Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №306
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 306 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 6 баъд аз калимаи "давлатӣ" калимаҳои "ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Низомномаи мазкур" илова карда шаванд;
- банди 6(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6(1). Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатии дорои мақоми байналмилалӣ ва филиалҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам ёфта, бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.";
- дар банди 69 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муҳлати таҳсили дараҷаи академикии бакалавр дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ барои ихтисосҳое, ки якҷо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дар асоси созишномаи дуҷониба ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян карда мешавад.";
- дар банди 119 баъд аз калимаи "истиснои" калимаҳо ва рақами "банди 69 ва" илова карда шаванд;
- дар банди 139 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатии дорои мақоми байналмилалӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.";
- дар банди 203 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ба фаъолияти молиявии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дахолат намудани вазорату идораҳо манъ аст."
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 июни соли 2023, № 292