Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, № 244 "Дар бораи Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ" ва моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали марҳилаи якуми (соли 2023) Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, оид ба иҷрои онҳо ҳар сол то 15 ноябр ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 20 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 1 июни соли 2023, № 244