдаи ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони дараҷаи илмигирифта фаъолият менамоянд, инчунин, ба уҳдаи Комиссияи олии аттестасионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нострификасия ва аз нав аттестатсия шудани онҳо вогузор карда мешавад.
8. Бо мақсади интишор, тарғиб ва истифодаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ варақаи баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ мувофиқи Таснифи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ (мутобиқи замимаҳои 4 ва 5) пур карда шуда, ба Маркази патентӣ вогузор мешаванд.
9. Маркази патентӣ дар муҳлати 10 рӯзи баъди қабули ҳуҷҷатҳо як нусхаи варақаи баҳисобгирии диссертатсияи ба қайди давлатӣ гирифташударо ҳамроҳ бо маълумотномаи расмӣ оид ба таҳвили диссертатсия ба Маркази патентӣ ба шӯрои диссертатсионӣ бармегардонад.
10. Намунаи муқарраргардидаи варақаи баҳисобгирии диссертатсия (мутобиқи замимаҳои 1 ва 2) ҳуҷҷати иттилоотӣ буда, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои таъмини ташкили мубодилаи байнидавлатии иттилоот оид ба рисолҳои илмии ҳимояшуда пур карда мешавад.
11. Бо мақсади баҳисобгирӣ ва назорати ҷараёни пешниҳоди диссертатсия ба Фонди миллии диссертатсия Маркази патентӣ ҳуқуқ дорад маълумотро оид ба теъдод ва мавзӯи диссертатсияи ҳимояшуда ва ё радшуда талаб намояд. Ҳангоми ошкор гардидани камбудиҳо дар ҷараёни муқоисаи миқдорӣ ва сифатии корҳои ба Маркази патентӣ пешниҳодшуда маркази мазкур ҳуқуқ дорад ба муассисае, ки дар он ҷо диссертатсия ҳимоя шудааст, барои андешидани чораҳои зарурӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳо дархост пешниҳод намояд.
12. Бо мақсади ҷуброни хароҷоти Маркази патентӣ вобаста ба таҳия ва нашри маводи иттилоотӣ дар бораи диссертатсияи ҳимояшуда, инчунин, ташаккул ва пешбурди фонд ва махзани маълумот мутобиқи тарифҳои тасдиқшуда маблағ ситонида мешавад.
3. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ДИССЕРТАТСИЯ ВА ПЕШНИҲОДИ НУСХАҲОИ ОН
13. Диссертатсия тибқи муқаррароти Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Тартиби додани унвонҳои илмӣ таҳия карда мешавад.
14. Ҳуҷҷатҳои нодуруст барасмиятдаровардашуда дар муддати 15 рӯз баъд аз дарёфти онҳо барои ислоҳ бо зикри сабаби баргардонидан ба шӯрои диссертатсионӣ баргардонида мешаванд. Шӯрои диссертатсионӣ дар муддати 10 рӯзи баъд аз ворид намудани ислоҳоти зарурӣ маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳоро ба Маркази патентӣ бармегардонад.
15. Маркази патентӣ дар асоси фонди ташаккулёбанда ва махзани маълумоти мавҷуда ба таҳия ва нашри маводи иттилоотӣ иқдом мекунад.
16. Маркази патентӣ тибқи дархости муассисаҳо (давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва ғайра) хизматрасониҳои иттилоотиро роҳандозӣ менамояд ва нусхаи диссертатсияи дар фонд мавҷудбударо тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд.
4. БАРАСМИЯТДАРОРИИ ВАРАҚАИ БАҲИСОБГИРИИ ДИССЕРТАТСИЯ
17. Варақаи баҳисобгирии диссертатсия (минбаъд - ВБД) ҳуҷҷати электронии иттилоотӣ буда, барои баҳисобгирии маълумот дар бораи диссертатсияҳои илмии номзадӣ, докторӣ, доктори фалсафа (PhD)- доктор аз рӯи ихтисос ва доктор хабилитат тартиб дода мешавад. Барои таҳияи ВБД варақае, ки аз коғази сахти андозааш А4 (210 x 297 мм) сохта шудааст, истифода бурда мешавад.
18. ВБД аз тарафи муаллифи диссертатсия пур карда шуда, онро котиби илмӣ ё раиси шӯрои диссертатсионие, ки дар он ҳимоя баргузор шудааст, тасдиқ мекунад.
19. Ба Маркази патентӣ ду нусха ВБД ба забони тоҷикӣ ва ду нусха ба забони русӣ барои амалисозии мубодилаи байнидавлатии иттилооти илмӣ-техникӣ пешниҳод мегардад.
20. ВБД ба қисмҳо тақсим карда шуда, дар онҳо ишораҳои рақамӣ, яъне рамзҳо барои ташаккул додани махзани маълумоти автоматикунонидашуда дода мешаванд. Ҳар як қисм аз минтақаҳои реквизитӣ иборат аст, ки дар онҳо барои рамзи реквизит, инчунин, барои сабти маънои реквизит катакҳо ҷой дода шудааст. Рамзи катаки маънои реквизит (дар оянда-рамзи катак) бо ранги сиёҳ иҳота карда мешавад, матн дар катаки реквизит бо мошинкаи чопӣ навишта мешавад. Ҳарфҳо бояд пурра, равшан ва ба андозаи на камтар аз 2,5 мм бошанд.
21. Ҳангоми пур кардани ВБД ба катаки "Реферат" диққати махсус додан зарур аст. Матни реферат бо 1,5 мм фосилаи байни сатрӣ чоп карда мешавад. Пур кардани ҳамаи катакҳои ВБД (ғайр аз онҳое, ки махсус ишора шудаанд) ҳатмист.
22. Реферат бояд мазмуни кор ва натиҷаҳои бадастовардашударо ба таври мухтасар тавсиф намояд. Маводи реферат бояд тибқи қоидаҳои дар поён овардашуда баён гардида, ҳар як қисми таркибӣ матни пайдарпайро ташкил диҳад. Пур намудани фаслҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
- объекти таҳқиқот, коркард ё лоиҳакашӣ;
- мақсади кор;
- методи таҳқиқот ва дастгоҳҳо;
- натиҷаҳои бадастомада ва навгонии онҳо (натиҷаҳои асосии кор алоҳида қайд карда мешаванд);
- сатҳи татбиқи он;
- самаранокӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ғайра);
- соҳаи истифода;
- нишондиҳандаҳои асосии бунёдӣ ва техникию иқтисодӣ.
23. Ҳангоми пуркунӣ ба ВБД маълумоти зерин дохил карда мешаванд:
- 5013 - варақаи баҳисобгирии диссертатсия. Дар катаки мувофиқи реквизит дар ҳолатҳои зерин аломати "+" гузошта мешавад:
- ҳангоми тартиб додани варақаи баҳисобгирии диссертатсияи номзадӣ дар катаки 04;
- ҳангоми тартиб додани варақаи баҳисобгирии диссертатсияи докторӣ дар катаки 05;
- ҳангоми тартиб додани варақаи баҳисобгирии диссертатсияи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос дар катаки 06;
- 5418 - рақами содиротӣ, сана. Рамзи содиротии номаи ҳамроҳ, ки шӯрои диссертатсионӣ ва ё ташкилоте, ки шӯро дар он амал мекунад, ба қайд гирифтааст ва дар зери он таърихи ба Маркази патентӣ фиристонидани ҳуҷҷатҳои диссертатсия гузошта мешавад;
- 5436 - рақами инвентарӣ. Онро Маркази патентӣ пур мекунад. Дар катаки реквизит рақами инвентарии парвандаҳое, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои диссертатсияи пешниҳодшударо дар бар гирифта, ба фонд қабул шудааст, гузошта мешавад;
- 5715 - забони диссертатсия. Забоне номбар карда мешавад, ки диссертатсияи пешниҳодшаванда навишта шудааст;
- 5409 - санаи ҳимоя. Санаи ҳимояи диссертатсия дар шӯрои диссертатсионӣ гузошта мешавад. Сана бо рақам ва бо қоидаҳои зерин навишта мешавад: сол, моҳ, таърихи рӯз. Чунончи: 13.05.10 - 10 майи соли 2013;
- 6444 - рамзи ихтисоси илмӣ. Рамзи ихтисоси илмӣ, ки аз рӯи он диссертатсия мувофиқи Рӯйхати амалкунандаи ихтисосҳои кормандони илмӣ ҳимоя шудааст;
- 9045 - мавзӯи диссертатсия;
- 7425 - катаки реквизит "Барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ". Номи мухтасари дараҷаҳои илмӣ ва соҳаи илм, ки аз рӯи он дараҷаҳои илмӣ дода мешавад. Номи мухтасари дараҷаҳои илмӣ ва соҳаи илм мутобиқи Номгӯи соҳаҳои илм дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор), ихтисороти онҳо, ки дар замимаи 3 нишон дода шудааст, оварда мешавад;
- 6147 - насаб, ном, номи падари унвонҷӯ. Насаб, ном, номи падари унвонҷӯ бо тартиби нишондодашуда навишта мешавад. Насабро бояд аз ном ва номи падар бо хатти амудӣ ҷудо намуд;
- роҳбари илмӣ. Маълумот дар бораи роҳбари илмӣ (мушовири илмӣ) ва ташкилоте, ки дар он ҷо кор мекунад, дар катакҳои реквизитҳо ишора карда мешавад;
- 6156, 6165 - маълумот дар бораи роҳбарони илмӣ ва муқарризони расмӣ, насаб, ном, номи падари онҳо пурра навишта мешавад;
- 6255, 4662 - номгӯи мухтасари дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) мутобиқи номгӯи дар замимаи 3 овардашуда;
- 6453, 4626 - рамзи ихтисоси илмӣ мутобиқи "Рӯйхати ихтисосҳои кормандони илмӣ";
- 5739 - миқдори ҷилдҳо. Бо рақамҳои арабиасос миқдори умумии ҷилдҳои диссертатсияе, ки ба Маркази патентӣ пешниҳод карда мешавад, нишон дода мешавад;
- 5742 - миқдори умумии саҳифаҳо. Бо рақамҳои арабӣ миқдори умумии саҳифаҳои диссертатсия нишон дода мешавад. Ҳангоми ба Маркази патентӣ пешниҳод намудани якчанд ҷилди диссертатсия дар катаки 5742 мутаносибан, рақами ҷилдҳо ва миқдори саҳифаҳои ҳар як ҷилд гузошта мешаванд;
- 5751, 5472, 5787, 5778, 5760 - бо рақамҳои арабӣ ишора карда мешаванд:
- миқдори умумии замимаҳо дар диссертатсия;
- миқдори патентҳое, ки ҳангоми иҷрои диссертатсия дарёфт шудаанд;
- миқдори сарчашмаҳои барои омодасозии диссертатсия истифодашуда;
- миқдори маводи чопшуда (монографияҳо, китобҳои дарсӣ, мақолаҳо, иттилооти шарҳӣ, тезиси маърӯзаҳо, патентҳо, дастнависҳои бойгонишуда ва ғайра);
- 2034 - маълумот дар бораи ташкилоте, ки дар шӯрои диссертатсионии он ҳимояи диссертатсия сурат гирифтааст;
- 7452, 2457, 2934, 2394, 3033, 2754, 2151, 2655 - мутобиқи номи катаки реквизитҳо пур карда мешаванд;
- 2088 - маълумот дар бораи ташкилоте, ки унвонҷӯ дар он ҷо кор мекунад;
- 2457, 2934, 2394, 3033, 2754, 2151 - мутобиқи номи катакҳое, ки дар варақа нишон дода шудааст, пур карда мешаванд;
- 5634 - шохисҳои таснифи универсалии даҳӣ. Шохисҳое, ки аз рӯи таснифи универсалии даҳӣ нишон дода мешаванд. Барои диссертатсияе, ки дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ иҷро карда шудаанд, дар катаки реквизит "Илмҳои ҷамъиятшиносӣ" қайд карда мешавад;
- 2151 - номи ташкилот (пурра ва кӯтоҳшуда);
- 2682 - нишонии ташкилот (шохис, ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, кӯча, хона);
- 9108 - реферат. Муҳтавои асосии натиҷаҳои таҳқиқоти бадастомада, ки дар диссертатсия баён карда шудааст, ба таври мухтасар қайд карда мешавад. Дар катаки "Реферат" бо сархатҳои алоҳида инҳо ишора карда мешаванд:
- 9117 - объекти таҳқиқот ва ё коркард;
- 9126 - мақсади кор;
- 9144 - методҳои таҳқиқот ва дастгоҳҳо;
- 9153 - натиҷаҳои бадастомада ва навгонии онҳо (натиҷаҳои асосии корҳо алоҳида номбар карда мешаванд);
- 9180 - соҳаи истифода;
- 9162 - сатҳи татбиқ;
- 9188 - нишондиҳандаҳои асосии бунёдӣ ва техникию иқтисодӣ;
- 9171 - самаранокӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ғайра). Пур кардани катакҳои реферат аз рӯи сохтор ҳатмист;
- 5436 - катакҳои реквизитро Маркази патентӣ пур мекунад;
- 6111, 6264, 6311, 6320, 6210, 6462 - маълумот дар бораи роҳбари ташкилот ва раиси шӯрои диссертатсионӣ (насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ);
- имзои роҳбар ва раиси шӯрои диссертатсионӣ бо муҳри ташкилоту шӯрое, ки дар он ҳимоя баргузор гардидааст, тасдиқ карда мешавад;