ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси корхонаҳои воҳиди давлатии "Маркази таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо" ва "Гурӯҳи ҷангалсозии Тоҷик"
Мутобиқи моддаҳои 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаҳои воҳиди давлатии "Маркази таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо" ва "Гурӯҳи ҷангалсозии Тоҷик" таъсис дода шаванд.
2. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии корхонаҳои воҳиди давлатии "Маркази таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо" ва "Гурӯҳи ҷангалсозии Тоҷик"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.
3. Ба замимаи 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №132 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархатҳои панҷоҳу дуюм ва панҷоҳу сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо"
Корхонаи воҳиди давлатии "Гурӯҳи ҷангалсозии Тоҷик"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 майи соли 2023, № 218
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О создании государственных унитарных предприятий "Центр разработки и реализации проектов" и "Таджикская лесоустроительная группа"
В соответствии со статьей 125 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О государственных предприятиях" и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать государственные унитарные предприятия "Центр разработки и реализации проектов" и "Таджикская лесоустроительная группа".
2. Агентству лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан решить организационно-правовые и финансовые вопросы государственных унитарных предприятий "Центр разработки и реализации проектов" и "Таджикская лесоустроительная группа" в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
3. Дополнить приложение 3 постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2014 года, №132 "Об Агентстве лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан" абзацами пятьдесят вторым и пятьдесят третьим следующего содержания:
"Государственное унитарное предприятие "Центр разработки и реализации проектов"
Государственное унитарное предприятие "Таджикская лесоустроительная группа"".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 29 мая 2023 года №218