Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 1 июни соли 2023, № 244

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июни соли 2023, № 244

Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд-Барнома) бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани шумораи аҳолӣ ба фаъолияти волонтёрӣ таҳия карда шудааст.

2. Барнома дурнамо барои давраи панҷ соли оянда буда, самтҳои асосии фаъолияти волонтёриро бо мақсади ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа муайян менамояд.

3. Амалисозии Барнома барои дастгирӣ, инчунин бартараф ва ҳалли мушкилоту ниёзҳои ҷамъиятию давлатӣ, инчунин рушди устувори иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ имкони муносиб медиҳад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

4. Имрӯз фаъолияти волонтёрӣ аз рӯйи намуди кумакрасонӣ дастрас ва васеъ истифода мегардад.

5. Самтҳои фаъолияти волонтёрӣ гуногун буда, дар бисёр кишварҳо ба таври хос ба роҳ монда шудаанд, вале дар баробари ин, самтҳои муайяни фаъолияти волонтёрӣ дар тамоми ҷаҳон дар як шакл истифода мегарданд, ки чунин намудҳои фаъолият асосан ба самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рабт дода мешавад.

6. Дар шароити муосир фаъолияти волонтёрӣ на танҳо амали хайрхоҳӣ аст, балки соҳаи таҳкимбахшии дониш ва малакаи кории касбӣ ва таҷрибаомӯзӣ мебошад.

7. Умуман, суръати ҳаракати волонтёрӣ дар раванди афзоишёбӣ қарор дорад. Соли 1987 теъдоди умумии волонтёрон дар ҷаҳон 80 миллион нафарро ташкил дода, айни ҳол бошад, ба 1 миллиард нафар расидааст.

8. Фаъолияти волонтёрӣ ин майдони оғози рушди касбии ҷавонон аст, ки робитаи онҳоро ба ҷомеа тавсеа медиҳад. Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем, пас дар он низ бо фаъолияти волонтёрӣ зиёд вомехчрем. Дар гузашта миёни мардуми мо шаклҳои ҳаракати волонтёрӣ, ба мисли "ҳашар" вуҷуд дошт. Кумак расонидан ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ аз қадим ба нафъи мардум буд, ки тавассути ин амалҳо бо роҳи ҳашар хона месохтанд, пулҳо бунёд менамуданд, дасти ҳамдигар мегирифтанд ва дигар мушкилоти худро бартараф мекарданд.

9. Дар Тоҷикистон миёни ҷавонон аввалин маротиба ҳаракати волонтёрӣ фаъолияти худро соли 2000-ум шурчъ намуд. Ташаббуси аввали онҳо ба пешбурди тарзи ҳаёти солими ҷавонон равона шуда буд.

10. Дар муддати 30 соли соҳибистиқлолии кишвар, танҳо як санади меъёрии ҳуқуқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ" қабул гардидааст, ки ба рушди соҳаи фаъолияти волонтёрӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ҳалли масъалаҳо дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ равона гардидаааст.

11. Айни замон, зиёда аз 10 ҳазор волонтёрон фаъолияти хешро мунтазам ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ, иштирок дар идоракунии давлатӣ ва чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва ғайра равона месозанд.

12. Танҳо дар солҳои 2019-2020 бо ҷалби волонтёрон 11297 чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва амалҳои хайриявӣ бо фарогирии 110 939 ҷавонон гузаронида шудааст.

13. Тақвияти фаъолияти волонтёриро ба хотири иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонон ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, корҳои тозагиву созандагӣ, кумак ба шахсони ниёзманду пиронсолон дар шароити муосир афзал шуморида, ин тадбирҳо барои худи волонтёрон мактаби муҳимми худташаккулёбӣ мебошад.

14. Дар шароити муосир самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ инҳоянд:

- дастгирии иҷтимоӣ;

- ҳифзи муҳити зист;

- тандурустӣ;

- маориф;

- фарҳанг;

- сайёҳӣ;

- тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон;

- ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ;

- пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии шаҳрвандон;

- ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ;

- воситаҳои ахбори омма.

3. ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА САМТҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

15. Ҳадафи асосии Барнома ин васеъ намудани имкониятҳои худташаккулёбии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохторӣ барои иштироки ташкилотҳои волонтёрӣ ва волонтёрон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, инчунин эътирофи фаъолияти волонтёрӣ аз ҷониби ҷомеа ба ҳисоб меравад.

16. Барои ноил шудан ба ҳадафи мазкур вазифаҳои зерин дар Барнома пешбинӣ шудаанд:

- фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки мустақилона ва фаъолонаи инсон дар ҳаёти ҷомеа, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;

- таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои рушди фаъолияти волонтёрӣ;

- ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти волонтёрӣ ва дастгирии онҳо;

- муттаҳид намудани шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда;

- андешидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии волонтёрон ва ташкилотҳои волонтёрӣ;

- ташаккули мавқеи фаъоли шахси ба фаъолияти волонтёрӣ машғулбуда дар ҷомеа.

17. Самтҳои асосии Барнома инҳоянд:

- такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти рушди фаъолияти волонтёрӣ;

- рушди инфрасохтор барои дастгирӣ ва амалисозии фаъолияти волонтёрӣ;

- таҳияи механизмҳои дастгирии маърифатии фаъолияти волонтёрӣ;

- амалисозии чораҳо оид ба эътироф ва қадрдонии фаъолияти волонтёрӣ;

- ташаккули фаъолияти волонтёрии гуруҳҳои гуногуни аҳолӣ;

- мусоидат дар амалисозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ;

- мусоидат дар рушди ҳамкориҳои байналмилалии фаъолияти волонтёрӣ;

- мониторинги рушди фаъолияти волонтёрӣ.

4. МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

18. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ ташкил, ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва назорати корҳоро оид ба амалисозии Барнома амалӣ менамояд.

19. Амалисозии Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба роҳ монда мешавад.

20. Барнома дар сатҳи маҳалҳо бо дар назар доштани ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосӣ ва Нақшаи амали Барнома мутобиқ ба шароити маҳал таъмин карда мешавад.

5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА

21. Мониторинг ва арзёбии Барнома бо мақсади таъмини раванди мустақил ва шаффофи амалисозии самараноки чорабиниҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Барнома анҷом меёбад.

22. Мониторинг ва арзёбии Барнома бо роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти волонтёрӣ амалӣ мегардад.

6. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА

23. Ҳаҷми умумии маблағгузории Барнома 3 миллиону 930 ҳазор сомонӣ буда, аз он 3 миллиону 445 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 485 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил медиҳад.

24. Натиҷаҳои чашмдошти Барнома аз инҳо иборатанд:

- ба шаҳрвандон барои иштирок дар фаъолияти волонтёрӣ шароит фароҳам оварда шуда, имкониятҳои худташаккулёбии онҳо васеъ мегарданд;

- шумораи шахсоне, ки ба фаъолияти волонтёрӣ машғуланд, зиёд мегардад;

- доираи ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ васеъ мегардад;

- иштироки волонтёрон аз гурчҳҳои гуногуни аҳолӣ оид ба расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ зиёд мегардад;

- саҳми ташкилотҳои фаъолияти волонтёрӣ дар иҷрои вазифаҳои муҳимми иҷтимоӣ зиёд мегардад;

- дастгирии фаъолияти волонтёрӣ дар ҷомеа зиёд мегардад.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

25. Барнома дар давраи солҳои 2023-2027 тавассути 3 марҳила бо қабули Нақшаи амали он ва бо дар назар доштани натиҷагириҳои миёнамуҳлати раванди амалишавии мақсадҳои болозикр, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июни соли 2023, № 244

Нақшаи амали марҳилаи якуми (соли 2023) Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

Ниг. ба Замима