Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2023, № 215 "Дар бораи Номгӯйи гурӯҳи моли бо шарти пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан воридшаванда, инчунин шартҳои чунин озодкунӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯйи гурӯҳи моли бо шарти пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан воридшаванда, инчунин шартҳои чунин озодкунӣ

Мутобиқи қисми 1 моддаи 212 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯйи гурӯҳи моли бо шарти пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан воридшаванда, инчунин шартҳои чунин озодкунӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1999, №355 "Дар бораи тасдиқи Номгӯйи ҳолатҳои пурра озод кардани мол ва воситаҳои нақлиёти муваққатан воридшаванда (содиршаванда) аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 майи соли 2023, № 215