Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, № 294 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар ном, банди 1 ва замимаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267 "Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда", калимаҳои "ШӯРО", "Шӯро", "Шӯрои", "шӯрои", "Шӯроро" ва "шӯроҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ШУРО", "Шуро", "Шурои", "шурои", "Шуроро" ва "шуроҳои" иваз карда шаванд.

2. Ба Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267 "Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Низомномаи Шурои диссертатсионӣ (минбаъд-Низомнома) тартиби ташкил ва фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ (минбаъд-Шуро)-и назди муассисаҳои давлатии илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (минбаъд-Муассиса) оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат, гузаронидани маҷлисҳои Шуро, қоидаҳои қабули диссертатсияҳо барои ҳимоя ва экспертизаи аввалия, экспертизаи муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар, ҳимояи ошкорои диссертатсияҳо, маҳрум ва барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ ва инчунин таъминоти моддю техникӣ ва назорати фаъолияти Шуроро муқаррар менамояд.";

2) банди 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"7. Агар дар давоми сол се қарори Шуро оид ба додани дараҷаи илмӣ бинобар риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бекор карда шавад, фаъолияти Шуро боздошт ва ё қатъ карда мешавад. Дар мавриди боздоштани фаъолияти Шуро такроран ба фаъолият шуруъ кардани он бо бозбинии ҳайат сурат мегирад.";

3) ба банди 8 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Агар ҳангоми баррасии парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия содиршавии рафтори ношоями илмӣ ошкор гардад, Комиссия метавонад бо ҳуҷҷатҳои аввалияи довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ шинос шавад.";

4) ҷумлаи якуми банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Муассиса уҳдадор аст матни пурраи диссертатсия, автореферати он ва маводи иттилоотиро тибқи талаботи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ дар сомонаи расмии худ дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии интернет (минбаъд-сомонаи Муассиса) ҷойгир карда, сабти аудиоӣ ва видеоии маҷлисҳои Шуроро ба роҳ монад.";

5) бандҳои 20 ва 21 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"20. Ба ҳайати Шуро докторони илм, докторони ҳабилитат ва ба таври истисно номзадони илм ё докторони фалсафа (PhD)-докторон аз рӯйи ихтисосе дохил шуда метавонанд, ки дар муддати 5 соли охир аз рӯйи ихтисоси соҳаи илми дархостшаванда дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа тибқи Феҳристи Комиссия на кам аз 3 мақолаи илмӣ дошта бошанд. Мутобиқати аъзои Шуро ба ихтисосҳои дархостшуда бо дипломи дараҷаи илмӣ ва (ё) бо интишороти илмии онҳо тасдиқ карда мешавад.

21. Шумораи ҳайати Шуро аз 9 то 16 нафарро ташкил медиҳад. Шуро дар ҳайати 9 нафар аз рӯйи як ихтисос, дар ҳайати 11 нафар аз рӯйи ду ихтисос ва дар ҳайати 16 нафар аз рӯйи се ихтисос ташкил карда мешавад. Ҳайати Шуро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ё доктори илм аз рӯйи як ихтисос дар ҳайати 8 доктори илм ва 1 номзади илм, аз рӯйи ду ихтисос 10 доктори илм ва 1 номзади илм ва аз рӯйи се ихтисос 15 доктори илм ва 1 номзади илм (котиби илмии Шуро) муқаррар карда шавад. Ба ҳайати Шуро мутахассисон аз муассисаҳои дигари илмӣ ва таълимӣ дохил карда мешаванд, ки шумораи онҳо бояд на зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шуро бошад. Узвият дар Шуро дар асосҳои фаъолияти ҷамъиятӣ ба роҳ монда мешавад.";

6) аз банди 22 калимаҳои ", ки унвони илмии дотсентӣ доранд," хориҷ карда шаванд;

7) бандҳои 23 ва 24 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"23. Раиси Шуро бояд доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда ва бо дастовардҳои илмии худ маъруф бошад (барои ихтисосҳои нодир доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи интишороти илмӣ метавонад раиси Шуро таин шавад).

24. Муовини раиси Шуро бояд доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда бошад (барои ихтисосҳои нодир доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи интишороти илмӣ метавонад муовини раиси Шуро таин шавад).";

8) банди 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"29. Талабот ба ҳайати Шуро барои ихтисосҳои нодир (тибқи Феҳристи ихтисосҳо):

- барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат на кам аз 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат (2 доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи ихтисоси дархостшаванда ва 3 доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи интишорот);

- барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос на кам аз 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмӣ (1 доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи ихтисоси дархостшаванда ва 4 номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос аз рӯйи интишорот).";

9) дар банди 32:

- ҷумлаи якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Доктори илм, доктори ҳабилитат, номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос дар як Шуро танҳо як ихтисосро намояндагӣ мекунад.";

- дар ҷумлаи сеюм рақами "1" ба рақами "2" иваз карда шавад;

10) ба банди 34 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Агар узви Шуро бе сабабҳои узрнок дар 3 ҷаласаи Шуро иштирок накунад, аз ҳайати Шуро хориҷ карда мешавад.";

11) банди 37 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"37. Дар мавриди ташкили ҳимояи якдафъаина ба ҳайати шурои амалкунанда, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос на кам аз 5 мутахассиси соҳа аз рӯйи ихтисоси дархостшаванда ворид карда мешаванд (2 доктори илм ё доктори ҳабилитат ва 3 номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос). Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва ё доктори ҳабилитат номзадони илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос аз ҳайати Шуро, ки барои гузаронидани ҳимояи якдафъаина ташкил мешавад, бароварда шуда, ба ҳайати шурои амалкунанда аз рӯйи ихтисоси дархостшаванда на кам аз 5 доктори илм ё доктори ҳабилитат ворид карда мешаванд.";

12) банди 38 хориҷ карда шавад;

13) дар банди 41 рақами "6" ба рақами "3" иваз карда шавад;

14) ба банди 42 ҷумлаҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Узви Шурои аз хориҷа даъватшуда, ки дар маҷлиси Шуро бо тариқи ҳузурӣ имконияти иштирок карданро надорад, метавонад ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок кунад. Дар ҳолати истисноӣ бо сабабҳои узрнок (беморӣ, сафари хизматӣ ва дигар сабабҳо) то се узви Шуро метавонанд ба таври маҷозӣ дар маҷлис иштирок намоянд.";

15) дар банди 44:

- ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин ифода карда шавад:

"Агар раиси Шуро ё муовини ӯ роҳбар (мушовир)-и илмӣ ва ё хешованди наздики довталаби дараҷаи илмӣ бошад, ҳуқуқи роҳбарии маҷлисро надорад.";

- ҷумлаи панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Дар сурати бо сабабҳои узрнок зиёда аз як моҳ иштирок накардани раис ва муовини ӯ дар кори Шуро, баъд аз гирифтани иҷозати Комиссия, вазифаи раисикунанда ба уҳдаи яке аз аъзои ботаҷрибаи Шуро вогузор мегардад.";

16) ба банди 63 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳуҷҷатҳои зерин, ки дар раванди баррасии диссертатсия дар Шуро қабул мегарданд, дар сомонаи Муассиса ҷойгир карда мешаванд:

- тақризи роҳбар (мушовир)-и илмӣ;

- маълумотнома дар бораи роҳбар (мушовир)-и илмӣ;

- хулосаи натиҷаҳои ташхиси муқаддамотии диссертатсия дар муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст;

- протоколи шурои диссертатсионӣ дар бораи таин намудани комиссияи экспертӣ;

- хулосаи комиссияи экспертӣ;

- протоколи шурои диссертатсионӣ дар бораи ба ҳимоя қабул намудани диссертатсия;

- маълумотнома дар бораи муқарризони расмӣ;

- маълумотнома дар бораи муассисаи пешбар;

- тақризҳои муқарризони расмӣ;

- тақризи муассисаи пешбар;

- тақризҳо ба автореферат (агар бошанд);

- протоколи ҷаласаи шурои диссератсионӣ;

- хулосаи шурои диссертатсионӣ дар бораи сазовор донистани довталаб ба дараҷаи илмӣ.";

17) дар ҷумлаи якуми банди 65 пас аз калимаи "мешавад" калима ва рақами "(замимаи 9)" илова карда шавад;

18) сархати якуми банди 74 хориҷ карда шавад;

19) ба банди 76 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Агар ҷаласаи Шуро дар санаи муқарраршуда бинобар набудани кворум, иштирок накардани муқарризони расмӣ ё пешниҳод нагардидани тақризи муассисаи пешбар баргузор нагардад, Шуро бо огоҳ намудани Комиссия санаи нави ҳимояро таъин менамояд.";

20) ба банди 106 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Ҳангоми овоздиҳии пинҳонӣ ҳузури довталаб ва шахсони ғайр қатъиян манъ аст. Раванди овоздиҳии ҳар як узви Шуро бояд пурра дар сабти видеоӣ нишон дода шавад.";

21) дар банди 112 рақам ва калимаи "6 моҳ" ба рақам ва калимаи "1 сол" иваз карда шаванд;

22) номи замимаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Хулосаи шурои диссертатсионии ________________ назди_________________

                                  (рамз)

______________________________________________________________________

                (номи пурраи муассиса (таҳсилотӣ ё  илмӣ))

барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзади (доктори) илм";

23) замимаи 9 илова карда шавад (замима мегардад).

3. Ба Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267 "Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) ба банди 3 пас аз калимаи "аспирантура" калимаи "(адъюнктура)" илова карда шавад;

2) аз банди 10 калимаҳои "бо тавсияи маҷлиси зерсохтори муассиса, ки дар он диссертатсия омода мегардад," хориҷ карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Тағйиру иловаҳо ба мавзуъ ва ивази роҳбари илмӣ ба зиммаи шурои олимони муассиса вогузор мегардад.";

3) дар банди 15 калимаи "дастурамали" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд;

4) банди 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"18. Мавзуи кори илмии довталаб дар доираи ихтисос, самт ва илмҳои ҳамҷавор тасдиқ карда мешавад. Агар ихтисоси бунёдии довталаб равияи илмҳои ҷамъиятию гуманитариро дар бар гирад, он гоҳ ҳимоя намудан дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ, табиӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, байторӣ ва биологӣ иҷозат дода намешавад. Агар довталаб ихтисоси бунёдии самти илмҳои техникӣ, табиӣ ва дақиқ дошта бошад, наметавонад дар самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, ба истиснои илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, таърихи илм ва методикаи таълим диссертатсия ҳимоя намояд.";

5) банди 21(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"21(1). Барои довталабони дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсия таҳия ва ҳимояи диссертатсия дар доираи ихтисоси таҳсил дар магистратура ва докторантура ба роҳ монда мешавад.";

6) ба банди 25 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- пас аз ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм 3 сол сипарӣ шуда бошад;";

7) ба банди 26 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- пас аз ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос 3 сол сипарӣ шуда бошад;";

8) бандҳои 28 ва 29 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"28. Роҳбар ё мушовири илмӣ бояд мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рӯйи соҳаи таҳқиқоти диссертатсионӣ бошад. Ба таври истисно мутахассиси дорои дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос низ метавонад роҳбар (ё роҳбари дуюм)-и илмии довталаби дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос бошад, агар ӯ дар соҳаи дахлдори илм собиқаи на кам аз 5-солаи илмӣ, илмию омӯзгорӣ ё илмию техникӣ дошта бошад.

29. Роҳбар ё мушовири илмӣ наметавонад дар давоми як сол зиёда аз 5 довталаби дараҷаи илмиро ба ҳимоя пешниҳод намояд.";

9) ба банди 30 пас аз калимаи "гуногун" калимаҳои "аз рӯйи як ихтисос" илова карда шуда, калимаҳои ", довталаб дар ҳаммуаллифӣ бо ҳарду роҳбар (мушовир) дар маҷаллаҳои тақризшаванда мақолаҳои илмӣ дошта" ва ҷумлаи дуюм хориҷ карда шаванд;

10) сархатҳои якум ва дуюми банди 35 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"- барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (РhD)- доктор аз рӯйи ихтисос дар соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ - 3 мақола (2 мақола дар алоҳидагӣ), на камтар аз 2 маъруза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва (ё) байналмилалӣ, дар соҳаи илмҳои табиӣ, математикӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва техникӣ - 2 мақола ва на кам аз 2 маъруза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва (ё) байналмилалӣ;

- барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат - дар соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ - 15 мақола (на камтар аз 5 мақола дар алоҳидагӣ) ва на камтар аз 5 маъруза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ё байналмилалӣ, дар соҳаи илмҳои табиӣ, математикӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва техникӣ - 10 мақола ва на кам аз 5 маъруза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ё байналмилалӣ.";

11) бандҳои 37 ва 38 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"37. Диссертатсия дар Комиссия тибқи дастурамал оид ба санҷиши диссертатсия аз рӯйи барномаи компютерии "Антиплагиат" санҷида мешавад. Асолати диссертатсия аз рӯйи барномаи мазкур бояд аз 75 дарсад (барои илмҳои физикаю математика ва химия - 70 дарсад) ва автореферати диссертатсия аз 80 дарсад (барои илмҳои табиӣматематика ва техникӣ - 75 дарсад) кам набошад. Диссертатсияҳое, ки ба талаботи зикргардида ҷавобгӯ нестанд, дар асоси хулосаи эксперти холис ба ҳимояи такрорӣ баргардонида мешаванд. Ҳимояи такрории онҳо пас аз 1 соли қабули фармоиш ба роҳ монда мешавад;

38. Экспертизаи диссертатсия дар маҷлиси воҳидҳои сохтории Муассиса (кафедра, шуъба, бахш, озмоишгоҳ)-ҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ё илмию таҳқиқотие, ки диссертатсия бевосита дар он ҷо иҷро шудааст, бо иштироки мутахассисон аз Муассисае, ки дар он Шуро амал мекунад, гузаронида мешавад.";

12) аз банди 39 калимаҳои "давраи якуми" ва "ва бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда" хориҷ карда шаванд;

13) ба банди 40 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи натиҷаи имтиҳоноти тахассусӣ;";

14) дар сархати панҷуми банди 41 калимаҳои "экспертизаи марҳилаи навбатӣ" ба калимаи "ҳимоя" иваз карда шаванд;

15) банди 44 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"44. Дар сурати манфӣ арзёбӣ гаштани диссертатсия, ба довталаб нусхаи протокол ва хулосаи маҷлиси воҳидҳои сохтории Муассиса дар бораи камбудиҳои ошкоргашта бо эродҳои гирифташуда дода мешавад ва муҳлати коркарди минбаъдаи таҳқиқоти диссертатсионӣ ва пешниҳоди такрории он муайян карда мешавад.";

16) бандҳои 45, 46, 47, 48, 49 ва 50 хориҷ карда шаванд;

17) банди 51 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"51. Дар хулосаи маҷлис, ки бо тарафдории аксари иштирокдорони он қабул мешавад, бояд тамоми ҷузъиёти банди 42 Тартиби мазкур ба инобат гирифта шавад. Хулосаи маҷлис тибқи муқаррарот аз номи Муассиса бо имзои раисикунанда, котиби маҷлис ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби ректор (директор) ё муовини ӯ оид ба илм бо имзо, муҳри Муассиса ва санаи рӯз тасдиқ карда мешавад.";

18) ба банди 52 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Хулосаи Муассиса то 2 сол эътибор дорад.";

19) банди 55 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"55. Дар мавриди баргузор намудани ҳимояи диссертатсия ба забоне, ки онро аъзои Шуро ва ё муқарризони расмӣ намедонанд, Муассиса уҳдадор аст тарҷумаи ҳамзамонии ҷаласаи Шуроро вобаста ба ҳимояи диссертатсия таъмин кунад.";

20) дар банди 60 рақамҳои "15" ва "25" мувофиқан ба рақамҳои "25" ва "30" иваз карда шаванд;

21) ҷумлаи якуми банди 69 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Ихтисоси муқарризони расмӣ бояд ба ихтисоси диссертатсияи ҳимояшаванда наздик бошад ва ё онҳо аз рӯйи ихтисоси мазкур бояд на кам аз 3 интишороти илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда дошта бошанд." ва дар ҷумлаи дуюм баъди калимаи "намояд" калимаҳои "(ба истиснои ихтисосҳои нодир)" илова карда шавад".;

22) ба банди 70 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- узви комиссияи экспертии аввалияи диссертатсия дар Шуро;";

23) ба банди 74 пас аз калимаи "маъруфанд" калимаҳои "(дар 5 соли охир на кам аз 10 интишороти илмӣ, аз он 5 мақолаи тақризшаванда дошта бошанд)" илова карда шаванд;

24) дар банди 91 калимаҳои "реҷаи интерактивӣ (on-line)" ва "дар реҷаи on-line" ба калимаҳои "тариқи маҷозӣ" иваз карда шаванд;

25) банди 92 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"92. Дар мавриди ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос дар маҷлиси Шуро иштироки 3 нафар мутахассис аз рӯйи ихтисоси илмии диссертатсия ва дар муҳокимаи натиҷаҳои диссертатсия ба музокира баромадани ақаллан 2 нафари онҳо, дар мавриди ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат бошад дар маҷлиси Шӯро иштироки 5 нафар мутахассис аз рӯйи ихтисоси илмии диссертатсия ва дар муҳокимаи натиҷаҳои диссертатсия ба музокира баромадани 2 нафари онҳо ҳатмӣ мебошад.";

26) дар банди 93 пас аз калимаи "пинҳонӣ" калимаҳои "(аъзои шуро, ки тариқи маҷозӣ иштирок доранд, ба таври овоздиҳии кушода овоз медиҳанд)" илова карда шаванд;

27) дар банди 101 рақам ва калимаи "1 соли" ба рақам ва калимаи "6 моҳи" иваз карда шаванд;

28) ба банди 106 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар мавриди зарурат ба диссертатсия ва автореферати он ғалатнома замима карда мешавад.";

29) ба банди 108 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳимояи такрории диссертатсия пас аз 3 моҳ иҷозат дода мешавад.";

30) дар банди 117 рақам ва калимаи "1 соли" ба рақам ва калимаи "6 моҳи" иваз карда шуда, ҷумлаи чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳимояи такрории диссертатсияи довталабе, ки се маротиба пай дар пай аз рӯйи мазмун ва муҳтаво рад шудааст, дар мавзуи мазкур мумкин нест.";

4. Ба Тартиби додани унвонҳои илмӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267 "Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) аз банди 9 калимаҳои "директор ё муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ," хориҷ карда шаванд;

2) дар банди 10:

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- на камтар аз 3 сол доштани собиқаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ баъди ҳимояи диссертатсияи номзадӣ, аз ҷумла собиқаи бефосилаи кор ба муддати на кам 1 сол дар вазифаҳои дар банди 9 Тартиби мазкур пешбинишуда аз рӯйи ихтисоси илмии дархостшаванда;";

- дар сархати сеюм пас аз калимаи "банашррасида" калимаҳои "аз рӯйи самти илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда" илова карда шавад;

- ба сархати чорум пас аз калимаи "методӣ" калимаҳои "ҳар яке на кам аз 2,5 ҷузъи муаллифӣ" илова карда шуда, калимаҳои "бо баҳисобгирии монографияи илмии чопшуда" хориҷ карда шаванд;

3) банди 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"13. Унвони илмии профессор ба кормандони муассисаҳои дар вазифаҳои президенти академияи илмҳо (миллӣ, соҳавӣ) ё ноиби ӯ, саркотиби илмӣ, ректор ё муовини ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, директор ё муовини директори муассисаи илмӣ, директор ё муовини директори филиали муассиса (пажуҳишгоҳи илмӣ ё таълимию илмӣ), ректор (сардор) ё муовини ректор (муовини сардор)-и донишкада, декани факултет, мудири кафедра, сардори шуъба (бахш, озмоишгоҳ)-и илмию таҳқиқотӣ ё таҷрибавию созакорӣ, котиби илмии муассиса, профессор, сарходими илмӣ ё ҳамин гуна вазифаҳои ба онҳо баробаркардашудае, ки дар феҳристи вазифаҳои мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд, фаъолияткунандае дода мешавад, агар довталаб ба ғайр аз мувофиқат намудан ба талаботи сархати якуми банди 8 Тартиби мазкур, инчунин дорандаи дипломи дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ё ҳамин гуна дараҷаҳои илмиро дар хориҷи мамлакат дарёфт намуда бошад, ки аз тарафи Комиссия баробарарзиш дониста шудааст.";

4) дар банди 14:

"- баъди ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат доштани на кам аз 3 сол собиқаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ, аз ҷумла на кам аз 2 сол аз рӯйи самти илмии дархостшаванда;";

- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- доштани собиқаи бефосилаи кор ба муддати на кам аз 3 сол дар вазифаҳои дар банди 13 Тартиби мазкур пешбинишуда;";

- дар сархати чорум пас аз калимаи "банашррасида" калимаҳои "аз рӯйи самти илмии дар парвандаи аттестатсионӣ нишондодашуда" илова карда шаванд;

- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дар зарфи 5 соли охир доштани на камтар аз 3 дастури таълимию методӣ (ҳар яке на кам аз 2,5 ҷузъи муаллифӣ ва 1 дастур дар алоҳидагӣ), 5 мақолаи илмии дар солҳои гуногун банашррасида ва 1 китоби дарсӣ аз рӯйи ихтисоси илмии дархостшуда.";

5) дар банди 17 калимаҳои "миёнаи касбӣ," хориҷ карда шаванд;

6) дар банди 20:

- дар сархатҳои якум ва дуюм калимаи "ихтисоси" ба калимаи "самти" иваз карда шавад;

"- дар зарфи 5 соли охир доштани на кам аз 1 дастури таълимию методӣ ва 1 мақолаи тақризшаванда (бо баҳисобгирии маҷмуаи корҳои эҷодии дар раванди таълим истифодашаванда, аз қабили мусиқӣ ва сурудҳои ба нота дигар асарҳои гуногунжанри мусиқии касбӣ, матни намоишномаҳои басаҳнагузошташуда, фотоалбоми мусаввараҳо, ҳунарҳои наққошӣ, ороишӣ, сӯзанӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳану мискорӣ, усулҳои иҷрои бозиҳои миллии варзишӣ ва намудҳои дигари асарҳои ҳунармандӣ ва варзишӣ) аз рӯйи самти илмии дархостшуда;";

7) дар банди 23:

- дар сархати чорум калимаи "ихтисоси" ба калимаи "самти" иваз карда шавад;

- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дар шакли нота ва дигар намудҳои санъати касбӣ ё дигар намудҳои санъати халқии касбӣ пешниҳод намудани асарҳо;";

8) ҷумлаи дуюми банди 39 хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 26 июни соли 2023, № 295

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 июни соли 2023, № 295

Замимаи 9

ба Низомномаи шурои диссертатсионӣ

РӯЙХАТИ

суроғаҳое, ки автореферати диссертатсияро равон кардан ҳатмӣ аст*

1. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 80)

2. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39)

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисор Муҳаммад, 13 а)

4. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон,

5)

5. Китобхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33)

6. Китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17)

7. Палатаи китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, 17)

8. Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14 а)

9. Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббӣ (шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко, 41)

10. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ, 45)

11. Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21 а)

_____________________________

*Эзоҳ: Ба китобхонаҳое, ки дар бандҳои 8, 9 ва 10 рӯйхат оварда шудаанд, аз рӯйи ихтисоси диссертатсия равон карда мешавад.