ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии "Ҷелондӣ"
Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои воқеъ дар деҳаи Ҷелондии деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон Корхонаи воҳиди давлатии "Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии "Ҷелондӣ" таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии "Ҷелондӣ"-ро ҳал намояд.
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Ба замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати ҳаштоду нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Корхонаи воҳиди давлатии "Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии "Ҷелондӣ"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 майи соли 2023, № 220