ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАФТ ВА ГАЗ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 майи соли 2023, № 1010
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июни соли 2022, № 398
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафт ва газ" аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 212) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархатҳои дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- конденсати газ - омехтаи карбогидрадҳое, ки дар шароити ҳарорату фишори муқаррарӣ дар қабати замин ё ҳангоми истихроҷи конҳои гази табиӣ дар натиҷаи пастшавии фишор ва ҳарорати газ, ба ҳолати моеъ мубаддал мегарданд;
- гази табиии моеъ - гази табиие, ки ба таври сунъӣ барои осонии нигоҳдорӣ ва интиқол ба ҳолати моеъ табдил дода шудааст;
- талафоти технологӣ - талафоти барқарорнашавандаи нафт, газ, конденсати газ, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ, ки дар натиҷаи пайомадҳои хосиятҳои аввалии физикӣ ва химиявии он, таъсири омилҳои метеорологӣ ва дараҷаи такомули равандҳои технологии истифодашуда, воситаҳои техникӣ ва чорабиниҳои сарфаи нафт, газ, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ ҳангоми истихроҷ, ҷамъоварӣ, тайёркунӣ, коркард (истеҳсол), интиқол ва нигоҳдорӣ ба амал меоянд;".
2. Дар сархати сеюм ва нуҳуми моддаи 1, сархати ҳаштуми моддаи 5, сархати панҷуми қисми якуми моддаи 11, номи боби 4, ном ва матни моддаи 12, ном, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 13, ном ва қисмҳои 1, 2, 3, 4 моддаи 14, номи боби 5, ном ва матни моддаи 15, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 16, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 17 калимаҳои "қубурҳои", "қубурҳо", "қубури", "қубур", "қубурҳои", "ҚУБУРҲОИ" мувофиқан ба калимаҳои "лӯлаҳои", "лӯлаҳо", "лӯлаи", "лӯла", "лӯлаҳои", "ЛӯЛАҲОИ" иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Дар сархати шашуми моддаи 5 ва матни моддаи 12 калимаи "қаламрави" мувофиқан ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
5. Сархатҳои дуюм ва нуҳуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, интиқол, нигоҳдорӣ ва муомилоти маҳсулоти нафт ва газ";
"- дигар салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.".
6. Моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) аз инҳо иборатанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, интиқол, нигоҳдорӣ ва муомилоти маҳсулоти нафт ва газ;
- таҳия ва тасдиқ намудани санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрию методӣ, стандартҳо ва маводи дастурӣ;
- додани иҷозатнома барои истеҳсол, коркард, истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо тибқи қонунгузории соҳаи иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқа намудани лоиҳаҳо, нақшаҳо ва ҳисоботҳо оид ба корҳои омӯзишии геологӣ, иктишофӣ, тадқиқотӣ, геофизикии сохторҳо ва майдонҳои нафту газ, истихроҷ ва коркарди конҳои нафт, конденсати газ ва гази табиӣ, низоми технологӣ, сохтмони иншооти пармакунии чоҳҳо, барҳамдиҳӣ, боздошт, муваққатан хобондани конҳо ва чоҳҳои нафту газ, коркарди нафту газ ва истифодабарии маҳсулоти истеҳсолшаванда, воридоту содироти маҳсулоти нафт ва гази табиии моеъ;
- таҳия ва тасдиқ намудани дастурамал оид ба муайян намудани талафоти табиии маҳсулоти нафтӣ, гази табиии моеъ ва табиӣ ҳангоми интиқол, қабул, нигоҳдорӣ ва фурӯши он, меъёр ва тарзи ҳисобкунии ҳаҷми нафт, газ ва конденсати газ ҳангоми истихроҷ, маблағи зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани талабот оид ба истифодабарии мақсадноки конҳои нафт ва газ расонида шудааст, гузаронидани чоҳҳои нафтӣ, газӣ, интиқолӣ ва назоратӣ ба дигар уфуқҳо, талафоти технологии нафт, газ ва конденсати газ ҳангоми истихроҷ;
- таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳо оид ба тартиби барҳамдиҳӣ ва боздошти фаъолияти чоҳҳои нафтӣ ва газӣ;
- муайян намудани қоидаҳои коркарди (истихроҷи) конҳои нафт, газ ва конденсати газ;
- ташкил ва гузаронидани ташхиси лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои шартномавӣ ва бақайдгирии онҳо;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи солона оид ба рафти иҷрои шартномаҳо, конҳои нафт ва газ, рӯйхати иштироккунандагони озмун барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин, инчунин ҳайати комиссия ва Низомнома оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани ҳуқуқи истифодабарии майдонҳои ояндадори конҳои нафт ва газ;
- тасдиқ намудани дастурамал оид ба муайян намудани талафоти нафт, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ дар корхонаҳои коркарди нафт ва газ;
- мувофиқа намудани барномаи иҷрои чораҳо барои гузаронидани корҳои иктишофи сейсмикӣ ва ҷустуҷӯӣ бо мақомоти давлатии дахлдор;
- мувофиқа кардани тағйирот ба барномаи солонаи корҳо, ки аз тарафи иҷозатномадорон пешниҳод гардидааст;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯйи қитъаҳои қаъри замини дорои аҳамияти стратегӣ (нафт зиёда аз 2 миллион тонна ва газ зиёда аз 1 миллиард метри мукааб);
- таъмини истифодабарии мақсаднок ва самараноки қитъаи қаъри замини аҳамияти стратегидошта;
- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.".
7. Дар қисми 2 моддаи 13 калимаҳои "мақоми давлатии дахлдор муайян ва" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 22 июни соли 2023, № 1981
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О НЕФТИ И ГАЗЕ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 24 мая 2023 года, №1010
Одобрить Постановлением ММ МОРТ
от 16 июня 2023 года, №398
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О нефти и газе" от 18 марта 2015 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2015 год, №3, ст.212) следующие изменения и дополнения:
1. Статью 1 дополнить абзацами двенадцатым, тринадцатым и четырнадцатым следующего содержания:
"- газовый конденсат - смесь углеводородов, находящиеся при нормальных условиях температуры и давления в газообразном состоянии и переходящие в жидкое состояние без сжатия при соответствующем снижения давления и температуры;
- сжиженный природный газ - природный газ, искусственно переведенный в жидкое состояние для удобства хранения и транспортировки;
- технологические потери - необратимые потери нефти, газа, нефтепродуктов и сжиженного природного газа, которые происходят в результате последствий их первичных физико-химических свойств, влияния метеорологических факторов и степени усовершенствования применяемых технологических процессов, технических средств и мероприятий по экономии нефти, газа, нефтепродуктов и сжиженного природного газа при добыче, сборе, подготовке, переработке (производстве), транспортировании и хранении;".
5. Абзацы второй и девятый статьи 5 изложить в следующей редакции:
"- утверждение нормативных правовых актов, нормативно-технических актов в области проектирования, разведки, открытия, добычи, перевозки, хранения и оборота газа и нефтепродуктов;".
- иные полномочия, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан".
6. Статью 6 изложить в следующей редакции:
"Статья 6. Полномочия уполномоченного государственного органа в области нефти и газа
К полномочиям государственного уполномоченного органа в области нефти и газа (далее - государственный уполномоченный орган) относятся:
- реализация государственной политики в области нефти и газа;
- представление проектов нормативных правовых актов, нормативнотехнических актов в области проектирования, разведки, открытия, добычи, перевозки, хранения и оборота газа и нефтепродуктов Правительству Республики Таджикистан для утверждения;
- разработка и утверждение отраслевых нормативных правовых актов, нормативно-методических актов, стандартов и методических материалов;
- выдача лицензии на добычу, переработку, использование сетей нефтегазового хозяйства, хранение и реализацию нефти и газа и продуктов их переработки в соответствии с законодательством Республики Таджикистан в области лицензировании";
- согласование проектов, планов и отчетов по геологическому изучению, разведке, изысканиям, геофизическим структурам и нефтегазовым месторождениям, добыче и переработке залежей нефти, газового конденсата и природного газа, технологического режима, строительства объектов бурения скважин, ликвидации, приостановка, временное консервирование нефтегазовых месторождений и скважин, переработка нефти и газа, использование произведенной продукции, импорт и экспорт продуктов нефти и сжиженного природного газа;
- разработка и утверждение инструкции по определению естественных потерь нефтепродуктов, продуктов сжиженного природного газа и природного газа при транпортировке, приёме, хранении и реализации, нормы и методы подсчета объема нефти газа и газового конденсата при производстве, сумма ущерба, приченненого в результате несоблюдения требований по целевому использованию нефтегазовых месторождений, проведение в других направлений нефтегазовых и контрольных скважин, технологические потери нефти, газа и газового конденсата при добыче;
- разработка и утверждение правил о порядке ликвидации и приостановления деятельности нефтегазовых скважин;
- определение правил по переработке (добыче) нефтегазовых скважин и газового конденсата;
- организация и проведение экспертизы проектов договорных актов и их регистрация;
- представление Правительству Республики Таджикистан ежегодный отчет о ходе исполнения контрактов, месторождений нефти и газа, список участников конкурса на получение права пользования недрами, а также состав комиссии и Положение о порядке проведения конкурса на предоставление права пользования перспективными месторождениями нефти и газа;
- утверждение инструкций по потерям нефти, нефтепродуктов и сжиженного природного газа на нефти и газоперерабатывающих предприятиях;
- согласование программы реализации мероприятий по проведению сейсморазведочных и поисковых работ с соответствующими государственными органами;
- согласование изменений в годовую программу работ, которые были предложены лицензиатами;
- представление Правительству Республики Таджикистан перечень участков недр, имеющих стратегическое значение (нефть более 2 миллионов тонн и газа более 1 миллиарда кубометров);
- обеспечение целевого и эффективного использования недр, имеющих стратегическое значение;
- иные полномочия, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.".
7. В части 2 статьи 13 слова "определяется и" исключить, слова "соответствующим государственным уполномоченным органом" заменить словами "законодательством Республики Таджикистан".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
22 июня 2023 года, №1981