Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 189

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2023, № 189

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2023, № 189

тасдиқ шудааст

Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) андоза, таъин ва пардохти ҳармоҳаро ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2. Пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади муқаррар намудани кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, интихоби номзадҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ва риояи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиши касбӣ таҳия гардидааст.

2. МЕЪЁРҲОИ ТАЛАБОТ ВА АНДОЗАИ ПАРДОХТИ МОДДИИ МОҲОНАИ ЯКУМРА БА ҒОЛИБОН ВА ҶОИЗАДОРОНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ, ПАРАЛИМПӢ ВА СУРДЛИМПӢ

3. Андозаи пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои варзишии нишондодаи варзишгарон муқаррар карда шуда, ба гирандагону ҷоизадорон ҳар моҳ пардохт карда мешавад.

4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ муқаррар карда мешавад:

- дар намудҳои инфиродӣ ва даставии намудҳои олимпии варзиш, ки дар чор сол як маротиба байни варзишгарони панҷ қитъаи ҷаҳон таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ гузаронда мешаванд, бо 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҷойи якум, 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҷойи дуюм ва 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҷойи сеюм;

- дар мусобиқаҳои байналмилалии зимистона ва тобистонаи намудҳои паралимпӣ, ки дар чор сол як маротиба байни варзишгарони маъюби бо осеби аъзои такяву ҳаракаткунанда ва аъзои босира таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии паралимпӣ гузаронда мешаванд, бо 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҷойи якум, 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҷойи дуюм ва 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҷойи сеюм;

- дар мусобиқаҳои байналмилалии зимистона ва тобистонаи намудҳои сурдлимпӣ, ки байни варзишагарони маъюб бо иллати аъзои сомеа (шунавоӣ) гузаронда мешаванд, бо 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҷойи якум, 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҷойи дуюм ва 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҷойи сеюм.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" апреля 2023 года, №189

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" апреля 2023 года, №189

Порядок ежемесячной пожизненной материальной выплаты победителям и призерам олимпийских, паралимпийских и сурдлимпийских игр в Республике Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок ежемесячной пожизненной материальной выплаты победителям и призерам олимпийских, паралимпийских и сурдлимпийских игр в Республике Таджикистан (далее - Порядок) определяет размер, назначение и выплату ежемесячных денежных выплат победителям и призерам олимпийских, паралимпийских и сурдлимпийских игр в Республике Таджикистан.

2. Ежемесячная пожизненная материальная выплата победителям и призерам олимпийских, паралимпийских и сурдлимпийских игр в Республике Таджикистан разработана на основе Закона Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте" и иных нормативных правовых актов в целях установления гарантии государственной прав граждан в сфере физической культуры и спорта, отбора кандидатов для участия в спортивных соревнованиях международного уровня и соблюдения международных обязательств Республики Таджикистан в области профессионального спорта.

2. НОРМЫ ТРЕБОВАНИЙ И РАЗМЕР ЕЖЕМЕСЯЧНОЙ ПОЖИЗНЕННОЙ МАТЕРИАЛЬНОЙ ВЫПЛАТЫ ПОБЕДИТЕЛЯМ И ПРИЗЕРАМ ОЛИМПИЙСКИХ, ПАРАЛИМПИЙСКИХ И СУРДЛИМПИЙСКИХ ИГР

3. Размер ежемесячной пожизненной материальной выплаты победителям и призерам олимпийских, паралимпийских и сурдлимпийских игр в Республике Таджикистан определяется в зависимости от спортивных результатов спортсменов и выплачивается получателям и призерам ежемесячно.

4. В Республике Таджикистан ежемесячная пожизненная материальная выплата устанавливается победителям и призерам олимпийских, паралимпийских и сурдлимпийских игр в Республике Таджикистан:

- в индивидуальных и командных олимпийских видах спорта, проводимых один раз в четыре года среди спортсменов пяти континентов под эгидой Международного олимпийского комитета по 50 показателей для расчетов за первое место, 30 показателей для расчетов за второе место и 20 показателей для расчетов за третье место;

- в паралимпийских видах спорта в составе международных зимних и летних соревнований, проводимые один раз в четыре года между спортсменами-инвалидами с травмами конечностей и зрячими участниками под эгидой Международного паралимпийского комитета по 50 показателей для расчетов за первое место, 30 показателей для расчетов за второе место и 20 показателей для расчетов за третье место;

- в сурдлимпийских видах спорта в международных зимних и летних соревнованиях, проводимых среди спортсменов-инвалидов с нарушением слуха по 50 показателей для расчетов за первое место, 30 показателей для расчетов за второе место и 20 показателей для расчетов за третье место.

...