ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №621
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, № 621 "Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 15 калимаи "замимаи" ба калимаҳои "замимаҳои 1 ва 2" иваз карда шавад;
- бандҳои 17 ва 18 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"17. Маводи ба озмун барои олимон пешниҳодшуда дар шакли холгузорӣ аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ мешаванд:
1) барои ҳар як модели муфид, ки довталаб муаллифи он мебошад - 10 хол;
2) барои ҳар як намунаи саноатӣ, ки довталаб муаллифи он мебошад - 10 хол;
3) барои ҳар як нахустпатент ва патент, ки довталаб муаллифи он мебошад:
- патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20 хол;
- нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -15 хол;
- патенти Авруосиё - 30 хол;
- патенти аврупоӣ - 40 хол;
4) барои ҳар як ҳуҷҷати ҳифозатии натиҷаи эҷодии зеҳнии дигаре, ки довталаб муаллифи он мебошад - 20 хол;
5) барои ҳар як китоби дарсӣ - 20 хол;
6) барои ҳар як китоби дарсӣ, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст - 40 хол;
7) барои ҳар як маводи таълимию методӣ - 25 хол;
8) барои ҳар як монография - 30 хол;
9) барои ҳар як нашри мақолаҳои илмию методӣ:
- мақолаҳои конференсияҳои ҷумҳуриявӣ - 2 хол;
- мақолаҳои конференсияҳои байналмилалӣ - 4 хол;
- мақолаҳои дар махзани индекси иқтибосҳои илмии Россия - 6 хол;
- мақолаҳои дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 8 хол;
- мақолаҳои дар маҷаллаҳои тақризшавандаи байналмилалии илмии махзани ягонаи библиографӣ ва абстрактии адабиёти илмии таҳқиқшуда (ҒCOPUҒ ва Web of Ғcience) - 15 хол;
10) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зери роҳбарии довталаб ҳимоя намудани диссертатсияи номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисос ва доктори анъанавӣ:
- барои ҳар як докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) - 20 хол;
- барои ҳар як номзади илм - 20 хол;
- барои ҳар як доктори анъанавӣ - 50 хол;
11) барои таҳияи ҳар як видеолексия - 10 хол;
12) барои омода намудани донишҷӯёну магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос ба озмуну олимпиадаҳо, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол намудаанд:
- дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ (ҷойҳои 1, 2, 3)мувофиқан 40, 30, 20 хол;
- дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ (ҷойҳои 1, 2, 3)мувофиқан 50, 40, 25 хол;
13) барои ҳар як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дар истеҳсолот ҷорӣ намудани кори илмӣ, инноватсия, модели муфид, намунаи саноатӣ ва ихтироот бо нишон додани самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - 20 хол;
14) диплом, сертификат ва ифтихорномаҳое, ки дар натиҷаи таҳқиқоти илмӣ ба даст оварда шудааст:
- барои ҳар як дипломи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 10 хол;
- барои ҳар як сертификати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 8 хол;
- барои ҳар як ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 хол;
- барои ҳар як дипломи байналмилалӣ - 20 хол;
- барои ҳар як сертификати байналмилалӣ - 15 хол;
- барои ҳар як ифтихорномаи байналмилалӣ - 10 хол;
15) барои доштани ҳар як мукофоти соҳавӣ - 25 хол;
16) барои доштани ҳар як мукофоти давлатӣ - 40 хол;
17) барои иштирок дар чорабиниҳо (семинар, мизи мудаввар)и илмию педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ - 4 хол.
18. Маводи ба озмун барои омӯзгорон пешниҳодшуда дар шакли холгузорӣ аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ мешавад:
1) барои ҳар як навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ - 15 хол;
2) барои ҳар як нашри мақолаҳои илмию методӣ:

- мақолаҳо дар махзани индекси иқтибосҳои илмии Федератсияи Россия - 6 хол;

3) барои ҳар як модели муфид, намунаи саноатӣ, ихтироот ва натиҷаи эҷодии зеҳнии дигар, ки якҷо бо хонандагон аз рӯйи равия татбиқ шудааст:
- модели муфид - 10 хол;
- намунаи саноатӣ - 10 хол;
- патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20 хол;
- нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15 хол;
- патенти Авруосиё - 30 хол;
- патенти аврупоӣ - 40 хол;
- барои ҳар як ҳуҷҷати ҳифозатии натиҷаи эҷодии зеҳнии дигар - 20 хол;
4) барои донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, донишҳои соҳавӣ ва сатҳи забондонӣ - аз 10 то 30 хол;
5) барои ҳар як маводи таълимию методӣ ва китобҳои дарсии нашршуда - 25 хол;
6) барои маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ - аз 10 то 30 хол;
7) барои омода намудани ҳар як хонандагон аз рӯйи равия ба озмуну олимпиадаҳо, ки ҷойи ифтихориро ишғол намудаанд:

8) диплом, сертификат ва ифтихорномаҳое, ки вобаста ба фаъолияти илмӣ довталаб ба даст овардааст:
- барои ҳар як диплом, сертификат ва ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - мувофиқан 10, 8, 6 хол;
- барои ҳар як диплом, сертификат ва ифтихорномаи байналмилалӣ - мувофиқан 20, 15, 10 хол;
9) иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмию педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ - аз 10 то 30 хол";
- ба банди 24 баъд аз калимаи "диплом" калимаҳои "тибқи замимаи 3 ба Низомномаи мазкур" илова карда шаванд;
- замима дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замимаи 1);
- замимаҳои 2 ва 3 илова карда шаванд (замимаҳои 2 ва 3).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 июни соли 2023, № 294
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2023, №294
Замимаи 1
ба Низомномаи Ҷоизаи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
олимону омӯзгорони фанҳои
табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
Ҳуҷҷатҳои аз ҷониби олимон пешниҳодшаванда
Олиме, ки дар озмун ширкат меварзад, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро вобаста ба корҳои анҷомдодааш пешниҳод намояд:
1) нусхаи шиноснома;
2) варақаи шахсӣ бо тасдиқи ташкилоти ҷойи кор;
3) маълумотномаи фаъолияти илмӣ ва омӯзгорие, ки олим дар он фаъолият менамояд;
4) ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба доштани унвони илмии номзад, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисос ва доктори анъанавӣ;
5) акс бо андозаи 3х4 - 4 дона;
6) қарори шурои олимони ташкилот ё ҳайати мушовараи вазорату идорае, ки дар он олим кор мекунад, оид ба пешниҳод барои дарёфти Ҷоиза - 1 нусха;
7) рӯйхати ҳамаи корҳои илмии олим - 1 нусха;
8) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муаллифии модели муфид, намунаи саноатӣ ва ихтироот - 1 нусха;
9) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дар истеҳсолот ҷорӣ намудани кори илмӣ, инноватсия, модели муфид, намунаи саноатӣ ва ихтироот бо нишон додани самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва замимаи маводи тасдиқкунандаи чопӣ, сабтӣ, аёнӣ ва ғайра;
10) китоби дарсӣ, маводи таълимию методӣ ва монографияҳо;
11) нусхаи мақолаҳои илмию методӣ;
12) нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зери роҳбарии олим ҳимоя намудаи диссертатсияи номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисос ва доктори анъанавӣ;
13) нусхаи мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ;
14) нусхаи диплом, сертификат ва ифтихорномаҳои олим;
15) ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дастовардҳои олимро тибқи Низомномаи мазкур тасдиқ мекунанд ё олим ба озмун пешниҳод намудани онро зарур мешуморад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2023, №294
Замимаи 2
ба Низомномаи Ҷоизаи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
олимону омӯзгорони фанҳои
табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
Ҳуҷҷатҳои аз ҷониби омӯзгорон пешниҳодшаванда
Омӯзгоре, ки дар озмун ширкат меварзад, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро вобаста ба корҳои анҷомдодааш пешниҳод намояд:
1) варақаи шахсӣ;
2) нусхаи шиноснома;
3) акс бо андозаи 3х4 - 4 дона;
4) қарори шурои педагогии муассисае, ки дар он омӯзгор кор мекунад, оид ба пешниҳод барои дарёфти Ҷоиза - 1 нусха;
5) нусхаи маълумотнома оид ба дараҷаи тахассус;
6) рӯйхати мақолаҳои нашршудаи омӯзгор - 1 нусха;
7) нусхаи ҳуҷҷати аз рӯйи равия татбиқ шудани модели муфид, намунаи саноатӣ, ихтироот ва натиҷаи эҷодии зеҳнии дигар - 1 нусха;
8) нусхаи мақолаҳои илмию методӣ;
9) китоби дарсӣ ё маводи таълимию методӣ;
10) сенарияи дарси намунавӣ - 1 нусха;
11) ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дастовардҳои омӯзгорро тибқи Низомномаи мазкур тасдиқ мекунанд ё омӯзгор ба озмун пешниҳод намудани онро зарур мешуморад.
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2023, №294
Замимаи 3
ба Низомномаи Ҷоизаи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
олимону омӯзгорони фанҳои
табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
Намудани шакли дипломи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
Ниг. ба замима