Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2023, № 188
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024
№ 574)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) қоидаҳои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ), инчунин тартиби тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии мазкур дар асоси озмун, ҳамкорию вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилот, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони дар имтиҳонҳои мазкур ҷалбшуда ва иштироккунандаро муайян менамояд.
2. Иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ихтиёрӣ ва хизматрасонӣ дар ин имтиҳонҳо ба довталабон пулакӣ мебошад.
3. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:
- азнавбақайдгирӣ - бақайдгирии расмии такрории довталаб, ки ихтиёран бо мақсади тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсияш ё иштироки ӯ дар тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад;
- бақайдгиранда - шахси масъул барои номнавис кардани довталабон дар истгоҳи кории ба ӯ вобаста дар нуқтаи бақайдгирӣ ё маркази имтиҳонӣ;
- бақайдгирӣ - қайди расмии шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо мақсади дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ анҷом дода мешавад;
- бал - натиҷаи ниҳоии аз ҳар субтест, имтиҳони эҷодӣ ва ё маҳорати махсус (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар сурати супоридани чунин имтиҳонҳо) бадастовардаи довталаб, ки бо роҳи миқёсгузории холҳои соҳибшудааш ҳисоб карда мешавад;
- балли гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос - балли умумие, ки бо ҷамъ кардани балҳои аз субтестҳо ва (ё) қисм (қисмҳо)-и дахлдор ва балли аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил гардидааст. Балли гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад;
- барномаи имтиҳон - ҳуҷҷате, ки дар он сохтору мундариҷаи имтиҳон аз фан (фанҳо)-и таълимии мушаххас, талабот нисбат ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи довталабон, мақсади имтиҳон ва мушаххасот (матритса)-и тест ифода ёфта, намунаи варақаи ҷавобҳои тесту иттилооти зарурии дигар - навъ, шакл ва миқдори саволу масъалаҳои тестӣ ва меъёри баҳогузорӣ ба онҳо, вақти барои иҷрои тест ҷудошуда дарҷ мегардад;
- бартарӣ (афзалият)-и комбинатсияи ихтисос - рақами тартибии комбинатсияи ихтисос аз рӯйи дараҷаи аҳаммияташ (авлавияташ) барои довталаб дар варақаи бақайдгирӣ (аз якум то охирин);
- варақаи бақайдгирӣ - ҳуҷҷати расмие, ки дар он маълумоти шахсии довталаб, гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсия (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и интихобкардаи довталаб, макон ва забони имтиҳонсупорӣ, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба ҳуҷраи инфиродӣ ва ғайра дарҷ гардида, байни довталаб ва Марказ ба имзо расидааст ва он ҳуқуқи довталабро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тасдиқ мекунад;
- варақаи ҷавобҳо - варақаи махсуси барои компютер хоно, ки дар он довталаб ҷавобҳои саволу масъалаҳои тестиро тибқи қоидаҳои муқарраргардида қайд мекунад ва холҳои дар имтиҳон бадастовардаи ӯ аз рӯйи ин варақа ҳисоб карда мешавад;
- гурӯҳи ихтисосҳо - маҷмуи ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи онҳо таълим дода мешавад ва дар доираи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи равияҳои таълим ва бо дар назар доштани талабот барои қабул (сатҳи азхудкунии барномаи таълимии фанни мушаххас) дар гурӯҳҳо муттаҳид карда шудаанд;
- даври асосӣ (минбаъд - якум)-и имтиҳонҳо - давраи имтиҳонсупорӣ барои довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ танҳо номнавис шудаанд ё дар ҳамин давра бақайдгирӣ ва азнавбақайдгириро гузаштаанд;
- даври дуюми имтиҳонҳо - давраи имтиҳонсупорӣ барои довталабоне, ки дар даври якум - асосии имтиҳонҳо иштирок карда натавонистаанд ва довталабоне, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ ё давраи дуюми бақайдгирӣ номнавис шудаанд;
- дастури иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ - роҳнамоӣ, ки тартиби баргузории имтиҳон, навъҳо, шаклҳо ва миқдори саволу масъалаҳои тестӣ дар ҳар яке аз субтестҳои пешниҳодшуда, вақти ҷудошуда барои иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ ва қоидаҳои пур кардани варақаи ҷавобҳо ва ғайраро мефаҳмонад ва довталабон бояд дар имтиҳон тибқи он амал кунад;
- довталаб - шахсе, ки хоҳиши дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба қайд гирифта шудааст;
- ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ - шахси дуюми масъул пас аз роҳбари маркази имтиҳонӣ барои ташкилу баргузории имтиҳон дар маркази имтиҳонии ба ӯ вобаста, ки дар зарурат метавонад роҳбари маркази имтиҳониро иваз намояд;
- ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ - шахси дуюми масъул пас аз роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ барои ташкилу идораи раванди номнависии довталабон дар нуқтаи бақайдгирии ба ӯ вобаста, инчунин ба қайд гирифтани довталабон, ки дар зарурат метавонад роҳбари нуқтаи бақайдгириро иваз намояд;
- имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (минбаъд - қисми А)- имтиҳон барои муайян намудани сатҳи дониш ва маҳорати довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбӣ аз рӯйи самтҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои интихобшуда барои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумӣ;
- имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (минбаъд - қисми Б) - имтиҳон барои муайян намудани сатҳи дониш ва маҳорати довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ аз рӯйи самтҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои интихобшуда барои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ;
- имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (минбаъд - қисми В)- имтиҳонҳо бо мақсади санҷидани қобилияти эҷодӣ ва (ё) малакаю маҳорати махсуси довталаб ва лаёқати ӯ барои аз худ намудани ихтисос (ихтисосҳо)-и дахлдор дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ё таҳсилоти умумӣ;
- имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (минбаъд - қисми Г)- имтиҳонҳое, ки онҳоро довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбии ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва (ё) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳодкардаро интихобнамуда дар баробари қисми А месупоранд;
- истгоҳи корӣ - маҷмуи таҷҳизоти махсус ва барномаи компютерӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ, ки ҳар бақайдгиранда барои номнависии электронии довталабон аз онҳо истифода менамояд;
- китобчаи тест - маҷмуи саволу масъалаҳои тестӣ, ки вобаста аз фан (фанҳо)-и таълимии дахлдор аз рӯйи субтестҳо муттаҳид гардидаанд;
- комбинатсияи ихтисос - ихтисоси интихобшуда бо дар назар доштани муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбие, ки ихтисоси мазкур дар он таълим дода мешавад, шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона ё фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон ё пулакӣ) тибқи нақшаи қабули донишҷӯён пешбинишуда;
- қисм - бахши таркибии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ;
- маркази имтиҳонӣ - бинои муассисаи таълимии дорои зерсохтори ташкилию техникии мувофиқ ва ҳайати хизматрасон, ки барои баргузории имтиҳонҳо интихоб ва омода шудааст;
- маъмури имтиҳон - шахси масъул барои баргузории имтиҳон дар синфхонаи имтиҳонии ба ӯ вобаста;
- маъмури калон - шахси масъул барои назорати раванди имтиҳон дар синфхонаҳои имтиҳонии ба ӯ вобаста, инчунин роҳнамоӣ кардани довталабон то синфхонаҳо ва ҷобаҷокунӣ дар онҳо;
- миқёсгузорӣ - раванди баргардондани холҳо ба балҳо, ки пас аз коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон ва ҳисоби шумораи холҳои бадастовардаи ҳар яки онҳо бо усули муайянкардаи Марказ ба роҳ монда мешавад;
- нуқтаи бақайдгирӣ - бинои муассисаи таълимии дорои зерсохтори ташкилию техникии мувофиқ ва ҳайати хизматрасон, ки барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ интихоб ва омода шудааст;
- пардохткунанда - шахси воқеие, ки маблағи барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муқарраршударо пардохт мекунад;
- махзани маълумоти довталабон - маълумот дар бораи довталабони барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бақайдгирифташуда, ки тибқи қоидаҳои муайяни таҳия, нигаҳдорӣ ва истифода мураттаб карда шуда, танҳо барои ташкил, омодасозӣ ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, коркард ва таҳлили натиҷаҳои онҳо истифода мешавад;
- роҳбари маркази имтиҳонӣ - шахси масъул барои ташкилу баргузории имтиҳон дар маркази имтиҳонии ба ӯ вобаста;
- роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ - шахси масъул барои ташкилу идора ва назорати раванди бақайдгирӣ дар нуқтаи бақайдгирии ба ӯ вобаста;
- субтест - қисми таркибии имтиҳон барои муайян кардани сатҳи дониш ва малакаю маҳорати довталабон аз як ё ду фанни таълимии мушаххас;
- тест - абзори бамеъёрдаровардашудаи арзёбии воқеии дастовардҳои таҳсилӣ (дониш ва малакаю маҳорат)-и довталабон;
- хол - натиҷаи пешакӣ (аввалия)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз рӯйи ҷамъи шумораи ҷавобҳои дурусти довталаб ба саволу масъалаҳо аз ҳар субтест, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳои он аз миқдор, навъ ва шаклҳои саволу масъалаҳои тестии дар он пешниҳодшаванда вобаста мебошад;
- холи гузариш - шумораи ҳадди ақалли холҳо аз ҳар субтест дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо, имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар сурати супоридани чунин имтиҳонҳо), ки барои роҳ ёфтан ба тақсимот онҳоро ба даст овардани довталаб зарур аст;
- ҳуҷраи инфиродӣ - фазои шахсии барои довталаб дар заминаи сомонаи расмии Марказ ҷудошуда, ки ба он марҳила ба марҳила ҳамаи маълумоти барояш зарурӣ гузошта шуда, замони муайяне дар он нигоҳ дошта мешавад.
4. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ низоми ба таври мутамарказ баргузор намудани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи шаклу усули муосири арзёбии дониш ва маҳорату малака, инчунин техникаю технологияҳои пешрафта тибқи равандҳои стандартишудаи баргузории имтиҳонҳо, коркард, таҳлил ва пешниҳоди натиҷаҳо мебошад.
5. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар асоси принсипҳои воқеият, шаффофият, адолат, мустақилияти равандҳои баргузории имтиҳонҳо ва таъмини дастрасии баробари довталабон барои имтиҳонсупорӣ ташкил ва баргузор мешаванд.
6. Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шахсони зерин иштирок карда метавонанд:
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кишварҳои дигар ҳастанд;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ дошта, хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё кишварҳои дигар ҳастанд.
7. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, ҳангоми бақайдгирӣ танҳо намуди пулакии таҳсилро интихоб карда метавонанд. Агар бинобар нишон надодани вазъи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, инчунин хатои дигаре, ки дар бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ роҳ ёфтааст, дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаи чунин шахс намуди таҳсили ройгон низ мавҷуд бошад, Марказ аз рӯйхати мазкур комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки намуди таҳсили ройгонро пешбинӣ менамоянд, хориҷ мекунад.
8. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ намекунанд, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
9. Баробарарзишии ҳуҷҷатҳои аз тарафи муассисаҳои таълимии хориҷӣ дар бораи таҳсилот додашуда, ки ҳангоми бақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пешниҳод гардидаанд, бояд тибқи тартиби муқарраргардида муайян карда шавад.
2. ГУРӯҲБАНДИИ ИХТИСОСҲО ВА ҚИСМҲОИ ИМТИҲОНҲО
10. Ихтисосҳо аз рӯйи равияҳои таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва талабот барои қабул (сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳои мушаххас) дар доираи панҷ гурӯҳи ихтисосҳо гурӯҳбандӣ мешаванд:
- табиӣ ва техникӣ (гурӯҳи ихтисосҳои 1);
- иқтисод ва география (гурӯҳи ихтисосҳои 2);
- филология, педагогика ва санъат (гурӯҳи ихтисосҳои 3);
- ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ (гурӯҳи ихтисосҳои 4);
- тиб, биология ва варзиш (гурӯҳи ихтисосҳои 5).
11. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм феҳристҳои зеринро тасдиқ менамояд:
- ихтисосҳо тибқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) барои ҳар ихтисос;
- ихтисосҳо тибқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои ҳар ихтисос.
12. Қисмҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти худ ва навъи ихтисосҳои интихобкардааш як ё чанде аз ин қисмҳоро месупорад, инҳоянд:
1) қисми А - имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбӣ, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо чор субтестро дар бар мегирад:
- забони тоҷикӣ, математика, химия ва физика (гурӯҳи ихтисосҳои 1);
- забони тоҷикӣ, математика, география ва забони хориҷӣ (гурӯҳи ихтисосҳои 2);
- забони тоҷикӣ, таърих, адабиёти тоҷик/забон ва адабиёти рус/забон ва адабиёти ӯзбек ва забони хориҷӣ (гурӯҳи ихтисосҳои 3);
- забони тоҷикӣ, таърих, ҳуқуқ ва забони хориҷӣ (гурӯҳи ихтисосҳои 4);
- забони тоҷикӣ, биология, химия ва физика (гурӯҳи ихтисосҳои 5);
2) қисми Б - имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо се субтестро дар бар мегирад:
- забони тоҷикӣ, математика ва физика (гурӯҳи ихтисосҳои 1);
- забони тоҷикӣ, математика ва география (гурӯҳи ихтисосҳои 2);
- забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик/забони русӣ ва забони хориҷӣ (гурӯҳи ихтисосҳои 3);
- забони тоҷикӣ, таърих ва забони хориҷӣ (гурӯҳи ихтисосҳои 4);
- забони тоҷикӣ, биология ва химия (гурӯҳи ихтисосҳои 5);
3) қисми В - имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, ки онҳоро дар баробари ду субтести аввали қисми А ё қисми Б довталабон аз рӯйи ихтисосҳои тибқи талабот омодагии эҷодӣ ё махсусро талабкунанда месупоранд;
4) қисми Г - имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ, ки онҳоро дар баробари қисми А довталабони ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва (ё) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихобкарда месупоранд.
13. Интихоби забони хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, франсавӣ ё арабӣ) дар ихтиёри довталаб аст.
14. Саволу масъалаҳои тестӣ барои қисмҳои А ва Б ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Довталаб дар интихоби забони имтиҳонсупорӣ озод аст, ба истиснои:
- субтести забони тоҷикӣ дар қисмҳои А ва Б (забони имтиҳонсупорӣ - тоҷикӣ);
- субтести адабиёти тоҷик дар қисмҳои А ва Б (забони имтиҳонсупорӣ - тоҷикӣ);
- субтести забони русӣ дар қисми Б (забони имтиҳонсупорӣрусӣ);
- субтести забони хориҷӣ дар қисмҳои А ва Б (забони имтиҳонсупорӣ - англисӣ, олмонӣ, франсавӣ ё арабӣ);
- субтести забон ва адабиёти рус дар қисми А (забони имтиҳонсупорӣ - русӣ);
- субтести забон ва адабиёти ӯзбек дар қисми А (забони имтиҳонсупорӣ - ӯзбекӣ).
15. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3 довталабоне, ки ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбекро интихоб кардаанд, дар қисми А субтести забон ва адабиёти ӯзбекро месупоранд. Довталабони ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбекро интихобкарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3 ихтисосҳои дигарро низ интихоб карда метавонанд, ба истиснои ихтисосҳои самтҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забон ва адабиёти рус. Довталабоне, ки ихтисосҳои самтҳои забон ва адабиёти тоҷик ва (ё) забон ва адабиёти русро интихоб кардаанд, вобаста аз забони имтиҳонсупории интихобкардаашон субтести адабиёти тоҷик ё забон ва адабиёти русро месупоранд. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3 довталабон баробари ихтисосҳои самтҳои забон ва адабиёти тоҷик ва (ё) забон ва адабиёти рус ихтисосҳои дигарро низ интихоб карда метавонанд.
16. Вобаста аз талабот ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва зинаи таҳсилот, дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ихтисосҳо ба панҷ навъ ҷудо мешаванд:
- ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (навъи 1);
- ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд (навъи 2);
- ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А (субтестҳои якум ва дуюм) ва қисми В-ро талаб мекунанд (навъи 3);
- ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои якум ва дуюм) ва қисми В-ро талаб мекунанд (навъи 4);
- ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд (навъи 5);
17. Имтиҳонҳо барои қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои навъи 1, 3 ва 5 дар заминаи таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад. Чунин ихтисосҳоро шахсоне интихоб карда метавонанд, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбӣ мебошанд.
18. Имтиҳонҳо барои қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои навъи 2 ва 4, ки онҳоро муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пешниҳод менамоянд, дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ба роҳ монда мешавад. Ихтисосҳои мазкурро шахсоне, ки зинаи таҳсилоти умумии асосиро ба охир расонидаанд ё онро ба охир мерасонанд, инчунин шахсоне, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, дар бораи гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷат надоранд, интихоб карда метавонанд.
19. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм феҳристҳои зеринро тасдиқ менамояд:
- ихтисосҳои супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми Вро талабкунанда ва намуди санҷишҳо аз рӯйи ҳар ихтисос;
- ихтисосҳои супоридани ду субтести аввали қисми Б ва қисми Вро талабкунанда ва намуди санҷишҳо аз рӯйи ҳар ихтисос.
20. Ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд (ихтисосҳои навъи 5), танҳо филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод менамоянд.
21. Агар ин ё он фан (фанҳо) дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ таълим дода нашуда бошад, довталаб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз супоридани субтести фан (фанҳо)-и дахлдор озод карда намешавад.
22. Вазорату идораҳои дахлдор, инчунин муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ лоиҳаи нақшаҳои қабули худро барои соли таҳсили оянда бо нусхаи замимаҳои иҷозатномаҳои амалкунанда барои таҳияи нақшаи умумии қабули донишҷӯён то 1 июли ҳар сол ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод менамоянд. Нақшаи умумии қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои ҳар соли таҳсил Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм то охири моҳи ноябри соли пеш аз баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
3. ҚАБУЛ ВА БАРГАРДОНДАНИ МАБЛАҒИ ХИЗМАТРАСОНИҲО ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
23. Арзиши хизматрасониҳоро дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ барои ҳар сол то оғози давраи якуми бақайдгирӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Арзиши хизматрасонӣ тибқи ҳисоби хароҷоти ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо дар назар доштани ҳар яке аз давраҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур ва азнавбақайдгирӣ барои ворид кардани тағйирот ба интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсӣ, азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ муқаррар карда мешавад.
24. Довталабон барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (минбаъд - хизматрасониҳо) маблағи муқарраркардаи Марказро бояд тариқи ғайринақдӣ пардохт намоянд (№ 574).
25. Шахсоне, ки барои онҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ҳангоми бақайдгирӣ дар пардохти маблағи хизматрасониҳо имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд:
1) аз пардохти маблағи хизматрасониҳо озоданд:
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд;
- кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд;
- кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад (мебошанд);
2) 50 дарсади маблағи хизматрасониҳоро пардохт мекунанд:
- кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё падар ё модари танҳо доранд.
26. Қабули маблағҳо барои хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воситаҳои дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад (№ 574).
27. «Маблағи барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда тариқи ғайринақдӣ баргардонида мешаванд. Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда тибқи тартиби муқарраршуда бо пешниҳоди Марказ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ карда мешавад (№ 574).
4. КОРҲОИ ТАШКИЛӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
28. Масъулияти иҷрои корҳои ташкилӣ ҷиҳати баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба зиммаи Марказ вогузор мегардад. Корҳои ташкилӣ дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, вазорату идораҳои дигар ва муассисаҳои таълимии дахлдор мутобиқи Тартиби мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
29. Марказ дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, инчунин анҷоми корҳои техникӣ, омодагӣ ва фаҳмондадиҳӣ кормандони муваққатиро асосан аз ҷумлаи кормандони соҳаи маориф барои муҳлатҳои муайян бо теъдоди зарурӣ ба кор ҷалб менамояд. Кормандони муваққатӣ дар асоси озмун баъд аз омӯзиш ва санҷиш интихоб карда мешаванд. Вобаста аз имкониятҳои мавҷуда ва натиҷаҳои озмун ба номзадоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии 3 (се) соли пай дар пай ба кор ҷалб нагардидаанд, бартарӣ дода мешавад. Агар шахсе, ки дар соли ҷорӣ ба вазифаи роҳбари маркази имтиҳонӣ ба кор қабул карда мешавад, дар сол (солҳо)-и пеш низ дар ин вазифа ба кор қабул шуда бошад, Марказ ҷойи кор - маркази имтиҳониро барои шахси мазкур бояд иваз намояд.
30. Фаъолияти кормандони муваққатие, ки Марказ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мекунад, мутобиқи Тартиби мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, маводди дастурӣ ва методии дахлдори Марказ ба роҳ монда мешавад.
31. Барои кормандони муваққатие, ки Марказ мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вақти фаъолияташон дар ҷойи кори асосиашон ва (ё) бо муваққатан озод кардан аз кори асосӣ дар давраи ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мекунад, кафолату ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
32. Ба кормандони муваққатие, ки Марказ онҳоро дар ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба кор ҷалб мекунад, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Марказ музди меҳнат тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад. Андозаи музди меҳнатро барои кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқарраргаргардида Марказ муқаррар менамояд (№ 574).
33. Дахолати мақомоту ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба раванди бақайдгирии довталабон ва баргузории имтиҳонҳо, инчунин ба унсурҳои технологии бақайдгирии довталабону баргузории имтиҳонҳо ва коркарду баҳогузории корҳои довталабон манъ аст.
5. ТАШКИЛИ НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ
34. Нуқтаҳои бақайдгирӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ташкил карда мешаванд. Шаҳру ноҳияҳоеро, ки дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва (ё) сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи онҳо бояд нуқтаҳои бақайдгирӣ ва (ё) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шаванд, Марказ вобаста аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии дахлдор дар ҳар яке аз ин шаҳр ё ноҳияҳо ва дастрасии хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои дигар ба онҳо аз рӯйи ҷойгиршавии ҳудудӣ муайян ва интихоб мекунад. Ҳангоми муайян кардани шаҳру ноҳияҳои дар заминаи муассисаҳои таълимии онҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкилшаванда мавҷудияти довталабон ба теъдоди зарурӣ барои фаъолияти самараноки ҳар яке аз марказҳои имтиҳонӣ дар давоми 5 рӯз вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо бояд ба назар гирифта шавад. Муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифро барои ташкили нуқтаҳои бақайдгирӣ ё марказҳои имтиҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои интихобшуда Марказ бо дар назар доштани макони ҷойгиршавӣ, мавҷудияти шароити зарурӣ, миқдори кофии синфхонаҳо ва ғунҷоиши онҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб мекунад.
35. Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, инчунин рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ карда мешавад.
36. Роҳбарияти муассисаи таълимӣ ё сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи он нуқтаи бақайдгирӣ ва (ё) маркази имтиҳонӣ бояд ташкил карда шавад, бино ва (ё) иншооти интихобгардидаро ройгон тибқи санад дар муҳлатҳои мувофиқашуда ба истифодаи Марказ дода, мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити заруриро барои фаъолияти он муҳайё менамояд. Марказ аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ дар таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ва (ё) марказҳои имтиҳонӣ ташкилшаванда мусоидат менамояд.
37. Фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ мутобиқи Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.
38. Барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаёту саломатӣ ва риояи қоидаю талаботи санитарию эпидемиологӣ ва зиддисӯхтор дар давраи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ кормандони мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ ҷалб карда мешаванд, ки реҷаи корӣ ва уҳдадориҳои онҳоро Марказ дар мувофиқа бо ин мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ муайян менамояд. Хизматрасонии кормандони ин мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ аз рӯйи ваколатҳои хизматиашон дар шартнома муқаррар карда мешавад.
39. Бо мақсади таъмини бехатарию шаффофияти раванди имтиҳонҳо, назорати он ва инчунин дар сурати рух додани ҳолати вайронкунии тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон таъмини имконияти баррасии одилонаю беғаразонаи вазъият ва қабули қарори дахлдор дар ин хусус марказҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои назорати видеоӣ ҷиҳозонида мешаванд. Ҷиҳозонидани марказҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои назорати видеоӣ ба зиммаи муассисаҳои таълимии дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад.
40. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба Марказ бояд дар давраи корҳои ташкилию омодагӣ мусоидат карда, шароити заруриро барои тибқи Тартиби мазкур баргузор кардани бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳонӣ фароҳам оранд.
41. Бо мақсади таъмини фаъолияти ҳадафманди нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ Марказ корҳои зеринро амалӣ менамояд:
- нуқтаҳои бақайдгириро бо таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонида, дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ истгоҳҳои кориро бо шумораи зарурӣ ташкил ва маводди иттилоотиеро, ки дар давраи бақайдгирӣ барои кормандони нуқтаи бақайдгирӣ ва довталабон зарур аст, таъмин мекунад;
- марказҳои имтиҳониро бо таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонида, дар ҳар маркази имтиҳонӣ истгоҳҳои кориро бо шумораи зарурӣ ташкил ва маводди методӣ ва иттилоотиеро, ки дар давраи баргузории имтиҳонҳо барои кормандони маркази имтиҳонӣ ва довталабон зарур аст, инчунин оби нӯшокӣ ва воситаҳои санитарию беҳдоштӣ таъмин мекунад;
- барои омӯзиши номзадҳо ба вазифаҳои дахлдори кори муваққатӣ семинарҳо мегузаронад ва аз байни онҳо тибқи озмун кормандони муваққатиро дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ ва барои иҷрои корҳои дигари зарурӣ интихоб карда, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад;
- фаъолияти кормандони мақомоти ваколатдори давлатиро, ки барои ҳифзи саломатии мардум ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарӣ, риояи қоидаю талаботи санитарию эпидемиологӣ, зидди сӯхтор ва омодасозии синфхонаҳо ҷалб карда мешаванд, ташкил ва ҳамоҳанг менамояд;
- реҷаи воридшавӣ, тартиби бақайдгирию ҷобаҷошинонии довталабонро муайян карда, ҷадвали баргузории имтиҳонҳо ва равандҳои дигарро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои методӣ таҳия менамояд;
- реҷаи воридшавиро барои кормандон дар марказҳои имтиҳонӣ муайян мекунад;
- кормандон ва (ё) намояндагони ваколатдори Марказро бо мақсади мусоидат кардан ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани нуқтаи бақайдгирӣ ё маркази имтиҳонӣ, назорати раванди бақайдгирӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ ё раванди имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ, инчунин барои қабули қарори дахлдор, дар сурати рух додани мушкилот, ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ равон месозад.
6. ИТТИЛОЪРАСОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
42. Марказ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм:
- бо мақсади таъмини шаффофияти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва дастрасии баробари хоҳишмандон ба ин имтиҳонҳо байни шахсони алоқаманд (довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва аъзои дигари ҷомеа) корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро дар муассисаҳои таълимии дахлдор анҷом медиҳад;
- курси шиносоиро бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар асоси маводди иттилоотию методии таҳиякардаи Марказ дар се сатҳ - ҷумҳурӣ, шаҳрҳо/ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дахлдор ба роҳ мемонад;
- маводди методию тавсиявии заруриро оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таҳия менамояд;
- бо мақсади омодагии хатмкунандагон интихобан дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ имтиҳонҳои озмоиширо дар шакли тест мегузаронад;
- барои ташкили семинарҳо оид ба шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар назди мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар шаҳру ноҳияҳо бо дар назар доштани ҳар як марҳила ва раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тадбирҳо меандешад.
43. Марказ бо мақсади шахсони алоқамандро бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шинос кардан ҳар сол дастури иттилоотиву методии "Роҳнамои довталаб"-ро нашр мекунад. Инчунин ҷиҳати ба ҷомеа дастрас намудани иттилоот дар бораи ҳар як марҳилаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва кору иқдоме, ки дар доираи ин имтиҳонҳо гузаронида мешавад, аз тамоми воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо, телефонҳои хатти мустақим) истифода мекунад ва фаъолияти доимии сомонаи расмии худро ба роҳ мемонад.
44. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба роҳ монда мешавад, маълумоти заруриро вобаста ба ихтисосҳо ба Марказ пешниҳод менамоянд.
45. Марказ ҳар сол на дертар аз 10 рӯз пеш аз оғози давраи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ дар бораи макони ҷойгиршавии нуқтаҳои бақайдгирӣ, тартиб ва муҳлати бақайдгирию азнавбақайдгирӣ ва на дертар аз 1 моҳ пеш аз оғози имтиҳонҳо дар бораи марказҳои имтиҳонӣ ва макони ҷойгиршавии онҳо, ҷадвал ва тартиби баргузории имтиҳонҳо ба ҷомеа иттилоъ медиҳад.
7. ТАҲИЯ ВА ТАШХИСУ ТАҚРИЗИ МАВОДДИ ИМТИҲОНӢ
46. Маводди имтиҳонӣ маҷмуи саволу масъалаҳои тестии стандартишуда аст, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тавассути он сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимии дахлдори таҳсилоти умумии асосӣ ё умумӣ ва дониш, маҳорату малакаи дар раванди азхудкунӣ бадастоварда, ки барои гирифтани таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зарур аст, санҷида мешавад.
47. Маводди имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи барномаҳои имтиҳон ва мувофиқи талаботи Тартиби мазкур аз фанҳои таълимии "Забони тоҷикӣ", "Адабиёти тоҷик", "Забони русӣ", "Адабиёти рус", "Забони ӯзбекӣ", "Адабиёти ӯзбек", "Математика", "Алгебра", "Геометрия", "Таърихи халқи тоҷик", "Таърихи умумӣ", "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ", "Ҳуқуқи инсон", "Физика", "Химия", "Биология", "Ботаника", "Зоология", "Экология", "География" ва "Забони хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, франсавӣ, арабӣ)" таҳия карда мешавад.
48. Барномаи имтиҳонро дар доираи ҳар субтест мувофиқи стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ, барномаи таълимии дахлдор ва адабиёти дарсии амалкунанда Марказ таҳия ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ менамояд.
49. Маводди имтиҳониро кормандони Марказ - мутахассисони фаннӣ таҳия менамоянд. Дар зарурат Марказ метавонад барои таҳияи маводди имтиҳонӣ мутахассисони фаннии дигарро ҷалб намояд.
50. Саволу масъалаҳо барои ҳар субтест ба забони тоҷикӣ таҳия ва баъдан ба забони русӣ тарҷума мешаванд (ба ғайр аз субтестҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони русӣ, забон ва адабиёти ӯзбек, забони англисӣ, забони олмонӣ, забони франсавӣ ва забони арабӣ).
51. Таҳия, дизайн, нигоҳдорӣ, истифода ва таъмини махфият ва бехатарии маводди имтиҳонӣ бевосита ба зиммаи Марказ гузошта мешавад, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамуда ва талаботи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии он амалӣ мегардад.
52. Мувофиқи барномаи имтиҳонии таҳия ва тасдиқгардида ҷиҳати тартиб додани субтестҳои дахлдор барои қисмҳои А ва Б миқдори зарурии саволу масъалаҳои тестӣ интихоб карда мешавад.
53. Миқдори саволу масъалаҳои тестӣ аз ҳар фанни таълимӣ дар доираи субтест бо дар назар доштани аҳамияти мавзуъҳо, мувофиқат ва таносуби дурусти мавзуъҳо бо барномаи таълимӣ ва донишу қобилиятҳои санҷишшаванда бо тест дар барномаи имтиҳон муайян карда мешавад. Вақти иҷрои субтест бо дар назар доштани миқдори саволу масъалаҳои тестӣ ва дараҷаи душвории ҳар яке аз онҳо муайян карда мешавад.
54. Саволу масъалаҳои тестии ҳар фанни таълимиро ҳангоми зарурат ва вобаста аз шароиту имкониятҳои мавҷуда ташхисгаронмуқарризони мустақил, ки Марказ онҳоро муваққатан ба кор ҷалб менамояд, ташхис карда, тақриз менависанд. Ташхису тақризи саволу масъалаҳои тестӣ дар ҳолати пӯшида бо риояи талабот ва қоидаҳои махфият дар Марказ мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи он сурат мегирад.
55. Барои ташхису тақриз саволу масъалаҳои тестӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд.
56. Саволу масъалаҳои тестӣ аз навъҳои пӯшида ва кушода иборат аст. Шаклҳои ҳар як навъи саволу масъалаҳои тестӣ дар барномаи имтиҳон муқаррар карда мешавад.
57. Саволу масъалаҳои тестиро бо дар назар доштани қайду пешниҳодҳои ташхисгарон - муқарризони мустақил мутахассисони фаннии Марказ такмил дода, пас аз он гунаҳои ниҳоии субтестҳоро омода мекунанд. Субтестҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ барои тарроҳӣ ба корманди ваколатдори Марказ супорида мешавад.
58. Гунаҳои ниҳоии субтестҳоро бо дар назар доштани гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳои имтиҳонҳо директори Марказ интихоб менамояд.
59. Саволу масъалаҳои тестии ташхису тақризшуда дар пойгоҳи ягонаи маводди имтиҳонии Марказ мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудааш нигоҳдорӣ мешавад.
60. Аз гунаҳои интихобшудаи субтестҳо китобчаҳои тест тартиб дода мешавад. Нусхаҳои электронии китобчаҳои тест тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ бо риояи талаботи таъмини бехатарию махфият ба нашр пешниҳод карда мешавад.
61. Дархостро барои китобчаҳои тест воҳиди сохтории технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Марказ дар асоси махзани маълумоти довталабон таҳия менамояд. Гунаҳои ниҳоии китобчаҳои тест тибқи дархости мазкур ва тартиби дохилии Марказ бо риояи талаботи таъмини махфият ва бехатарии иттилоот дар Марказ нашр мешаванд. Барои ҳолатҳои ғайричашмдошт Марказ метавонад гунаҳои эҳтиётии китобчаҳои тестро бо теъдоди зарурӣ пешакӣ нашр намояд.
62. Иттилооте, ки дар маводди имтиҳонии барои истифода дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пешбинишуда (ҳам нусхаи электронӣ ва ҳам нусхаи чопии он) мавҷуд аст, махфӣ (конфиденсиалӣ) ва ба гурӯҳи маводди дастрасиашон маҳдуд мансуб мебошад. Тартиби таҳия, ташхису тақриз, тарроҳӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводди имтиҳонӣ, аз ҷумла муҳлати махфияту маҳдудияти дастрасӣ ба маводди имтиҳонӣ, талаботи реҷаи ҳифзи онҳо, тартиб ва шартҳои дастраси истифодабарандагон гардондани иттилооти маводди имтиҳониро Марказ муқаррар менамояд.
63. Марказ маҷмуаҳои иборат аз саволу масъалаҳои ҳар субтести дар имтиҳонҳои солҳои пеш истифодашударо тартиб дода, чоп ва ба муассисаҳои таълимии дахлдор дастрас мегардонад. Шумораи маҷмуаҳои чопшаванда бо дар назар доштани шумораи синфҳои хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин шумораи курсҳои хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ва миқдори китобхонаҳои ин муассисаҳои таълимӣ муайян карда мешавад. Марказ дар ҳар субтести барои истифода дар имтиҳонҳо пешбинишуда ҳиссаи муайянро аз саволу масъалаҳои ин маҷмуаҳо ворид карда метавонад.
64. Шахсони барои таҳия, ташхису тақриз, тарроҳӣ, нигоҳдорӣ, нашр ва бастабандии маводди имтиҳонӣ ҷалбшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифшои иттилооти маводди имтиҳонӣ ҷавобгаранд.
65. Назорати мутобиқати маводди имтиҳонии дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ истифодашударо ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ мекунад.
8. БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ВА ТАҚСИМОТИ ОНҲО БА МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ
66. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ мутобиқи Тартиби мазкур дар чор давра, ки якуми он асосӣ аст, гузаронида мешавад. Барои ҳар яке аз давраҳои бақайдгирии довталабон даври алоҳидаи имтиҳон, ки якуми он низ асосӣ аст, пешбинӣ карда мешавад. Давра (давраҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар асоси таҳлили нишондиҳандаи иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳамчун раванди технологӣ тавассути барномаи компютерии махсус бо истифодаи воситаю технологияҳои муосир амалӣ мегардад.
67. Марказ бо мақсади осон кардани раванди бақайдгирӣ барои довталабон хизматрасонии "Пешномнависӣ" (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи интернет)-ро ба роҳ мемонад. Тартиби пешномнависиро Марказ муқаррар карда, маълумоти заруриро дар бораи он пеш аз оғози бақайдгирӣ дар сомонаи расмии худ нашр менамояд.
68. Давраҳои якум ва дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон ва пулакӣ) гузаронида мешавад. Дар давраи сеюми бақайдгирии довталабон, ки пас аз ҷамъбасти тақсимоти такрории иловагии довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшуда гузаронида мешавад, ҷойҳои дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда аз рӯйи ҳамаи шаклҳои таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ) ва намудҳои таҳсил (ройгон ва пулакӣ) ё аз рӯйи шакл ва намуди алоҳидаи таҳсил аз ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ё аз муассисаҳои таълимии алоҳида пешниҳод карда мешаванд. Дар давраи чоруми бақайдгирии довталабон ҷойҳои дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил аз ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ё аз муассисаҳои таълимии алоҳида пешниҳод карда мешаванд.
69. Муҳлатҳои давраҳои якум ва дуюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳар сол Марказ муқаррар мекунад. Марказ муҳлатҳои муқаррарнамудаашро дар сурате метавонад тамдид кунад, ки агар равандҳои баъди бақайдгирӣ халалдор нагарданд. Муҳлатҳои давраҳои сеюм ва чоруми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳар сол мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муқаррар мекунад.
70. Давраҳои баъдӣ - дуюм, сеюм ва чоруми бақайдгирӣ барои шахсоне гузаронида мешавад, ки дар давраҳои қаблӣ - якум, дуюм ё сеюми бақайдгирӣ худро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ сабти ном карда натавонистаанд.
71. Давраҳои дуюм, сеюм ва чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар нуқтаҳои бақайдгирие гузаронида мешавад, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб кардааст. Марказ ҳуқуқ дорад, ки барои давраҳои дуюм, сеюм ва чоруми бақайдгирӣ аз бинои худ ё дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаҳои дигар аз бинои ин муассисаҳо истифода кунад.
72. Бақайдгирии довталаб барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо ҳузури шахсии довталаб гузаронида мешавад. Бақайдгириро довталаб барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо як маротиба ва дар яке аз давраҳои бақайдгирӣ гузашта метавонад. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳсангез баъди анҷоми бақайдгирӣ (давраҳои якум ва дуюм) Марказ маълумоти пойгоҳи додаҳои бақайдгириро месанҷад ва дар сурати пеш аз баргузории имтиҳонҳо ошкор кардани номнависии довталаб беш аз як маротиба сабти маротибаи охирини бақайдгирии довталабро фаъол нигоҳ дошта, сабт (сабтҳо)-и дигарашро ғайрифаъол мекунад. Агар ҳолати беш аз як маротиба номнавис шудани довталаб баъди дар даври якуми имтиҳон иштирок кардани ӯ ошкор карда шавад, сабти ба имтиҳони супоридаи довталаб дахлдошта фаъол нигоҳ дошта, сабт (сабтҳо)-и баъдияш ғайрифаъол карда мешавад. Ба довталабе, ки дар давраи якум ё дуюми бақайдгирӣ номнавис шудааст, вале дар даври якум ё дуюми имтиҳон иштирок накардааст ё иҷрои саволу масъалаҳои тестро бо сабаби воқеӣ ба анҷом расонида натавонистааст, иҷозати номнавис шудан дар давраи сеюм ё чоруми бақайдгирӣ дода мешавад.
73. Дар бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталаб бояд ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ ва Марказ онро пеш аз оғози бақайдгирӣ (давраи якум) дар сомонаи расмии худ ҷойгир менамояд.
74. Фаъолияти нуқтаи бақайдгириро роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ, ки барои ташкили фаъолияти самараноки он шахсан масъул аст, идора ва назорат мекунад.
75. Истгоҳи кориро дар нуқтаи бақайдгирӣ бақайдгиранда, ки барои дуруст ворид намудани маълумоти шахсии довталаб дар варақаи бақайдгирӣ тавассути барномаи компютерии "Бақайдгирии довталабон" масъул аст, идора мекунад.
76. Довталабон дар интихоби ихтисосу муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, озоданд.
77. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо ва дар он комбинатсияҳои ихтисосҳоро дар доираи миқдори муқарраркардаи Марказ интихоб кунад. Комбинатсияҳои интихоби муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил вобаста аз нақшаи қабули донишҷӯён гуногун буда метавонад:
1) интихоби муассисаҳои таълимӣ барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ:
- танҳо таҳсилоти олии касбӣ;
- танҳо таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- ҳам таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳам таҳсилоти олии касбӣ;
2) интихоби муассисаҳои таълимӣ барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ - танҳо таҳсилоти миёнаи касбӣ;
3) интихоби шаклҳои таҳсил барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ:
- танҳо рӯзона;
- танҳо шабона;
- танҳо ғоибона;
- танҳо фосилавӣ;
- ҳама ё якчанд шакли таҳсил;
4) интихоби шакли таҳсил барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ - танҳо рӯзона;
5) интихоби намудҳои таҳсил (новобаста ба он ки довталаб кадом зинаи таҳсилотро дорост):
- танҳо ройгон;
- танҳо пулакӣ;
- ройгон ва пулакӣ.
78. Ҳангоми бақайдгирӣ комбинатсияи ихтисоси интихобкардаи довталаб дар варақаи бақайдгирӣ нишон дода мешавад. Агар довталаб зиёда аз як комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда бошад, онҳоро дар варақаи бақайдгирӣ тибқи тартиби бартарии ин комбинатсияҳо нишон медиҳад. Довталаб дар бораи имтиёз (имтиёзҳо)-и худ (агар дошта бошад) низ ба бақайдгиранда маълумот дода, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, забони хориҷӣ (барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2, 3 ва 4), макони фиристодани даъватнома ва ғайраро дар варақаи бақайдгирӣ нишон медиҳад. Ҳангоми бақайдгирӣ довталаб забони таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба якчанд забон таълим дода мешаванд, интихоб карда наметавонад.
79. Бақайдгиранда номнависии довталабро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо истифода аз истгоҳи кории ба ӯ вобаста тибқи Тартиби мазкур ва дастурамали тасдиқкардаи Марказ ба роҳ мемонад.
80. Бақайдгиранда тибқи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳодкардаи довталаб маълумоти заруриро ба барномаи компютерии "Бақайдгирии довталабон" ворид карда, баъди он сканер кардани изи ду ангушти дастҳо ва гирифтани акси довталабро анҷом медиҳад. Ҳуҷҷати қалбакӣ ва (ё) маълумоти бардурӯғро пешниҳод кардани довталаб барои маҳрум кардани ӯ аз ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли ҷорӣ асос ба ҳисоб меравад.
81. Баъди ба барнома ворид ва сабт кардани маълумоти пешниҳодкардаи довталаб ба ӯ варақаи бақайдгирӣ дода мешавад, ки дар он маълумоти шахсии довталаб, гурӯҳи ихтисосҳо ва комбинатсияи ихтисоси интихобкардаи ӯ (агар беш аз як комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда бошад, инчунин тартиби бартарии ин комбинатсияҳо), макон ва забони имтиҳонсупорӣ, забони хориҷӣ (барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2, 3 ва 4), макони фиристодани даъватнома, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба ҳуҷраи инфиродӣ дарҷ мегардад. Шакли варақаи бақайдгириро Марказ муқаррар менамояд. Нусхаи электронии варақаи бақайдгирии довталаб дар ҳуҷраи инфиродии ӯ ҷой дода мешавад.
82. Дар варақаи бақайдгирӣ довталаб ва бақайдгиранда имзо мегузоранд. Довталаб уҳдадор аст, ки пеш аз имзо гузоштан бо маълумоти варақаи бақайдгирӣ пурра шинос шавад ва дар сурати дуруст будани маълумоти воридкарда дар он имзо гузорад. Дар ҳолати ғалат ё маълумоти нодурустро ошкор кардан довталаб ҳуқуқ дорад, ки аз бақайдгиранда ислоҳи онро талаб карда, танҳо пас аз ислоҳ шудан дар он имзо гузорад.
83. Иттилооте, ки Марказ ҳангоми бақайдгирӣ аз довталабон ба даст меорад, махфӣ (конфиденсиалӣ) мебошад. Роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандагони нуқтаи бақайдгирӣ уҳдадоранд, ки бехатарию махфияти маълумоти шахсии довталабонро дар давраи бақайдгирӣ таъмин кунанд. Таъмини бехатарӣ ва махфияти маълумоти шахсии довталабон дар раванди бақайдгирӣ ва пас аз бақайдгирӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
84. Ба ҳар довталаб дар заминаи сомонаи расмии Марказ "Ҳуҷраи инфиродӣ" сохта мешавад, ки дар он тамоми иттилооти барояш зарурӣ (аз маълумоти дахлдори дар бақайдгирӣ пешниҳодкарда то натиҷаҳои тақсимот) марҳила ба марҳила ҷой дода мешавад. Муҳлати фаъол гардидан ва кор кардани ҳуҷраи инфиродиро Марказ муқаррар намуда, бехатарӣ ва махфияти маълумоти ҳуҷраи инфиродии ҳар як довталабро таъмини мекунад.
85. Пас аз анҷоми муҳлати бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳо барои номнависӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қабул карда намешавад.
86. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки интихоби аввалияи худ (гурӯҳи ихтисосҳо, ихтисосҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсил, бартарии комбинатсияи ихтисосҳо, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома) ва (ё) маълумоти шахсияш (маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташро, дар сурати иваз кардани он ) дар азнавбақайдгирӣ бо пардохти маблағи иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ иваз намояд. Азнавбақайдгирӣ ихтиёрӣ буда, онро довталабоне, ки хоҳиши иваз кардани интихоби аввалияи худ ва (ё) маълумоти шахсияшонро доранд, мегузаранд.
87. Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, дар ду давра - асосӣ ва иловагӣ гузаронида мешавад, ки муҳлатҳои онро ҳар сол Марказ муқаррар менамояд. Марказ муҳлатҳои муқаррарнамудаашро дар сурате метавонад тамдид кунад, ки агар равандҳои баъди азнавбақайдгирӣ халалдор нагарданд.
88. Довталаби дар давраи якуми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ хоҳиши тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсии худро дорад, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он номнавис шуда буд, шахсан муроҷиат намояд.
89. Довталаби дар давраи якуми бақайдгирӣ номнавис шудае, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ хоҳиши тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсии худро дорад, бояд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирие, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб намудааст, шахсан муроҷиат намояд. Марказ ҳуқуқ дорад, ки барои давраи иловагии азнавбақайдгирӣ аз бинои худ ё дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаҳои дигар аз бинои ин муассисаҳо истифода кунад.
90. Дар сурати имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб то сипарӣ шудани муҳлати давраи асосӣ ё иловагии азнавбақайдгирӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда, ки бо ҳуҷҷат тасдиқ шудааст, қарорро дар бораи додани иҷозат ба хешованди наздики довталаб (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд) барои аз нав номнавис кардани ӯ ҷиҳати тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсияш Марказ дар асоси аризаи пешниҳодкардаи хешованди наздики довталаб (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд) (бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хешованди наздики довталаб (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд), инчунин нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худи довталаб ва ҳуҷҷатҳои дигари барои азнавбақайдгирӣ зарурӣ) қабул менамояд.
91. Марказ азнавбақайдгирии довталабонеро, ки дар давраи дуюм ё сеюм ё чоруми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, бо ҳар яке аз ин давраҳои бақайдгирӣ дар як вақт ба роҳ мемонад.
92. Довталаб дар муҳлати барои азнавбақайдгирӣ муқаррарнамудаи Марказ ба миқдори номаҳдуд худро аз нав номнавис карда метавонад. Дар азнавбақайдгирӣ варақаи бақайдгирии қаблии довталаб бозпас гирифта шуда, ба ӯ варақаи бақайдгирии нав дода мешавад. Баъди анҷоми муҳлати азнавбақайдгирӣ ба довталаб дигар ҳуқуқи тағйир додани интихобаш, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин банд пешбинӣ гардидаанд, дода намешавад. Дар сурати роҳ ёфтани хато дар маълумоти шахсии довталаб дар бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ хатои мазкур бо ташаббуси Марказ мустақилона дар асоси ҳуҷҷатҳои дар бақайдгирӣ пешниҳодкардаи довталаб ё бо ташаббуси довталаб дар асоси аризаи ба Марказ пешниҳодкардааш ислоҳ карда мешавад. Инчунин дар муҳлати аз ҷиҳати технологӣ имконпазир ба довталаб ҳуқуқ дода мешавад, ки бо пешниҳоди ариза ба Марказ маълумоти зерини дар бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ сабтшударо иваз ва (ё) илова намояд:
- забони имтиҳонсупорӣ;
- макони имтиҳонсупорӣ;
- рақами телефони мобилӣ;
- нишонии почтаи электронӣ.
93. Раванди технологии давраҳои дуюм, сеюм ва чоруми бақайдгирӣ, инчунин давраҳои асосӣ ва иловагии азнавбақайдгирӣ чун раванди технологии давраи якуми бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми ба роҳ мондани давраҳои сеюм ва чоруми бақайдгирӣ, инчунин азнавбақайдгирии довталабони дар яке аз ин давраҳо номнависшуда муқаррароти тибқи Тартиби мазкур барои давраи асосӣ - якуми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.
94. Махзани маълумоти довталабон мувофиқи тартиб ва сохтори муқаррарнамудаи Марказ нигоҳдорӣ мешавад. Ҳуҷҷатҳои дар бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ пешниҳодкарда ва нусхаи дуюми варақаи бақайдгирии ҳар яке аз довталабон, ки дар Марказ мемонад, 1 (як) сол нигоҳ дошта шуда, пас аз сипарӣ гардидани ин муҳлат тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешаванд.
95. Тартиби тақсимоти довталабонро ба марказҳо ва синфхонаҳои имтиҳонӣ барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - қисмҳои А ва Б Марказ муқаррар менамояд.
96. Баъд аз анҷоми ҷамъоварии маълумоти бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ тавассути модули барномавии махсус довталабон бо дар назар доштани марказҳои имтиҳонии ташкилшуда ва макони имтиҳонсупории интихобкардаашон ба марказҳои имтиҳонӣ тақсим мешаванд.
97. Марказ рӯйхатҳои довталабонеро, ки ихтисосҳои супоридани ду субтести аввали қисми А ё Б ва қисми В талабкунандаро интихоб кардаанд, барои ташкилу баргузории қисми В дар шакли муқарраркардаи Марказ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод менамояд. Марказ рӯйхатҳои довталабонеро, ки ихтисосҳои супоридани қисмҳои А ва Г талабкунандаро интихоб кардаанд, мувофиқан ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд. Ба рӯйхатҳо маълумоти шахсии зарурии довталабон, ки барои ташкилу баргузории қисми дахлдор - В ё Г истифода мешаванд, замима мегардад.
98. Ба ҳар довталаб даъватнома дастрас карда мешавад, ки дар он ҷадвали баргузории имтиҳонҳо дарҷ мегардад. Муҳлати фиристодани даъватномаҳоро Марказ муқаррар менамояд. Даъватномаҳо тавассути воҳидҳои сохтории минтақавии Марказ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба довталабон дастрас карда мешаванд. Нусхаи электронии даъватнома дар ҳуҷраи инфиродии довталаб ҷой дода мешавад.
9. НАШР ВА ИНТИҚОЛИ МАҶМУИ МАВОДДИ ИМТИҲОНӢ
99. Маҷмуи маводди имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо фармоиши директори Марказ мутобиқи талаботи бехатарӣ ва махфият дар бинои Марказ нашр карда мешавад.
100. Ба маҷмуи маводди имтиҳонӣ, ки бевосита дар Марказ нашр карда мешаванд, китобчаҳои тест (иборат аз дастури иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ, субтестҳо аз фанҳои таълимӣ тибқи қисми имтиҳону гурӯҳи ихтисосҳо ва маводди ёрирасон аз фанҳои таълимии дахлдор), мавод барои раванди ташкилу баргузории имтиҳонҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ дохил мешавад.
101. Нашр, бастабандӣ ва нигоҳдории маҷмуи маводди имтиҳонӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилӣ дар бинои Марказ амалӣ мегардад. Нашру бастабандии ин маҷмуи маводро гурӯҳи кории техникӣ таҳти назорати комиссияи махсус анҷом медиҳад. Комиссияи махсус ва гурӯҳи кории техникӣ бо фармоиши директори Марказ таъсис дода мешаванд.
102. Шаклҳои варақаҳои ҷавобҳоро барои ҳар як қисм (А, Б) вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо Марказ таҳия ва муқаррар мекунад. Варақаҳои ҷавобҳо аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартнома мебандад, чоп карда мешаванд. Варақаҳои ҷавобҳо барои қисмҳои А ва Б бо рақами силсилавӣ, ки таркиб, тартиби сохтан ва шакл(ҳо)и дар варақа ишора кардани онро Марказ муайян мекунад, чоп карда мешаванд.
103. Интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари заруриро ба марказҳои имтиҳонӣ Марказ ё муассисаи интиқолдиҳанда, ки онро Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматрасонӣ ҷалб мекунад, аз рӯйи ҷадвали муқарраргардида дар реҷаи махфӣ анҷом медиҳад. Ҷадвали интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба марказҳои имтиҳониро вобаста аз ҳар даври қисмҳои А ва Б дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо Марказ муқаррар менамояд.
104. Интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ, қабулу супоридан ва нигоҳдории онҳо дар марказҳои имтиҳонӣ ва Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ амалӣ мегардад.
105. Кормандони Марказ, ки барои интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ ба марказҳои имтиҳонӣ ва аз марказҳои имтиҳонӣ ба Марказ ваколатдор карда мешаванд, барои нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарию махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар вақти интиқол масъул мебошанд. Бехатарӣ ва махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар вақти интиқол тибқи санадҳои танзимкунандаи дохилии Марказ таъмин карда мешавад. Агар барои интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ муассисаи махсуси интиқолдиҳанда ҷалб карда шавад, он ва кормандонаш, ки барои интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ ба марказҳои имтиҳонӣ ва аз марказҳои имтиҳонӣ ба Марказ ваколатдор карда мешаванд, барои нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарию махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар вақти интиқол масъуланд. Дар ин ҳолат бехатарӣ ва махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар вақти интиқол тибқи санадҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ва муассисаи интиқолдиҳанда таъмин карда мешавад.
106. Барои интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ лифофаю қуттиҳои эмини махсус, тамғаҳои махсуси рақамгузоришуда ва воситаҳои дигари таъмини бехатарӣ ва махфият истифода мешаванд. Маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар лифофаю қуттиҳои эмин бастабандӣ ва ба расмият дароварда шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба кормандони ваколатдори Марказ ва дар сурати ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда, ба кормандони ваколатдори ин муассиса супорида мешавад.
107. Қуттӣ ва бастаҳоеро, ки дар онҳо ҳангоми дар Марказ ё маркази имтиҳонӣ аз кормандони ваколатдори Марказ ва дар сурати ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда аз кормандони ваколатдораш қабул кардан нишонаҳои кушода шудан ё осеби дигар дида мешавад, ё мансубияташон муқаррар карда намешавад, мувофиқан роҳбари маркази имтиҳонӣ ва намояндаи ваколатдори Марказ ё хадамоти бехатарии Марказ барои тафтиши хизматӣ бозпас мегиранд. Пас аз тафтиши хизматии чунин ҳолатҳо аз тарафи Марказ қарори дахлдор қабул карда мешавад. Ҳангоми зарурат барои андешидани чораҳои минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ маводди зарурӣ пешниҳод карда мешавад.
108. Пас аз анҷоми ҳар як марҳилаи интиқол, қабулу супоридани маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар Марказ ва марказҳои имтиҳонӣ санади мувофиқ тартиб дода шуда, бо имзои шахсони масъул тасдиқ мегардад.
10. ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲО
109. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро мувофиқи Тартиби мазкур Марказ дар шакли тестгузаронии варақаии мутамарказ (қисмҳои А ва Б) дар марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор дар намуди имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (қисми В) дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд. Барои довталабоне, ки ихтисосҳои пешниҳодкардаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва (ё) Донишгоҳи Осиёи Марказиро интихоб кардаанд, мувофиқан дар ҳамин филиал ва (ё) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (қисми Г) гузаронида мешавад. Имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе шартан бо "Г.1" ва барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо "Г.2" ифода карда мешаванд. Марказ озмунҳоро барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" ва бурсияҳои таҳсилии ҷудокардаи давлатҳои хориҷӣ дар шакли тестгузаронии варақаӣ ва компютерӣ мегузаронад.
110. Бо мақсади танзими кори кормандони мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатие, ки дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб карда мешаванд, Марказ реҷаи кориро таҳия ва бо онҳо мувофиқа мекунад.
111. Бо мақсади таъмини махфият ва бехатарии маҷмуи маводди имтиҳонӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ Марказ аз системаи рамзгузорӣ бо штрихкодҳо истифода менамояд. Штрихкодҳо дар варақаҳои ҷавобҳо, протоколҳои баргузории имтиҳонҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари таҳти назорати Марказ истифода мегарданд.
112. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чор давр, ки якуми он асосӣ аст, баргузор мегарданд. Имтиҳонро довталаб танҳо як маротиба ва дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо супорида метавонад.
113. Ташкил ва баргузории ҳар чор даври имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б-ро дар марказҳои имтиҳонӣ бевосита кормандони муваққатии ҷалбшуда тибқи Тартиби мазкур ва дастурамалҳои тасдиқнамудаи Марказ амалӣ менамоянд.
114. Ҷадвали баргузории даври якуми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б-ро Марказ ҳар сол тасдиқ менамояд.
115. Даври якуми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б мувофиқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо дар ҳамаи марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои интихобшуда дар як рӯзу як соат оғоз мегарданд. Қисми А вобаста аз шароит ва имкониятҳои мавҷуд барои ҳар гурӯҳи ихтисосҳо дар рӯзҳои алоҳида ё дар як рӯз барои якчанд гурӯҳи ихтисосҳо гузаронида мешавад. Қисми Б вобаста аз шумораи довталабоне, ки онро месупоранд, дар як рӯз барои ҳама ё якчанд гурӯҳи ихтисосҳо ё дар рӯзҳои гуногун барои ҳар гурӯҳи ихтисосҳо баргузор мегардад. Ҳангоми зарурат қисми А ва (ё) қисми Б барои гурӯҳҳои ихтисосҳое, ки шумораи довталабони онҳоро интихобкарда аз шумораи ҷойҳои нишасти дар марказҳои имтиҳонӣ пешбинишуда зиёд асту дар як рӯз гузаронидани имтиҳон имкон надорад, дар ду рӯз гузаронида мешавад.
116. Барои довталабоне, ки дар даври якуми имтиҳонҳо - қисми А ё қисми Б иштирок карда натавонистаанд, инчунин барои довталабоне, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ ё давраи дуюми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ даври дуюми имтиҳонҳо доир карда мешавад. Ба довталабе, ки азнавбақайдгириро дар давраи иловагӣ гузаштаасту аммо имтиҳонро дар даври якум супоридааст, ба истиснои ҳолатҳои дар Тартиби мазкур пешбинишуда, барои иштирок дар даврҳои баъдии имтиҳон иҷозат дода намешавад ва натиҷаи аз даври якуми имтиҳон бадастовардаи ӯ боэътибор дониста мешавад.
117. Давр (давраҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б дар сурати гузаронидани давра (давраҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор карда мешавад.
118. Ҷадвалҳои баргузории даврҳои дуюм, сеюм ва чоруми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б-ро Марказ ҳар сол вобаста аз шумораи довталабони дахлдор муқаррар менамояд. Марказ ҳуқуқ дорад, ки имтиҳонҳои мазкурро дар як рӯз барои ҳама ё якчанд гурӯҳи ихтисосҳо ё дар рӯзҳои гуногун барои ҳар гурӯҳи ихтисосҳо баргузор кунад. Дар сурати рух додани вазъияти ғайричашмдошт ё таҳдиди рух додани он имтиҳонҳо (даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум) - қисмҳои А ва Б-ро ба вақти дигар гузарондан ё дар марказ (марказҳо)-и имтиҳонии дигар баргузор кардан мумкин аст. Қарорро дар ин бора Марказ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм қабул мекунад.
119. Даврҳои дуюм, сеюм ва чоруми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б дар марказҳои имтиҳоние, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимии дар заминаашон марказҳои имтиҳонӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб намудааст, гузаронида мешавад. Даврҳои дуюм, сеюм ва чоруми имтиҳонҳо дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Марказ ин даврҳоро дар сурате метавонад дар минтақаҳо баргузор кунад, ки агар барои он имконияти зарурӣ дошта бошад ва равандҳои баъди имтиҳонҳо халалдор нагарданд.
120. Ҷадвали баргузории даври якуми имтиҳонҳо - қисми В ва қисми Г-ро ҳар сол муассисаҳои таълимии дахлдор дар мувофиқа бо Марказ тасдиқ менамоянд.
121. Ташкил ва баргузории қисми В ба зиммаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар онҳо таълими ихтисосҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст, гузошта мешавад. Қисми В дар муассисаҳои таълимии мазкур тибқи тартиби тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ташкил ва баргузор мешавад.
122. Ташкил ва баргузории қисми Г мувофиқан ба зиммаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад. Қисми Г дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби тасдиқнамудаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тибқи тартиби тасдиқкардаи ин Донишгоҳ ташкил ва баргузор мегардад.
123. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии қисми В-ро баргузоркунанда, инчунин муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии қисми Г-ро баргузоркунанда фаҳмондадиҳиро дар бораи ҷадвал, макон ва шартҳои баргузории қисми дахлдор ба довталабон таъмин мекунанд.
124. Даври дуюми имтиҳонҳо - қисмҳои В ва Г барои довталабоне, ки дар даври якуми ин имтиҳонҳо иштирок карда натавонистаанд, инчунин барои довталабоне, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ ё давраи дуюми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, тибқи ҷадвали дар мувофиқа бо Марказ тасдиқнамудаи муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронида мешаванд. Давр (даврҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми имтиҳонҳо - қисми В ва Г дар сурате гузаронида мешавад, ки агар муассисаҳои таълимии дахлдор барои пешниҳоди ихтисосҳои супоридани чунин қисмро талабкунанда дар давра (давраҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ розигӣ дода бошанд.
125. Довталабе, ки дар даври якуми имтиҳон - қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирокро дар даври дуюми имтиҳон дорад, бояд маблағи иловагии ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ дар муҳлати муқарраркардаи он ариза пешниҳод намояд. Агар довталабе, ки дар давраи якум ё дуюми бақайдгирӣ номнавис шудааст, вале дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳон - қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирокро дар даври сеюм ё чоруми имтиҳон дошта бошад, бояд бо пардохти маблағи пурраи хизматрасонӣ дар давраи сеюм ё чоруми бақайдгирӣ худро номнавис кунад.
126. Дар асоси аризаи довталаб ҳолати дар даври якуми имтиҳон иштирок кардан ё накардани ӯ аз рӯйи протоколи баргузории имтиҳон санҷида шуда, дар сурати тасдиқи ҳолати иштирок накарданаш ба довталаб иҷозат дода мешавад, ки дар даври дуюми имтиҳон иштирок кунад. Агар ҳолати иштирок кардани ӯ аз рӯйи протоколи баргузории имтиҳон тасдиқ гардад, ба ӯ барои иштирок дар даври дуюми имтиҳон иҷозат дода намешавад.
127. Дар бораи натиҷаи баррасии аризааш ба довталаб пешакӣ тавассути телефон хабар дода шуда, баъдан ба ӯ ҷавоби хаттӣ пешниҳод мегардад. Агар ба довталаб барои иштирок дар даври дуюми имтиҳон иҷозат дода шуда бошад, ба ӯ дар бораи макон ва вақти баргузории ин даври имтиҳон маълумот дода мешавад.
128. Довталабоне, ки ба онҳо барои иштирок дар даври дуюми имтиҳонҳо иҷозат дода шудааст, якҷоя бо довталабоне, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ ё давраи дуюми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, ба марказҳои имтиҳонӣ тақсимот карда мешаванд.
129. Таъмини бехатарӣ ва махфият ҳангоми имтиҳонҳо тибқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ба роҳ монда мешавад. Барои кормандоне, ки ба ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мешаванд, риояи талаботи бехатарию махфият ҳатмӣ мебошад.
130. Барои таъмини бехатарӣ ва реҷаи воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ муассисаи муҳофизатӣ ҷалб ва кори кормандони он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Номзадии кормандони муассисаи муҳофизатӣ, ки барои кор дар марказҳои имтиҳонӣ ваколатдор мегарданд, бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд. Муассисаи муҳофизатӣ ва кормандони он, ки барои таъмини бехатарӣ ва реҷаи воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ ҷалб шудаанд, барои риояи талаботи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ва таъмини бехатарию риояи реҷаи воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ масъуланд.
131. Барои таъмини ҳифзи бехатарии ҳаёту саломатии довталабон ва шахсони дигари барои кор дар маркази имтиҳонӣ ҷалбшуда, аз ҷумла расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба онҳо дар ҳар як маркази имтиҳонӣ ҳуҷраи тиббӣ ташкил карда мешавад, ки онро бо ин мақсад Марказ бо маводди доруворӣ таъмин менамояд. Кормандони тибро Марказ дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор дар ҳуҷраҳои тиббии марказҳои имтиҳонӣ ҷалб менамояд. Хариди маводди доруворӣ ва пардохти музди меҳнати кормандони тиб аз ҳисоби маблағҳои махсуси Марказ тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад (№ 574).
132. Барои таъмини назорату риояи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо ва мониторинги онҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ Марказ намояндагони ваколатдорро, ки тибқи дастурамали мансабии тасдиқнамудаи Марказ фаъолият мекунанд, таъин менамояд.
133. Барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати комиссияи ҷамъиятиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ менамояд. Комиссияи ҷамъиятӣ мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Марказ фаъолият мекунад. Аъзои комиссияи ҷамъиятӣ метавонанд озодона дар маркази имтиҳонӣ рафтуомад карда, раванди баргузории имтиҳонро дар синфхонаҳои имтиҳонӣ бе ворид шудан ба синфхона назорат кунанд. Дар сурати вайрон намудани тартиби баргузории имтиҳонро ошкор кардан узви комиссияи ҷамъиятӣ бояд ба роҳбари маркази имтиҳонӣ ва намояндаи ваколатдори Марказ хабар диҳад.
134. Тақсимоти довталабон ба синфхонаҳои ҳар яке аз марказҳои имтиҳонӣ тавассути модули барномавии махсус дар муҳлати муқарраркардаи Марказ ба таври худкор анҷом дода мешавад. Шумораи довталабон дар ҳар синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Ҳангоми зарурати истифодаи толорҳои калон чунин толорҳо ба синфхонаҳои шартии иборат аз 15-нафарӣ тақсим ва барои назорати риояи талаботи Тартиби мазкур чораҳои иловагӣ пешбинӣ карда мешаванд. Тақсимоти довталабони имкониятҳои ҷисмонияшон маҳдуд ба синфхонаҳои марказҳои имтиҳонии дахлдор бо дар назар доштани талаботи муқарраргардида ва хусусиятҳои ҷисмонӣ, имкониятҳои инфиродӣ ва вазъи саломатии онҳо анҷом дода мешавад.
135. Вобаста аз имконияту шароити мавҷуд тақсимоти маъмурони имтиҳон ба синфхонаҳои ҳар яке аз марказҳои имтиҳонӣ тавассути модули барномавии махсус дар муҳлати муқарраркардаи Марказ ба таври худкор ё дар ҳар рӯзи баргузории имтиҳон аз ҷониби роҳбари ҳар яке аз марказҳои имтиҳонӣ анҷом дода мешавад.
136. Феҳристи маводди зарурӣ барои раванди ташкилу баргузории имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ, ки онҳоро Марказ барои ҳар рӯзи имтиҳон омода мекунад, аз инҳо иборат аст:
- рӯйхати маъмурони имтиҳон бо нишон додани синфхонаи имтиҳонии ба ҳар яке аз онҳо вобасташуда (агар тақсимоти маъмурони имтиҳон ба синфхонаҳои имтиҳонӣ тавассути Марказ пешакӣ анҷом дода шуда бошад);
- рӯйхати умумии довталабон (аз рӯйи тартиби алифбо);
- рӯйхатҳои довталабон вобаста ба ҳар синфхонаи имтиҳонӣ (аз рӯйи тартиби ҷойи нишаст);
- протоколҳои баргузории имтиҳон вобаста ба ҳар синфхонаи имтиҳонӣ (бо нишон додани рақами ҷойи нишасти ҳар довталаб);
- тасмаҳои штрихкодҳо (1-тасмагӣ барои ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ва 5 тасмаи эҳтиётии дигар барои ҳолатҳои ғайричашмдошт).
137. Иттилооте, ки дар маводди зарурӣ барои раванди ташкилу баргузории имтиҳонҳо мавҷуд аст, махфӣ (конфиденсиалӣ) ва ба гурӯҳи маводди дастрасиашон маҳдуд мансуб буда, Марказ барои таъмини махфият ва бехатарии онҳо то баргузории имтиҳон чораҳои заруриро меандешад. Маводди зарурӣ барои раванди ташкилу баргузории имтиҳонҳо дар лифофаю қуттиҳои эмин бастабандӣ ва ба расмият дароварда шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ тавассути кормандони ваколатдори Марказ ва дар сурати ба кор ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда ба воситаи кормандони ваколатдори ин муассиса ба марказҳои имтиҳонӣ интиқол дода мешавад.
138. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ваколатдори Марказ, роҳбар, ёвари роҳбар, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон, бақайдгирандаҳои маркази имтиҳонӣ, довталабон, кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатӣ, аъзои комиссияи ҷамъиятӣ, кормандони ҷалбшудаи тиб, дар сурати ба кор ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳандакормандони ваколатдори ин муассиса ҳуқуқи воридшавӣ ба маркази имтиҳониро доранд. Дар вақти имтиҳон ба шахсоне, ки ҳуқуқи воридшавиро ба маркази имтиҳонӣ доранд, мусоидат кардан ба довталабон, бо худ доштан, истифода кардан ва (ё) ба довталабон додани ҷузвдон, китоб, дафтар, ҳар намуди навиштаҳо, маводди иттилоотиву ёрирасон, фарҳангҳои имлоӣ ва (ё) тафсирӣ, воситаи алоқа, техникаи электронии ҳисоббарор, дастгоҳи аксбардорӣ, сабти садо, наворгирӣ, воситаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилоот, моеъ барои ислоҳкунии ғалатҳо ва инчунин анҷом додани амалҳое, ки хилофи талаботи тартиби баргузории имтиҳонҳо мебошанд, манъ аст. Ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба Марказ хаттӣ муроҷиат кардаанд, дар маркази имтиҳонӣ то оғози имтиҳон иҷозат дода мешавад. Агар шахсони тибқи ин банд пешбинишуда дар ҳолати мастӣ аз машрубот, маводди нашъадор, заҳрнок ё психотропӣ бошанд, ё дар онҳо аломатҳои бемориҳои сироятӣ мавҷуд бошад, ба маркази имтиҳонӣ роҳ дода намешаванд.
139. Кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатӣ уҳдадоранд, ки аз ҳар гуна кӯшишҳои ба маркази имтиҳонӣ даровардан ва (ё) истифода бурдани техника, мавод ва ашёи тибқи Тартиби мазкур ба маркази имтиҳонӣ даровардану истифодаашон мамнуъ пешгирӣ намоянд.
140. Воридшавии ҳар яке аз шахсони дар Тартиби мазкур пешбинишуда ба маркази имтиҳонӣ тибқи реҷаи воридшавии муқаррарнамудаи Марказ танҳо дар сурати доштани шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ додааст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳо сурат мегирад. Ташкил ва риояи реҷаи воридшавиро ба маркази имтиҳонӣ кормандони муассисаи муҳофизатӣ таъмин менамоянд.
141. Воридшавии шахсони бегона ба маркази имтиҳонӣ манъ аст.
142. Роҳбари маркази имтиҳонӣ:
- кори маркази имтиҳониро ташкил ва таъмин мекунад;
- ҳамкории маркази имтиҳониро бо Марказ таъмин менамояд;
- ба маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагон дастур (маълумот) дода, онҳоро бо маводди зарурӣ таъмин менамояд;
- маъмурони имтиҳонро ба синфхонаҳои имтиҳонӣ тақсим мекунад (агар тақсимоти маъмурони имтиҳон ба синфхонаҳои имтиҳонӣ тавассути Марказ пешакӣ анҷом дода нашуда бошад, инчунин агар бинобар ҳузур надоштани маъмур (маъмурон)-и имтиҳони пешакӣ тақсимотшуда зарурати тақсимоти маъмур (маъмурон)-и дигар пеш омада бошад);
- синфхонаҳои имтиҳонӣ ва роҳравҳоро ба маъмурони калон бо дар назар доштани имкони пурраи танзими ҳаракат, ҳамроҳӣ кардан ва иттилоърасонӣ ба довталабон, инчунин назорати раванди имтиҳон вобаста мекунад;
- кори маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагонро назорат карда, вазъиятҳои ғайричашмдошти рухдодаро дар ҳамкорӣ бо намояндагони ваколатдори Марказ ҳал мекунад;
- қабул ва супоридани саривақтии маҷмуи маводди имтиҳонӣ ва нигаҳдории онҳоро таъмин мекунад;
- риояи реҷаи бехатарии иттилоотро таъмин мекунад;
- ба намояндагони ваколатдори Марказ барои назорати баргузории имтиҳон мусоидат мекунад;
- Марказ ва намояндагони ваколатдори онро аз вазъиятҳои ғайричашмдошти рухдода фавран огоҳ мекунад;
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагон гузошташуда ҷавобгар аст.
143. Маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагон уҳдадоранд, ки:
- вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо мутобиқи талаботи Тартиби мазкур ва дастурамалҳои тасдиқнамудаи Марказ иҷро кунанд;
- риояи тартиби муқарраргардидаи ташкил ва баргузории имтиҳонро таъмин кунанд;
- раванди имтиҳонро дар синфхонаҳои имтиҳонии ба онҳо вобасташуда назорат кунанд;
- ба роҳбари маркази имтиҳонӣ ва намояндагони ваколатдори Марказ дар бораи рафти омодагӣ ва баргузории имтиҳон, мушкилоти рухдода хабар диҳанд;
- ҳангоми вазъияти ғайричашмдошт тахлияи довталабонро дар ҳамкорӣ бо кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатӣ таъмин намоянд.
144. Воридшавӣ, бақайдгирӣ ва ҷобаҷокунии довталабон дар синфхонаҳои имтиҳонӣ 1,5-2 соат пеш аз саршавии имтиҳон оғоз гардида, мутобиқи қоидаҳои муқарраркардаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Барои воридшавӣ ба маркази имтиҳонӣ довталаб бояд бо худ қалами худкор, даъватнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бо сурат, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, дошта бошад. Дар зарурат довталаб метавонад бо худ дору, хӯрок ва воситаҳои беҳдоштии шахсӣ дошта бошад. Бақайдгирии довталабон ва иҷозатдиҳӣ ба онҳо барои имтиҳонсупорӣ дар маркази имтиҳонӣ тавассути сканери изи ангуштони даст ба роҳ монда мешавад. Дар сурати бо худ даъватнома надоштани довталаб ва (ё) осеб дидани ангуштони дасти довталаб ба ӯ иҷозат барои супоридани имтиҳон ба шарте дода мешавад, ки агар маълумот дар бораи ӯ дар пойгоҳи додаҳои довталабон мавҷуд бошад. Дар ин сурат бақайдгиранда таҳти назорати намояндаи ваколатдори Марказ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти довталаби мазкурро бо пойгоҳи додаҳои довталабон муқоиса мекунад.
145. Барои довталаб овардани ҷузвдон, китоб, дафтар, ҳар намуди навиштаҳо, маводди иттилоотиву ёрирасон, фарҳангҳои имлоӣ ва (ё) тафсирӣ, воситаи алоқа, техникаи электронии ҳисоббарор, дастгоҳи аксбардорӣ, сабти садо, наворгирӣ, воситаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилоот, моеъ барои ислоҳкунии ғалатҳо ва ашёи дигаре, ки бо мақсади таъмини бехатарӣ манъ аст, иҷозат дода намешавад.
146. Назорати ҳаракату амалҳои довталабон ва шахсони дигар дар маркази имтиҳонӣ ба зиммаи маъмурони калон гузошта мешавад.
147. Қабулу кушодани қуттиҳои махсуси дорои маҷмуи маводди имтиҳонӣ ва тақсими лифофаҳои эмини дорои маҷмуи маводди имтиҳониро ба маъмурони имтиҳон роҳбари маркази имтиҳонӣ дар ҳузури намояндаи ваколатдори Марказ ва яке аз аъзои комиссияи ҷамъиятӣ бо санад анҷом медиҳад. Ҳангоми зарурат вазифаҳои роҳбари маркази имтиҳонӣ ба зиммаи ёвари ӯ гузошта мешавад.
148. Раванди имтиҳонро дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ шахсони масъул тавассути воситаҳои назорати видеоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ сабт ва мушоҳида менамоянд. Тартиби мазкур масъалаҳои марбут ба истифодаи сабти видеоӣ ва муҳлати нигоҳдории сабти видеоии имтиҳонро, ки дар зарурат бар асоси он дар бораи манъ кардани имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ ё синфхонаҳои алоҳидаи он, хориҷ кардани довталаб аз имтиҳон, аз эътибор соқит кардани натиҷаҳои имтиҳон ва ғайра Марказ қарор қабул мекунад, низ ба танзим медарорад.
149. Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани назорати видеоии раванди имтиҳонҳо, инчунин ҷамъоварӣ ва дар Марказ нигоҳдорӣ кардани сабтҳои видеоии ин раванд дар марказҳои имтиҳонӣ аз системаҳои идораи назорати видеоии худи Марказ истифода карда мешавад. Вобаста аз шумораи марказҳои имтиҳонӣ Марказ бояд системаҳои идораи назорати видеоиро бо шумораи зарурӣ дошта бошад.
150. Барои таъмини шаффофияти раванди имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ дар макони махсуси ҷудошуда назорати раванди имтиҳон дар синфхонаҳои имтиҳонӣ тавассути мониторҳое, ки ба камераҳои назорати видеоӣ пайваст карда шудаанд, ташкил карда мешавад. Масъулият барои омода намудани чунин маконҳо ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дар заминаашон марказҳои имтиҳонӣ ташкилгардида гузошта мешавад. Ба падару модарон ва шахсони дигари довталабонро то маркази имтиҳонӣ ҳамроҳикунанда барои мушоҳидаи раванди имтиҳон дар синфхонаҳои имтиҳонӣ аз тариқи намоиши он дар макони махсуси ҷудошуда иҷозат дода мешавад.
151. Масъулият барои назорати раванди имтиҳон дар якчанд синфхонаи имтиҳонии вобасташуда ба зиммаи маъмури калон ва масъулият барои ташкилу баргузории имтиҳон дар синфхонаи имтиҳонӣ ба зиммаи маъмури имтиҳон гузошта мешавад. Маъмури калон ва маъмури имтиҳон тибқи Тартиби мазкур ва дастурамалҳои тасдиқнамудаи Марказ амал менамоянд. Маъмури имтиҳон барои иҷрои талаботи тартиби муқарраргардида дар рафти имтиҳон ва таъмини махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ низ масъул аст.
152. Ҳуҷраҳое, ки барои баргузории имтиҳон истифода намешаванд, бояд дар рӯзи имтиҳон баста, муҳргузорӣ карда шаванд. Инчунин дар рӯзи баргузории имтиҳон дар синфхонаҳои имтиҳонӣ бояд лавҳаҳо, овезаҳо ва маводди дигари дорои иттилооти роҳнамою омӯзишӣ рӯйпӯш шаванд. Барои ҳар як довталаб ва маъмури имтиҳон дар синфхонаи имтиҳонӣ бояд ҷойи корӣ (миз)-и алоҳида ташкил карда шавад. Мизҳои кории довталабон, ки рақамгузорӣ мешаванд, инчунин ҷойи корӣ (миз)-и алоҳидаи маъмури имтиҳон бояд дар майдони диди камераҳои назорати видеоӣ ҷойгир шуда бошанд.
153. Раванди воридшавии довталабонро ба синфхонаи имтиҳонӣ маъмури имтиҳон ба роҳ мемонад. ӯ довталабонро якнафарӣ барои ба синфхонаи имтиҳонӣ воридшавӣ иҷозат дода, мувофиқати маълумоти даъватнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташонро бо маълумоти протоколи баргузории имтиҳон месанҷад, инчунин иҷрои талаботи банди 145 Тартиби мазкурро назорат менамояд. Дар вақти имтиҳон даъватнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти довталаб дар болои мизи кориаш гузошта мешавад.
154. Ҳангоми ошкор гардидани шахсе, ки дар вақти дохилшавӣ ба маркази имтиҳонӣ ё синфхонаи имтиҳонӣ ба ҷойи довталаб кӯшиши ворид шуданро барои супоридани имтиҳон кардааст ё ба синфхона ворид шуда, имтиҳонсупориро ба ҷойи довталаб оғоз кардааст, роҳбари маркази имтиҳонӣ ва намояндаи ваколатдори Марказ дар ҳузури шахси мазкур санад тартиб медиҳанд. Даъватнома аз дасташ гирифта, ин шахс аз имтиҳон хориҷ ва кори имтиҳонӣ аз эътибор соқит дониста мешавад. Худи довталаб аз ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳо дар соли ҷорӣ маҳрум карда мешавад.
155. Маъмури имтиҳон уҳдадор аст, ки дуруст ҷобаҷошинонии довталабон дар синфхонаи имтиҳонӣ, часпонидани штрихкоди дорои рақами мувофиқ дар ҳар як варақаи ҷавобҳо ва ба ҳар як довталаб дуруст тақсим кардани маводди имтиҳониро тибқи тартиби дар протоколи баргузории имтиҳон нишондода таъмин намояд. Маъмури имтиҳон уҳдадор аст, ки дар сурати вайрон шудани қоида ё талаботи муқарраргардидаи тартиби баргузории имтиҳон дар протоколи баргузории имтиҳон қайдҳои дахлдорро дарҷ намояд.
156. Маъмури имтиҳон то оғози имтиҳон ба довталабон дар бораи тартиби баргузории имтиҳон, қоидаҳои пур кардани варақаи ҷавобҳо, вақти ҷудошуда барои имтиҳон, тартиби пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ, ҳолатҳое, ки довталаб аз имтиҳон хориҷ карда мешавад ва огоҳ шудан аз натиҷаҳои имтиҳонҳо дастур (маълумот) медиҳад ва пешниҳод менамояд, ки онҳо бовар ҳосил намоянд, ки бо худ мавод, ашё ва воситаҳои дар имтиҳон мамнуъро надоранд. Дастури иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ ва қоидаҳои пур кардани варақаҳои ҷавобҳоро, ки риояи онҳо барои ҳар як довталаб ҳатмист, Марказ тасдиқ менамояд. Мухтасари дастури иҷрои тест ва қоидаҳои пур кардани варақаҳои ҷавобҳо дар китобчаи тест низ дода мешавад.
157. Лифофаи эмини дорои маҷмуи маводди имтиҳониро довталабе мекушояд, ки рақами ҷойи нишасти ӯро довталаби дигари интихобкардаи маъмури имтиҳон тасодуфӣ пешниҳод кардааст. Дар сурати мувофиқат накардани шумораи китобчаҳои тест дар лифофаи эмини кушодашуда ва (ё) шумораи варақаҳои ҷавобҳо бо шумораи довталабон тибқи протоколи баргузории имтиҳон, инчунин рух додани вазъияти дигари ғайричашмдошт маъмури имтиҳон уҳдадор аст, ки ба роҳбари маркази имтиҳонӣ ва намояндаи ваколатдори Марказ фавран хабар диҳад. Маъмури имтиҳон бахши дахлдори протоколи баргузории имтиҳонро пур карда, маводди имтиҳониро ба довталабон тақсим менамояд. Раванди мазкур дар дастурамал барои маъмури имтиҳон, ки онро Марказ тасдиқ менамояд, бояд муфассал баён гардад. Лифофаи эмини дорои маҷмуи маводди имтиҳониро кушодани маъмури имтиҳон, боз кардани лифофа берун аз синфхонаи имтиҳонӣ ва (ё) пеш аз хондани қисмати дахлдори дастур (маълумот) манъ аст.
158. Довталабе, ки пас аз дастурдиҳӣ дар имтиҳон ҳозир гардида, хаттӣ ризоят додааст, ки имтиҳонро бе шунидани дастур супорад, ба имтиҳонсупорӣ бе дастурдиҳӣ (маълумотгирӣ) ва бе тамдиди вақт барои иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ роҳ дода мешавад.
159. Пас аз тақсими китобчаҳои тест маъмури имтиҳон уҳдадор аст, ки китобчаҳои тест ва варақаҳои ҷавобҳои довталабони дар имтиҳон ҳузурнадоштаро ба довталабони дар синфхона ҳузурдошта нишон дода, бо овози баланд шуморад ва онҳоро бо штрихкодҳои истифоданашуда дар дохили лифофаи эмини нав, ки барои баргардондани маҷмуи маводди имтиҳонӣ ба Марказ пешбинӣ шудааст, гузорад. Пас аз гирифтани варақаи ҷавобҳо ва китобчаи тест довталаб уҳдадор аст, ки мавҷуд будани ҳамаи саҳифаҳои китобчаи тест, мувофиқати рақами гунаи китобчаи тесташ бо рақами тартибии штрихкоди варақаи ҷавобҳо ва ҷойи нишасташро бисанҷад.
160. Дар ҳолатҳои зерин маъмури имтиҳон таҳти назорати намояндаи ваколатдори Марказ ба довталаб варақаи ҷавобҳоро аз бастаи эҳтиётӣ, ки ба ҳар ё якчанд маркази имтиҳонӣ фиристода мешавад ва (ё) китобчаи тести ҳар довталаберо, ки дар ҳамин синфхона ё синфхонаи дигар дар имтиҳон ҳузур надорад, дода метавонад:
- агар дар варақаи ҷавобҳо ва (ё) китобчаи тест мавҷудияти хатои техникӣ (мавҷуд набудани саҳифаҳо, чопи норавшан ва ғайра), ки барои иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ ва (ё) кӯчонидани ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тестӣ ба варақаи ҷавобҳо мушкил эҷод менамояд, маълум шавад;
- агар варақаи ҷавобҳо ва (ё) китобчаи тест бо сабаби узрнок хароб гардад;
- агар шумораи варақаҳои ҷавобҳо дар бастаи кушодашуда ва (ё) шумораи китобчаҳои тест дар лифофаи эмини кушодашуда аз шумораи довталабони дар синфхона воқеан ҳузурдошта кам бошад;
- агар довталаб имтиҳонро ба забоне, ки бо он китобчаи тест ба ӯ пешниҳод шудааст, супорида натавонад ва пеш аз оғози иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ ба маъмури имтиҳон муроҷиат кунад.
161. Дар ҳолати ба довталаб додани варақаи ҷавобҳо ва (ё) китобчаи тести дигар роҳбари маркази имтиҳонӣ, намояндаи ваколатдори Марказ ва узви комиссияи ҷамъиятӣ санадро оид ба ин ҳолат ба расмият дароварда, имзо мекунанд ва маъмури имтиҳон бояд дар ин бора ҳатман дар протоколи баргузории имтиҳон қайд кунад. Дар сурати имконнопазир будани иваз кардани варақаи ҷавобҳо ва (ё) китобчаи тест дар даври якуми имтиҳон, ба довталаби мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки онҳоро роҳбари маркази имтиҳонӣ, намояндаи ваколатдори Марказ, маъмури имтиҳон ва шахсони дигари дахлдор таҳия ва имзо мекунанд, ҳуқуқи имтиҳонсупорӣ дар даври дуюми имтиҳонҳо дода мешавад.
162. Дар синфхонаи имтиҳонӣ бояд ҳамзамон на кам аз 3 (се) довталаб ҳузур дошта бошанд. Дар сурати аз 3 (се) нафар кам будан ё аз 3 (се) нафар кам ҳозир шудани довталабоне, ки тибқи тақсимот бояд дар як синфхона имтиҳон супоранд, дастурдиҳӣ (маълумотдиҳӣ) ба онҳо, кушодани лифофаи эмин, тақсими китобчаҳои тест ва варақаҳои ҷавобҳо дар ҳамин синфхона ба роҳ монда шуда, баъд аз анҷоми амалҳои зикршуда ин довталабон ба синфхонаи дигаре, ки дар он шинонидани довталабони иловагӣ имкон дорад, гузаронида мешаванд. Гузаронидани довталабони мазкур ба синфхонаи дигар бояд таҳти назорати намояндаи ваколатдори Марказ анҷом дода шавад ва маъмури имтиҳон уҳдадор аст, ки дар ин бора дар протоколи баргузории имтиҳон қайд кунад. Довталабони мазкур имтиҳонро дар ҳамин синфхона месупоранд.
163. Вақти оғоз ва анҷоми имтиҳонро маъмури имтиҳон эълон карда, дар тахтаи синфхонаи имтиҳонӣ менависад. Дар имтиҳон бояд муҳити ором ва мусоид таъмин ва ба довталабон имкони пурра нишон додани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаашон дода шавад.
164. Довталаб иҷрои саволу масъалаҳои тестиро баъд аз эълони оғози имтиҳон шуруъ мекунад. Дар вақти имтиҳон барои довталабон манъ аст:
- гуфтугӯ, ёрӣ додан, халал расонидан ба ҳамдигар ва (ё) истифода кардан аз ёрии шахсони дигар дар иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ;
- иваз кардани ҷойҳо ва (ё) китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва ҳар гуна навиштаҳои ҳамдигар;
- аз ҷой хестан ва ё рафтуомад кардан дар синфхона ва (ё) бе иҷозати маъмури имтиҳон берун баромадан аз он;
- бо худ мавод, восита ва (ё) ашёи тибқи банди 145 Тартиби мазкур мамнуъро доштан ва (ё) истифода кардан аз онҳо;
- дар варақаи ҷавобҳо, аз ҷумла дар ҳошияҳои он қайду ишораҳои ба имтиҳон ва (ё) варақа дахлнадоштаро кардан;
- варақаи ҷавобҳо ва (ё) маводди дигари барои баргузории имтиҳон пешбинишударо аз синфхона баровардан;
- идома додани иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ баъд аз эълони сипарӣ шудани вақти барои имтиҳон ҷудошуда;
- анҷом додани ҳар амали дигаре, ки хилофи талаботи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон аст.
165. Дар вақти имтиҳон барои маъмурони имтиҳон, маъмурони калон ва ҳар шахси дигари дар маркази имтиҳонӣ ба кор ҷалбшуда манъ аст:
- гуфтугӯ кардан бо довталабон, ёрӣ ва (ё) халал расонидан ба онҳо дар иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ;
- шарҳ додани саволу масъалаҳои тестӣ ва (ё) ҷавоб ба онҳо;
- синфхонаро бе назорат монда тарк кардан (ба маъмурони имтиҳон);
- нишастан дар синфхонаҳои имтиҳонӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва роҳравҳо бе зарурат;
- бо худ доштан ва (ё) истифода кардан аз қалами худкори рангаш сиёҳ;
- бо худ доштан ва (ё) истифода кардан аз мавод, ашё ва воситаҳои дар имтиҳон мамнуъ;

166. Довталаб пеш аз оғози иҷрои тест бояд дар паси варақаи ҷавобҳо ҷумлаи "Бо тартиби гузаронидани имтиҳон шинос шудам."ро навишта, имзо гузорад.
167. Довталабон уҳдадоранд, ки дар вақти имтиҳон қоидаҳои муқарраргардидаро риоя карда, дастурҳои маъмури имтиҳонро анҷом диҳанд ва саволу масъалаҳои тестиро мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида, ки ҳангоми коркарди корҳои имтиҳонии довталабон низ он қатъиян бояд риоя карда шавад, мустақилона, бе ёрии шахси дигар иҷро намоянд. Довталаб аз лаҳзаи варақаи ҷавобҳоро гирифтан то супориданаш ба маъмури имтиҳон онро бе нуқсон бояд нигоҳ дорад.
168. Саволҳои довталабон дар мавриди мундариҷаи субтестҳо баррасӣ карда намешавад. Эродҳои довталабон дар мавриди мундариҷаи субтестҳо бо нишон додани гунаи китобчаи тест, номи субтест, рақами савол ё масъалаи тестӣ ва муҳтавои эрод дар протоколи баргузории имтиҳон дарҷ карда мешавад.
169. Довталаб барои пур кардани варақаи ҷавобҳо шахсан масъул аст. Дар сурати варақаи ҷавобҳоро хато пур кардани довталаб ба ӯ варақаи нави ҷавобҳо дода намешавад. Даъвои довталаб дар бораи холҳои дар имтиҳон ба ӯ гузошташуда дар ҳолатҳои зерин қабул ва баррасӣ карда намешавад:
- қайд накардани ҷавобҳо дар варақаи ҷавобҳои тест;
- нодуруст ё қисман қайд кардани ҷавобҳо дар варақаи ҷавобҳои тест;
- нодуруст навиштани ҷавобҳо дар варақаи ҷавобҳои тест;
- кӯчонидани ҷавобҳои як субтест ба қисмати барои субтести дигар ҷудошудаи варақаи ҷавобҳо.
170. Дар вақти имтиҳон довталабон метавонанд бо сабаби узрнок (бад шудани ҳолат, ниёзҳои физиологӣ ва ғайра) бо иҷозати маъмури имтиҳон аз синфхонаи имтиҳонӣ берун баромада, таҳти роҳнамоии яке аз маъмурони калон ба ҳуҷраи дахлдор раванд. Ҳангоми аз синфхонаи имтиҳонӣ баромадан довталабон китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва варақаҳои коғази сиёҳнависро дар рӯйи мизи кориашон мегузоранд. Маъмури имтиҳон бояд мавҷудияти маводди мазкурро дар рӯйи мизи кории довталаб санҷида, вақти аз синфхона баромадани довталаб ва давомнокии вақти дар синфхона набудани ӯро дар протоколи баргузории имтиҳон қайд намояд. Баъди ба синфхонаи имтиҳонӣ барои идомаи имтиҳонсупорӣ баргаштани довталаб маъмури имтиҳон мавҷудияти маҷмуи маводди мазкурро, ки дар рӯйи мизи кории довталаб аст, дар ҳузури ӯ дубора месанҷад.
171. Агар довталаби дар даври якуми имтиҳон иштироккунанда бо сабаби воқеӣ иҷрои саволу масъалаҳои тестиро ба охир расонида натавонад, ҳуқуқ дорад, ки синфхонаро тарк намояд. Ба довталаби мазкур дар асоси санад дар бораи имтиҳонсупориро бо сабаби воқеӣ қатъ кардани довталаб, ки онро роҳбари маркази имтиҳонӣ, намояндаи ваколатдори Марказ, маъмури имтиҳон ва шахсони дигари дахлдор таҳия ва имзо мекунанд, ҳуқуқи имтиҳонсупорӣ дар даври дуюми имтиҳонҳо дода мешавад ва ин кори имтиҳонии ӯ аз эътибор соқит дониста мешавад. Маъмури имтиҳон бояд ҳолати мазкурро дар протоколи баргузории имтиҳон низ қайд намояд.
172. Дар сурати муқаррар шудани ҳолате, ки довталаб ашё ва маводди мамнуъ, воситаҳои алоқа ва (ё) техникаи электронии дигари ҳисоббарор дошт ва (ё) аз он истифода кард ва (ё) амали дигареро анҷом дод, ки тартиби баргузории имтиҳонро вайрон менамояд, маъмури имтиҳон дар бораи хориҷкунии довталаб аз имтиҳон санад тартиб дода, ба имзо мерасонад ва довталаби мазкурро аз синфхона берун менамояд. Кори имтиҳонии ин довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад ва ӯ аз ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳо дар соли ҷорӣ маҳрум мегардад.
173. Дар сурати муқаррар шудани ҳолатҳои тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳоро вайрон кардани довталабон ё шахсони дигари дар банди 138 Тартиби мазкур номбаршуда комиссияи апеллятсионии Марказ ҳуқуқ дорад, ки дар асоси протокол ва хулосаю маводди пешниҳодкардаи комиссияи кории апеллятсионии дахлдор ва сабти видеоӣ дар бораи аз эътибор соқит кардани натиҷаҳои имтиҳони ҳамаи довталабони маркази имтиҳонӣ ё синфхонаҳои алоҳида ё довталаб (довталабон)-и алоҳидаи он қарор қабул намояд. Ошкор шудани чунин ҳолатҳо дар ҳар замон барои хориҷ кардани донишҷӯй (донишҷӯён)-и алоҳидае, ки ин ҳолатҳо ба ӯ (онҳо) дахл дорад, аз муассисаи таълимӣ бе ҳуқуқ барои барқарорсозӣ асос ҳисобида мешавад. Инчунин агар ҳолатҳои вайрон кардани махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ ё ифшо шудани иттилооте, ки ба онҳо алоқаманд аст, пеш аз имтиҳонҳо ошкор шавад, Марказ имтиҳонҳоро қисман ё пурра ба муҳлати дигар мегузаронад ва агар ҳолатҳои мазкур дар вақти имтиҳонҳо ё баъд аз онҳо ошкор шавад, Марказ имтиҳонҳоро қисман ё пурра бекор мекунад ё натиҷаҳои имтиҳонҳоро қисман ё пурра аз эътибор соқит мекунад.
174. Довталабе, ки иҷрои саволу масъалаҳои тестиро пеш аз итмоми вақт ба охир мерасонад, танҳо пас аз гузаштани 60 дарсад аз вақти барои имтиҳон ҷудошуда варақаи ҷавобҳои худро ба маъмури имтиҳон супорида, маркази имтиҳониро тарк карда метавонад. То анҷоми расмии вақти барои имтиҳон ҷудошуда ё то корро ба итмом расонидани довталаби охирин (дар доираи вақти муқарраршуда) дар синфхонаи имтиҳонӣ бояд на кам аз 3 (се) довталаб ҳузур дошта бошанд.
175. Маъмури имтиҳон довталабонро 60, 30, 20, 10 ва 5 дақиқа пеш аз анҷоми имтиҳон аз вақти барои иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ боқимонда огоҳ карда, ба онҳо зарурати кӯчонидани ҷавобҳо ба саволу масъалаҳоро аз китобчаи тест ба варақаи ҷавобҳо ёдовар мешавад.
176. Варақаи ҷавобҳо пас аз имтиҳонсупории довталаб ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи натиҷаи аз имтиҳон бадастовардаи ӯ ба ҳисоб меравад. Довталаб уҳдадор аст, ки пас аз иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ ё гузаштани вақти барои имтиҳон ҷудошуда варақаи ҷавобҳои худро ба маъмури имтиҳон супорида, дар протоколи баргузории имтиҳон дар рӯ ба рӯйи ному насаби худ имзо гузорад. Китобчаи тести дар оғози имтиҳон ба ҳар як довталаб додашуда дар дасти довталаб нигоҳ дошта мешавад. Дар сурати саркашӣ кардани довталаб аз супоридани варақаи ҷавобҳо пас аз гузаштани вақти барои имтиҳон ҷудошуда ва (ё) варақаи ҷавобҳояшро аз синфхона ё маркази имтиҳонӣ берун баровардани довталаб маъмури имтиҳон, намояндаи ваколатдори Марказ ва роҳбари маркази имтиҳонӣ ё ёвари ӯ дар ин хусус санад тартиб дода, ба Марказ пешниҳод менамоянд. Дар чунин ҳолат кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит карда мешавад.
177. Ҳангоми қабули варақаи ҷавобҳои довталаб маъмури имтиҳон уҳдадор аст санҷад, ки довталаб гунаи китобчаи тестро дар ин варақа ишора ва талаботи банди 166 Тартиби мазкурро риоя кардааст ё не. Агар довталаб гунаи китобчаи тестро дар варақаи ҷавобҳояш ишора ва (ё) талаботи банди 166 Тартиби мазкурро риоя накарда бошад, маъмури имтиҳон варақаро барои омодасозии он тибқи талаботи муқарраргардида ба довталаб бармегардонад. Инчунин агар довталаб дар варақаи ҷавобҳо бахши ҷавобҳои як, якчанд ё ҳамаи субтестҳоро пур накарда бошад, маъмури имтиҳон бояд дар вақти қабули ин варақа дар бораи ҳолати мазкур дар протоколи баргузории имтиҳон қайд намояд ва довталаб бояд зери он имзо гузорад.
178. Маъмури имтиҳон дар ҳузури на кам аз 3 (се) довталаб протоколи баргузории имтиҳонро пур мекунад ва маъмури имтиҳону 3 (се) довталаби дар синфхонаи имтиҳонӣ ҳузурдошта дар он имзо мегузоранд. Маъмури имтиҳон варақаҳои ҷавобҳои ҷамъкардаро бо протоколи баргузории имтиҳон дохили лифофаи эмини нав, ки барои баргардондани маҷмуи маводди имтиҳонӣ ба Марказ пешбинӣ шудааст, гузошта, онро маҳкам карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Лифофаҳои эмини басташударо роҳбари маркази имтиҳонӣ дар ҳузури намояндаи ваколатдори Марказ аз ҳар як маъмури имтиҳон бо санад қабул карда, дохили қуттиҳо мегузорад, ки онҳо бо тамғаҳои махсуси рақамгузоришуда баста мешаванд. Қуттиҳои мазкур мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ тавассути кормандони ваколатдори он ва дар сурати ба кор ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда ба воситаи кормандони ваколатдори ин муассиса ба Марказ оварда мешаванд.
179. Барои довталабони имкониятҳои ҷисмонияшон маҳдуд дар марказҳои имтиҳонӣ дар доираи талаботи муқарраргардида ва бо дар назар доштани хусусиятҳои ҷисмонӣ, имкониятҳои инфиродӣ вазъи саломатии чунин довталабон шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.
180. Шароити дар имтиҳон зарурӣ барои довталаби имкониятҳои ҷисмонияш маҳдуд дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳодкардааш, ки онро дар бораи маъюбии ӯ мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, омода карда мешавад.
181. Довталабони имкониятҳои ҷисмонияшон маҳдуд дар раванди супоридани имтиҳон метавонанд аз воситаҳои техникии махсуси барои онҳо зарур истифода намоянд.
182. Дар зарурат, ҳангоми имтиҳон маъмури дуюми имтиҳон метавонад ба довталаби имкониятҳои ҷисмонияш маҳдуд ёрии лозима расонад, аз ҷумла:
- мусоидат барои ҳаракат кардан дар дохили синфхона ва маркази имтиҳонӣ;
- ёрӣ барои дуруст шинонидани довталаб ва ба дасти ӯ додани қалами худкор;
- даъват кардани кормандони тиб;
- расонидани ёрии аввалияи тиббӣ;
- хондани саволу масъалаҳои тестӣ бо овози баланд;
- кӯчонидани ҷавобҳо ба варақаи ҷавобҳо.
183. Ҳамчун маъмури дуюми имтиҳон барои расонидани ёрии лозима ба довталаби имкониятҳои ҷисмонияш маҳдуд шахсе таъин карда мешавад, ки омӯзгори фанҳое, ки аз онҳо довталаби мазкур имтиҳон месупорад, нест.
184. Барои довталабони нобино:
- дар маркази имтиҳонӣ, дар ошёнаи якум барои ҳар яке аз чунин довталабон синфхонаи имтиҳонии алоҳида таъин карда мешавад, ки дар он барои имтиҳонсупории як довталаб ду маъмури имтиҳон (маъмури якум барои идораи имтиҳон ва маъмури дуюм барои бо овози баланд хондани саволу масъалаҳои тестӣ ва қайди ҷавобҳои пешниҳодкардаи довталаб дар варақаи ҷавобҳо) таъин карда мешаванд;
- ҳар яке аз ин довталабонро баъди аз қайд гузаштанашон дар маркази имтиҳонӣ маъмури калон то синфхонаи имтиҳонии барояшон таъиншуда роҳбаладӣ мекунад;
- маъмури дуюми имтиҳон ин довталабро то ҷойи тибқи рӯйхати протоколи баргузории имтиҳон муқарраршуда роҳбаладӣ менамояд;
- лифофаи эмини дорои маҷмуи маводди имтиҳонӣ барои ҳар яке аз чунин довталабон дар ҳузури яке аз аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ва (ё) намояндаи ваколатдори Марказ кушода ва маҳкам карда мешавад;
- маъмури дуюми имтиҳон, ки бо довталаби нобино дар паси як миз менишинад, барои ӯ бо овози баланд саволу масъалаҳои тестиро мехонад ва ҷавоби ӯро дар ҳузури маъмури якуми имтиҳон ва яке аз аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ва (ё) намояндаи ваколатдори Марказ дар варақаи ҷавобҳо ишора менамояд;
- пас аз саволу масъалаҳои тестиро иҷро кардани довталаби мазкур ва ҷавобҳои ӯро дар варақаи ҷавобҳо кӯчонидани маъмури дуюми имтиҳон ин маъмур саволу масъалаҳои тестӣ ва ҷавобҳои пешниҳодкардаи довталабро барои бовар ҳосил кардан ба ин ки ҳамаи ҷавобҳо ба варақаи ҷавобҳо гузаронида шудаанд, бори дигар бо овози баланд мехонад;
- пас аз иҷрои саволу масъалаҳо ё гузаштани вақти барои имтиҳон ҷудошуда маъмури якуми имтиҳон варақаи ҷавобҳоро аз довталаб ё маъмури дуюми имтиҳон мегирад. Маъмури якуми имтиҳон дар ҳузури маъмури дуюми имтиҳон ва яке аз аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ва (ё) намояндаи ваколатдори Марказ протоколи баргузории имтиҳонро пур мекунад ва ҳар ду маъмури имтиҳон ва яке аз аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ва (ё) намояндаи ваколатдори Марказ онро имзо мегузоранд. Маъмури якуми имтиҳон варақаи ҷавобҳои гирифтаро бо протоколи баргузории имтиҳон дохили лифофаи эмини нав, ки барои баргардондани маҷмуи маводди имтиҳонӣ ба Марказ пешбинӣ шудааст, гузошта, онро маҳкам менамояд ва ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад.
185. Барои довталабони биноияшон суст:
- агар довталаби биноияш суст бо истифода аз воситаи махсуси калонкунанда саволу масъалаҳои тестиро хондан ва ҷавобҳоро дар варақаи ҷавобҳо қайд кардан тавонад, ӯ имтиҳонро тибқи тартиби умумӣ месупорад;
- агар довталаби биноияш суст мустақилона амал карда натавонад (саволу масъалаҳои тестиро хонда, ҷавобҳоро дар варақаи ҷавобҳо қайд карда натавонад ва ғайра), ӯ имтиҳонро тибқи муқаррароти банди 184 Тартиби мазкур месупорад.
186. Барои довталабони ношунаво ва шунавоияшон суст:
- ҳар яке аз довталабони мазкур ҳуқуқи бо дастгоҳи махсуси шунавоӣ ба маркази имтиҳонӣ ворид шуданро дорад. Марказ рӯйхати довталабони мазкурро ба маркази имтиҳонии дахлдор мефиристад ва роҳбари он кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатиро дар бораи ин довталабон огоҳ менамояд;
- баъди аз қайд гузаштан дар маркази имтиҳонӣ ҳар яке аз довталабони мазкурро маъмури калон то синфхонаи имтиҳонии барояшон таъиншуда роҳбаладӣ мекунад;
- маъмури имтиҳон ба ҳар яке аз довталабони мазкур мувофиқи рӯйхати протоколи баргузории имтиҳон ҷойи нишасташонро нишон медиҳад;
- довталабони мазкур имтиҳонро тибқи тартиби умумӣ месупоранд;
- дар зарурат (ёрӣ барои муошират бо кормандони маркази имтиҳонӣ, дар вақти дастурдиҳӣ ва ғайра) барои чунин довталабон Марказ мутарҷими забони имову ишораро таъмин менамояд.
187. Барои довталабоне, ки узви такягоҳу ҳаракаташон осеб дорад:
- дар маркази имтиҳонӣ, дар ошёнаи якум барои ҳар яке аз чунин довталабон синфхонаи имтиҳонии алоҳида таъин карда мешавад, ки ба он тавассути аробачаи маъюбӣ ё василаи дигари ҳаракат ё интиқол ворид шудан мумкин аст;
- баъди аз қайд гузаштани чунин довталабон дар маркази имтиҳонӣ маъмури калон ҳар яке аз онҳоро то синфхонаи имтиҳонии барояшон таъиншуда роҳбаладӣ мекунад;
- маъмури имтиҳон ҳар яке аз чунин довталабонро то ҷойи тибқи рӯйхати протоколи баргузории имтиҳон муқарраршуда роҳбаладӣ менамояд;
- ҳар яке аз чунин довталабон имтиҳонро тибқи тартиби умумӣ месупорад ва дар зарурат метавонанд дар аробачаи маъюбӣ ё василаи дигар қарор дошта бошад;
- дар зарурат барои ёрӣ додан ба довталаб (дуруст шинонидан, ба даст гирифтани қалами худкор ва ғайра) дар синфхонаи имтиҳонии дахлдор ҳузури маъмури дуюми имтиҳон иҷозат дода мешавад.
188. Пас аз имтиҳон ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тестӣ дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда мешаванд.
11. КОРКАРДИ МАВОД ВА КОРҲОИ ИМТИҲОНӢ, САНҶИШ ВА БАҲОГУЗОРИИ ОНҲО
189. Лифофаҳои эмини дорои маҷмуи маводди имтиҳониро шахсони ваколатдори Марказ мутобиқи санадҳои танзимкунандаи дохилии он қабул менамоянд.
190. Раванди коркарди мавод ва корҳои имтиҳонӣ - варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон ва протоколҳои баргузории имтиҳонҳо бо дар назар доштани риояи талаботи бехатарӣ ва махфият бо тартиби тасдиқнамудаи Марказ ба танзим дароварда мешавад.
191. Коркарди мавод ва корҳои имтиҳонӣ аз инҳо иборат аст:
- эътиборсанҷии протоколҳои баргузории имтиҳонҳо, варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон;
- сканеркунии варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон;
- шинохти барномавии иттилооти дар варақаҳои ҷавобҳо дарҷкардаи довталабон;
- бозбинии мувофиқати иттилооти шинохташуда бо иттилооти аслии дар варақаҳои ҷавобҳо дарҷкардаи довталабон бо роҳи муқоисаи онҳо бо нусхаҳои графикӣ (тасвирҳои аввалияи сканершуда);
- бойгонисозии иттилооти шинохташудаи варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон.
192. Корҳои имтиҳонии аз эътибор соқитшудаи довталабоне, ки дар ҳолатҳои тибқи Тартиби мазкур пешбинишуда аз имтиҳон хориҷ гардидаанд ё иҷрои саволу масъалаҳои тестиро бо сабаби воқеӣ ба охир расонида натавонистаанд, мавриди коркарду санҷиш қарор дода намешаванд.
193. Агар довталаб дар варақаи ҷавобҳо суханони ғайриахлоқиро истифода карда бошад ва (ё) қоидаҳои пур кардани варақаи ҷавобҳоро қасдан вайрон карда бошад, комиссияи апеллятсионӣ дар бораи аз эътибор соқит кардани варақаи ҷавобҳои ин довталаб қарор қабул мекунад. Ин варақаи ҷавобҳо бояд коркард нашавад.
194. Қайду навиштаҳои марбут ба тестро иҷро кардани довталаб дар сиёҳнависҳо ва китобчаи тест ба назар гирифта намешавад ва бояд коркарду санҷиш нашавад.
195. Амалиёти эътиборсанҷӣ, сканеркунӣ, шинохти барномавии корҳои имтиҳонии сканершудаи довталабон, бозбинӣ, бойгонисозӣ, санҷидан ва баҳогузории корҳои имтиҳонии довталабон дар ҳуҷраҳои махсуси муҷаҳҳазгардидаи дастрасияшон маҳдуди Марказ анҷом дода мешавад. Ин амалиёт дар компютерҳои дар шабакаи маҳаллии ҷудо ба ҳам пайвастгардида анҷом дода мешавад.
196. Ба шахсони барои коркарди мавод ва корҳои имтиҳонӣ, инчунин санҷиш ва баҳогузории онҳо ҷалбшуда бо худ доштани воситаҳои алоқа, техникаи электронии ҳисоббарор, дастгоҳҳои акс, садо ва наворбардорӣ ва воситаҳои дигари нигаҳдорӣ ва интиқоли иттилоот, нусхабардорӣ кардан, аз ҳуҷраҳои барои коркарди мавод ва корҳои имтиҳонӣ пешбинишуда баровардани мавод ва (ё) корҳои имтиҳонӣ, инчунин ифшо кардани иттилооте, ки маводди мазкур дар бар мегирад, манъ аст.
197. Дар ҷойи эътиборсанҷӣ "Мизи махсус барои ҳалли мушкилоти ғайричашмдошт" гузошта мешавад. Мизи махсус дар қисмати кории эътиборсанҷон бо мақсади муайян кардани мувофиқати корҳои имтиҳонии довталабон бо протоколҳои баргузории имтиҳонҳо ҷой дода мешавад.
198. Мувофиқи маълумоти дар натиҷаи коркарди корҳои имтиҳонӣ - варақаҳои ҷавобҳои довталабон бадастомада ва меъёрҳои баҳогузории саволу масъалаҳои тестӣ бо истифода аз алгоритм ва барномаи компютерии дахлдор шумораи холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб аз ҳар субтести алоҳида ҳисоб карда мешавад.
199. Дар сурати ошкор гардидани ғалати чопӣ ё хатои техникӣ дар савол ё масъалаи тестӣ, ки ба ҷавоби дурусти довталабон таъсир мерасонад, комиссияи апеллятсионӣ ҷавоби довталабонро ба ин савол ё масъала ҳамчун ҷавоби дуруст ҳисоб мекунад. Марказ барои роҳ наёфтани ғалати чопӣ ё хатои техникӣ дар савол ё масъалаи тестӣ масъул мебошад.
200. Холҳои бадастовардаи довталабон барои ба балҳо гардондани онҳо пас аз коркарди ниҳоии корҳои имтиҳонӣварақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон миқёсгузорӣ карда мешавад.
201. Барои миқёсгузории холҳои бадастовардаи довталабон низоми балгузорӣ истифода мешавад. Шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳамаи субтестҳои қисми А 500 ва аз ҳамаи субтестҳои қисми Б 300 аст.
202. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳоро барои ҳар субтести қисми А ва қисми Б мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муқаррар менамояд. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо барои ҳар як субтести қисми А ва қисми Б вобаста аз фанни имтиҳонии асосии ихтисос дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо муқаррар карда мешавад.
203. Вобаста аз балҳои имтиёзу коэффитсиенти муқарраргардида (агар довталаб ба гирифтани чунин имтиёз ҳуқуқ дошта бошад) шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари балҳо метавонад зиёд шавад.
204. Миқёсгузории натиҷаҳои бадастовардаи довталабон аз қисмҳои А ва Б тибқи алгоритми таҳиякардаи Марказ анҷом дода мешавад. Аз рӯйи натиҷаи миқёсгузорӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб дода мешавад.
205. Корҳои имтиҳонии довталабон, протоколҳои баргузории имтиҳонҳо ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки коркард шудаанд, бо дар назар доштани риояи талаботи бехатарӣ ва махфият дар бойгонии Марказ дар давоми 4 (чор) сол нигоҳ дошта шуда, баъд аз гузаштани ин муҳлат тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешаванд.
206. Барои роҳ ёфтан ба тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
- танҳо қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шавад.
207. Холҳои гузаришро барои ҳар субтести қисмҳои А ва Б дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо ҳар сол мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тибқи таҳлили пешакии натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муқаррар менамояд. Роҳ ёфтан ба тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталаб ё гузаштани ӯро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад. Аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш гузаштан ё нагузаштани довталабро танҳо натиҷаҳои тақсимот муайян мекунад.
208. Дар ҳолати навъҳои гуногуни ихтисосҳоро интихоб кардани довталаб роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба тақсимот аз рӯйи ҳар навъи ихтисосҳои интихобкардааш тибқи талаботи банди 206 Тартиби мазкур ҷудогона баррасӣ карда мешавад. Роҳ наёфтани довталаб ба тақсимот аз рӯйи як навъи ихтисосҳои интихобкардааш барои роҳ наёфтани ӯ ба тақсимот аз рӯйи навъи дигари ихтисосҳои интихобкардааш, ки барои онҳо холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳо ва қисм (қисмҳо)-и дахлдор соҳиб шудааст, асос шуда наметавонад. Инчунин баръакс, роҳ ёфтани довталаб ба тақсимот аз рӯйи як навъи ихтисосҳои интихобкардааш барои роҳ ёфтани ӯ ба тақсимот аз рӯйи навъи дигари ихтисосҳои интихобкардааш, ки барои онҳо холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест ва (ё) қисм (қисмҳо)-и дахлдор соҳиб нашудааст, асос шуда наметавонад.
209. Довталабе, ки хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, ба ӯ бинобар нагузаштанаш аз аттестатсияи хатм/ҷамъбастӣ ҳуҷҷат дар бораи гирифтани зинаи дахлдори таҳсилот дода намешавад, бояд дар ин хусус то оғози даври якуми имтиҳонҳо ба Марказ хабар диҳад. Ин довталаб ба тақсимот аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ намеёбад.
210. Ба довталабоне, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба гирифтани имтиёз ҳуқуқ доранд, ба шарти ба даст овардани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А ё қисми Б, инчунин аз қисми В ва (ё) қисми Г (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм имтиёз дода мешавад. Барои додани имтиёзҳо низ ҳолати роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба тақсимот аз рӯйи ҳар навъи ихтисосҳои интихобкардааш тибқи талаботи банди 206 Тартиби мазкур ба назар гирифта мешавад. Имтиёз ба довталаб дар ҳамон навъ (навъҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-е, ки аз рӯйи он (онҳо) ба тақсимот роҳ ёфтааст, дода мешавад. Роҳ наёфтани довталаб ба тақсимот аз рӯйи як навъи ихтисосҳои интихобкардааш барои надодани имтиёз ба ӯ аз рӯйи навъи дигари ихтисосҳои интихобкардааш, ки барои онҳо холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳо ва қисм (қисмҳо)-и дахлдор соҳиб шудааст, асос шуда наметавонад. Инчунин баръакс, роҳ ёфтани довталаб ба тақсимот аз рӯйи як навъи ихтисосҳои интихобкардааш барои додани имтиёз ба ӯ аз рӯйи навъи дигари ихтисосҳои интихобкардааш, ки барои онҳо холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест ва (ё) қисм (қисмҳо)-и дахлдор соҳиб нашудааст, асос шуда наметавонад.
211. Марказ бо мақсади кор бо довталабони дорои ҳуқуқ ба гирифтани имтиёз ва ҳамкорӣ дар ин самт бо мақомоти ваколатдори давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар ҳайати он шахсони масъули корро бо ҳар яке аз гурӯҳҳои дахлдори довталабон муайян мекунад. Марказ рӯйхатҳои довталабонеро, ки барои гирифтани имтиёзҳо ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, вобаста аз мансубияташон ба гурӯҳи имтиёздорон барои тасдиқ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба гурӯҳи шахсони барои гирифтани имтиёз ҳуқуқдошта мансуб будан ё набудани ҳар як довталаби дар рӯйхат пешниҳодшударо дар муддати 10 (даҳ) рӯз тасдиқ мекунад.
212. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм барои додани имтиёзҳо ба довталабони дахлдор феҳристҳои зеринро тасдиқ менамояд:
- ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад. Ихтисосҳои "Андоз ва андозбандӣ", "Аудит ва ревизия", "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (аз рӯи самтҳо)", "Иқтисод(иёт) ва идора дар корхона (аз рӯи самтҳо)", "Иқтисодиёт", "Иқтисодиёти ҷаҳонӣ", "Кори бонкӣ", "Молия ва қарз", "Забонҳои муосири хориҷӣ (аз рӯи самтҳо)", "Таъмин(от)и забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (аз рӯи самтҳо)", "Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ", "Санҷиши судӣ", "Сиёсат ва идораи давлатӣ", "Сиёсати берунӣ ва дипломатия", "Танзими ҳуқуқии молия ва қарз", "Таъмин(от)и ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ", "Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ", "Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ", "Ҳуқуқи байналмилалӣ (аз рӯи самтҳо)", "Ҳуқуқи андозу бонкӣ", "Ҳуқуқи гумрукӣ", "Ҳуқуқи иқтисодӣ", "Ҳуқуқи нақлиётӣ", "Ҳуқуқшиносӣ", "Кори табобатӣ", "Педиатрия", "Стоматология (дандонпизишкӣ)", "Фарматсия (дорусозӣ)", "Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ" аз феҳристи мазкур истисно карда мешаванд;
- ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ба онҳо мувофиқат карда, аз рӯйи ин дастовардҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад;
- ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш ба онҳо мувофиқат карда, аз рӯйи ин дастовардҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.
213. Вобаста аз нишондиҳандаи таъминоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол ба шаҳру ноҳияҳои дахлдор коэффитсиентҳо муқаррар карда мешавад, ки ҳангоми қабули донишҷӯён ба ҷойҳои буҷетии муассисаҳои давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" ва "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон", инчунин ҷойҳои буҷетии ихтисоси кори момодоягии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ илова мегардад.
214. Барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо табибон барои 10000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,04, аз 6 то 9 нафар коэффитсиенти 1,03 ва аз 9 то 11 нафар коэффитсиенти 1,02 муқаррар мешавад. Барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо кормандони миёнаи тиб - мутахассисон аз рӯйи ихтисоси кори момодоягӣ барои 10000 нафар аҳолӣ аз 4 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,04, аз 4 то 6 нафар коэффитсиенти 1,03 ва аз 6 то 8 нафар коэффитсиенти 1,02 муқаррар мешавад.
215. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва дар соҳаи маориф ва илм дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру ноҳияҳои дахлдор ва коэффитсиентҳои онҳоро ҳар сол на дертар аз 4 (чор) моҳ пеш аз оғози имтиҳонҳо муайян мекунанд. Рӯйхати ин шаҳру ноҳияҳо ба Марказ пешниҳод карда мешавад.
216. Барои довталабони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбие, ки дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҷойгиранд, дар зарурат коэффитсиентҳо муқаррар карда мешаванд, ки ҳангоми қабули донишҷӯён ба ҷойҳои буҷетии чунин муассисаҳои таълимӣ амалӣ мегарданд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм барои илова кардани коэффитсиентҳо ба натиҷаҳои бадастовардаи довталабони дахлдор дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 4 (чор) моҳ пеш аз оғози имтиҳонҳо рӯйхатҳои зеринро тасдиқ ва ба Марказ пешниҳод мекунад:
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии шаҳру ноҳияҳои дурдасте, ки ҳангоми дохилшавӣ ба онҳо барои довталабон аз шаҳру ноҳияҳои дахлдор коэффитсиентҳо муқаррар карда мешаванд;
- шаҳру ноҳияҳое, ки барои довталабони онҳо ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии дахлдор коэффитсиентҳо муқаррар карда мешаванд.
217. Коэффитсиент ба балли аз қисми А бадастовардаи довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда бошаду сокини шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда бошад, ба балли аз қисми А бадастовардаи ӯ коэффитсиенти муқарраршудаи шаҳр ё ноҳияе, ки ӯ дар он истиқомат мекунад, илова карда мешавад.
218. Коэффитсиент ба балли аз қисми А бадастовардаи довталаб ба шарти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро бомуваффақият супурданаш, яъне танҳо дар сурати аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шудани довталаб, илова карда мешавад.
219. Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб гаштанро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам балли имтиёзӣ дошта бошад, дар сурати зиёд будани балли имтиёзияш аз балли коэффитсиент ба балли бадастовардааш балли имтиёзӣ ва дар акси ҳол, балли коэффитсиент илова карда мешавад.
220. Санҷишу баҳогузории натиҷаҳо аз қисми В тибқи тартиби муқаррарнамудаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор анҷом дода мешавад.
221. Холҳои гузаришро аз қисми В, новобаста аз шумораи санҷишҳо, барои ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муқаррар менамояд.
222. Холҳои аз қисми В бадастовардаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои супоридани ин қисмро талабкунанда ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, тавассути низоми 250-балӣ миқёсгузорӣ карда мешаванд. Барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ё қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳои ду субтести аввали қисми А ва қисми Б чунин аст: субтести якум - 75 ва субтести дуюм175. Яъне, агар довталаб ду субтести аввали қисми А ё қисми Б-ро бомуваффақият супорад, барои ихтисосҳое, ки супоридани ин ду субтест ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз субтестҳои мазкур ҳамагӣ то 250 балро ба даст оварда метавонад. Шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари балҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ё қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, 500 аст, яъне 250 бал барои ду субтести аввали қисми А ё Б ва 250 балли дигар барои қисми В.
223. Натиҷаҳоро аз рӯйи қисми В дар шакли муқаррарнамудаи Марказ комиссияҳои имтиҳонии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор ба расмият медароранд. Муассисаҳои таълимӣ уҳдадоранд, ки натиҷаҳои мазкурро ба Марказ тибқи шакл ва муҳлати муқарраркардааш пешниҳод намоянд.
224. Санҷишу баҳогузории натиҷаҳо аз рӯйи қисми Г.1 ва қисми Г.2 мувофиқан тибқи тартиби муқаррарнамудаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳар яке аз ин донишгоҳҳо анҷом дода мешавад.
225. Холҳои гузаришро аз қисми Г.1 ва қисми Г.2 мувофиқан филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муқаррар менамоянд.
226. Холҳои аз қисми Г.1 ва қисми Г.2 бадастовардаи довталабон тавассути низоми 500-балӣ миқёсгузорӣ карда мешаванд.
227. Натиҷаҳоро аз рӯйи қисми Г.1 ва қисми Г.2 мувофиқан филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар муҳлати на дертар аз 3 рӯз баъди баргузории ин имтиҳонҳо ба Марказ пешниҳод менамоянд.
12. ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ИШТИРОКИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМТИҲОНҲО
228. Нусхаи электронии варақаи ҷавобҳои пуркардаи ҳар яке аз довталабон пас аз сканер шудани онҳо дар ҳуҷраи инфиродии довталаб ҷой дода мешавад.
229. Пас аз анҷоми раванди коркард, баҳогузорӣ ва миқёсгузории натиҷаҳои дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бадастовардаи довталабон ҳар як довталаб дар бораи шумораи хол ва балҳои бадастовардааш, инчунин дар бораи ба тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтанаш хабардор карда мешавад. Барои шинос намудани довталабон бо маълумот дар бораи шумораи хол ва балҳои бадастовардаашон, инчунин дар бораи ба тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтанашон Марказ аз хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ (интернет ва алоқаи мобилӣ) истифода мебарад. Санаи эълони ин натиҷаҳоро Марказ бо дар назар доштани теъдоди рӯзҳое, ки барои коркард, баҳогузорӣ ва миқёсгузории натиҷаҳо зарур аст, муқаррар менамояд.
230. Марказ ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳоро аз ҳар субтести қисмҳои А ва Б барои ҳар гурӯҳи ихтисосҳо дар сомонаи расмии худ ҷойгир менамояд.
231. Марказ барои огоҳсозии довталабон аз натиҷаҳои имтиҳонҳо дар заминаи воҳидҳои сохтории минтақавии худ ва (ё) муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои интихобкардаи Марказ нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил карда, маълумоти заруриро дар бораи онҳо пешакӣ тавассути сомонаи расмии худ нашр менамояд.
232. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва махфияти маълумоти инфиродии довталабон дар бораи шумораи хол ва балҳои бадастовардаи онҳо, инчунин дар бораи ба тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтанашон ба ҳар як довталаб маълумот алоҳида расонида мешавад. Ин натиҷаҳо (дар шакли муфассал) дар ҳуҷраи инфиродии довталаб ҷойгир ва тавассути хизматрасонии паёмакҳои кутоҳ (дар шакли мухтасар) ба телефони мобилияш фиристода мешавад. Дастрасӣ ба ҳуҷраи инфиродӣ тавассути ворид намудани номи корбар ва рамз ба роҳ монда мешавад.
13. ПЕШНИҲОД ВА БАРРАСИИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ
233. Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои довталабон барои арзёбии воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузарондан ё натиҷаҳои имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи дар шакли хаттӣ додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва (ё) норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дода мешавад.
234. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон дар рӯзи имтиҳон аз маркази имтиҳонӣ берун набаромада ва (ё) дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар давоми то 3 (се) рӯз пас аз эълони натиҷаҳои иштироки довталабон дар имтиҳонҳо аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд.
235. Марказ тавассути сомонаи расмии худ ва ё воситаҳои дигари ахбори омма оид ба тартиб ва макони қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон 1 (як) ҳафта пеш аз оғози имтиҳонҳо ва оид ба тартиб ва макони қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда 1 (як) ҳафта пеш аз эълони натиҷаҳои иштироки довталабон дар имтиҳонҳо маълумот медиҳад.
236. Низомномаро дар бораи тартиби пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ менамояд. Барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб дар доираи қисмҳои А ва Б комиссияи апеллятсионӣ ташкил карда мешавад, ки ҳайати он бо фармоиши директори Марказ тасдиқ мегардад. Фаъолияти комиссияи апеллятсионӣ мутобиқи низомномаи мазкур ба роҳ монда мешавад, ки дар он мақсад, ҳуқуқ ва вазифаҳои комиссияи апеллятсионӣ низ муайян мегардад. Комиссияи апеллятсиониро раиси он роҳбарӣ менамояд. Раиси комиссия вазифаҳоро байни аъзои комиссия муайян карда, кори онро тибқи талаботи низомномаи мазкур таъмин менамояд. Дар набудани раиси комиссияи апеллятсионӣ вазифаҳои ӯро муовини раис иҷро мекунад.
237. Баррасии апеллятсия маънои дар ин раванд аз нав имтиҳон супориданро надошта, дар рафти он танҳо риояи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва (ё) дурустии холҳое, ки аз рӯйи натиҷаҳои имтиҳон ба довталаб гузошта шудааст, санҷида мешавад.
238. Дар раванди баррасии аризаи апеллятсионӣ комиссияи апеллятсионӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳуҷҷату маълумоти зарурӣ, аз ҷумла варақаҳои ҷавобҳо ва протоколҳои баргузории имтиҳонҳо, маълумот дар бораи шахсони дар вақти баргузории имтиҳонҳо ҳузурдошта, дар бораи риояи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва инчунин маводди дахлдор ва сабти видеоии имтиҳонро, ки аз маркази имтиҳонӣ пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, шахсони дахлдорро барои гирифтани маълумоти зарурӣ дар бораи масъалаҳои ҷойдошта даъват намояд.
239. Довталабон ва (ё) падару модари онҳо (намояндагони қонунии онҳо) дар сурати хоҳиш доштан дар баррасии аризаи апеллятсионӣ метавонанд иштирок кунанд.
240. Аз рӯйи натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо ё норозӣ будан аз холҳои гузошташуда комиссияи апеллятсионӣ метавонад, ки яке аз қарорҳои зеринро мувофиқан қабул намояд:
- рад кардани аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо;
- қонеъ гардондани аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо ва аз эътибор соқит кардани кори имтиҳонии довталаб (дар ин сурат ба довталаб барои иштирок дар даври баъдии имтиҳонҳо иҷозат дода мешавад);
- рад кардани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда;
- қонеъ гардондани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда ва ба довталаб гузоштани холҳои дигар.
241. Дар сурати қонеъ гардондани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда шумораи холҳои қаблан барои субтест (субтестҳо)-и дахлдор ба довталаб гузошташуда метавонад тағйир ёфта, зиёд ё кам шавад.
242. Кори комиссияи апеллятсионӣ бо протоколҳо, ки онҳоро раис ва аъзои дахлдори комиссия имзо мекунанд, ба расмият дароварда мешавад. Шакли аризаҳои апеллятсионӣ ва протоколҳоро Марказ муқаррар менамояд.
243. Ҳуҷҷатҳои ҳисоботашон қатъии кори комиссияи апеллятсионӣ, ки онҳоро комиссия мураттаб ё ҷамъоварӣ мекунад, дар бойгонии Марказ давоми як сол нигоҳдорӣ шуда, баъди он тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешаванд.
244. Комиссияи апеллятсионӣ дар давоми то 7 (ҳафт) рӯз натиҷаҳои баррасии аризаҳоро ба довталабони аризадода пешниҳод менамояд.
245. Апеллятсияро вобаста ба масъалаҳои қисми В комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин муассисаи таълимӣ ва вобаста ба масъалаҳои қисми Г.1 ва қисми Г.2 мувофиқан комиссияи апеллятсионии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқаррарнамудаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва комиссияи апеллятсионии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тибқи тартиби муқарраркардаи ин Донишгоҳ баррасӣ мекунад.
14. ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН АЗ РӯЙИ КОМБИНАТСИЯҲОИ ИХТИСОСҲОИ ИНТИХОБКАРДА
246. Натиҷаҳои ниҳоие, ки довталаб онро дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соҳиб мегардад, барои тақсимот ва қабули довталаб ба ҳайати донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тавассути Марказ тибқи озмун асос ҳисобида мешаванд. Ин натиҷаҳо танҳо дар соли имтиҳонсупорӣ эътибор дошта, солҳои минбаъда ба назар гирифта намешаванд.
247. Тақсимоти довталабонро Марказ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои аз субтестҳо ва (ё) қисм (қисмҳо)-и дахлдор бадастовардаашон (аз ҷумла балҳои имтиёзӣ) бо дар назар доштани натиҷаҳои апеллятсия дар доираи шумораи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудо гардидааст, анҷом медиҳад.
248. Тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии "Довталаб" дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Тақсимоти довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшуда якҷоя ва тақсимоти довталабони дар давраҳои сеюм ва чоруми бақайдгирӣ номнависшуда дар алоҳидагӣ ба роҳ монда мешавад.
249. Дар сурати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро иваз кардани довталаб дар давраи баъд аз бақайдгирӣ ва то эълони натиҷаҳои тақсимот ҳангоми таҳияи рӯйхати тақсимот дар асоси аризаи довталаб маълумоти нави пешниҳодкардааш ба назар гирифта мешавад.
250. Вобаста аз навъи ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
- балли умумие, ки аз ҷамъи балли аз қисми А ва балли аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд;
- балли умумие, ки аз ҷамъи балли аз қисми Б ва балли аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд;
- балли умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А ва қисми В, инчунин балли аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд;
- балли умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми Б ва қисми В, инчунин балли аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд;
- балли умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г, инчунин балли аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд.
251. Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати мураттабкардаи модули барномавии махсус тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур анҷом дода мешавад.
252. Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш комёб шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои баъдии интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.
253. Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, он гоҳ тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ намешавад.
254. Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ новобаста ба он ки балли умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсия (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимоти такрорӣ низ надорад.
255. Довталабе, ки дар тақсимот (-и асосӣ) иштирок карда, дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нашудааст, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд.
256. Барои қабули донишҷӯён ба ҷойҳое, ки бо сабабҳои гуногун дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимот (-и асосӣ) холӣ мемонанд, Марказ тақсимоти такрорӣ мегузаронад. Тақсимоти такрории довталабони хоҳишманд ба ҷойҳои мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
257. Рӯйхатҳои комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён ҷойҳои холӣ монда, барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегарданд, инчунин маълумот дар бораи тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда пеш аз оғози азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ дар сомонаи расмии Марказ ҷой дода мешаванд.
258. Дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:
- довталабоне, ки дар тақсимот (-и асосӣ) дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;
- довталабоне, ки дар тақсимот (-и асосӣ) ба ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
259. Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ тибқи Тартиби мазкур ва муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Нуқтаҳои бақайдгириро барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ Марказ аз рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб ва маълумотро дар бораи ин нуқтаҳо дар сомонаи расмии худ нашр менамояд. Марказ ҳуқуқ дорад, ки барои азнавбақайдгирии мазкур аз бинои худ ё дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаҳои дигар аз бинои ин муассисаҳо истифода кунад.
260. Барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ довталаб бояд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ шахсан муроҷиат карда, аз нав номнавис шавад. Дар сурати имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб то сипарӣ шудани муҳлати азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда, ки бо ҳуҷҷат тасдиқ шудааст, қарорро дар бораи додани иҷозат ба хешованди наздики довталаб (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд) барои аз нав номнавис кардани ӯ ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ Марказ дар асоси аризаи пешниҳодкардаи хешованди наздики довталаб (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд) бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ин хешованди наздики довталаб, инчунин нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худи довталаб ва ҳуҷҷатҳои дигари барои азнавбақайдгирӣ зарурӣ қабул менамояд.
261. Тақсимоти такрорӣ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии "Довталаб" дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Дар тақсимоти такрорӣ низ муқаррароти пешбиникардаи бандҳои 251-254 Тартиби мазкур амалӣ мегардад.
262. Агар пас аз тақсимоти такрорӣ низ дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён ҷойҳои холӣ боқӣ монанд, Марказ ҳуқуқ дорад, ки тақсимоти такрории иловагии довталабонро гузаронад. Тақсимоти такрории иловагии довталабони хоҳишманд ба ҷойҳои холимонда дар асоси озмун мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Раванди технологии тақсимоти такрории иловагӣ чун раванди технологии тақсимоти такрорӣ аст.
263. Дар тақсимоти такрории иловагӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:
- довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрорӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;
- довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ё такрорӣ ба ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
15. ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН ВА ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНИ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ ТАҚСИМОТШУДА БА ҲАЙАТИ ДОНИШҶӯЁН
264. Пас аз анҷоми раванди тақсимот (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) ҳар як довталаб дар бораи натиҷаҳои тақсимот, аз ҷумла балли умумии бадастовардааш барои ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва балли гузариш барои ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи ин комбинатсия (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо) комёб нагардида бошад), комёб гардидан ё нагардидани ӯ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш хабардор карда мешавад. Барои шинос кардани довталабон бо маълумоти мазкур Марказ аз хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ (интернет ва алоқаи мобилӣ) истифода мебарад. Санаи эълони ин натиҷаҳоро тибқи ҳар тақсимот (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) Марказ муқаррар менамояд.
265. Марказ барои огоҳсозии довталабон аз натиҷаҳои тақсимот (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) дар заминаи воҳидҳои сохтории минтақавии худ ва (ё) муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои интихобкардаи Марказ нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил карда, маълумоти заруриро дар бораи онҳо пешакӣ тавассути сомонаи расмии худ нашр менамояд.
266. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва махфияти маълумоти инфиродии довталабон ба ҳар як довталаб маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот алоҳида расонида мешавад. Ин натиҷаҳо дар шакли муфассал дар ҳуҷраи инфиродии довталаб ҷойгир ва тавассути хизматрасонии паёмакҳои кутоҳ дар шакли мухтасар ба телефони мобилияш фиристода мешавад.
267. Пас аз анҷоми тақсимоти довталабон (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) аз рӯйи ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳо рӯйхатҳо тартиб дода мешавад. Рӯйхатҳоро директори Марказ тасдиқ мекунад ва онҳо барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пешниҳод мешаванд. Ба рӯйхатҳо маълумоти зарурӣ замима гашта метавонад.
268. Довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда бояд то муҳлате, ки Марказ барои ҳар тақсимот (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) муқаррар мекунад, ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Агар довталаби мазкур бинобар сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имкони ҳозир шуданро ба муассисаи таълимии дахлдор надошта бошад, ӯ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро тавассути хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) дар ҳамин муҳлати муқарраргардида ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод намояд. Дар ин сурат муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои довталабро аз хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) қабул кунад. Агар довталаби мазкур дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
269. Ба довталабоне, ки дар тақсимот дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон гузаштаанду вале барои қабул ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудаанд, барои бақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар даври сеюм ё чоруми имтиҳонҳо иҷозат дода мешавад.
270. Комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабули ҳуҷҷатҳо (барасмиятдарории парвандаҳои шахсӣ, бастани шартномаҳо ва равандҳои дигари дахлдор)-ро тибқи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ анҷом медиҳанд.
271. Роҳбарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ донишҷӯёнро дар асоси рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи Марказ ба курси якум қабул карда, дар бораи он санади дахлдор қабул менамояд. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ҳуқуқ надорад, ки довталаби ба ин муассисаи таълимӣ тақсимгардидаро қабул накунад, ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё аз ӯ барои дохилшавӣ имтиҳон гирад.
272. Тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён, балҳои бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд ва дар навбати аввал хоҳиши донишҷӯёне ба назар гирифта мешавад, ки натиҷаи имтиҳонашон беҳтар аст.
273. Роҳбарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ уҳдадор аст, ки варақаҳои бозгаштӣ - рӯйхатҳои ҷойҳоеро, ки бо сабаби барои қабул ҳозир нашудани довталабони тақсимшуда холӣ мондаанд, ба Марказ дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод кунад. Муҳлати тавассути муассисаҳои таълимӣ ба Марказ пешниҳод шудани рӯйхатҳои мазкурро Марказ барои ҳар тақсимот (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) муқаррар мекунад.
274. Ҳангоми қабули довталабони аз рӯйи ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тақсимотшуда қоидаҳои қабули муқарраркардаи донишгоҳи мазкур амалӣ карда мешаванд.
275. Қабули довталаб ба ҳайати донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ному насаби ӯ дар рӯйхати тақсимот (асосӣ, такрорӣ ё такрории иловагӣ)-и довталабон, ки Марказ пешниҳод намудааст, амалӣ мегардад.
276. Агар маълумоти азнавбақайдгирии довталаб бинобар хатои техникӣ сабт нагардида бошад ё дар тақсимот ҳуқуқи довталаб ба гирифтани балли иловагӣ аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент ба назар гирифта нашуда бошад, ҳолати тақсимоти ӯ дар алоҳидагӣ баррасӣ шуда, дар сурати комёбшавӣ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳхат додан ба чунин довталаб ба муассисаи таълимии дахлдор барои қабул ба ҳайати донишҷӯён низ тавассути мактуби расмии Марказ сурат мегирад. Дар ин гуна ҳолатҳо ба мактуби расмӣ бояд маълумотнома дар бораи натиҷаи тақсимот замима карда шавад.
277. Шаклҳои рӯйхат - варақаи тақсимоти довталабон аз рӯйи ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки ҳар як муассисаи таълимӣ пешниҳод менамояд ва варақаи бозгаштиро, ки ба варақаи тақсимот илова мегардад, Марказ муқаррар менамояд. Нусхаи дуюми ҳар яке аз варақаҳои тақсимот ва варақаи бозгаштии ба он иловашуда дар Марказ монда, 5 (панҷ) сол нигоҳ дошта мешавад. Пас аз гузаштани муҳлати мазкур варақаҳо тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешавад.
278. Бо мақсади санҷиши натиҷаҳои қабули довталабони тақсимшуда ба ҳайати донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ комиссияи корӣ таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ дохил мегарданд. Ҳайат ва тартиби кори комиссияро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
16. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
279. Марказ барои ҷамъоварию таҳлили фикру пешниҳодҳои донишҷӯён дар бораи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар байни донишҷӯён мунтазам пурсиш мегузаронад ва таҷрибаи ташкил ва баргузории имтиҳонҳои мазкурро натиҷагирӣ карда, ҳангоми зарурат барои такмили онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
280. Тартиб ва шаклҳои ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардани маълумоти оморию таҳлилиро дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ Марказ муқаррар менамояд. Марказ ҳисоботи муфассалро дар бораи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ то охири ҳар сол ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
281. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мешаванд, уҳдадоранд, ки талаботу қоидаҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкурро риоя кунанд. Барои риоя накардани талаботу қоидаҳои Тартиби мазкур, уҳдадориҳои мансабӣ ва талаботи дигари муқарраргардида, суиистифода кардан аз мақоми хизматии худ ва ифшои иттилооти махфии Марказ шахсони мазкур мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

24. Довталабон барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (минбаъд - хизматрасониҳо) маблағи муқарраркардаи Марказро бояд пардохт намоянд.
25. Шахсоне, ки барои онҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ҳангоми бақайдгирӣ дар пардохти маблағи хизматрасониҳо имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд:
1) аз пардохти маблағи хизматрасониҳо озоданд:
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд;
- кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд;
- кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад (мебошанд);
2) 50 дарсади маблағи хизматрасониҳоро пардохт мекунанд:
- кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё падар ё модари танҳо доранд.
26. Қабули маблағҳо барои хизматрасониҳо тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба роҳ монда мешавад.
27. Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда тибқи тартиби муқарраршуда бо пешниҳоди Марказ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ карда мешавад.
4. КОРҲОИ ТАШКИЛӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
28. Масъулияти иҷрои корҳои ташкилӣ ҷиҳати баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба зиммаи Марказ вогузор мегардад. Корҳои ташкилӣ дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, вазорату идораҳои дигар ва муассисаҳои таълимии дахлдор мутобиқи Тартиби мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
29. Марказ дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, инчунин анҷоми корҳои техникӣ, омодагӣ ва фаҳмондадиҳӣ кормандони муваққатиро асосан аз ҷумлаи кормандони соҳаи маориф барои муҳлатҳои муайян бо теъдоди зарурӣ ба кор ҷалб менамояд. Кормандони муваққатӣ дар асоси озмун баъд аз омӯзиш ва санҷиш интихоб карда мешаванд. Вобаста аз имкониятҳои мавҷуда ва натиҷаҳои озмун ба номзадоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии 3 (се) соли пай дар пай ба кор ҷалб нагардидаанд, бартарӣ дода мешавад. Агар шахсе, ки дар соли ҷорӣ ба вазифаи роҳбари маркази имтиҳонӣ ба кор қабул карда мешавад, дар сол (солҳо)-и пеш низ дар ин вазифа ба кор қабул шуда бошад, Марказ ҷойи кор - маркази имтиҳониро барои шахси мазкур бояд иваз намояд.
30. Фаъолияти кормандони муваққатие, ки Марказ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мекунад, мутобиқи Тартиби мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, маводди дастурӣ ва методии дахлдори Марказ ба роҳ монда мешавад.
31. Барои кормандони муваққатие, ки Марказ мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вақти фаъолияташон дар ҷойи кори асосиашон ва (ё) бо муваққатан озод кардан аз кори асосӣ дар давраи ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мекунад, кафолату ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
32. Ба кормандони муваққатие, ки Марказ онҳоро дар ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба кор ҷалб мекунад, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Марказ музди меҳнат пардохт карда мешавад. Андозаи музди меҳнатро барои кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқарраргаргардида Марказ муқаррар менамояд.
33. Дахолати мақомоту ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба раванди бақайдгирии довталабон ва баргузории имтиҳонҳо, инчунин ба унсурҳои технологии бақайдгирии довталабону баргузории имтиҳонҳо ва коркарду баҳогузории корҳои довталабон манъ аст.
5. ТАШКИЛИ НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ
34. Нуқтаҳои бақайдгирӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ташкил карда мешаванд. Шаҳру ноҳияҳоеро, ки дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва (ё) сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи онҳо бояд нуқтаҳои бақайдгирӣ ва (ё) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шаванд, Марказ вобаста аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии дахлдор дар ҳар яке аз ин шаҳр ё ноҳияҳо ва дастрасии хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои дигар ба онҳо аз рӯйи ҷойгиршавии ҳудудӣ муайян ва интихоб мекунад. Ҳангоми муайян кардани шаҳру ноҳияҳои дар заминаи муассисаҳои таълимии онҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкилшаванда мавҷудияти довталабон ба теъдоди зарурӣ барои фаъолияти самараноки ҳар яке аз марказҳои имтиҳонӣ дар давоми 5 рӯз вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо бояд ба назар гирифта шавад. Муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифро барои ташкили нуқтаҳои бақайдгирӣ ё марказҳои имтиҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои интихобшуда Марказ бо дар назар доштани макони ҷойгиршавӣ, мавҷудияти шароити зарурӣ, миқдори кофии синфхонаҳо ва ғунҷоиши онҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб мекунад.
35. Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, инчунин рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ карда мешавад.
36. Роҳбарияти муассисаи таълимӣ ё сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи он нуқтаи бақайдгирӣ ва (ё) маркази имтиҳонӣ бояд ташкил карда шавад, бино ва (ё) иншооти интихобгардидаро ройгон тибқи санад дар муҳлатҳои мувофиқашуда ба истифодаи Марказ дода, мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити заруриро барои фаъолияти он муҳайё менамояд. Марказ аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ дар таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ва (ё) марказҳои имтиҳонӣ ташкилшаванда мусоидат менамояд.
37. Фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ мутобиқи Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.
38. Барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаёту саломатӣ ва риояи қоидаю талаботи санитарию эпидемиологӣ ва зиддисӯхтор дар давраи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ кормандони мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ ҷалб карда мешаванд, ки реҷаи корӣ ва уҳдадориҳои онҳоро Марказ дар мувофиқа бо ин мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ муайян менамояд. Хизматрасонии кормандони ин мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ аз рӯйи ваколатҳои хизматиашон дар шартнома муқаррар карда мешавад.
39. Бо мақсади таъмини бехатарию шаффофияти раванди имтиҳонҳо, назорати он ва инчунин дар сурати рух додани ҳолати вайронкунии тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон таъмини имконияти баррасии одилонаю беғаразонаи вазъият ва қабули қарори дахлдор дар ин хусус марказҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои назорати видеоӣ ҷиҳозонида мешаванд. Ҷиҳозонидани марказҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои назорати видеоӣ ба зиммаи муассисаҳои таълимии дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад.
40. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба Марказ бояд дар давраи корҳои ташкилию омодагӣ мусоидат карда, шароити заруриро барои тибқи Тартиби мазкур баргузор кардани бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳонӣ фароҳам оранд.
41. Бо мақсади таъмини фаъолияти ҳадафманди нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ Марказ корҳои зеринро амалӣ менамояд:
- нуқтаҳои бақайдгириро бо таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонида, дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ истгоҳҳои кориро бо шумораи зарурӣ ташкил ва маводди иттилоотиеро, ки дар давраи бақайдгирӣ барои кормандони нуқтаи бақайдгирӣ ва довталабон зарур аст, таъмин мекунад;
- марказҳои имтиҳониро бо таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонида, дар ҳар маркази имтиҳонӣ истгоҳҳои кориро бо шумораи зарурӣ ташкил ва маводди методӣ ва иттилоотиеро, ки дар давраи баргузории имтиҳонҳо барои кормандони маркази имтиҳонӣ ва довталабон зарур аст, инчунин оби нӯшокӣ ва воситаҳои санитарию беҳдоштӣ таъмин мекунад;
- барои омӯзиши номзадҳо ба вазифаҳои дахлдори кори муваққатӣ семинарҳо мегузаронад ва аз байни онҳо тибқи озмун кормандони муваққатиро дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ ва барои иҷрои корҳои дигари зарурӣ интихоб карда, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад;
- фаъолияти кормандони мақомоти ваколатдори давлатиро, ки барои ҳифзи саломатии мардум ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарӣ, риояи қоидаю талаботи санитарию эпидемиологӣ, зидди сӯхтор ва омодасозии синфхонаҳо ҷалб карда мешаванд, ташкил ва ҳамоҳанг менамояд;
- реҷаи воридшавӣ, тартиби бақайдгирию ҷобаҷошинонии довталабонро муайян карда, ҷадвали баргузории имтиҳонҳо ва равандҳои дигарро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои методӣ таҳия менамояд;
- реҷаи воридшавиро барои кормандон дар марказҳои имтиҳонӣ муайян мекунад;
- кормандон ва (ё) намояндагони ваколатдори Марказро бо мақсади мусоидат кардан ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани нуқтаи бақайдгирӣ ё маркази имтиҳонӣ, назорати раванди бақайдгирӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ ё раванди имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ, инчунин барои қабули қарори дахлдор, дар сурати рух додани мушкилот, ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ равон месозад.
6. ИТТИЛОЪРАСОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
42. Марказ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм:
- бо мақсади таъмини шаффофияти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва дастрасии баробари хоҳишмандон ба ин имтиҳонҳо байни шахсони алоқаманд (довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва аъзои дигари ҷомеа) корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро дар муассисаҳои таълимии дахлдор анҷом медиҳад;
- курси шиносоиро бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар асоси маводди иттилоотию методии таҳиякардаи Марказ дар се сатҳ - ҷумҳурӣ, шаҳрҳо/ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дахлдор ба роҳ мемонад;
- маводди методию тавсиявии заруриро оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таҳия менамояд;
- бо мақсади омодагии хатмкунандагон интихобан дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ имтиҳонҳои озмоиширо дар шакли тест мегузаронад;
- барои ташкили семинарҳо оид ба шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар назди мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар шаҳру ноҳияҳо бо дар назар доштани ҳар як марҳила ва раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тадбирҳо меандешад.
43. Марказ бо мақсади шахсони алоқамандро бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шинос кардан ҳар сол дастури иттилоотиву методии "Роҳнамои довталаб"-ро нашр мекунад. Инчунин ҷиҳати ба ҷомеа дастрас намудани иттилоот дар бораи ҳар як марҳилаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва кору иқдоме, ки дар доираи ин имтиҳонҳо гузаронида мешавад, аз тамоми воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо, телефонҳои хатти мустақим) истифода мекунад ва фаъолияти доимии сомонаи расмии худро ба роҳ мемонад.
44. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба роҳ монда мешавад, маълумоти заруриро вобаста ба ихтисосҳо ба Марказ пешниҳод менамоянд.
45. Марказ ҳар сол на дертар аз 10 рӯз пеш аз оғози давраи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ дар бораи макони ҷойгиршавии нуқтаҳои бақайдгирӣ, тартиб ва муҳлати бақайдгирию азнавбақайдгирӣ ва на дертар аз 1 моҳ пеш аз оғози имтиҳонҳо дар бораи марказҳои имтиҳонӣ ва макони ҷойгиршавии онҳо, ҷадвал ва тартиби баргузории имтиҳонҳо ба ҷомеа иттилоъ медиҳад.
7. ТАҲИЯ ВА ТАШХИСУ ТАҚРИЗИ МАВОДДИ ИМТИҲОНӢ
46. Маводди имтиҳонӣ маҷмуи саволу масъалаҳои тестии стандартишуда аст, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тавассути он сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимии дахлдори таҳсилоти умумии асосӣ ё умумӣ ва дониш, маҳорату малакаи дар раванди азхудкунӣ бадастоварда, ки барои гирифтани таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зарур аст, санҷида мешавад.
47. Маводди имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи барномаҳои имтиҳон ва мувофиқи талаботи Тартиби мазкур аз фанҳои таълимии "Забони тоҷикӣ", "Адабиёти тоҷик", "Забони русӣ", "Адабиёти рус", "Забони ӯзбекӣ", "Адабиёти ӯзбек", "Математика", "Алгебра", "Геометрия", "Таърихи халқи тоҷик", "Таърихи умумӣ", "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ", "Ҳуқуқи инсон", "Физика", "Химия", "Биология", "Ботаника", "Зоология", "Экология", "География" ва "Забони хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, франсавӣ, арабӣ)" таҳия карда мешавад.
48. Барномаи имтиҳонро дар доираи ҳар субтест мувофиқи стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ, барномаи таълимии дахлдор ва адабиёти дарсии амалкунанда Марказ таҳия ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ менамояд.
49. Маводди имтиҳониро кормандони Марказ - мутахассисони фаннӣ таҳия менамоянд. Дар зарурат Марказ метавонад барои таҳияи маводди имтиҳонӣ мутахассисони фаннии дигарро ҷалб намояд.
50. Саволу масъалаҳо барои ҳар субтест ба забони тоҷикӣ таҳия ва баъдан ба забони русӣ тарҷума мешаванд (ба ғайр аз субтестҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони русӣ, забон ва адабиёти ӯзбек, забони англисӣ, забони олмонӣ, забони франсавӣ ва забони арабӣ).
51. Таҳия, дизайн, нигоҳдорӣ, истифода ва таъмини махфият ва бехатарии маводди имтиҳонӣ бевосита ба зиммаи Марказ гузошта мешавад, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамуда ва талаботи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии он амалӣ мегардад.
52. Мувофиқи барномаи имтиҳонии таҳия ва тасдиқгардида ҷиҳати тартиб додани субтестҳои дахлдор барои қисмҳои А ва Б миқдори зарурии саволу масъалаҳои тестӣ интихоб карда мешавад.
53. Миқдори саволу масъалаҳои тестӣ аз ҳар фанни таълимӣ дар доираи субтест бо дар назар доштани аҳамияти мавзуъҳо, мувофиқат ва таносуби дурусти мавзуъҳо бо барномаи таълимӣ ва донишу қобилиятҳои санҷишшаванда бо тест дар барномаи имтиҳон муайян карда мешавад. Вақти иҷрои субтест бо дар назар доштани миқдори саволу масъалаҳои тестӣ ва дараҷаи душвории ҳар яке аз онҳо муайян карда мешавад.
54. Саволу масъалаҳои тестии ҳар фанни таълимиро ҳангоми зарурат ва вобаста аз шароиту имкониятҳои мавҷуда ташхисгаронмуқарризони мустақил, ки Марказ онҳоро муваққатан ба кор ҷалб менамояд, ташхис карда, тақриз менависанд. Ташхису тақризи саволу масъалаҳои тестӣ дар ҳолати пӯшида бо риояи талабот ва қоидаҳои махфият дар Марказ мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи он сурат мегирад.
55. Барои ташхису тақриз саволу масъалаҳои тестӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд.
56. Саволу масъалаҳои тестӣ аз навъҳои пӯшида ва кушода иборат аст. Шаклҳои ҳар як навъи саволу масъалаҳои тестӣ дар барномаи имтиҳон муқаррар карда мешавад.
57. Саволу масъалаҳои тестиро бо дар назар доштани қайду пешниҳодҳои ташхисгарон - муқарризони мустақил мутахассисони фаннии Марказ такмил дода, пас аз он гунаҳои ниҳоии субтестҳоро омода мекунанд. Субтестҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ барои тарроҳӣ ба корманди ваколатдори Марказ супорида мешавад.
58. Гунаҳои ниҳоии субтестҳоро бо дар назар доштани гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳои имтиҳонҳо директори Марказ интихоб менамояд.
59. Саволу масъалаҳои тестии ташхису тақризшуда дар пойгоҳи ягонаи маводди имтиҳонии Марказ мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудааш нигоҳдорӣ мешавад.
60. Аз гунаҳои интихобшудаи субтестҳо китобчаҳои тест тартиб дода мешавад. Нусхаҳои электронии китобчаҳои тест тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ бо риояи талаботи таъмини бехатарию махфият ба нашр пешниҳод карда мешавад.
61. Дархостро барои китобчаҳои тест воҳиди сохтории технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Марказ дар асоси махзани маълумоти довталабон таҳия менамояд. Гунаҳои ниҳоии китобчаҳои тест тибқи дархости мазкур ва тартиби дохилии Марказ бо риояи талаботи таъмини махфият ва бехатарии иттилоот дар Марказ нашр мешаванд. Барои ҳолатҳои ғайричашмдошт Марказ метавонад гунаҳои эҳтиётии китобчаҳои тестро бо теъдоди зарурӣ пешакӣ нашр намояд.
62. Иттилооте, ки дар маводди имтиҳонии барои истифода дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пешбинишуда (ҳам нусхаи электронӣ ва ҳам нусхаи чопии он) мавҷуд аст, махфӣ (конфиденсиалӣ) ва ба гурӯҳи маводди дастрасиашон маҳдуд мансуб мебошад. Тартиби таҳия, ташхису тақриз, тарроҳӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводди имтиҳонӣ, аз ҷумла муҳлати махфияту маҳдудияти дастрасӣ ба маводди имтиҳонӣ, талаботи реҷаи ҳифзи онҳо, тартиб ва шартҳои дастраси истифодабарандагон гардондани иттилооти маводди имтиҳониро Марказ муқаррар менамояд.
63. Марказ маҷмуаҳои иборат аз саволу масъалаҳои ҳар субтести дар имтиҳонҳои солҳои пеш истифодашударо тартиб дода, чоп ва ба муассисаҳои таълимии дахлдор дастрас мегардонад. Шумораи маҷмуаҳои чопшаванда бо дар назар доштани шумораи синфҳои хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин шумораи курсҳои хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ва миқдори китобхонаҳои ин муассисаҳои таълимӣ муайян карда мешавад. Марказ дар ҳар субтести барои истифода дар имтиҳонҳо пешбинишуда ҳиссаи муайянро аз саволу масъалаҳои ин маҷмуаҳо ворид карда метавонад.
64. Шахсони барои таҳия, ташхису тақриз, тарроҳӣ, нигоҳдорӣ, нашр ва бастабандии маводди имтиҳонӣ ҷалбшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифшои иттилооти маводди имтиҳонӣ ҷавобгаранд.
65. Назорати мутобиқати маводди имтиҳонии дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ истифодашударо ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ мекунад.
8. БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ВА ТАҚСИМОТИ ОНҲО БА МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ
66. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ мутобиқи Тартиби мазкур дар чор давра, ки якуми он асосӣ аст, гузаронида мешавад. Барои ҳар яке аз давраҳои бақайдгирии довталабон даври алоҳидаи имтиҳон, ки якуми он низ асосӣ аст, пешбинӣ карда мешавад. Давра (давраҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар асоси таҳлили нишондиҳандаи иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳамчун раванди технологӣ тавассути барномаи компютерии махсус бо истифодаи воситаю технологияҳои муосир амалӣ мегардад.
67. Марказ бо мақсади осон кардани раванди бақайдгирӣ барои довталабон хизматрасонии "Пешномнависӣ" (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи интернет)-ро ба роҳ мемонад. Тартиби пешномнависиро Марказ муқаррар карда, маълумоти заруриро дар бораи он пеш аз оғози бақайдгирӣ дар сомонаи расмии худ нашр менамояд.
68. Давраҳои якум ва дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон ва пулакӣ) гузаронида мешавад. Дар давраи сеюми бақайдгирии довталабон, ки пас аз ҷамъбасти тақсимоти такрории иловагии довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшуда гузаронида мешавад, ҷойҳои дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда аз рӯйи ҳамаи шаклҳои таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ) ва намудҳои таҳсил (ройгон ва пулакӣ) ё аз рӯйи шакл ва намуди алоҳидаи таҳсил аз ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ё аз муассисаҳои таълимии алоҳида пешниҳод карда мешаванд. Дар давраи чоруми бақайдгирии довталабон ҷойҳои дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил аз ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ё аз муассисаҳои таълимии алоҳида пешниҳод карда мешаванд.
69. Муҳлатҳои давраҳои якум ва дуюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳар сол Марказ муқаррар мекунад. Марказ муҳлатҳои муқаррарнамудаашро дар сурате метавонад тамдид кунад, ки агар равандҳои баъди бақайдгирӣ халалдор нагарданд. Муҳлатҳои давраҳои сеюм ва чоруми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳар сол мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муқаррар мекунад.
70. Давраҳои баъдӣ - дуюм, сеюм ва чоруми бақайдгирӣ барои шахсоне гузаронида мешавад, ки дар давраҳои қаблӣ - якум, дуюм ё сеюми бақайдгирӣ худро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ сабти ном карда натавонистаанд.
71. Давраҳои дуюм, сеюм ва чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар нуқтаҳои бақайдгирие гузаронида мешавад, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб кардааст. Марказ ҳуқуқ дорад, ки барои давраҳои дуюм, сеюм ва чоруми бақайдгирӣ аз бинои худ ё дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаҳои дигар аз бинои ин муассисаҳо истифода кунад.
72. Бақайдгирии довталаб барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо ҳузури шахсии довталаб гузаронида мешавад. Бақайдгириро довталаб барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо як маротиба ва дар яке аз давраҳои бақайдгирӣ гузашта метавонад. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳсангез баъди анҷоми бақайдгирӣ (давраҳои якум ва дуюм) Марказ маълумоти пойгоҳи додаҳои бақайдгириро месанҷад ва дар сурати пеш аз баргузории имтиҳонҳо ошкор кардани номнависии довталаб беш аз як маротиба сабти маротибаи охирини бақайдгирии довталабро фаъол нигоҳ дошта, сабт (сабтҳо)-и дигарашро ғайрифаъол мекунад. Агар ҳолати беш аз як маротиба номнавис шудани довталаб баъди дар даври якуми имтиҳон иштирок кардани ӯ ошкор карда шавад, сабти ба имтиҳони супоридаи довталаб дахлдошта фаъол нигоҳ дошта, сабт (сабтҳо)-и баъдияш ғайрифаъол карда мешавад. Ба довталабе, ки дар давраи якум ё дуюми бақайдгирӣ номнавис шудааст, вале дар даври якум ё дуюми имтиҳон иштирок накардааст ё иҷрои саволу масъалаҳои тестро бо сабаби воқеӣ ба анҷом расонида натавонистааст, иҷозати номнавис шудан дар давраи сеюм ё чоруми бақайдгирӣ дода мешавад.
73. Дар бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталаб бояд ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ ва Марказ онро пеш аз оғози бақайдгирӣ (давраи якум) дар сомонаи расмии худ ҷойгир менамояд.
74. Фаъолияти нуқтаи бақайдгириро роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ, ки барои ташкили фаъолияти самараноки он шахсан масъул аст, идора ва назорат мекунад.
75. Истгоҳи кориро дар нуқтаи бақайдгирӣ бақайдгиранда, ки барои дуруст ворид намудани маълумоти шахсии довталаб дар варақаи бақайдгирӣ тавассути барномаи компютерии "Бақайдгирии довталабон" масъул аст, идора мекунад.
76. Довталабон дар интихоби ихтисосу муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, озоданд.
77. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо ва дар он комбинатсияҳои ихтисосҳоро дар доираи миқдори муқарраркардаи Марказ интихоб кунад. Комбинатсияҳои интихоби муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил вобаста аз нақшаи қабули донишҷӯён гуногун буда метавонад:
1) интихоби муассисаҳои таълимӣ барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ:
- танҳо таҳсилоти олии касбӣ;
- танҳо таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- ҳам таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳам таҳсилоти олии касбӣ;
2) интихоби муассисаҳои таълимӣ барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ - танҳо таҳсилоти миёнаи касбӣ;
3) интихоби шаклҳои таҳсил барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ:
- танҳо рӯзона;
- танҳо шабона;
- танҳо ғоибона;
- танҳо фосилавӣ;
- ҳама ё якчанд шакли таҳсил;
4) интихоби шакли таҳсил барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ - танҳо рӯзона;
5) интихоби намудҳои таҳсил (новобаста ба он ки довталаб кадом зинаи таҳсилотро дорост):
- танҳо ройгон;
- танҳо пулакӣ;
- ройгон ва пулакӣ.
78. Ҳангоми бақайдгирӣ комбинатсияи ихтисоси интихобкардаи довталаб дар варақаи бақайдгирӣ нишон дода мешавад. Агар довталаб зиёда аз як комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда бошад, онҳоро дар варақаи бақайдгирӣ тибқи тартиби бартарии ин комбинатсияҳо нишон медиҳад. Довталаб дар бораи имтиёз (имтиёзҳо)-и худ (агар дошта бошад) низ ба бақайдгиранда маълумот дода, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, забони хориҷӣ (барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2, 3 ва 4), макони фиристодани даъватнома ва ғайраро дар варақаи бақайдгирӣ нишон медиҳад. Ҳангоми бақайдгирӣ довталаб забони таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба якчанд забон таълим дода мешаванд, интихоб карда наметавонад.
79. Бақайдгиранда номнависии довталабро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо истифода аз истгоҳи кории ба ӯ вобаста тибқи Тартиби мазкур ва дастурамали тасдиқкардаи Марказ ба роҳ мемонад.
80. Бақайдгиранда тибқи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳодкардаи довталаб маълумоти заруриро ба барномаи компютерии "Бақайдгирии довталабон" ворид карда, баъди он сканер кардани изи ду ангушти дастҳо ва гирифтани акси довталабро анҷом медиҳад. Ҳуҷҷати қалбакӣ ва (ё) маълумоти бардурӯғро пешниҳод кардани довталаб барои маҳрум кардани ӯ аз ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли ҷорӣ асос ба ҳисоб меравад.
81. Баъди ба барнома ворид ва сабт кардани маълумоти пешниҳодкардаи довталаб ба ӯ варақаи бақайдгирӣ дода мешавад, ки дар он маълумоти шахсии довталаб, гурӯҳи ихтисосҳо ва комбинатсияи ихтисоси интихобкардаи ӯ (агар беш аз як комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда бошад, инчунин тартиби бартарии ин комбинатсияҳо), макон ва забони имтиҳонсупорӣ, забони хориҷӣ (барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2, 3 ва 4), макони фиристодани даъватнома, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба ҳуҷраи инфиродӣ дарҷ мегардад. Шакли варақаи бақайдгириро Марказ муқаррар менамояд. Нусхаи электронии варақаи бақайдгирии довталаб дар ҳуҷраи инфиродии ӯ ҷой дода мешавад.
82. Дар варақаи бақайдгирӣ довталаб ва бақайдгиранда имзо мегузоранд. Довталаб уҳдадор аст, ки пеш аз имзо гузоштан бо маълумоти варақаи бақайдгирӣ пурра шинос шавад ва дар сурати дуруст будани маълумоти воридкарда дар он имзо гузорад. Дар ҳолати ғалат ё маълумоти нодурустро ошкор кардан довталаб ҳуқуқ дорад, ки аз бақайдгиранда ислоҳи онро талаб карда, танҳо пас аз ислоҳ шудан дар он имзо гузорад.
83. Иттилооте, ки Марказ ҳангоми бақайдгирӣ аз довталабон ба даст меорад, махфӣ (конфиденсиалӣ) мебошад. Роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандагони нуқтаи бақайдгирӣ уҳдадоранд, ки бехатарию махфияти маълумоти шахсии довталабонро дар давраи бақайдгирӣ таъмин кунанд. Таъмини бехатарӣ ва махфияти маълумоти шахсии довталабон дар раванди бақайдгирӣ ва пас аз бақайдгирӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
84. Ба ҳар довталаб дар заминаи сомонаи расмии Марказ "Ҳуҷраи инфиродӣ" сохта мешавад, ки дар он тамоми иттилооти барояш зарурӣ (аз маълумоти дахлдори дар бақайдгирӣ пешниҳодкарда то натиҷаҳои тақсимот) марҳила ба марҳила ҷой дода мешавад. Муҳлати фаъол гардидан ва кор кардани ҳуҷраи инфиродиро Марказ муқаррар намуда, бехатарӣ ва махфияти маълумоти ҳуҷраи инфиродии ҳар як довталабро таъмини мекунад.
85. Пас аз анҷоми муҳлати бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳо барои номнависӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қабул карда намешавад.
86. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки интихоби аввалияи худ (гурӯҳи ихтисосҳо, ихтисосҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсил, бартарии комбинатсияи ихтисосҳо, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома) ва (ё) маълумоти шахсияш (маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташро, дар сурати иваз кардани он ) дар азнавбақайдгирӣ бо пардохти маблағи иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ иваз намояд. Азнавбақайдгирӣ ихтиёрӣ буда, онро довталабоне, ки хоҳиши иваз кардани интихоби аввалияи худ ва (ё) маълумоти шахсияшонро доранд, мегузаранд.
87. Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, дар ду давра - асосӣ ва иловагӣ гузаронида мешавад, ки муҳлатҳои онро ҳар сол Марказ муқаррар менамояд. Марказ муҳлатҳои муқаррарнамудаашро дар сурате метавонад тамдид кунад, ки агар равандҳои баъди азнавбақайдгирӣ халалдор нагарданд.
88. Довталаби дар давраи якуми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ хоҳиши тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсии худро дорад, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он номнавис шуда буд, шахсан муроҷиат намояд.
89. Довталаби дар давраи якуми бақайдгирӣ номнавис шудае, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ хоҳиши тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсии худро дорад, бояд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирие, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб намудааст, шахсан муроҷиат намояд. Марказ ҳуқуқ дорад, ки барои давраи иловагии азнавбақайдгирӣ аз бинои худ ё дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаҳои дигар аз бинои ин муассисаҳо истифода кунад.
90. Дар сурати имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб то сипарӣ шудани муҳлати давраи асосӣ ё иловагии азнавбақайдгирӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда, ки бо ҳуҷҷат тасдиқ шудааст, қарорро дар бораи додани иҷозат ба хешованди наздики довталаб (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд) барои аз нав номнавис кардани ӯ ҷиҳати тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсияш Марказ дар асоси аризаи пешниҳодкардаи хешованди наздики довталаб (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд) (бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хешованди наздики довталаб (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд), инчунин нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худи довталаб ва ҳуҷҷатҳои дигари барои азнавбақайдгирӣ зарурӣ) қабул менамояд.
91. Марказ азнавбақайдгирии довталабонеро, ки дар давраи дуюм ё сеюм ё чоруми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, бо ҳар яке аз ин давраҳои бақайдгирӣ дар як вақт ба роҳ мемонад.
92. Довталаб дар муҳлати барои азнавбақайдгирӣ муқаррарнамудаи Марказ ба миқдори номаҳдуд худро аз нав номнавис карда метавонад. Дар азнавбақайдгирӣ варақаи бақайдгирии қаблии довталаб бозпас гирифта шуда, ба ӯ варақаи бақайдгирии нав дода мешавад. Баъди анҷоми муҳлати азнавбақайдгирӣ ба довталаб дигар ҳуқуқи тағйир додани интихобаш, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин банд пешбинӣ гардидаанд, дода намешавад. Дар сурати роҳ ёфтани хато дар маълумоти шахсии довталаб дар бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ хатои мазкур бо ташаббуси Марказ мустақилона дар асоси ҳуҷҷатҳои дар бақайдгирӣ пешниҳодкардаи довталаб ё бо ташаббуси довталаб дар асоси аризаи ба Марказ пешниҳодкардааш ислоҳ карда мешавад. Инчунин дар муҳлати аз ҷиҳати технологӣ имконпазир ба довталаб ҳуқуқ дода мешавад, ки бо пешниҳоди ариза ба Марказ маълумоти зерини дар бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ сабтшударо иваз ва (ё) илова намояд:
- забони имтиҳонсупорӣ;
- макони имтиҳонсупорӣ;
- рақами телефони мобилӣ;
- нишонии почтаи электронӣ.
93. Раванди технологии давраҳои дуюм, сеюм ва чоруми бақайдгирӣ, инчунин давраҳои асосӣ ва иловагии азнавбақайдгирӣ чун раванди технологии давраи якуми бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми ба роҳ мондани давраҳои сеюм ва чоруми бақайдгирӣ, инчунин азнавбақайдгирии довталабони дар яке аз ин давраҳо номнависшуда муқаррароти тибқи Тартиби мазкур барои давраи асосӣ - якуми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.
94. Махзани маълумоти довталабон мувофиқи тартиб ва сохтори муқаррарнамудаи Марказ нигоҳдорӣ мешавад. Ҳуҷҷатҳои дар бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ пешниҳодкарда ва нусхаи дуюми варақаи бақайдгирии ҳар яке аз довталабон, ки дар Марказ мемонад, 1 (як) сол нигоҳ дошта шуда, пас аз сипарӣ гардидани ин муҳлат тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешаванд.
95. Тартиби тақсимоти довталабонро ба марказҳо ва синфхонаҳои имтиҳонӣ барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - қисмҳои А ва Б Марказ муқаррар менамояд.
96. Баъд аз анҷоми ҷамъоварии маълумоти бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ тавассути модули барномавии махсус довталабон бо дар назар доштани марказҳои имтиҳонии ташкилшуда ва макони имтиҳонсупории интихобкардаашон ба марказҳои имтиҳонӣ тақсим мешаванд.
97. Марказ рӯйхатҳои довталабонеро, ки ихтисосҳои супоридани ду субтести аввали қисми А ё Б ва қисми В талабкунандаро интихоб кардаанд, барои ташкилу баргузории қисми В дар шакли муқарраркардаи Марказ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод менамояд. Марказ рӯйхатҳои довталабонеро, ки ихтисосҳои супоридани қисмҳои А ва Г талабкунандаро интихоб кардаанд, мувофиқан ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд. Ба рӯйхатҳо маълумоти шахсии зарурии довталабон, ки барои ташкилу баргузории қисми дахлдор - В ё Г истифода мешаванд, замима мегардад.
98. Ба ҳар довталаб даъватнома дастрас карда мешавад, ки дар он ҷадвали баргузории имтиҳонҳо дарҷ мегардад. Муҳлати фиристодани даъватномаҳоро Марказ муқаррар менамояд. Даъватномаҳо тавассути воҳидҳои сохтории минтақавии Марказ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба довталабон дастрас карда мешаванд. Нусхаи электронии даъватнома дар ҳуҷраи инфиродии довталаб ҷой дода мешавад.
9. НАШР ВА ИНТИҚОЛИ МАҶМУИ МАВОДДИ ИМТИҲОНӢ
99. Маҷмуи маводди имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо фармоиши директори Марказ мутобиқи талаботи бехатарӣ ва махфият дар бинои Марказ нашр карда мешавад.
100. Ба маҷмуи маводди имтиҳонӣ, ки бевосита дар Марказ нашр карда мешаванд, китобчаҳои тест (иборат аз дастури иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ, субтестҳо аз фанҳои таълимӣ тибқи қисми имтиҳону гурӯҳи ихтисосҳо ва маводди ёрирасон аз фанҳои таълимии дахлдор), мавод барои раванди ташкилу баргузории имтиҳонҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ дохил мешавад.
101. Нашр, бастабандӣ ва нигоҳдории маҷмуи маводди имтиҳонӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилӣ дар бинои Марказ амалӣ мегардад. Нашру бастабандии ин маҷмуи маводро гурӯҳи кории техникӣ таҳти назорати комиссияи махсус анҷом медиҳад. Комиссияи махсус ва гурӯҳи кории техникӣ бо фармоиши директори Марказ таъсис дода мешаванд.
102. Шаклҳои варақаҳои ҷавобҳоро барои ҳар як қисм (А, Б) вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо Марказ таҳия ва муқаррар мекунад. Варақаҳои ҷавобҳо аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартнома мебандад, чоп карда мешаванд. Варақаҳои ҷавобҳо барои қисмҳои А ва Б бо рақами силсилавӣ, ки таркиб, тартиби сохтан ва шакл(ҳо)и дар варақа ишора кардани онро Марказ муайян мекунад, чоп карда мешаванд.
103. Интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари заруриро ба марказҳои имтиҳонӣ Марказ ё муассисаи интиқолдиҳанда, ки онро Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматрасонӣ ҷалб мекунад, аз рӯйи ҷадвали муқарраргардида дар реҷаи махфӣ анҷом медиҳад. Ҷадвали интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба марказҳои имтиҳониро вобаста аз ҳар даври қисмҳои А ва Б дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо Марказ муқаррар менамояд.
104. Интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ, қабулу супоридан ва нигоҳдории онҳо дар марказҳои имтиҳонӣ ва Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ амалӣ мегардад.
105. Кормандони Марказ, ки барои интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ ба марказҳои имтиҳонӣ ва аз марказҳои имтиҳонӣ ба Марказ ваколатдор карда мешаванд, барои нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарию махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар вақти интиқол масъул мебошанд. Бехатарӣ ва махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар вақти интиқол тибқи санадҳои танзимкунандаи дохилии Марказ таъмин карда мешавад. Агар барои интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ муассисаи махсуси интиқолдиҳанда ҷалб карда шавад, он ва кормандонаш, ки барои интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ ба марказҳои имтиҳонӣ ва аз марказҳои имтиҳонӣ ба Марказ ваколатдор карда мешаванд, барои нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарию махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар вақти интиқол масъуланд. Дар ин ҳолат бехатарӣ ва махфияти маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар вақти интиқол тибқи санадҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ва муассисаи интиқолдиҳанда таъмин карда мешавад.
106. Барои интиқоли маҷмуи маводди имтиҳонӣ лифофаю қуттиҳои эмини махсус, тамғаҳои махсуси рақамгузоришуда ва воситаҳои дигари таъмини бехатарӣ ва махфият истифода мешаванд. Маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар лифофаю қуттиҳои эмин бастабандӣ ва ба расмият дароварда шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба кормандони ваколатдори Марказ ва дар сурати ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда, ба кормандони ваколатдори ин муассиса супорида мешавад.
107. Қуттӣ ва бастаҳоеро, ки дар онҳо ҳангоми дар Марказ ё маркази имтиҳонӣ аз кормандони ваколатдори Марказ ва дар сурати ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда аз кормандони ваколатдораш қабул кардан нишонаҳои кушода шудан ё осеби дигар дида мешавад, ё мансубияташон муқаррар карда намешавад, мувофиқан роҳбари маркази имтиҳонӣ ва намояндаи ваколатдори Марказ ё хадамоти бехатарии Марказ барои тафтиши хизматӣ бозпас мегиранд. Пас аз тафтиши хизматии чунин ҳолатҳо аз тарафи Марказ қарори дахлдор қабул карда мешавад. Ҳангоми зарурат барои андешидани чораҳои минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ маводди зарурӣ пешниҳод карда мешавад.
108. Пас аз анҷоми ҳар як марҳилаи интиқол, қабулу супоридани маҷмуи маводди имтиҳонӣ дар Марказ ва марказҳои имтиҳонӣ санади мувофиқ тартиб дода шуда, бо имзои шахсони масъул тасдиқ мегардад.
10. ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲО
109. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро мувофиқи Тартиби мазкур Марказ дар шакли тестгузаронии варақаии мутамарказ (қисмҳои А ва Б) дар марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор дар намуди имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (қисми В) дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд. Барои довталабоне, ки ихтисосҳои пешниҳодкардаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва (ё) Донишгоҳи Осиёи Марказиро интихоб кардаанд, мувофиқан дар ҳамин филиал ва (ё) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (қисми Г) гузаронида мешавад. Имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе шартан бо "Г.1" ва барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо "Г.2" ифода карда мешаванд. Марказ озмунҳоро барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" ва бурсияҳои таҳсилии ҷудокардаи давлатҳои хориҷӣ дар шакли тестгузаронии варақаӣ ва компютерӣ мегузаронад.
110. Бо мақсади танзими кори кормандони мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатие, ки дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб карда мешаванд, Марказ реҷаи кориро таҳия ва бо онҳо мувофиқа мекунад.
111. Бо мақсади таъмини махфият ва бехатарии маҷмуи маводди имтиҳонӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ Марказ аз системаи рамзгузорӣ бо штрихкодҳо истифода менамояд. Штрихкодҳо дар варақаҳои ҷавобҳо, протоколҳои баргузории имтиҳонҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари таҳти назорати Марказ истифода мегарданд.
112. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чор давр, ки якуми он асосӣ аст, баргузор мегарданд. Имтиҳонро довталаб танҳо як маротиба ва дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо супорида метавонад.
113. Ташкил ва баргузории ҳар чор даври имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б-ро дар марказҳои имтиҳонӣ бевосита кормандони муваққатии ҷалбшуда тибқи Тартиби мазкур ва дастурамалҳои тасдиқнамудаи Марказ амалӣ менамоянд.
114. Ҷадвали баргузории даври якуми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б-ро Марказ ҳар сол тасдиқ менамояд.
115. Даври якуми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б мувофиқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо дар ҳамаи марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои интихобшуда дар як рӯзу як соат оғоз мегарданд. Қисми А вобаста аз шароит ва имкониятҳои мавҷуд барои ҳар гурӯҳи ихтисосҳо дар рӯзҳои алоҳида ё дар як рӯз барои якчанд гурӯҳи ихтисосҳо гузаронида мешавад. Қисми Б вобаста аз шумораи довталабоне, ки онро месупоранд, дар як рӯз барои ҳама ё якчанд гурӯҳи ихтисосҳо ё дар рӯзҳои гуногун барои ҳар гурӯҳи ихтисосҳо баргузор мегардад. Ҳангоми зарурат қисми А ва (ё) қисми Б барои гурӯҳҳои ихтисосҳое, ки шумораи довталабони онҳоро интихобкарда аз шумораи ҷойҳои нишасти дар марказҳои имтиҳонӣ пешбинишуда зиёд асту дар як рӯз гузаронидани имтиҳон имкон надорад, дар ду рӯз гузаронида мешавад.
116. Барои довталабоне, ки дар даври якуми имтиҳонҳо - қисми А ё қисми Б иштирок карда натавонистаанд, инчунин барои довталабоне, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ ё давраи дуюми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ даври дуюми имтиҳонҳо доир карда мешавад. Ба довталабе, ки азнавбақайдгириро дар давраи иловагӣ гузаштаасту аммо имтиҳонро дар даври якум супоридааст, ба истиснои ҳолатҳои дар Тартиби мазкур пешбинишуда, барои иштирок дар даврҳои баъдии имтиҳон иҷозат дода намешавад ва натиҷаи аз даври якуми имтиҳон бадастовардаи ӯ боэътибор дониста мешавад.
117. Давр (давраҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б дар сурати гузаронидани давра (давраҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор карда мешавад.
118. Ҷадвалҳои баргузории даврҳои дуюм, сеюм ва чоруми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б-ро Марказ ҳар сол вобаста аз шумораи довталабони дахлдор муқаррар менамояд. Марказ ҳуқуқ дорад, ки имтиҳонҳои мазкурро дар як рӯз барои ҳама ё якчанд гурӯҳи ихтисосҳо ё дар рӯзҳои гуногун барои ҳар гурӯҳи ихтисосҳо баргузор кунад. Дар сурати рух додани вазъияти ғайричашмдошт ё таҳдиди рух додани он имтиҳонҳо (даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум) - қисмҳои А ва Б-ро ба вақти дигар гузарондан ё дар марказ (марказҳо)-и имтиҳонии дигар баргузор кардан мумкин аст. Қарорро дар ин бора Марказ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм қабул мекунад.
119. Даврҳои дуюм, сеюм ва чоруми имтиҳонҳо - қисмҳои А ва Б дар марказҳои имтиҳоние, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимии дар заминаашон марказҳои имтиҳонӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм интихоб намудааст, гузаронида мешавад. Даврҳои дуюм, сеюм ва чоруми имтиҳонҳо дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Марказ ин даврҳоро дар сурате метавонад дар минтақаҳо баргузор кунад, ки агар барои он имконияти зарурӣ дошта бошад ва равандҳои баъди имтиҳонҳо халалдор нагарданд.
120. Ҷадвали баргузории даври якуми имтиҳонҳо - қисми В ва қисми Г-ро ҳар сол муассисаҳои таълимии дахлдор дар мувофиқа бо Марказ тасдиқ менамоянд.
121. Ташкил ва баргузории қисми В ба зиммаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар онҳо таълими ихтисосҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст, гузошта мешавад. Қисми В дар муассисаҳои таълимии мазкур тибқи тартиби тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ташкил ва баргузор мешавад.
122. Ташкил ва баргузории қисми Г мувофиқан ба зиммаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад. Қисми Г дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби тасдиқнамудаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тибқи тартиби тасдиқкардаи ин Донишгоҳ ташкил ва баргузор мегардад.
123. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии қисми В-ро баргузоркунанда, инчунин муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии қисми Г-ро баргузоркунанда фаҳмондадиҳиро дар бораи ҷадвал, макон ва шартҳои баргузории қисми дахлдор ба довталабон таъмин мекунанд.
124. Даври дуюми имтиҳонҳо - қисмҳои В ва Г барои довталабоне, ки дар даври якуми ин имтиҳонҳо иштирок карда натавонистаанд, инчунин барои довталабоне, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ ё давраи дуюми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, тибқи ҷадвали дар мувофиқа бо Марказ тасдиқнамудаи муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронида мешаванд. Давр (даврҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми имтиҳонҳо - қисми В ва Г дар сурате гузаронида мешавад, ки агар муассисаҳои таълимии дахлдор барои пешниҳоди ихтисосҳои супоридани чунин қисмро талабкунанда дар давра (давраҳо)-и сеюм ва (ё) чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ розигӣ дода бошанд.
125. Довталабе, ки дар даври якуми имтиҳон - қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирокро дар даври дуюми имтиҳон дорад, бояд маблағи иловагии ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ дар муҳлати муқарраркардаи он ариза пешниҳод намояд. Агар довталабе, ки дар давраи якум ё дуюми бақайдгирӣ номнавис шудааст, вале дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳон - қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирокро дар даври сеюм ё чоруми имтиҳон дошта бошад, бояд бо пардохти маблағи пурраи хизматрасонӣ дар давраи сеюм ё чоруми бақайдгирӣ худро номнавис кунад.
126. Дар асоси аризаи довталаб ҳолати дар даври якуми имтиҳон иштирок кардан ё накардани ӯ аз рӯйи протоколи баргузории имтиҳон санҷида шуда, дар сурати тасдиқи ҳолати иштирок накарданаш ба довталаб иҷозат дода мешавад, ки дар даври дуюми имтиҳон иштирок кунад. Агар ҳолати иштирок кардани ӯ аз рӯйи протоколи баргузории имтиҳон тасдиқ гардад, ба ӯ барои иштирок дар даври дуюми имтиҳон иҷозат дода намешавад.
127. Дар бораи натиҷаи баррасии аризааш ба довталаб пешакӣ тавассути телефон хабар дода шуда, баъдан ба ӯ ҷавоби хаттӣ пешниҳод мегардад. Агар ба довталаб барои иштирок дар даври дуюми имтиҳон иҷозат дода шуда бошад, ба ӯ дар бораи макон ва вақти баргузории ин даври имтиҳон маълумот дода мешавад.
128. Довталабоне, ки ба онҳо барои иштирок дар даври дуюми имтиҳонҳо иҷозат дода шудааст, якҷоя бо довталабоне, ки дар давраи иловагии азнавбақайдгирӣ ё давраи дуюми бақайдгирӣ номнавис шудаанд, ба марказҳои имтиҳонӣ тақсимот карда мешаванд.
129. Таъмини бехатарӣ ва махфият ҳангоми имтиҳонҳо тибқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ба роҳ монда мешавад. Барои кормандоне, ки ба ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мешаванд, риояи талаботи бехатарию махфият ҳатмӣ мебошад.
130. Барои таъмини бехатарӣ ва реҷаи воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ муассисаи муҳофизатӣ ҷалб ва кори кормандони он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Номзадии кормандони муассисаи муҳофизатӣ, ки барои кор дар марказҳои имтиҳонӣ ваколатдор мегарданд, бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд. Муассисаи муҳофизатӣ ва кормандони он, ки барои таъмини бехатарӣ ва реҷаи воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ ҷалб шудаанд, барои риояи талаботи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ва таъмини бехатарию риояи реҷаи воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ масъуланд.
131. Барои таъмини ҳифзи бехатарии ҳаёту саломатии довталабон ва шахсони дигари барои кор дар маркази имтиҳонӣ ҷалбшуда, аз ҷумла расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба онҳо дар ҳар як маркази имтиҳонӣ ҳуҷраи тиббӣ ташкил карда мешавад, ки онро бо ин мақсад Марказ бо маводди доруворӣ таъмин менамояд. Кормандони тибро Марказ дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор дар ҳуҷраҳои тиббии марказҳои имтиҳонӣ ҷалб менамояд. Хариди маводди доруворӣ ва пардохти музди меҳнати кормандони тиб аз ҳисоби маблағҳои махсуси Марказ анҷом дода мешавад.