Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2021, № 267
Тартиби додани унвонҳои илмӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 295)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби додани унвонҳои илмӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) қоидаҳо, талабот, меъёрҳои пешниҳод кардани парвандаҳои аттестатсионии давталабонро барои дарёфти унвонҳои илмии дотсент, профессор, маҳрум ва барқарор кардани онҳо, баробарарзиши (нострификатсия)-и унвонҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ бадастовардашуда, аз нав аттестатсия намудани дорандагони унвонҳои илмии дар давлатҳои хориҷа ба даст овардае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо шартнома ё созишнома оид ба баробарарзиш эътироф намудани ин гуна ҳуҷҷатҳо надорад, баррасии арзу шикоятҳо ва масъалаҳои дигари аттестатсияи давлатии кадрҳои илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олиро дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдКомиссия) муқаррар мекунад.
2. Унвонҳои илмии дотсент ва профессор мутобиқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Комиссия тасдиқ гардидааст, дода мешаванд.
3. Унвони илмӣ ба довталабе дода мешавад, ки фаъолияти омӯзгорию илмиро дар муассисаҳои таълимӣ ва ё илмию таҳқиқотӣ амалӣ менамояд, дорои маҳорати баланди омӯзгорӣ, дониши амиқи тахассусӣ, дастовардҳои илмӣ мебошад ва ба талаботу меъёрҳои дарёфти унвонҳои илмӣ мувофиқат мекунад.
4. Унвони илмиро шаҳодатномаи намунаи давлатии дахлдор тасдиқ менамояд, ки дар асоси қарори Раёсати Комиссия дода мешавад. Намунаи давлатии шаҳодатномаи унвонҳои илмии дотсент ва профессор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, талаботи техникӣ, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани онро Комиссия муқаррар ва амалӣ менамояд.
5. Қарор дар бораи додани унвони илмии дотсент ё профессор аз рӯзи аз тарафи Раёсати Комиссия қабул шудани он эътибор пайдо мекунад.
6. Тартиби гузаронидани баробарарзиши (нострификатсия)-и унвонҳои илмии дар давлатҳои хориҷа бадастовардашуда ва аз нав аттестатсия намудани шахсони ин гуна ҳуҷҷатҳоро дар давлатҳои хориҷа бадастовардае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он давлатҳо оид ба баробарарзиш эътироф намудани ин гуна ҳуҷҷатҳо шартнома ё созишнома надорад, тибқи санадҳои дахлдор ба роҳ монда мешавад.
7. Масъалаҳои дигари марбут ба унвонҳои илмӣ, ки дар Тартиби мазкур танзим нашудаанд, Комиссия тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд.
2. ТАЛАБОТ ВА МЕЪЁРҲОИ ДОДАНИ УНВОНИ ИЛМИИ ДОТСЕНТ
8. Унвони илмии дотсент ба корманди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ё илмию таҳқиқотие (минбаъд-Муассиса) дода мешавад, ки дорои иҷозатнома ва аккредитатсияи давлатӣ вобаста ба амалӣ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, тахассуси иловагӣ, азнавтайёркунии тахассусӣ дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ, баъдидипломӣ ё такмили ихтисос бошад. Довталаби унвони илмӣ дар рӯзи ба шурои олимони (илмию техникии) Муассиса пешниҳод кардани парвандаи аттестатсионӣ бояд ба талаботи зерин мувофиқат намояд:
- маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва илмии банашррасида дошта бошад ва машғулиятҳои лексионӣ ва амалию озмоишгоҳиро дар сатҳи баланди тахассусӣ гузаронад;
- дорандаи яке аз дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ё ҳамин гуна дараҷаҳои илмиро дар хориҷи мамлакат дарёфт карда бошад, ки аз тарафи Комиссия баробарарзиш дониста шудааст.
9. Довталаб тибқи шартномаи меҳнатӣ дар вазифаҳои президент ё ноиби президенти академияи илмҳо (миллӣ, соҳавӣ), ректор ё муовини ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, директор ё муовини директори филиали муассиса (пажӯҳишгоҳи илмӣ ё таълимӣ-илмӣ), сардор ё муовини сардори донишкада, декан ё муовини декани факултет, мудир ё муовини мудири кафедра, роҳбар ё муовини роҳбари шуъба (бахш, озмоишгоҳ)-и илмию таҳқиқотӣ ё таҷрибавӣ-конструкторӣ, котиби илмии муассиса, профессор, дотсент, сарходими илмӣ ё ходими калон ва ё ҳамин гуна вазифаҳо ё вазифаҳои ба онҳо баробаркардашудае, ки дар феҳристи вазифаҳои мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд, кор кунад
10. Меъёрҳои ба довталаб додани унвони илмии дотсент:
- на камтар аз 3 сол доштани собиқаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ баъди ҳимояи диссертатсияи номзадӣ, аз ҷумла собиқаи бефосилаи кор ба муддати на кам 1 сол дар вазифаҳои дар банди 9 Тартиби мазкур пешбинишуда аз рӯйи ихтисоси илмии дархостшаванда
- дар муассисаи дархостдиҳанда амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на кам аз 0,25 басти корӣ (ё ҳамкорӣ) аз рӯйи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;
- доштани на кам аз 20 маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва илмии банашррасида аз рӯйи самти илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда бо баҳисобгирии патентҳо, нахустпатентҳо барои ихтироот ва объектҳои дигари моликияти зеҳнӣ, ки дар раванди таҳсилот истифода мешаванд
- дар зарфи 5 соли охир доштани 2 дастури таълимию методӣ ҳар яке на кам аз 2,5 ҷузъи муаллифӣ (яке дар алоҳидагӣ), 3 мақолаи тақризшаванда (дар солҳои гуногун банашррасида) .
11. Комиссия ба асарҳои илмии дорои маълумоти сирри давлатии бо қонунгузории амалкунанда ҳифзшаванда талаботи махсус муқаррар мекунад.
12. Фишурдаи маърӯза, маводи конференсия, барномаи кории таълимӣ, силлабус, саволномаҳои тестӣ, дастурамалҳои таълифи корҳои курсию дипломӣ ва барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
3. ТАЛАБОТ ВА МЕЪЁРҲОИ ДОДАНИ УНВОНИ ИЛМИИ ПРОФЕССОР
13. Унвони илмии профессор ба кормандони муассисаҳои дар вазифаҳои президенти академияи илмҳо (миллӣ, соҳавӣ) ё ноиби ӯ, саркотиби илмӣ, ректор ё муовини ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, директор ё муовини директори муассисаи илмӣ, директор ё муовини директори филиали муассиса (пажуҳишгоҳи илмӣ ё таълимию илмӣ), ректор (сардор) ё муовини ректор (муовини сардор)-и донишкада, декани факултет, мудири кафедра, сардори шуъба (бахш, озмоишгоҳ)-и илмию таҳқиқотӣ ё таҷрибавию созакорӣ, котиби илмии муассиса, профессор, сарходими илмӣ ё ҳамин гуна вазифаҳои ба онҳо баробаркардашудае, ки дар феҳристи вазифаҳои мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд, фаъолияткунандае дода мешавад, агар довталаб ба ғайр аз мувофиқат намудан ба талаботи сархати якуми банди 8 Тартиби мазкур, инчунин дорандаи дипломи дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ё ҳамин гуна дараҷаҳои илмиро дар хориҷи мамлакат дарёфт намуда бошад, ки аз тарафи Комиссия баробарарзиш дониста шудааст .
14. Меъёрҳои ба довталаб додани унвони илмии профессор:
- баъди ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат доштани на кам аз 3 сол собиқаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ, аз ҷумла на кам аз 2 сол аз рӯйи самти илмии дархостшаванда ;
- доштани собиқаи бефосилаи кор ба муддати на кам аз 3 сол дар вазифаҳои дар банди 13 Тартиби мазкур пешбинишуда
- дар вазифаҳои дар банди 9 Тартиби мазкур фаъолият намуда, дар муассисаи дархостдиҳанда ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (ё ҳамкорӣ) аз рӯйи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ дархостшуда фаъолияти омӯзгорӣ барад;
- ба ҳайси роҳбар ё мушовири илмӣ тайёр кардани на кам аз 2 мутахассиси дорои тахассуси олии дараҷаи илмидошта (барои довталабони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ на кам аз 5 мутахассис), ки мавзӯи диссертатсионии онҳо ба ихтисоси илмии дархостшудаи довталаб мутобиқат кунад;
- доштани на камтар аз 50 маводи таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва илмии банашррасида аз рӯйи самти илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда бо баҳисобгирии патентҳо, нахустпатентҳо барои ихтироот ва дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки дар раванди таҳсилот истифода мешаванд ;
- дар зарфи 5 соли охир доштани на камтар аз 3 дастури таълимию методӣ (ҳар яке на кам аз 2,5 ҷузъи муаллифӣ ва 1 дастур дар алоҳидагӣ), 5 мақолаи илмии дар солҳои гуногун банашррасида ва 1 китоби дарсӣ аз рӯйи ихтисоси илмии дархостшуда
15. Комиссия ба асарҳои илмии дорои маълумоти сирри давлатии аз рӯйи қонунгузории амалкунанда ҳифзшаванда талаботи махсус муқаррар мекунад.
16. Фишурдаи маърӯза, маводи конференсия, барномаи кории таълимӣ, силлабус, саволномаҳои тестӣ, дастурамалҳои таълифи корҳои курсию дипломӣ ва барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
4. ТАЛАБОТ ВА МЕЪЁРҲОИ ДОДАНИ УНВОНИ ИЛМИИ ДОТСЕНТ БА ДОВТАЛАБОНИ ДАРАҶАИ ИЛМИНАДОШТА ДАР СОҲАҲОИ САНЪАТ, ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ
17. Дар соҳаҳои санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисосҳои илмӣ ба корманди дараҷаи илминадоштаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбие дода мешавад, ки дорои иҷозатнома ва аккредитатсияи давлатӣ вобаста ба амалӣ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, тахассуси иловагӣ, азнавтайёркунии тахассусӣ дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ, баъдидипломӣ ё такмили ихтисос бошад .
18. Довталаби унвони илмӣ дар рӯзи ба шурои олимони муассиса пешниҳод кардани парвандаи аттестатсионӣ бояд ба талаботи зерин мувофиқат намояд:
- таҳсилоти олии касбӣ дошта бошад;
- машғулиятҳои лексионӣ ва амалию озмоишгоҳиро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронад;
- дорои мактаби устоду шогирд бошад;
- маводи таълимӣ ва таълимӣ-методии соҳавии банашррасида дошта бошад;
- дар соҳаи санъат дорандаи яке аз унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (ҳунарпешаи халқӣ, рассоми халқӣ, меъмори халқӣ, арбоби шоистаи санъат, ҳунарпешаи шоиста, рассоми шоиста) ё барандаи ҷоизаи (соҳибдипломи) на кам аз ду намоишгоҳ, озмун ё ҷашнвораи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаи санъати дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда бошад;
- дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дорандаи унвонҳои қаҳрамони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, Аврупо, Осиё, минтақавӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи бозиҳои олимпӣ, бозиҳои параолимпӣ, мусобиқаҳои қаҳрамонии миллӣ, озмунҳо ё дорандаи унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, байналмилалӣ ва ё барандаи ҷоизаҳои дигар аз рӯйи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ё варзиши дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда бошад.
19. Тибқи шартномаи меҳнатӣ дар вазифаҳои ректор ё муовини ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии соҳавӣ, директор ё муовини директори филиали муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, декан ё муовини декани факултет, мудир ё муовини мудири кафедра, сардор ё муовини сардори шуъба (бахш, озмоишгоҳ)-и илмию таҳқиқотӣ ё таҷрибавӣ, методӣ, дотсент, профессор ва ё ҳамин гуна вазифаҳое, ки дар феҳристи вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ вобаста ба соҳаҳои санъат ё тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ шудаанд, кор кунад.
20. Меъёрҳои ба довталаб додани унвони илмии дотсент:
- на кам аз 5 сол доштани собиқаи умумии фаъолияти омӯзгорӣ, аз ҷумла на кам аз 3 сол аз рӯйи самти илмии дархостшаванда ;
- дар муассисаи дархостдиҳанда амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (ё ҳамкорӣ) аз рӯйи самти илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда ;
- дар зарфи 5 соли охир доштани на кам аз 2 дастури таълимӣметодӣ (бо баҳисобгирии маҷмӯаи корҳои эҷодии дар раванди таълим истифодашаванда, аз қабили мусиқӣ ва сурудҳои ба нота даровардашуда, матни намоишномаҳои басаҳнагузошташуда, фотоалбоми мусаввараҳо, ҳунарҳои наққошӣ, ороишӣ, сӯзанӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳану мискорӣ, усулҳои иҷрои бозиҳои миллии варзишӣ ва намудҳои дигари асарҳои ҳунармандӣ ва варзишӣ) аз рӯйи ихтисоси илмии дархостшуда, ки ҳадди ақал яктоаш бе ҳаммуаллифӣ ба нашр расидааст;
- дар соҳаи санъат тайёр кардани на кам аз 2 нафар барандаи ҷоизаи (соҳибдипломи) намоишгоҳҳо, озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ ё ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаи санъати дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;
- дар зарфи 5 соли охир доштани на кам аз 1 дастури таълимию методӣ ва 1 мақолаи тақризшаванда (бо баҳисобгирии маҷмуаи корҳои эҷодии дар раванди таълим истифодашаванда, аз қабили мусиқӣ ва сурудҳои ба нота дигар асарҳои гуногунжанри мусиқии касбӣ, матни намоишномаҳои басаҳнагузошташуда, фотоалбоми мусаввараҳо, ҳунарҳои наққошӣ, ороишӣ, сӯзанӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳану мискорӣ, усулҳои иҷрои бозиҳои миллии варзишӣ ва намудҳои дигари асарҳои ҳунармандӣ ва варзишӣ) аз рӯйи самти илмии дархостшуда
- дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тайёр кардани на камтар аз 2 нафар қаҳрамони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, Аврупо, Осиё, минтақавӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи бозиҳои олимпӣ, бозиҳои параолимпӣ, мусобиқаҳои қаҳрамонии миллӣ ё дорандаи унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, байналмилалӣ ва ё барандаи ҷоизаҳои дигар дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ё варзиши дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;
- барандаи на кам аз 3 ҷоизаи мусобиқаҳои байналмилалӣ ё ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ё варзиши дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда бошад.
21. Унвони илмии дотсент дар соҳаҳои санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз рӯйи ихтисосҳои илмӣ ба довталаби дарёфти унвони илмӣ, ки дорои дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад, дар асоси бандҳои 8, 9, 10 ва 12 Тартиби мазкур дода мешавад.
5. ТАЛАБОТ ВА МЕЪЁРҲОИ ДОДАНИ УНВОНИ ИЛМИИ ПРОФЕССОР ДАР СОҲАҲОИ САНЪАТ, ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ
22. Унвони илмии профессор ба кормандони муассисаҳои дар банди 17 зикршуда дода мешавад, агар довталаб ба ғайр аз қонеъ гардонидани талаботи зербанди якуми банди 19 Тартиби мазкур, инчунин дорои унвони илмии дотсент бошад, ки аз дарёфти он на камтар аз 3 сол сипарӣ шуда бошад.
23. Меъёрҳои ба довталаб додани унвони илмии профессор:
- на камтар аз 10 сол доштани собиқаи умумии фаъолияти илмию омӯзгорӣ, аз ҷумла на камтар аз 5 сол аз рӯйи ихтисоси илмии дархостшаванда;
- дорои мактаби устоду шогирд бошад;
- дар муассисаи дархостдиҳанда амалӣ намудани фаъолияти омӯзгорӣ ба андозаи на камтар аз 0,25 басти корӣ (ё ҳамкорӣ) аз рӯйи ихтисоси илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;
- бо баҳисобгирии махсусиятҳои дар зербанди сеюми банди 20 зикршуда баъди дарёфти унвони илмии дотсент доштани на камтар аз 3 дастури таълимию методӣ аз рӯйи самти илмии дархостшуда, ки бояд яктоаш бе ҳаммуаллифӣ ба чоп расида бошад
- дар соҳаи санъат баъди дарёфти унвони илмии дотсент тайёр кардани на камтар аз 3 нафар барандаи ҷоизаи (соҳибдипломи) намоишгоҳҳо, озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ ё ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаи санъати дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;
- баъди дарёфти унвони илмии дотсент доштани на камтар аз 5 кори эҷодӣ аз рӯйи соҳаҳои санъати дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;
- дар шакли нота ва дигар намудҳои санъати касбӣ ё дигар намудҳои санъати халқии касбӣ пешниҳод намудани асарҳо
- дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баъди дарёфти унвони илмии дотсент тайёр кардани на камтар аз 3 нафар қаҳрамони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, Аврупо, Осиё, минтақавӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи бозиҳои олимпӣ, бозиҳои параолимпӣ, мусобиқаҳои қаҳрамонии миллӣ ё дорандаи унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, байналмилалӣ ва ё барандаи ҷоизаҳои дигар аз рӯйи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ё варзиши дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда;
- баъди дарёфти унвони илмии дотсент барандаи на кам аз 5 ҷоизаи мусобиқаҳои байналмилалӣ ё ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ё варзиши дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда бошад.
24. Унвони илмии профессор дар соҳаҳои санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз рӯйи ихтисосҳои илмӣ ба довталаби дарёфти унвони илмӣ, ки дорои дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ва доктори илм мебошад, дар асоси бандҳои 13, 14 ва 16 Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.
6. БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ АТТЕСТАТСИОНИИ ДОВТАЛАБИ УНВОНИ ИЛМӢ ДАР МУАССИСАИ ПЕШНИҲОДКУНАНДА
25. Парвандаи аттестатсионии довталаби унвони илмӣ дар шурои олимони муассисаи пешниҳодкунанда баррасӣ ва аз рӯи он қарор қабул карда мешавад.
26. Қарори Шурои олимон бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад.
27. Маҷлиси шурои олимон босалоҳият ҳисобида мешавад, агар аз се ду ҳиссаи аъзои он иштирок дошта бошад. Қарори шуро мусбат ҳисоб мешавад, агар ба тарафдории довталаб аксарияти аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи шуро овоз дода бошад.
28. Нусхаи парвандаи аттестатсионии довталаби унвони илмӣ дар муассиса 10 сол нигоҳ дошта мешавад.
29. Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки барои фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ба муассиса даъват шудааст, метавонад унвони илмӣ дарёфт намояд, агар ӯ ба талабот ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур мувофиқат намояд.
7. БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ АТТЕСТАТСИОНИИ ДОВТАЛАБИ УНВОНИ ИЛМӢ ДАР КОМИССИЯ
30. Экспертизаи меъёрию техникии барасмиядарории парвандаи аттестатсионии довталаби унвони илмӣ ва санҷиши мукаммалии ҳуҷҷатҳои дохили онро шуъбаи аттестатсионии дахлдори Комиссия амалӣ менамояд.
31. Ҳангоми ошкор шудани камбудиҳои меъёрӣ ё техникӣ дар барасмиятдарории парвандаи аттестатсионӣ шуъбаи аттестатсионӣ бо мактуби расмӣ ва хулосаи асоснок парвандаро барои ислоҳи камбудиҳо ба муассисаи пешниҳодкунанда бармегардонад. Дар ин маврид муҳлати баррасии парвандаи мазкур аз рӯзи ба Комиссия ворид шудани нусхаи ислоҳшудаи он ҳисоб карда мешавад.
32. Дар сурати пешниҳоди такрории парвандаи аттестатсионӣ бе бартарафкунии камбудиҳои меъёрӣ ё техникии қаблан ошкоргардида Комиссия дархостномаи муассисаро оид ба додани унвони илмӣ рад менамояд.
33. Ҳангоми ба талабот ва меъёрҳои пешниҳод ҷавобгӯ набудани ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионӣ ё вайрон шудани тартиби қабули қарор дар шурои олимони муассисаи пешниҳодкунанда, шуъбаи аттестатсионӣ дар хулосаи асосноки худ камбудиҳои ҷойдоштаро ба қайд мегирад ва онро ҳамроҳ бо парванда ба комиссияи баррасии парвандаҳо оид ба дарёфти унвонҳои илмӣ пешниҳод менамояд. Дар мавриди аз тарафи комиссия ҷонибдорӣ пайдо кардани хулосаи манфии шуъба вобаста ба дархости муассиса қарори рад қабул гардида, дар асоси он фармоиши Комиссия ба тасвиб расонида мешавад. Дар мавриди ҷонибдорӣ пайдо накардани хулосаи манфии шуъбаи аттестатсионӣ, парванда барои экспертизаи иловагӣ аз нав ба шуъбаи аттестатсионӣ баргардонида мешавад.
34. Пешниҳоди такрории парвандаи аттестатсионии радшуда танҳо пас аз 1 сол аз рӯзи ба тасвиб расидани фармоиши Комиссия амалӣ шуда метавонад.
35. Ҳангоми ҷой надоштани камбудиҳои меъёрию техникӣ ва барасмиятдарорӣ шуъбаи аттестатсионӣ бо хулосаи асоснок парвандаи аттестатсионии вобаста ба дарёфти унвони илмии дотсентро ба комиссияи баррасии парвандаҳо оид ба дарёфти унвонҳои илмӣ пешниҳод карда, парвандаи аттестатсионии вобаста ба дарёфти унвони илмии профессорро барои экспертизаи тахассусӣ ба шурои экспертии дахлдор ирсол менамояд.
36. Муҳлати баррасӣ ва экспертизаи парвандаи аттестатсионӣ вобаста ба дарёфти унвони илмии профессор дар шурои экспертӣ набояд аз 1 моҳ зиёд бошад. Шурои экспертӣ натиҷаҳои экспертизаи парвандаро бо хулосаи асоснок ба шуъбаи аттестатсионӣ пешниҳод мекунад. Шуъбаи аттсетатсионӣ натиҷаҳои умумии экспертизаи парвандаро ҷамъбаст намуда, хулосаи ҷамъбастии худро ҳамроҳ бо парвандаи аттестатсионӣ ба комиссияи баррасии парвандаҳо оид ба дарёфти унвонҳои илмӣ пешниҳод менамояд.
37. Дар мавриди аз тарафи комиссияи баррасии парвандаҳо оид ба дарёфти унвонҳои илмӣ ҷонибдорӣ шудани хулосаи мусбати шуъбаи аттестатсионӣ, Комиссия дар ин хусус қарори дахлдор қабул мекунад ва онро барои тасдиқ ба Раёсати Комиссия пешниҳод менамояд. Парвандаҳои аттестатсионие, ки бо хулосаи манфии шуъбаи аттестатсионӣ ба комиссияи баррасии парвандаҳо оид ба дарёфти унвонҳои илмӣ пешниҳод шудаанд, бо фармоиши Комиссия рад карда мешаванд.
38. Раёсати Комиссия аз рӯйи натиҷаи экспертизаи парвандаи аттестатсионӣ қарорҳои зерин қабул мекунад:
- унвони илмӣ дода шавад;
- дархости муассиса дар бораи додани унвони илмӣ рад карда шавад.
39. Муҳлати умумии баррасии парвандаи аттестатсионии довталаби унвони илмӣ дар Комиссия то 4 моҳ аст
40. Фармоиши Комиссия дар бораи додани унвони илмӣ ва шаҳодатномаи тасдиқкунандаи он ё рад кардани дархости муассиса дар бораи додани унвони илмӣ ба довталаб дар муддати 10 рӯз пас аз қабули қарор дар сомонаи расмии он ҷой дода мешавад.
8. МАҲРУМКУНӢ АЗ УНВОНИ ИЛМӢ
41. Маҳрум кардан аз унвони илмӣ бо қарори Раёсати Комиссия дар сурати маҳрум гаштан аз дараҷаи илмӣ ва ё ошкор шудани вайронкунии талабот ва меъёрҳои Тартиби мазкур вобаста ба додани унвони илмӣ дар асоси аризаи шикоятии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муддати то 10 сол аз рӯзи додани унвони илмӣ ҷой дошта метавонад. Комиссия нусхаи аризаи воридшударо бо ҳуҷҷатҳои замимашуда ба шурои олимони муассисаи дахлдор ва ё дар сурати барҳам додани муассиса ба шурои мувофиқ (ба ҳам наздик) ирсол менамояд.
42. Шурои олимони муассиса аризаро дар муддати на зиёда аз 2 моҳ баррасӣ намуда, қарори худро ҷиҳати маҳрум кардан ва ё накардан аз унвони илмӣ бо мактуби ҳамроҳ ва замима намудани пайнавис (стенограмма)-и маҷлис бо имзои раис, котиби илмӣ ва бо муҳри Муассиса ба Комиссия ирсол менамояд.
43. Раёсати Комиссия дар асоси хулоса ва қарори шурои олимони муассиса қарори дахлдор қабул менамояд, ки он бо фармоиши раиси Комиссия тасдиқ карда мешавад. Муҳлати умумии баррасии ариза дар Комиссия наметавонад аз 6 моҳ зиёд бошад. Дар мавридҳои зарурӣ ин муҳлат метавонад барои дарёфти маълумоти иловагӣ ва гузаронидани экспертизаи такрорӣ тамдид карда шавад.
9. БАРҚАРОР КАРДАНИ УНВОНИ ИЛМӢ
44. Барқарор кардани унвони илмӣ бо қарори Раёсати Комиссия дар сурати барқарор гардидани дараҷаи илмӣ, ошкор гардидани беасосии маълумоти қаблан дар аризаи шикоятӣ овардашуда ва вайрон шудани қоидаҳои маҳрум кардани шахс аз унвони илмӣ дар асоси аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷой дошта метавонад. Комиссия нусхаи аризаи воридшударо бо ҳуҷҷатҳои замимашуда ба шурои олимони муассисаи дахлдор ва ё дар сурати барҳам додани муассиса ба шурои мувофиқ (ба ҳам наздик) ирсол менамояд.
45. Шурои олимони муассиса аризаро дар муддати на зиёда аз 2 моҳ баррасӣ намуда, хулоса ва қарори худро ҷиҳати барқарор кардан ва ё накардани унвони илмӣ бо мактуби ҳамроҳ ва замима намудани пайнавис (стенограмма)-и маҷлис бо имзои раис, котиби илмӣ ва бо муҳри муассиса ба Комиссия ирсол менамояд.
46. Раёсати Комиссия хулосаи шурои олимони муассисаро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул менамояд, ки он бо фармоиши раиси Комиссия тасдиқ карда мешавад. Муҳлати умумии баррасии ариза оид ба барқарор кардани унвони илмӣ аз 6 моҳ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ ва ё гузаронидани экспертизаи такрорӣ ин муҳлат тамдид карда мешавад.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
47. Ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба тартиби додан, маҳрум намудан ва барқарор кардани унвонҳои илмӣ тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур ҳал карда мешаванд.
48. Дахолати мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, шахсони ҳуқуқӣ, муассисаҳои дигар ва шаҳрвандон ба фаъолияти Комиссия оид ба масъалаҳои додан, маҳрум намудан ва барқарор кардани унвонҳои илмӣ, баробарарзиши (нострификатсияи)-и унвонҳои илмӣ, аз нав аттестатсия намудани шахсони дар давлатҳои хориҷӣ унвонҳои илмиро дарёфтнамуда қатъиян манъ аст.
* дар тамоми матни Тартиб калимаҳои "ШӯРО", "Шӯро", "Шӯрои", "шӯрои", "Шӯроро" ва "шӯроҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ШУРО", "Шуро", "Шурои", "шурои", "Шуроро" ва "шуроҳои" иваз карда шудааст