Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30" июни соли 2021, № 267
Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 295)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) қоидаҳо, талабот ва меъёрҳои пешниҳод кардани парвандаҳои аттестатсионии довталабон барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат, маҳрум ва барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ, баробарарзиши (нострификатсия)-и дараҷаҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ бадастовардашуда, аз нав аттестатсия намудани дараҷаҳои илмии дар давлатҳои хориҷа бадастовардае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо оид ба баробарарзиш эътироф намудани ин гуна ҳуҷҷатҳо шартнома ё созишнома надорад, баррасии арзу шикоятҳо ва дигар масъалаҳои аттестатсияи давлатии кадрҳои илмӣ ва (ё) илмӣ-техникии тахассуси олиро муқаррар мекунад.
2. Дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат мутобиқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
3. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Комиссия) мутобиқати самтҳои тайёркунии кадрҳои илмӣ ва (ё) илмӣ-техникиро аз рӯи ихтисосҳои илмии диссертатсияҳои омодашуда дар аспирантура (адъюнктура), докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура, инчунин унвонҷӯёнро тибқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
4. Дараҷаи илмиро дипломи намунаи давлатии дахлдор тасдиқ менамояд, ки он дар асоси дархости шурои диссертатсионӣ (минбаъд-Шуро) бо қарори Раёсати Комиссия дода мешавад.
5. Намунаи давлатии дипломи дараҷаҳои илмӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, талаботи техникӣ, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани онро Комиссия муқаррар ва амалӣ менамояд.
6. Қарор дар бораи додани дараҷаи илмӣ аз рӯзи аз тарафи Раёсати Комиссия қабул шудани он эътибор пайдо мекунад.
7. Раёсати Комиссия дар ҳолатҳои муқарраргардида метавонад дархости Шуроро вобаста ба додани дараҷаи илмӣ рад намояд.
8. Шуро барои қабули қарорҳои асоснок ва воқеӣ дар муайян кардани мутобиқати диссертатсияҳо ба меъёрҳои низомномавӣ, риояи тартиби пешниҳод ва ҳимояи диссертатсия дар Шуро, ки Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур муқаррар кардаанд, масъул мебошад.
9. Талабот ба муассисае, ки дар назди он Шуро таъсис дода мешавад, тартиби таъсисдиҳии он, узви Шуро, раванди омодасозии диссертатсия, қабул ва ҳимояи он мутобиқи Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур муайян карда мешавад.
10. Мавзӯи таҳқиқоти диссертатсионӣ, роҳбар (мушовир)-и илмӣ дар шурои олимони муассисаи илмию таҳқиқотӣ, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (минбаъд-Муассиса) тасдиқ карда мешавад. Тағйиру иловаҳо ба мавзуъ ва ивази роҳбари илмӣ ба зиммаи шурои олимони муассиса вогузор мегардад .
11. Тартиби тасдиқи мавзӯи диссертатсия, таъйини роҳбар (мушовир)-и илмӣ, шартҳои таъйин намудани ду роҳбар (мушовир)-и илмӣ ва талабот нисбат ба роҳбарони илмӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ мешавад.
12. Омодасозӣ ва баррасии диссертатсияҳои сирри давлатидошта ва маводи дигаре, ки пешниҳоди онҳо бо санадҳои қонунгузорӣ маҳдуд ё манъ шудааст, аз тарафи Комиссия бо тартиби муқарраргардида амалӣ мешавад.
13. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд, ки берун аз ҳудуд ё дар дохили ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба забони давлатӣ, русӣ ё англисӣ диссертатсия таҳия намоянд ва дар шуроҳои диссертатсионии ватанӣ ҳимоя кунанд. Диссертатсияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи меъёрҳои дар Тартиби мазкур муқарраргардида ва шартҳои зерин ба Шуро қабул карда мешаванд:
- дар асоси шартномаи байни довталаб ва муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назди он Шуро амал мекунад;
- дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ.
14. Додани дараҷаҳои илмӣ ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар тартиби аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамудаи додани розигӣ барои ҳимояи диссертатсияҳо ба шахсони мазкур риоя шуда бошад.
15. Тартиби гузаронидани баробарарзиши (нострификатсия)-и дараҷаҳои илмии дар давлатҳои хориҷа бадастовардашуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ монда мешавад .
16. Масъалаҳои дигари марбут ба дараҷаҳои илмиро, ки Тартиби мазкур танзим накардааст, аз ҷониби Раёсати Комиссия тибқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо тартиби муқарраргардида ҳал карда мешаванд.
2. МЕЪЁРҲОИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАИ ИЛМӢ
17. Барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ба довталаб зарур аст:
- соҳиби дипломи магистр ё мутахассис бошад (барои ихтисосҳои тиббии клиникӣ - доштани ҳуҷҷат дар бораи хатми резидентура ё ординатура, интернатура бо собиқаи 2-солаи кор, ба истиснои ихтисосҳои тибби назариявӣ);
- барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар аспирантура ё ба ҳайси унвонҷӯ аз худ карда бошад;
- имтиҳонҳои минимуми номзадиро супорида бошад;
- тибқи ихтисоси илмии аспирантура ё Феҳристи ихтисосҳои илмӣ (ба ҳайси унвонҷӯ) мустақилона диссертатсия омода карда бошад;
- аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, хулосаи мусбат дошта бошад.
18. Мавзуи кори илмии довталаб дар доираи ихтисос, самт ва илмҳои ҳамҷавор тасдиқ карда мешавад. Агар ихтисоси бунёдии довталаб равияи илмҳои ҷамъиятию гуманитариро дар бар гирад, он гоҳ ҳимоя намудан дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ, табиӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, байторӣ ва биологӣ иҷозат дода намешавад. Агар довталаб ихтисоси бунёдии самти илмҳои техникӣ, табиӣ ва дақиқ дошта бошад, наметавонад дар самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, ба истиснои илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, таърихи илм ва методикаи таълим диссертатсия ҳимоя намояд
19. Дар ҳолати аз рӯи ду ихтисос омода кардани диссертатсия довталаб бояд аз ҳарду ихтисос имтиҳони минимуми номзадӣ супорад.
20. Агар аз супоридани имтиҳони минимуми номзадӣ аз рӯи ихтисос 5 сол сипарӣ шуда бошад, довталаб бояд онро аз нав супорад.
21. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос ба довталаб зарур аст, ки:
- дипломи дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр дошта бошад (барои ихтисосҳои тиббии клиникӣ - доштани дипломи мутахассис ё магистр, ҳуҷҷат дар бораи хатми резидентура ё ординатура, интернатура бо собиқаи 2-солаи кор, ба истиснои ихтисосҳои тибби назариявӣ);
- аз рӯи ихтисоси мутобиқ ба Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар докторантура аз рӯи ихтисос аз худ карда бошад;
- имтиҳонҳои маҷмӯии муқарраршудаи докторантура аз рӯи ихтисосро супорида бошад;
- тибқи ихтисоси илмии докторантура аз рӯи ихтисос диссертатсия таҳия карда бошад;

21(1). Барои довталабони дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсия таҳия ва ҳимояи диссертатсия дар доираи ихтисоси таҳсил дар магистратура ва докторантура ба роҳ монда мешавад
22. Довталабе, ки ихтисоси магистриаш ба соҳаи илми диссертатсияи омодакардааш мувофиқат намекунад, бояд дар ҳаҷми барномаи магистрии муассисаи таълимӣ аз рӯи соҳаи илми ба ихтисоси диссертатсия мувофиқбуда имтиҳони иловагӣ супорад.
23. Дар ҳолати аз рӯи ду ихтисос омода намудани диссертатсия довталаб бояд аз ҳарду ихтисос имтиҳонҳои маҷмӯӣ супорад.
24. Агар аз супоридани имтиҳонҳои маҷмӯӣ 5 сол сипарӣ шуда бошад, довталаб бояд имтиҳону санҷишҳои тахассусиро аз нав супорад.
25. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ба довталаб зарур аст, ки:
- дипломи дараҷаи илмии номзади илм дошта бошад;
- аз рӯи ихтисоси мутобиқ ба Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар докторантура ё ба ҳайси унвонҷӯ аз худ карда бошад;
- тибқи ихтисоси илмии докторантура диссертатсия таҳия карда бошад ё ба ҳайси унвонҷӯ тибқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ мустақилона диссертатсия омода карда бошад;
- пас аз ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм 3 сол сипарӣ шуда бошад

26. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ба довталаб зарур аст, ки:
- дипломи дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос дошта бошад;
- аз рӯи ихтисоси мутобиқ ба Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар постдокторантура аз худ карда бошад;
- тибқи ихтисоси илмии постдокторантура диссертатсия таҳия карда бошад;
- пас аз ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос 3 сол сипарӣ шуда бошад

27. Барои расонидани ёрии илмӣ-методӣ ба довталабони дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос роҳбари илмӣ ва ба довталабони дараҷаҳои илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат мушовирони илмӣ аз ҳисоби мутахассисони ватанӣ ё хориҷӣ бо фармоиши роҳбари муассиса дар асоси қарори шурои олимон таъйин карда мешаванд. Довталаби дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат ҳуқуқ дорад, ки барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро мустақилона аз худ намояд ва таҳқиқоти диссертатсиониашро бе мушовири илмӣ анҷом диҳад.
28. Роҳбар ё мушовири илмӣ бояд мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи соҳаи таҳқиқоти диссертатсионӣ бошад. Ба таври истисно мутахассиси дорои дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос низ метавонад роҳбар (ё роҳбари дуюм)-и илмии довталаби дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос бошад, агар ӯ дар соҳаи дахлдори илм собиқаи на кам аз 5-солаи илмӣ, илмию омӯзгорӣ ё илмию техникӣ дошта бошад.
29. Роҳбар ё мушовири илмӣ наметавонад дар давоми як сол зиёда аз 5 довталаби дараҷаи илмиро ба ҳимоя пешниҳод намояд
30. Ба диссертатсия ба шарте ду роҳбари (мушовири) илмӣ таъйин карда мешавад, ки агар он аз рӯи ду ихтисоси илмӣ таҳия ё дар ду муассисаи гуногун аз рӯйи як ихтисос омода гардида бошад .
3. МЕЪЁРҲОИ ОМОДАСОЗИИ ДИССЕРТАТСИЯ
31. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос бояд таҳқиқоти илмӣтахассусии баитмомрасидаи фарогири масъалаҳои муҳим барои рушди соҳаи дахлдори илм бошад ва дар он роҳи ҳал ва коркарди нави масъалаҳои илман асоснокшудаи техникӣ ва технологии барои рушди кишвар аҳамиятдошта дарҷ шуда бошад.
32. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат бояд таҳқиқоти илмӣ-тахассусии баитмомрасида бошад ва дар асоси натиҷаҳои он заминаҳои назариявии дастовардҳои илмӣ ҳосил гардида ё мушкилоти илмие ҳал шуда бошанд, ки аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ё хоҷагӣ доранд ва ё роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои илман асосноки техникӣ ва технологие пешниҳод шудаанд, ки ҷорӣ намудани онҳо барои рушди мамлакат ниҳоят муҳим мебошанд.
33. Диссертатсия аз тарафи муаллиф мустақилона таълиф гардида, дорои ягонагии дохилӣ, натиҷа ва нуктаҳои нави илмӣ мебошад ва саҳми шахсии муаллифро дар соҳаи илм нишон медиҳад. Роҳи ҳалли пешниҳоднамудаи муаллиф бояд асоснок ва бо роҳҳои дигари ҳал дар қиёс арзёбӣ шуда бошад. Дар диссертатсияи ҷанбаи амалидошта бояд маълумот оид ба истифодаи амалии натиҷаҳои илмии бадастовардашуда нишон дода шаванд. Дар диссертатсияи ҷанбаи назариявидошта бояд тавсияҳо оид ба истифодаи хулосаҳои илмӣ оварда шаванд.
34. Натиҷаҳои асосӣ ё муҳтавои илмии диссертатсия бояд дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи ватанӣ ё хориҷӣ чоп шуда бошанд. Талабот нисбат ба маҷалла (нашрия)-ҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби бақайдгирии онҳо аз тарафи Комиссия муқаррар карда мешавад. Феҳристи маҷаллаҳои тақризшаванда дар сомонаи расмии Комиссия ҷой дода мешавад.
35. Ҳадди ақали теъдоди мақолаҳои дар маҷаллаҳои тақризшаванда банашррасида ва маърӯзаҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ:
- барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (РhD)- доктор аз рӯйи ихтисос дар соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ - 3 мақола (2 мақола дар алоҳидагӣ), на камтар аз 2 маъруза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва (ё) байналмилалӣ, дар соҳаи илмҳои табиӣ, математикӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва техникӣ - 2 мақола ва на кам аз 2 маъруза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва (ё) байналмилалӣ;
- барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат - дар соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ - 15 мақола (на камтар аз 5 мақола дар алоҳидагӣ) ва на камтар аз 5 маъруза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ё байналмилалӣ, дар соҳаи илмҳои табиӣ, математикӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва техникӣ - 10 мақола ва на кам аз 5 маъруза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ё байналмилалӣ .
36. Патент, нахустпатент ё ки гувоҳнома, шаҳодатнома, санади татбиқи истеҳсолӣ барои ихтироот, таҳияи намунаи саноатӣ, дастоварди селексионӣ, коркарди комплекси барномаҳои компютерӣ, истифодаи махзани маълумот, пешниҳоди топологияи микросхемаҳои интегралӣ ва навовариҳои дигари илмӣ, илмӣ-техникӣ ва илмию технологии тибқи қонун бақайдгирифташуда ва дар истеҳсолот ҷоришуда ба маводи банашррасида баробар дониста мешаванд.
37. Диссертатсия дар Комиссия тибқи дастурамал оид ба санҷиши диссертатсия аз рӯйи барномаи компютерии "Антиплагиат" санҷида мешавад. Асолати диссертатсия аз рӯйи барномаи мазкур бояд аз 75 дарсад (барои илмҳои физикаю математика ва химия - 70 дарсад) ва автореферати диссертатсия аз 80 дарсад (барои илмҳои табиӣматематика ва техникӣ - 75 дарсад) кам набошад. Диссертатсияҳое, ки ба талаботи зикргардида ҷавобгӯ нестанд, дар асоси хулосаи эксперти холис ба ҳимояи такрорӣ баргардонида мешаванд. Ҳимояи такрории онҳо пас аз 1 соли қабули фармоиш ба роҳ монда мешавад .
4. ЭКПЕРТИЗАИ ДИССЕРТАТСИЯ ДАР МУАССИСА
38. Экспертизаи диссертатсия дар маҷлиси воҳидҳои сохтории Муассиса (кафедра, шуъба, бахш, озмоишгоҳ)-ҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ё илмию таҳқиқотие, ки диссертатсия бевосита дар он ҷо иҷро шудааст, бо иштироки мутахассисон аз Муассисае, ки дар он Шуро амал мекунад, гузаронида мешавад .
39. Экспертизаи диссертатсия бо мақсади муайян намудани мувофиқати он ба талаботи муқарраргардида гузаронида мешавад. Дар баррасии диссертатсия мутахассисони зерсохтор ё муассисаҳои дигарро низ даъват кардан мумкин аст .
40. Баррасии диссертатсия дар асоси аризаи довталаб, ки бо ризоияти роҳбари (мушовири) илмиаш манзур шудааст, бо супориши роҳбари зерсохтор дар маҷлиси он гузаронида мешавад. Ба ариза инҳо замима карда мешаванд:
- дастнависи диссертатсия;
- дастнависи автореферати диссертатсия;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи натиҷаи имтиҳоноти тахассусӣ
- нусхаи интишороти довталаб вобаста ба мавзӯи диссертатсия;
- хулосаи роҳбари (мушовири) илмӣ оид ба мутобиқати муҳтавои диссертатсия ба номи мавзӯъ ва ихтисосе, ки тибқи он таҳқиқот анҷом дода шудааст, теъдод ва мувофиқати интишороти натиҷаҳои асосӣ ба талаботи мавҷуда, саҳми довталаб дар иҷрои таҳқиқоти диссертатсионӣ.
41. Дар маҷлиси зерсохтор баррасии диссертатсия бо тартиби зерин баргузор мегардад:
- маърӯзаи довталаби дараҷаи илмӣ вобаста ба таҳқиқоти диссертатсионӣ;
- саволу ҷавоб оид ба маърӯза;
- хулосаи роҳбари (мушовири) илмии довталаб;
- музокира ва муҳокимаи илмӣ оид ба сатҳи диссертатсия;
- хулосаи маҷлис вобаста ба пешниҳод кардан ё накардани диссертатсия ба ҳимоя .
42. Дар хулосаи маҷлис мутобиқати ихтисос ва номи мавзӯъ ба шиносномаи ихтисос ва муҳтавои диссертатсия, алоқамандии мавзӯи диссертатсия ба самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар ҷумҳурӣ, мутобиқати теъдод ва мазмуни интишороти натиҷаҳои илмӣ ба муҳтавои диссертатсия ва автореферати он, мавҷудияти санадҳои тасдиқкунандаи татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот ё имконияти татбиқ намудани онҳо, саҳми довталаб дар иҷрои таҳқиқоти диссертатсионӣ ва ғайра арзёбӣ мегарданд. Дар мавриди зарурӣ дар протоколи маҷлис номи дақиқкардашудаи диссертатсия нишон дода мешавад.
43. Протоколи маҷлиси зерсохтор бо имзои раисикунанда ва котиби маҷлис ба расмият дароварда мешавад.
44. Дар сурати манфӣ арзёбӣ гаштани диссертатсия, ба довталаб нусхаи протокол ва хулосаи маҷлиси воҳидҳои сохтории Муассиса дар бораи камбудиҳои ошкоргашта бо эродҳои гирифташуда дода мешавад ва муҳлати коркарди минбаъдаи таҳқиқоти диссертатсионӣ ва пешниҳоди такрории он муайян карда мешавад .
45. хориҷ карда шуд .
46. хориҷ карда шуд .
47. хориҷ карда шуд
48. хориҷ карда шуд .
49. хориҷ карда шуд .
50. хориҷ карда шуд .
51. Дар хулосаи маҷлис, ки бо тарафдории аксари иштирокдорони он қабул мешавад, бояд тамоми ҷузъиёти банди 42 Тартиби мазкур ба инобат гирифта шавад. Хулосаи маҷлис тибқи муқаррарот аз номи Муассиса бо имзои раисикунанда, котиби маҷлис ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби ректор (директор) ё муовини ӯ оид ба илм бо имзо, муҳри Муассиса ва санаи рӯз тасдиқ карда мешавад
52. Ба довталаб дар муддати на зиёда аз 10 рӯзи баъди маҷлис мактуби ҳамроҳ дар бораи пешниҳоди диссертатсия ба Шуро, нусхаи протокол ва хулосаи тасдиқшудаи муассиса дода мешавад. Хулосаи Муассиса то 2 сол эътибор дорад .
5. ЭКСПЕРТИЗАИ ДИССЕРТАТСИЯ ДАР ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ
53. Довталаби дараҷаи илмӣ диссертатсияашро барои ҳимоя бояд ба Шурое пешниҳод кунад, ки соҳа ва ихтисос (ҳо)-и илмии он бо ихтисоси илмии диссертатсия мутобиқат дошта бошад.
54. Довталаб диссертатсияро бо ҳуқуқи дастнавис, дар шакли чопӣ, ба забони давлатӣ, русӣ ё англисӣ пешниҳод менамояд. Автореферати диссертатсия дар шакли саҳифабандишуда пешниҳод мегардад. Агар диссертатсия ба забони давлатӣ таҳия шуда бошад, он гоҳ автореферати он дар шакли як китобча ба забони давлатӣ ва русӣ пешниҳод мегардад. Дар мавриди ба забони русӣ ё англисӣ пешниҳод гардидани диссертатсия, автореферати он, мувофиқан, ба ҳамон забон ва забони тоҷикӣ пешниҳод мегардад. Дар охири автореферат аннотатсияи диссертатсия ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳар яке дар ҳаҷми як саҳифа оварда мешавад.
55. Дар мавриди баргузор намудани ҳимояи диссертатсия ба забоне, ки онро аъзои Шуро ва ё муқарризони расмӣ намедонанд, Муассиса уҳдадор аст тарҷумаи ҳамзамонии ҷаласаи Шуроро вобаста ба ҳимояи диссертатсия таъмин кунад .
56. Ба довталаби дараҷаи илмӣ, ки роҳбар ё муовини роҳбари муассиса аст, дар Шурои назди ҳамон муассиса ҳимоя кардан манъ аст.
57. Баррасӣ ва экспертизаи диссертатсия дар Шуро дар асоси аризаи довталаб ва парвандаи аттестатсионии пешниҳодшаванда амалӣ гардонида мешавад. Ба ариза санаду ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
- мактуби ҳамроҳ аз муассисаи пешниҳодкунандаи диссертатсия ба номи роҳбари муассисае, ки дар назди он Шуро амал мекунад;
- дастнависи диссертатсия;
- дастнависи автореферати диссертатсия;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо аз ҷойи кор ё таҳсил, тавсифнома, ки бо имзо ва муҳр тасдиқ шудааст;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳои дараҷаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ (дипломи номзади илм, доктори (PhD), мутахассис ва ё магистр);
- маълумотнома дар бораи хатми докторантура, постдокторантура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, адъюнктура, ординатура ё гузаштани зинаи унвонҷӯӣ;
- нусхаи асли шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ ё имтиҳонҳои ҷамъбастии докторантура аз рӯи ихтисос;

- тақризи роҳбари (мушовири) илмӣ вобаста ба таҳқиқоти диссертатсионӣ ва худи довталаб;
- хулосаи тасдиқшудаи муассиса бо протоколи маҷлис дар бораи баррасии диссертатсия, дуруст ба расмият дароварда шудани он, мутобиқати муҳтавои диссертатсия ба номи мавзӯъ, автореферат ва ихтисосе, ки тибқи он таҳқиқот анҷом дода шудааст, теъдод ва мувофиқати интишороти натиҷаҳои асосӣ ба талаботи мавҷуда, саҳми шахсии довталаб дар иҷрои таҳқиқоти диссертатсионӣ, мувофиқати он ба соҳа ва ихтисосҳои Шуро, дархости Муассиса ба Шуро.
58. Агар диссертатсия дар Муассиса омода шуда бошад, Шуро пас аз қабули ариза, бо мақсади экспертизаи дохилии (навбатии) диссертатсия бо қарори худ дар ҳайати на кам аз 3 узви шуро ё олимони берунаи маъруфи соҳа, ки мутахассиси самти илмии диссертатсия мебошанд, комиссияи экспертӣ таъсис медиҳад. Тартиби экспертизаи диссертатсия дар Шуро тибқи Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.
59. Агар диссертатсия дар муассисаи беруна омода шуда бошад, Шуро дар ҳолати зарурӣ метавонад дар маҷлиси назди кафедраи мувофиқи муассисаи худ маърӯзаи довталаби дараҷаи илмиро роҷеъ ба муҳтавои таҳқиқоти диссертатсиониаш шунавад ва баъд талаботи банди 58-ро амалӣ намояд.
60. Комиссияи экспертии Шуро дар муддати на дертар аз 25 рӯз (30 рӯз барои диссертатсияи докторӣ) таҳқиқоти диссертатсиониро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи мутобиқати мавзӯъ, муҳтавои диссертатсия ва автореферат ба ихтисос ва соҳаи илме, ки аз рӯи он ба Шуро қабул, баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо иҷозат дода шудааст, мутобиқати муҳтавои диссертатсия ба шиносномаи ихтисоси пешниҳодшуда, ба самтҳои афзалиятноки илм дар ҷумҳурӣ, оид ба мукаммалии дарҷи маводи диссертатсионӣ дар асарҳои чопшудаи довталаб, дар бораи иҷрои талабот нисбат ба нашри натиҷаҳои асосии диссертатсия, эътимоднокии натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ, вобаста ба масъалаи қабул кардан ё накардани диссертатсия ба Шуро, пешниҳоди муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбари эҳтимолӣ, иҷозатдиҳӣ барои гузоштани эълони ҳимоя, матни диссертатсия ва автореферат дар сомонаҳои Комиссия ва Муассиса, нашр ва паҳнкунии автореферат ва паҳлуҳои дигари арзёбии диссертатсия хулоса пешниҳод менамояд .
61. Шуро дар муддати на дертар аз 1 моҳ пас аз қабули диссертатсия дар маҷлиси худ аз рӯи хулоса ва пешниҳоди комиссияи экспертии Шуро дар бораи қабул ё рад намудани диссертатсия ба ҳимоя ё ташкили ҳимояи якдафъаина, таъйини муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар (бо розигии онҳо), муайян кардани вақти ҳимоя, гузоштани эълони ҳимоя, матни диссертатсия ва автореферат дар сомонаҳои Комиссия ва Муассиса, нашр ва паҳнкунии автореферат қарори асоснок қабул менамояд.
62. Агар қарори Шуро нисбат ба қабули диссертатсия ба ҳимоя мусбат бошад, он гоҳ қарори мазкур дар сомонаи расмии Муассиса дар муддати на дертар аз 10 рӯз ҷой дода мешавад.
63. Дар ҳолати аз тарафи Шуро қабул гардидани қарори манфӣ (радкунӣ) ба қабули диссертатсия ба ҳимоя нусхаи қарори мазкур бо парвандаи аттестатсионии довталаб дар муддати на дертар аз 10 рӯзи пас аз баргузории маҷлиси Шуро барои коркарди иловагӣ ва ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда ба муассисаи пешниҳодкунанда баргардонида мешавад.
64. Асосҳои радкунии қабули диссертатсия ба ҳимоя инҳо шуда метавонанд:
- риоя нагардидани талаботи бандҳои 2 ва 56 Тартиби мазкур;
- мутобиқат накардани мавзӯъ ва муҳтавои диссертатсия ба ихтисоси илмӣ ва соҳаи илме, ки аз рӯи он ба Шуро ҳуқуқи қабул ва ҳимояи диссертатсия вогузор гардидааст;
- иҷро нагардидани талабот нисбат ба интишори натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия, ки дар бандҳои 33 ва 34 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст;
- дар диссертатсия истифода шудани маводи ғайр бидуни ишора ба муаллифи он, манбаи иқтибос ва ё ҷудо нагардидани ҳиссаи натиҷаҳои илмии дар ҳаммуаллифӣ бадастомада;
- пешниҳод гардидани маълумоти номуътамад оид ба таълифоти чопшуда, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дарҷ шудаанд.
65. Довталаб метавонад парвандаи аттестатсиониашро баъди ислоҳи камбудиҳои дар қарор зикрёфта бо риояи пурраи тартиби пешниҳодкунӣ аз нав ба Шуро манзур намояд.
66. Дар мавриди аз рӯи ду ихтисоси наздик ба ихтисосҳои Шуро пешниҳод гардидани диссертатсия Шуро метавонад бо ҷалби мутахассисони дохилии соҳаи дахлдори илм ва мутахассисони беруна дар бораи баргузор намудани ҳимояи якдафъаина ба Комиссия бо дархост муроҷиат намояд. Тартиби ташкил ва гузаронидани ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия тибқи талаботи Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур сурат мегирад.
67. Шуро баъди ба ҳимоя қабул шудани диссертатсия бо тавсияи комиссияи экспертии Шуро аз ҷумлаи мутахассисони самтҳои дахлдори илм ё наздик ба онҳо, ки кормандони басти доимии муассисаҳои гуногун (ба истиснои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ё филиалу марказҳои мустақили онҳо мебошанд, асарҳои чопшудаи мувофиқ доранд ва ба пешниҳоди Шуро розигӣ додаанд, муқарризони расмии диссертатсияро таъйин менамояд:
- барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос- 2 муқарриз, ки яке аз онҳо бояд доктори илм ё доктори ҳабилитат бошад;
- барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат- 3 муқарриз, ки ҳар се бояд доктори ҳабилитат ё доктори илм бошанд.
68. Шуро метавонад ба сифати муқарризи расмӣ яке аз узви Шуроро, ки мутахассиси соҳаи диссертатсия аст, таъйин намояд.
69. Ихтисоси муқарризони расмӣ бояд ба ихтисоси диссертатсияи ҳимояшаванда наздик бошад ва ё онҳо аз рӯйи ихтисоси мазкур бояд на кам аз 3 интишороти илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда дошта бошанд. Ҳангоми зарурат Шуро метавонад барои ҳимояи диссертатсияи номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)доктор аз рӯи ихтисос 1 муқарризи расмӣ ва барои ҳимояи диссертатсияи доктори илм ва доктори ҳабилитат то 2 муқарризи расмиро аз хориҷи кишвар ҷалб намояд (ба истиснои ихтисосҳои нодир). Дар мавриди муқарризи расмӣ таъйин намудани мутахассиси хориҷӣ тахассуси илмии ӯ бояд бо нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ тасдиқ карда шавад .
70. Шахсони зерин муқарризи расмии диссертатсия шуда наметавонанд:
- узви Раёсати Комиссия;
- корманди басти доимии Комиссия;
- узви шурои экспертии Комиссия;
- узви комиссияи экспертии аввалияи диссертатсия дар Шуро ;
- раис, муовини раис ва котиби илмии Шуро;
- роҳбар (мушовир)-и илмии довталаб;
- шогирдони як мактаби илмӣ;
- роҳбарони муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст;
- корманди басти доимии муассисаи пешбари диссертатсия;
- ҳаммуаллифи корҳои банашррасидаи довталаб;
- хешовандони наздики довталаб ё роҳбар (мушовир)-и илмии он (падар, модар, зан, шавҳар, фарзанд, бародар ва хоҳар);
- корманди басти доимии муассисае, ки дар он довталаб ё роҳбар (мушовир)-и илмиаш фаъолият дорад.
71. Муқарризи расмӣ дар асоси экспертизаи диссертатсия ва корҳои чопшудаи довталаб ба Шуро тақризи хаттӣ пешниҳод менамояд, ки дар он аҳамияти мавзӯи интихобшуда, дараҷаи асоснокии нуктаҳои илмӣ, хулосаҳо ва тавсияҳои овардашуда, эътимоднокӣ ва навгонии онҳо, мутобиқати диссертатсия ба меъёрҳои дар Тартиби мазкур муқарраргардида бояд инъикос ёфта бошад. Тақриз бо имзои муқарризи расмӣ ба тартиби муқарраршуда тасдиқ карда шуда, на дертар аз 15 рӯз то санаи ҳимоя ба шурои диссертатсионӣ супорида мешавад. Нусхаи он ва маълумот дар бораи муқарризи расмӣ на дертар аз 10 рӯз аз тарафи Шуро дар сомонаи Муассиса ҷойгир ва ба довталаби дараҷаи илмӣ ирсол мегардад.
72. Тақризи омоданамудаи муқарризони расмӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- мутобиқати диссертатсия ба ихтисосҳо ва самтҳои илм, ки аз рӯи онҳо диссертатсия ба ҳимоя пешниҳод шудааст;
- мубрам будани мавзӯи диссертатсия;
- дараҷаи навгонии натиҷаҳои дар диссертатсия бадастомада ва нуктаҳои илмие, ки барои ҳимоя пешниҳод мешаванд;
- асоснокӣ ва эътимоднокии хулосаҳо ва тавсияҳои дар диссертатсия зикршуда;
- аҳамияти илмӣ, амалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии натиҷаҳои диссертатсия бо нишон додани тавсияҳо оид ба истифодаи онҳо;
- нашри натиҷаҳои диссертатсия дар маҷаллаҳои тақризшавандаи илмӣ;
- мутобиқати барасмиятдарории диссертатсия ба талаботи Комиссия;
- дар қисмати хотимавии тақриз овардани хулосаи ҷамъбастӣ оид ба сазовор донистан ё надонистани довталаб ба дараҷаи илмии дахлдор.
73. Дар ҳолати ба талаботи муқарраршуда мутобиқат накардани тақризи муқарризи расмӣ Шуро муқарризи расмиро иваз карда, санаи ҳимояи диссертатсияро ба муҳлати на беш аз 3 моҳ мавқуф мегузорад.
74. Муассисаи пешбар аз ҳисоби муассисаҳои ҷумҳурӣ ё хориҷие, ки бо дастовардҳои илмии худ дар соҳаи дахлдори илм маъруфанд (дар 5 соли охир на кам аз 10 интишороти илмӣ, аз он 5 мақолаи тақризшаванда дошта бошанд) ва дар онҳо мутахассисони соҳа, дорандагони дараҷаҳои илмӣ кор мекунанд, таъйин карда мешавад. Муассисае, ки дар он диссертатсия таълиф шудааст, довталаб ё роҳбар (мушовир)-и илмии ӯ кор мекунад, муассисаи пешбар шуда наметавонад .
75. Шуро бо тавсияи комиссияи экспертии худ ба ҳайси муассисаи пешбар муассисаи берунаеро (бо ризоияти он) таъйин мекунад, ки бо дастовардҳои илмиаш дар самти дахлдори илм маъруф буда, имкони ба арзишҳои илмӣ ва амалии диссертатсия баҳо доданро дорад.
76. Дар тақризи муассисаи пешбар аҳамияти натиҷаҳои бадастовардаи довталаб барои рушди соҳаи дахлдори илм инъикос меёбад. Барои диссертатсияи ҷанбаи амалидошта дар тақриз бояд тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи натиҷаҳо ва хулосаҳои овардашуда инъикос ёбанд. Тақризи муассисаи пешбар бо имзои роҳбар (муовини роҳбар) ва муҳри муассиса, дар асоси хулосаи воҳиди сохториаш, ки яке аз самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиаш ба мавзӯи диссертатсия қаробат дорад, мувофиқи натиҷаҳои баррасии диссертатсия ва маърӯзаи довталаб дар маҷлиси он тасдиқ карда мешавад.
77. Барои тайёр намудани тақризи муассисаи пешбар роҳбари Муассиса экспертро аз ҷумлаи мутахассисони дорои дараҷаи илмии дахлдор дар мувофиқа бо роҳбари сохтори дахлдори тобеи Муассиса таъйин намуда, санаи баргузории маҷлиси илмии ин сохторро муайян мекунад, ки дар он муҳокимаи диссертатсия ва тақризи тайёрнамудаи эксперт баррасӣ мегардад. Агар ҳеҷ як аз муқарризони расмӣ узви Шуро набошад, он гоҳ эксперти муассисаи пешбар метавонад узви Шуро бошад.
78. Шахсони зерин эксперти муассисаи пешбар шуда наметавонанд:
- аъзои Раёсати Комиссия;
- аъзои шурои экспертии Комиссия;
- корманди доимии муассисаи пешбар, ки ба сифати аъзои комиссияи экспертии шурои диссертатсионӣ оид ба диссертатсияи баррасишаванда ҷалб карда шудаанд;
- ҳаммуаллифони таълифоти чопшудаи роҳбари (мушовири) илмӣ ва довталаб;
- хешу табори наздики довталаб ва роҳбари (мушовири) илмии ӯ.
79. Лоиҳаи тақризи эксперти муассисаи пешбар бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- мутобиқати муҳтавои диссертатсия ба ихтисос ё соҳаи илми эълоншуда;
- саҳми илмии довталаб дар ҳалли масъалаи илмӣ ё коркарди проблемаи илмӣ бо арзёбии аҳамияти он;
- натиҷаҳои мушаххаси илмӣ (бо нишон додани навгонӣ, аҳамияти илмӣ ва амалии онҳо), ки барои он ба довталаб додани дараҷаи илмии дархостшаванда мумкин аст;
- мутобиқати тахассуси илмии довталаб ба дараҷаи илмӣ.
80. Агар муассисаи пешбар аз хориҷи кишвар таъйин гардида бошад, тақризи он дар маҷлиси илмии зерсохтори муассисаи мазкур бо иштирок ё бе иштироки довталаб муҳокима карда шуда, хулосаи тасдиқшуда ба Шуро пешниҳод мегардад.
81. Тақриз бо овоздиҳии ошкоро ё пинҳонии аксарияти оддии овозҳои шахсони дар маҷлиси илмии зерсохтор иштироккунанда, ки дорандаи дараҷаҳои илмии дахлдор мебошанд, қабул карда мешавад ва аз ҷониби раис ва котиби маҷлис бо нишон додани дараҷаҳои илмиашон, инчунин эксперте, ки лоиҳаи тақризро омода кардааст, имзо карда мешавад.
82. Агар лоиҳаи тақризи аз ҷониби эксперт пешниҳодшуда аз ҷониби маҷлиси илмӣ дастгирӣ наёбад, раиси маҷлис ба эксперти дигар ё гурӯҳи экспертони муассиса супориш медиҳад, ки натиҷаҳои мубоҳисаро ҷамъбаст ва лоиҳаи нави тақризро омода намоянд, ки он бо овоздиҳии такрорӣ қабул карда мешавад.
83. Тақризи муассисаи пешбар на дертар аз 15 рӯз то санаи ҳимоя ба Шуро супорида шуда, нусхаи он ва маълумот дар бораи муассисаи пешбар на дертар аз 10 рӯз аз тарафи Шуро дар сомонаи Муассиса ҷойгир ва ба довталаби дараҷаи илмӣ ирсол мегардад. Дар ҳолати ба талаботи муқарраршуда мутобиқат накардани тақризи муассисаи пешбар Шуро муассисаи пешбарро иваз мекунад ва санаи ҳимояи диссертатсияро ба муҳлати на беш аз 3 моҳ мавқуф мегузаронад.
84. Автореферати диссертатсия тибқи Дастурамал дар бораи тартиби барасмиятдарории диссертатсияҳо ва авторефератҳо ва банди 54 Тартиби мазкур ба расмият дароварда шуда, он бояд натиҷаҳои асосии диссертатсия, саҳми муаллиф дар таҳқиқоти гузаронидашуда, дараҷаи навгонӣ, аҳамияти амалии таҳқиқоти анҷомёфта ва феҳристи асарҳои чопшудаи довталабро инъикос намояд. Ҳаҷми автореферат барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос 1 ҷузъи муаллифӣ (барои ихтисосҳои гуманитарӣ 1,5 ҷузъ), барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат 2 ҷузъи муаллифӣ (барои ихтисосҳои гуманитарӣ 2,5 ҷузъ) муқаррар карда мешавад.
85. Автореферати диссертатсия ба аъзои Шуро ва муассисаҳои дахлдор на дертар аз 1 моҳ то рӯзи ҳимоя тибқи рӯйхате, ки Шуро муайян мекунад, ирсол карда мешавад.
86. Барои шиносоии пешакӣ матни диссертатсия ва автореферати ба ҳимоя қабулшудаи довталаби дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос дар сомонаи расмии Комиссия ва сомонаи Муассиса на кам аз 2 моҳ, дараҷаи илмии доктори илм ва доктор ҳабилитат- на кам аз 3 моҳ нигоҳ дошта мешавад ва пас аз ҳимоя 7 моҳи дигар низ онҳо дар дастраси умум боқӣ мемонанд.
87. Як нусхаи диссертатсия ва ду нусхаи автореферат на дертар аз 1 моҳ то санаи ҳимоя ба китобхонаи Муассиса супорида мешавад. Дар сурати баргузор нагардидани ҳимоя, бозхонд гардидани диссертатсия ва ё тасдиқ нагардидани он аз ҷониби Комиссия, дар асоси аризаи довталаб диссертатсия ва авторефератҳо ба ӯ баргардонида мешаванд.
88. Тақризҳои озоди ба диссертатсия ва автореферати он воридшуда дар сомонаи расмии Муассиса на дертар аз 10 рӯз то санаи ҳимояи диссертатсия ҷойгир карда мешаванд. Тақриз бояд мушаххас, вобаста ба таҳқиқоти диссертатсионӣ ва дар доираи одоби илмӣ навишта шуда бошад. Дар тақриз ному насаб, ҷойи кор, вазифа, дараҷаву унвони илмӣ, почтаи электронӣ ва рақами телефони муқарриз дарҷ гардида, ба Шуро дар шакли хаттӣ ё электронӣ ирсол карда мешавад.
89. Довталаби дараҷаи илмӣ ҳангоми мавҷуд будани тақризҳои манфӣ низ метавонад диссертатсияро ҳимоя кунад.
90. Ҳимояи диссертатсия бо ҳузури довталаби дараҷаи илмӣ бояд дар муҳити озод, ошкорбаёнӣ, серталабӣ, ҷиддият, бо риояи одоби илмӣ баргузор гардад ва хусусияти мунозираи илмӣ дошта бошад. Ҳангоми ҳимоя бояд эътимоднокӣ ва асоснокии натиҷаҳои таҳқиқот, тавсияҳои ҷанбаи назариявӣ ва амалидоштаи диссертатсия мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирад.
91. Муқарризони расмӣ дар маҷлиси ҳимояи диссертатсия бояд ҳузур дошта бошанд. Дар мавриди бо сабаби узрнок ҳузур надоштани яке аз муқарризони расмӣ, ки ба диссертатсия тақризи мусбат дода, тариқи маҷозӣ бо Шуро имконияти пайваст шуданро надорад, маҷлиси Шуро бе иштироки ӯ гузаронида мешавад. Дар ин маврид тақризи муқарризи ҳузурнадошта пурра қироат карда мешавад. Агар муқарризи расмӣ дар тариқи маҷозӣ имконияти қироат намудани тақризи худро дошта бошад, он гоҳ ӯ ҳамчун муқарризи ҳозирбуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳангоми ҳузур надоштани муқарризи расмие, ки ба диссертатсия тақризи манфӣ дода, тариқи маҷозӣ бо маҷлиси Шуро имконияти пайваст шуданро надорад, ҳимояи диссертатсия ба муҳлати на беш аз 3 моҳ мавқуф гузошта мешавад. Муқарризи расмии такроран ба маҷлиси Шуро ҳозирнашуда иваз карда мешавад .
92. Дар мавриди ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос дар маҷлиси Шуро иштироки 3 нафар мутахассис аз рӯйи ихтисоси илмии диссертатсия ва дар муҳокимаи натиҷаҳои диссертатсия ба музокира баромадани ақаллан 2 нафари онҳо, дар мавриди ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат бошад дар маҷлиси Шуро иштироки 5 нафар мутахассис аз рӯйи ихтисоси илмии диссертатсия ва дар муҳокимаи натиҷаҳои диссертатсия ба музокира баромадани 2 нафари онҳо ҳатмӣ мебошад .
93. Қарори Шуро дар хусуси ба довталаб додан ё надодани дараҷаи илмӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ (аъзои шуро, ки тариқи маҷозӣ иштирок доранд, ба таври овоздиҳии кушода овоз медиҳанд) қабул карда мешавад. Барои ин, аз тариқи овоздиҳии ошкор дар ҳайати на кам аз 3 нафар аъзои Шуро комиссияи ҳисоб интихоб карда мешавад. Тартиби кори комиссияи ҳисоб ва қабули қарори Шуроро Низомномаи шурои диссертатсионӣ муқаррар мекунад .
94. Дар хулосаи Шуро бояд натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ дарҷ гардад. Ҳангоми қабули қарори мусбат Шуро хулосаашро вобаста ба диссертатсия бо овоздиҳии ошкор қабул мекунад, ки дар он дуруст таъйин шудани муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар, муҳимтарин натиҷаҳои илмии шахсан бадастовардаи довталаби дараҷаи илмӣ, эътимоднокӣ, навгонӣ ва аҳамияти онҳо барои назария ва амалия, тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ нишон дода мешаванд.
95. Хулосаи Шуро бо имзои раис (муовини раис), котиби илмии Шуро ва муҳри муассиса ба расмият дароварда мешавад. Нусхаи хулоса на дертар аз 10 рӯзи пас аз ҳимоя дар сомонаи Муассиса ҷойгир ва ба довталаби дараҷаи илмӣ супорида мешавад.
96. Барасмиятдарории парвандаи аттестатсионии довталаби дараҷаи илмӣ тибқи муқаррароти Низомномаи шурои диссертатсионӣ амалӣ карда мешавад. Довталаб метавонад бо маводи парвандаи аттестатсионии худ шинос шавад.
97. Ҳангоми аз рӯи натиҷаҳои ҳимояи диссертатсия қабул шудани қарори мусбат Шуро дар муддати на дертар аз 30 рӯзи пас аз ҳимоя нусхаи якуми парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияро ба Комиссия ирсол карда, нусхаи дуюмро барои ба муҳлати 10 сол нигаҳдорӣ намудан ба бойгонии Муассиса месупорад.
98. Ҳангоми аз рӯи натиҷаҳои ҳимояи диссертатсия қабул шудани қарори манфӣ, Шуро дар муддати на дертар аз 10 рӯзи пас аз ҳимоя нусхаи қарори мазкурро барои дар сомона гузоштан ба Комиссия ирсол карда, нусхаи якуми парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияро барои ба муҳлати 10 сол нигаҳдорӣ намудан, ба бойгонии Муассиса месупорад. Дар сурати дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани парвандаи аттестатсионӣ ба Комиссия, Шуро огоҳонида мешавад.
99. Тартиби ба довталаби дараҷаи илмӣ баргардонидани парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияи манфӣ арзёбишударо Низомномаи шурои диссертатсионӣ танзим менамояд. Шакли аз нав коркардшудаи ин гуна диссертатсияро довталаб метавонад на пештар аз 1 соли баъд аз ҳимоя ба ҳимояи такрорӣ пешниҳод кунад. Ҳангоми ҳимояи такрории диссертатсия муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар бояд иваз карда шаванд.
100. Нусхаи диссертатсия дар шакли хаттӣ ва электронӣ (барои диссертатсияи радшуда - танҳо электронӣ) тибқи тартиби муқарраршуда ба муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
101. То қабули қарори Шуро довталаби дараҷаи илмӣ ҳуқуқ дорад, ки бо ариза диссертатсияашро аз баррасӣ бозхонд намояд. Диссертатсияи бозхондшударо тибқи муқаррароти Тартиби мазкур пас аз 6 моҳи коркарди иловагӣ аз нав ба ҳимоя пешниҳод кардан мумкин аст. Диссертатсияе, ки аз баррасии Шуро бе ҳуқуқи ҳимояи такрорӣ бардошта мешавад, дар сомонаи расмии муассисае, ки дар назди он шурои диссертатсионӣ амал мекунад, ба муҳлати 10 сол нигоҳ дошта мешавад .
6. ЭКСПЕРТИЗАИ ДИССЕРТАТСИЯ ДАР КОМИССИЯ
102. Парвандаи аттетстатсионӣ ва диссертатсияи аз Шуро ба Комиссия воридшуда тибқи муқаррароти Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур барои гузаронидани экспертиза ба шуъбаи аттестатсионии дахлдор вогузор карда мешавад.
103. Шуъбаи аттестатсионӣ дараҷаи асолати матни диссертатсияро бо ёрии барномаи компютерии "Антиплагиат" месанҷад ва барои муайян кардани мутобиқат ва ҷавобгӯ будани парвандаи аттетстатсионию диссертатсия ба талаботи Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур онҳоро аз экспертизаи меъёрию техникӣ мегузаронад. Дараҷаи асолати диссертатсия тибқи талаботи Дастурамал дар бораи санҷиши асолати диссертатсия аз рӯи барномаи компютерии "Антиплагиат" амалӣ карда мешавад.
104. Агар дар натиҷаи санҷиши асолати матни диссертатсия бо ёрии барномаи компютерии "Антиплагиат" мавҷудияти иқтибосҳои ғайриқонунӣ ва бо дарназардошти иқтибосоварӣ асолати аз 75% ками (автореферати диссертатсия на кам аз 80%) матни диссертатсия ошкор гардад, Комиссия дар асоси хулосаи шуъбаи аттестатсионӣ, бидуни экспертизаи илмии шурои экспертӣ, дар бораи бекор кардани қарори шурои диссертатсионӣ ва ба ҳимояи такрорӣ ирсол намудани диссертатсияи довталаби дараҷаи илмӣ қарор қабул мекунад.
105. Дар мавриди мутобиқати парвандаи аттетстатсионӣ ва диссертатсия ба талаботи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби мазкур ва Дастурамал дар бораи тартиби барасмиятдарории диссертатсияҳо ва авторефератҳо шуъбаи аттестатсионӣ онҳоро ҳамроҳ бо хулосаи худ ба шурои экспертии дахлдор барои гузаронидани экспертизаи илмӣ ирсол мекунад.
106. Агар ҳангоми санҷиши парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия риоя нагардидани талаботи барасмиятдарории парванда ва (ё) диссертатсия ошкор шуда бошад, тибқи тартиби муқарраргардида Комиссия онҳоро барои коркарди иловагӣ ба Шуро бармегардонад. Дар мавриди зарурат ба диссертатсия ва автореферати он ғалатнома замима карда мешавад .
107. Шуро уҳдадор аст, ки камбудиҳои ошкоршударо дар муддати на зиёда аз 1 моҳи пас аз дастрасии мактуби дахлдори Комиссия бартараф намояд. Дар ин ҳолат, муҳлати баррасии парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия дар Комиссия аз рӯзи аз нав воридшавии онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.
108. Ҳангоми ошкор шудани далели вайронкунии расмиёт дар таъйин кардани муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва гузаронидани раванди ҳимояи диссертатсия, ки онҳоро Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур танзим менамоянд, Комиссия бидуни экспертизаи илмии шурои экспертӣ, дар бораи бекор кардани қарори шурои диссертатсионӣ ва ба ҳимояи такрорӣ ирсол намудани диссертатсияи довталаби дараҷаи илмӣ қарор қабул мекунад. Ҳимояи такрории диссертатсия пас аз 3 моҳ иҷозат дода мешавад
109. Шурои экспертӣ мутобиқати парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияро ба талаботи Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва меъёрҳои дар Тартиби мазкур муқарраршуда дар муддати на зиёда аз 1 моҳ месанҷад ва хулосаю натиҷаҳои дар таҳқиқоти диссертатсионӣ зикрёфтаро аз экспертизаи илмӣ мегузаронад. Тарзи таъйин намудани эксперт, гузаронидаи экспертизаи илмӣ, баргузории маҷлиси шурои экспертӣ ва қабули қарорҳои шурои экспертӣ тибқи Низомномаи шурои экспертӣ амалӣ гардонида мешавад.
110. Ҳангоми мусбат ё манфӣ арзёбӣ гаштани хулосаю натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ шурои экспертӣ хулосаи асосноки худро бо қарори шуро ба расмият дароварда, бо тартиби муқарраргардида ба шуъбаи аттестатсионӣ пешниҳод менамояд.
111. Ҳангоми ба диссертатсия ворид гаштани хулосаи манфии эксперт шуъбаи аттестатсионӣ на дертар аз 10 рӯз то баргузории маҷлиси навбатии шурои экспертӣ дар ин хусус довталаби дараҷаи илмиро огоҳ менамояд ва барои гирифтани ҷавоб ба саволҳои пайдошуда худи довталаб ва ҳангоми зарурат роҳбар (мушовир)-и илмии он, раиси (муовини) шурои диссертатсионӣ, муқарризони расмӣ ва инчунин бо ҳуқуқи овози машваратӣ мутахассисони дигари соҳаро ба маҷлис даъват менамояд.
112. Дар мавриди ба маҷлис ҳозир нашудани довталаб шурои экспертӣ баррасии масъалаи мазкурро ба вақти дигар гузаронида, довталабро доир ба рӯзи баргузории маҷлиси навбатӣ огоҳ менамояд. Дар мавриди такроран ҳозир нашудани довталаб масъала бе иштироки ӯ баррасӣ гардида, нусхаи қарори шурои экспертӣ ба шурои диссертатсионии дахлдор пешниҳод карда мешавад.
113. Шуъбаи аттестатсионӣ натиҷаи экспертизаҳои меъёрию техникӣ ва илмии парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияро ҷамъбаст намуда, ба Раёсати Комиссия дар бораи ба довталаб додани дараҷаи илмии дахлдор ё рад намудани дархостномаи Шуро хулосаи умумии тавсиявӣ пешниҳод менамояд.
114. Дар сурати манфӣ будани хулосаи шурои экспертӣ оид ба диссертатасия Раёсати Комиссия дар асоси аризаи довталаб ё бо ташаббуси худ диссертатсия ва парвандаи аттестатсиониро барои гирифтани хулосаи иловагӣ ба комиссияи экспертии махсус таъсисдодашуда ирсол мекунад.
115. Комиссияи экспертии махсус таъсисдодашуда бояд дар муҳлати на зиёда аз 1 моҳ диссертатсияи мазкурро баррасӣ намуда, аз экспертизаи мукаммали илмӣ, меъёрӣ ва техникӣ гузаронад ва хулосаи асосноку қарори дахлдори худро вобаста ба додан ё надодани дараҷаи илмӣ ба Раёсати Комиссия пешниҳод намояд.
116. Қарори Раёсати Комиссия дар бораи ба довталаб додан ё надодани дараҷаи илмӣ қарори ниҳоӣ буда, дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи пас аз қабули он дар сомонаи Комиссия ҷойгир карда мешавад ва метавонад танҳо бо қарори суд тағйир дода шавад.
117. Довталаби дараҷаи илмӣ то қабули қарори Раёсати Комиссия ҳуқуқ дорад дар давраи барои экспертизаи диссертатсия муносиб онро бо пешниҳоди аризаи хаттӣ аз баррасии Комиссия бозхонд намояд. Дар ин маврид Комиссия дар ин хусус фармоиш ба тасвиб мерасонад. Довталаб метавонад пас аз 6 моҳи коркарди иловагии диссертатсия онро аз нав ба ҳимоя пешниҳод кунад. Ҳимояи такрории диссертатсияи довталабе, ки се маротиба пай дар пай аз рӯйи мазмун ва муҳтаво рад шудааст, дар мавзуи мазкур мумкин нест
118. Муҳлати баррасии диссертатсия дар Комиссия бораи дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос наметавонад аз 4 моҳ ва барои дараҷаҳои илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат наметавонад аз 6 моҳ аз рӯзи воридшавӣ зиёд бошад. Дар ҳолати барои гирифтани хулосаи иловагӣ ирсол намудани диссертатсия ва парвандаи аттестатсионӣ муҳлати баррасии он то 3 моҳи дигар тамдид карда мешавад.
119. Нусхаи диссертатсия ва парвандаи аттестатсионии ба Комиссия воридшуда дар бойгонии он то 10 сол нигоҳ дошта мешавад.
7. ТАРТИБИ БАРРАСИИ АРИЗАИ ШИКОЯТӢ
120. Довталаби дараҷаи илмӣ ё ҳар шахси воқеӣ (ё ҳуқуқӣ) метавонад дар муддати то 2 моҳи пас аз баргузории маҷлиси Шуро ба Комиссия дар хусуси риоя нагардидани тартиби пешниҳод ва ҳимояи диссертатсия дар Шуро, ки Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур муқаррар кардаанд, дар шакли хаттӣ (бо имзои дастӣ ё электронӣ) аризаи шикоятӣ пешниҳод кунад. Дар ин маврид Комиссия баррасӣ ва арзёбии диссертатсия ва парвандаи аттестатсионии дахлдорро то санҷиши далелҳои ариза мавқуф мегузорад.
121. Дар аризаи шикоятӣ бояд чунин маълумот нишон дода шавад:
- насаб, ном ва номи падар, рақами телефон ва почтаи электронии аризадиҳанда;
- номи муассиса ва рамзи Шуро;
- маълумот оид ба қарори шубҳаноки Шуро (санаи қабули қарор, насаб, ном ва номи падари довталабе, ки қарор нисбат ба ӯ татбиқ шудааст);
- талаботи он бандҳои Низомномаи Шуро ва Тартиби мазкур, ки ҳангоми қабули қарори дахлдор аз тарафи Шуро риоя нашудаанд.
122. Аризаи шикоятӣ дар Комиссия дар мавридҳои зерин баррасӣ карда нашуда, дар ин бобат ба аризадиҳанда дар муддати 30 рӯз иттилоъ дода мешавад:
- вуҷуд надоштани маълумоти дар банди 121 пешбинишуда;
- дар ариза мавҷуд будани алфози қабеҳ ва ибораҳои таҳқиромез;
- имконнопазир будани хондани матни ариза.
123. Комиссия ба Шурои дахлдор дар хусуси ворид шудани аризаи шикоятӣ иттилоъ дода, ба он нусхаи матни аризаро замима мекунад.
124. Шуро дар муддати на зиёда аз 1 моҳ ба Комиссия ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунад:
- натиҷаҳои баррасии аризаи шикоятӣ, тибқи Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур;
- пайнависи (стенограммаи) маҷлиси Шуро бо имзои раис, котиби илмӣ ва муҳри муассиса.
125. Агар фаъолияти Шуро муваққатан боздошта ё қатъ шуда бошад, ҷавоби аризаро роҳбарияти Муассисае омода месозад, ки дар назди он Шурои мазкур амал мекард.
126. Комиссия ариза, ҷавоби ариза ва маводи дигари аз Шуро ё аз Муассиса воридшударо ба шурои экспертӣ медиҳад.
127. Шурои экспертӣ барои қабули қарори асоснок метавонад аз Шуро ё аз Муассиса маълумоти иловагӣ дархост намояд ва аризадиҳандаю довталаби дараҷаи илми (тарафҳо)-ро бо огоҳонидани пешакӣ (на кам аз 10 рӯз) ба маҷлиси шурои экспертӣ даъват кунад. Шурои экспертӣ ҳангоми зарурат метавонад раиси Шуро ё намояндаи Муассисаро ба маҷлиси худ даъват намояд.
128. Дар ҳолати ба маҷлиси шурои экспертӣ ҳозир нашудани яке аз тарафҳо, шурои экспертӣ баррасии масъалаи мазкурро ба маҷлиси навбатии худ гузаронида, дар ин хусус тарафҳоро огоҳ менамояд. Дар мавриди такроран ҳозир нашудани яке аз тарафҳо ё ҳардуи онҳо баррасии масъала бе иштироки тарафи ғоиб ё ҳарду тараф баргузор гардида, хулосаи шурои экспертӣ ба Раёсати Комиссия пешниҳод карда мешавад.
129. Раёсати Комиссия вобаста ба аризаи шикоятӣ дар асоси хулосаи комиссияи экспертӣ бо мазмуни зерин қарор қабул мекунад:
- қарори Шуро бекор ва даъвои аризадиҳанда қонеъ карда шавад;
- қарори Шуро бетағйир мононда шуда, даъвои аризадиҳанда рад карда шавад.
130. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии аризаи шикоятӣ қарори Раёсати Комиссия дар муҳлати 10 рӯзи баъди қабули фармоиши раиси Комиссия дар сомонаи расмии он ҷой дода мешавад. Нусхаи қарори Раёсати Комиссия ба шахси аризадиҳанда, Шуро (Муассиса) ва довталаби дараҷаи илмӣ ирсол карда мешавад.
131. Муҳлати қабули қарор аз тарафи Раёсати Комиссия аз рӯзи ворид шудани ариза наметавонад аз 3 моҳ зиёд бошад. Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ва экспертизаи такрорӣ ин муҳлат метавонад то 3 моҳи дигар тамдид карда шавад.
132. Қарори Раёсати Комиссия метавонад бо тартиби судӣ мавриди шикоят қарор гирад.
8. АЗ НАВ АТТЕСТАТСИЯ НАМУДАНИ ДАРАҷАИ ИЛМӢ
133. Аз нав аттестатсия намудан нисбат ба шахсе татбиқ карда мешавад, ки дараҷаи илмиро дар давлати хориҷии бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарарзиш эътироф кардани ҳуҷҷатҳои дараҷаи илмӣ шартнома ё созишнома надошта ба даст оварда шудааст. Чунин шахсон бо пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ тибқи муқаррарот ба Комиссия муроҷиат мекунанд.
134. Комиссия ариза ва ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани хулоса ба шурои экспертии самти мувофиқ мефиристад.
135. Муқаррароти бандҳои 134 ва 135 нисбат ба шахсоне, ки диссертатсияи худро дар давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Лиссабон (1997), Конвенсияи минтақавии давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (Бангкок, 1983), Созишномаи байни давлатҳои ИДМ (Москва, 1998) ҳимоя намудаанд ва дараҷаҳои илмиро дар давлатҳое ба даст овардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо шартнома ё созишнома оид ба эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ дорад, татбиқ нашуда, ҳуҷҷатҳои онҳо бо тартиби муқарраргардида нострификатсия карда мешаванд.
9. МАҲРУМ КАРДАН АЗ ДАРАҶАИ ИЛМӢ
136. Маҳрум кардан аз дараҷаи илмӣ бо қарори Раёсати Комиссия дар сурати ошкор гардидани вайроншавии талабот ва меъёрҳои Тартиби мазкур вобаста ба додани дараҷаи илмӣ дар асоси аризаи шикоятии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар муҳлати 3 моҳ сурат мегирад. Комиссия нусхаи аризаи шикоятии воридшуда ва ҳуҷҷатҳои замимашударо ба Шурои дахлдор ва ё дар сурати боздошт ва қатъи фаъолияти он ба Шурои мувофиқ (ба ҳам наздик) ирсол менамояд.
137. Шуро аризаро дар маҷлиси худ дар муддати на зиёда аз 1 моҳ барррасӣ намуда, қарори худро ҷиҳати маҳрум кардан ва ё накардани дараҷаи илмӣ бо мактуби ҳамроҳ ва замима намудани пайнавис (стенограмма)-и маҷлис бо имзои раис, котиби илмӣ ва бо муҳри Муассиса ба Комиссия ирсол менамояд.
138. Хулосаи Шуро аз ҷониби шурои экспертии тахассусии Комиссия бо огоҳ намудани тарафҳо (10 рӯз пештар) дар ҳузури онҳо ва ё бе иштироки яке аз тарафҳои бе сабабҳои узрнок ҳузурнадошта баррасӣ шуда, натиҷаи он ба Раёсати Комиссия пешниҳод мегардад. Раёсати Комиссия дар асоси хулосаи шурои экспертӣ қарори дахлдор қабул менамояд, ки он бо фармоиши раиси Комиссия тасдиқ карда мешавад.
10. БАРҚАРОР КАРДАНИ ДАРАҶАИ ИЛМӢ
139. Барқарор кардани дараҷаи илмӣ бо қарори Раёсати Комиссия дар асоси аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурати ошкор гардидани вайроншавии талабот ва меъёрҳои Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби мазкур ва ё аз ҷониби суд муқаррар карда шудани ҳолатҳои навошкор вобаста ба арзёбии диссертатсия ҷой дошта метавонад.
140. Ариза дар бораи барқарор кардани дараҷаи илмӣ ба Комиссия дар шакли хаттӣ дар муддати то 10 сол пешниҳод шуда метавонад. Комиссия нусхаи аризаро бо ҳуҷҷатҳои замимашуда ба Шурои дахлдор ва ё дар сурати боздошт ва қатъи фаъолияти он ба Шурои мувофиқ (ба ҳам наздик) ирсол менамояд.
141. Шуро аризаро дар муддати на зиёда аз 1 моҳ барррасӣ намуда, хулоса ва қарори худро ҷиҳати барқарор кардан ва ё накардани дараҷаи илмӣ бо мактуби ҳамроҳ ва замима намудани пайнавис (стенограмма)-и маҷлис бо имзои раис, котиби илмӣ ва бо муҳри Муассиса ба Комиссия ирсол менамояд. Хулосаи Шуроро шурои экспертии тахассусии Комиссия бо огоҳ намудани тарафҳо (10 рӯз пештар) дар ҳузури онҳо ва ё бе иштироки яке аз тарафҳои бе сабабҳои узрнок ҳузурнадошта баррасӣ намуда, натиҷаи онро ба Раёсати Комиссия пешниҳод менамояд. Раёсати Комиссия дар асоси қарори шурои экспертии Комиссия қарори дахлдор қабул менамояд, ки он бо фармоиши раиси Комиссия тасдиқ карда мешавад.
11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
142. Ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба тартиби додан, маҳрум сохтан ва барқарор кардани дараҷаи илмӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.
143. Дахолати мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, шахсони ҳуқуқӣ, муассисаҳои дигар ва шаҳрвандон ба фаъолияти Комиссия оид ба масъалаҳои додан, маҳрум сохтан, барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ қатъиян манъ карда мешавад.
* дар тамоми матни Тартиб калимаҳои "ШӯРО", "Шӯро", "Шӯрои", "шӯрои", "Шӯроро" ва "шӯроҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ШУРО", "Шуро", "Шурои", "шурои", "Шуроро" ва "шуроҳои" иваз карда шудааст