ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис дода шавад.
2. Шумораи умумии воҳидҳои штатии Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо теъдоди 50 воҳиди корӣ (бо дарназардошти ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ), аз ҷумла 32 воҳиди кории амалкунандаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" муқаррар карда шуда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда шавад.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ҳал намояд.
4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро барои соли 2023 дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" таъмин намуда, ба ин мақсад дар солҳои минбаъда бо тартиби муқарраргардида маблағҳои заруриро дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намоянд.
5. Лимити автомобилҳои хизматӣ барои Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба миқдори 2 адад муқаррар гардида, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" харидорӣ карда шавад.
6. Ба замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино".
7. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 майи соли 2023, № 219