ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2023, №1581 "Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 июни соли 2023, № 236
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2023, №236
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2023, №1581 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, баррасӣ карда, оид ба моддаи 1 пешниҳоди зеринро манзур менамояд:
1. Дар қисми 1 ҷобаҷогузории сархатҳои бисту шашум, бисту ҳаштум, бисту нуҳум ва сиюми дар таҳрири нав ифодашавандаи моддаи 1 дар иртибот бо ҷобаҷогузории сархатҳои моддаи 1 Кодекси мазкур, ки мутобиқи алифбои забони тоҷикӣ сурат гирифтааст, таҷдид карда шаванд. Ҳамзамон ба инобат гирифта шавад, ки мафҳум ва истилоҳоти пешбинишуда дар матн ба таври гуногун истифода карда шудаанд.
2. Қисми 2 хориҷ карда шавад, зеро мафҳуми "қонунгузорӣ" васеъ буда, дар як вақт санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуниро дар бар мегирад.
3. Қисмҳои 4 ва 5 дар иртибот бо муқаррароти моддаи 4 Кодекси мазкур хориҷ карда шаванд.
4. Оид ба қисми 6:
1) матни моддаи 96 дар иртибот бо номи он таҷдиди назар карда шавад, зеро аксарияти муқаррароти он ба масъалаҳои сиёсат ва назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва дигар масъалаҳои ҷузъии танзими давлатӣ алоқаманд мебошанд;
2) матни моддаи 97 дар иртибот бо номи модда таҷдид карда шавад, зеро он танҳо маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамояд. Ҳамзамон муқаррароти моддаи 97 Кодекси мазкур сода, равону фаҳмо ва мухтасар ифода гардида, дар таҳрири нав пешбинӣ намудани он зарурат надорад;
3) оид ба моддаи 99:
- қисми муқаддимавӣ аз лиҳози мазмун коста таҳия гардида, таҷдид карда шавад;
- сархати панҷум мушаххас карда шавад, зеро ҳангоми қабули санади дахлдор ва амалӣ намудани он мушкилотро ба миён меорад;
4) моддаҳои 100 ва 100(1) дар иртибот бо номи онҳо таҷдид карда шаванд. Зеро моддаҳои мазкур танзими муносибатҳои шабеҳро муқаррар намуда, дар як вақт талабот ва маҳдудиятҳои пешбинигардида омехта карда шудаанд;
5) оид ба моддаи 101:
- қисми 1 хориҷ карда шавад, зеро он ба таври умумӣ бо ҳавола ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ ифода гардида, мавзуи танзими боби мазкур намебошад. Ҳамзамон барои иҷрои уҳдадориҳое, ки бо дигар санадҳо пешбинӣ гардидаанд, дастури иловагӣ талаб карда намешавад;
- қисмҳои 2 ва 3 аз лиҳози мазмун ва моҳият ба ҳам наздик буда, муттаҳид карда шаванд. Ҳамзамон дар баробари муқаррар намудани уҳдадорӣ ҳуқуқҳои муассисаҳо ва кормандони тиб низ пешбинӣ карда шаванд;
6) дар қисми 8 калимаи "муқарраргардидаи" ба калимаи "муқарраргардида" иваз карда шавад.
Ҳамзамон дар матн хатоҳои зиёди имлоӣ, грамматикӣ ва мазмунӣ ҷой дошта, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, аз ҷумла ягонагии истифодаи истилоҳот риоя нагардида, дар маҷмуъ матни лоиҳаи Қонун коста ва душворфаҳм мебошад.
Бо дар назар доштани гуфтаҳои боло лоиҳа дар шакли пешниҳодгардида қобили қабул набуда, мувофиқи мақсад аст, ки он дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор такмил дода, тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод карда шавад.