Барномаи рушди минтақаи сайёҳии "Роғун" барои солҳои 2024-2028 аз 29 апрели соли 2023, № 187

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2023, № 187

Барномаи рушди минтақаи сайёҳии "Роғун" барои солҳои 2024-2028

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028 (минбаъд - Барнома) бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022,№441 "Дар бораи минтақаи сайёҳии "Роғун" таҳия гардида, барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Роғун, аз ҷумла фароҳам овардани имкониятҳои сайёҳӣ, муайян намудани мавзеъҳои ҷолибу диданӣ, азхудкунии хусусиятҳои таърихию табиӣ, этнографӣ ва сайёҳию экологии ҳудуди шаҳр мусоидат менамояд.

2. Барнома ба амалисозии дурнамои рушди сайёҳӣ, зиёд гаштани воридшавии шумораи сайёҳон, ҳамчунин афзоиши саҳми даромадҳо аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рафъи монеа ва мушкилоти соҳа нигаронида шуда, дар он таҳлили вазъияту ҳолати кунунии минтақа, ҳадаф, вазифа ва самтҳо, воситаҳои ҳамоҳангсозӣ, мониторингу арзёбиҳо, механизмҳои амалисозӣ ва манбаъҳои маблағгузории он мушаххас оварда шудаанд.

3. Дар асоси натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда дар соҳаи сайёҳии шаҳри Роғун мушкилоти асосӣ, омилу сабабҳои боздорандаи рушди соҳа, рақобатнопазир будани бахши сайёҳӣ дар минтақа ва дурнамои рушди минбаъдаи ин соҳа муайян карда шуд. Гарчанде ки дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии дар мамлакат баамаломада дар назди соҳаи сайёҳӣ вазифаҳои масъулиятнокро гузошта бошанд ҳам, вале корҳои дар ин самт анҷомдода дар шаҳри Роғун ҳанӯз ҷавобгӯй ба талаботи муосир нестанд.

4. Барномаи мазкур масъалаҳои истифодаи самараноки имкониятҳо барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун, беҳтар намудани сифати хизматрасонии сайёҳӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби сармоя дар ин самт, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, таҳияи маҳсулоти нави сайёҳӣ ва хатсайрҳои он, муайян ва ҷорӣ намудани хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр, омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа, табодули таҷрибаи масъулини соҳа, ташкили сафарҳои омӯзишӣ ва кории хизматчиёни давлатии соҳаи сайёҳӣ, гузарондани омӯзишҳо барои ҳайати хизматрасонии тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва кормандони соҳаи сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаҳои инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳии ҳудуди шаҳри Роғунро ба танзим медарорад.

5. Барнома яке аз механизмҳои асосии татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, имкониятҳои воқеии марбут ба ҳалли мушкилоти бахши сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Роғунро, ки минтақаи сайёҳии дохилӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, таъмин месозад.

2.ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ, ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМА

6. Роғун ҳамчун шаҳри рушдкунандаи саноатӣ ва сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, бо баҳрабардории пурра қарор гирифтани "НБО Роғун" дар оянда имкониятҳои фароху бештареро барои рушди сайёҳӣ соҳиб хоҳад шуд.

7. Аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар ҳудуди шаҳи Роғун 41 қуллаи баландкуҳи зебо, 150 чашмаҳои мусаффо, 11 дарёи мусаффо ва 4 кӯли оби ширин ҷойгир мебошанд, ки онҳо ба феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ворид карда шудаанд. Дар ҳудуди шаҳри Роғун беш аз 30 мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, аз ҷумла обанбори "НБО Роғун", манзараҳои мавзеъҳои доманакӯҳи "Гули Сурх", "Дараи Луғур", "Марғзор", "Тагоб", "Тали Оқсой", "Кирбич", "Биёв", "Яхдон", "Зиратут", "Дашти Кул", "Қандаки Куҳна", "Ҷуруҷ", "Шаршара", "Болои Тал", "Ёнахш", "Ғашён", маҷмааҳои "Нақб", "Роғун-ман туро дӯст медорам" ва дигар мавзеъҳои ҷолибу диданӣ қарор доранд. Ҳамчунин, дар шаҳр ду боғи фарҳангию фароғатӣ, осорхонаи замонавӣ, осоишгоҳҳои "Санавбар", "Оби Гарм", "Омина", "Анқо", "Шоиста", "Мулошайх", муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон -шоҳ Исмоили Сомонӣ, сутунпояҳои рамзхои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии ТоҷикистонНишони давлатӣ ва Парчами миллӣ ҷойгиранд, ки бешак онҳо мавзеъҳои дустдоштаи сайру саёҳат ва гаштугузори сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

8. Ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёти шаҳр ба ҳисоб меравад. Дар хатсайрҳои асосӣ, сохтмони чойхонаву меҳмонхона, мағозаҳо, дорухона, нуқтаҳои шустушӯйи мошину сартарошхона, дӯконҳои фурӯши гӯшт, ҳамом, нуқтаҳои таъмири нақлиёт, истгоҳҳои замонавӣ бо биноҳои иловагии марказҳои хизматрасонӣ, лавҳаҳои таблиғотӣ ва насби шиору овезаҳо бо овардани иқтибос аз ашъору суханони пандомези бузургони тоҷик ва мавҷудияти дигар иншооти хизматрасонӣ ба рушди инфрасохтори соҳа то андозае замина мегузорад.

9. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла таъмиру нигоҳдории роҳҳо таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Зарур аст, ки корҳои гузаронидаи зерин дарҷ карда шавад, масалан, сохтмони роҳи хатсайри мавзеи табобатии Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, бунёду мумфарш намудан ва сангфарш кардани роҳҳои деҳаҳои Сайидон ва Ёли Гармоба ба анҷом расонида шуданд. Дар ояндаи наздик корҳои тахту ҳамвор ва сангфарш кардани роҳҳои деҳаҳои Қалъаи Нав, Чашмаи Кулло, Ҷавонӣ, Гули Сурх, Сангова, Чормағз, Пору, Навобод, Фаррухон, Дараи Тутак, Ғурунг (Қандак), Дӯст Солеҳ, Деҳқонобод, Ковокдара, Деҳи Бӯстон, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бег, Себнок ва оғози корҳои сохтмонии лоиҳаи бунёди роҳи "Роғун-Оби Гарм-Нуробод", ҳамзамон дар заминаи ин бунёду азнавсозии масофаи роҳи 11 км шаҳри Роғун аз сероҳаи назди маҷмааи "Нақби Роғун" то даромадгоҳи шаҳр низ ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷаи ниҳоӣ ин ҳам ба рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ албатта мусоидат хоҳад кард.

10. Фарсудашавӣ ва таҷдиди нокифояи инфрасохтори сайёҳии ҳудуди шаҳр, норасоии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар тарабхонаву осоишгоҳҳо ва дигар инфрасохтори дар мавзеъҳои сайёҳӣ бунёдгашта дар самти бақайдгирӣ, омор ва маълумот яке аз омилҳои асосии боздорандаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Роғун мебошанд. Сарфи назар аз он, ки айни замон зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ҷумҳурӣ ба омода намудани мутахассисон дар соҳаи сайёҳӣ машғуланд, аксари хатмкунандагони ин муассисаҳо бинобар сабаби сатҳи нокифояи донишҳои касбӣ ва забониашон дар бозори меҳнати соҳа мавқеи шоистаи худро ишғол карда наметавонанд. Нарасидани мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи сайёҳӣ барои анҷоми хизматрасонии муносиб ба шумораи афзоишёбандаи сайёҳони хориҷӣ дар шаҳри Роғун имкон намедиҳад. Новобаста аз мавҷудияти шумораи зиёди иншооти кумакрасони сайёҳӣ, сатҳу сифати хизматрасонӣ танҳо дар 15 фоизи онҳо ба талаботи сайёҳони хориҷӣ ҷавобгӯй мебошанд.

11. Мушкилоти рушди институтсионалии воридшавӣ ва ихроҷи сайёҳон дар Барнома мавқеи асосиро касб намуда, дар нақшаи амали он роҳҳои ҳалли онҳо бо фарогирии масъалаҳои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раводиди гурӯҳӣ барои амалӣ намудани фаъолияти сайёҳӣ, мунтазам ба роҳ мондани муколамаи мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамкориҳои самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, мақомоти дигари ба фаъолияти сайёҳӣ ва сайёҳон алоқаманд, шарикони рушд, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, коркард ва интишори маводи иттилоотӣ, рушди нерӯи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисон барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ инъикос ёфтаанд.

12. Баланд бардоштани рақобатнокии соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Роғун ҳамчун омили муҳимми рушди сайёҳӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тибқи меъёру талаботи байналмилалӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани таҷрибаи барномаҳои сайёҳии давлатҳои пешрафта, ҷиҳати ба сайёҳон ва муштариён пешкаш намудани маҷмуи хизматрасониҳо таъмин карда мешавад.

13. Такмил додани низоми бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои ширкатҳои сайёҳӣ тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва ҷавобгуй ба онҳо кардани фаъолияти осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, хонаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои дигари сайёҳӣ дар маҳалҳо, ба таври доимӣ таъмин намудани вазъи хуби санитариву эпидемиологӣ ва экологӣ дар инфрасохтори минтақаи сайёҳӣ чораи бамаврид ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, дар тамоми ҳудуди нуқтаҳои аҳолинишини шаҳри Роғун ва хатсайрҳои сайёҳӣ насб намудани аломатҳои ишоравии роҳнамо бо забонҳои давлатӣ ва англисӣ бо дарҷи номи мавзеъҳои аҳолинишин, истгоҳи пешомад, меҳмонхона, нуқтаи хизматрасонии мошинҳо, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ барои таъмини воқеии рушди сайёҳӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

14. Дурнамои рушди фаъолияти сайёҳии шаҳри Роғун дар Барномаи мазкур то давраи соли 2028 тамоюли мусбии шумораи сайёҳон, беҳтар гардидани инфрасохтори мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави кории мавсимиву доимиро пешбинӣ менамояд.

3. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

15. Ҳадафи асосии Барнома ин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои тамошобоби шаҳри Роғун мебошад.

16. Барои расидан ба ҳадафҳои асосии Барнома зарур аст, ки масъалаҳои зерин ҳал карда шаванд:

- таъсиси механизми самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкориҳои дутарафа бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва мақомоти дигари бо фаъолияти сайёҳӣ ва сайёҳон алоқаманд;

- беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;

- густариши ҳамкориҳо бо воситаҳои ахбори омма дар самти коркард ва интишор дар порталҳои иттилоотӣ оид ба иқтидори сайёҳии кишвар;

- рушди инфрасохтори сайёҳӣ;

- ташкили саноати сайёҳии рақобатпазир барои таъмини шуғли аҳолӣ, рушди устувори даромади буҷети маҳаллӣ ва аҳолӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми даромад аз сайёҳии хориҷӣ ва дохилӣ;

- баланд бардоштани иқтидори сайёҳӣ;

- рушди низоми дастгирии иттилоотӣ ва машваратии ширкатҳои сайёҳӣ;

- бунёди иншоотҳои табобатию солимгардонӣ, истироҳатӣ, пешниҳоди хизматрасонии истеҳсолӣ ва саноатӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- мусоидат ба ташаккули мақоми ваколатдори соҳаи сайёҳӣ ва сомонаи инъикоскунандаи масъалаҳои сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун;

- додани имтиёзҳои зарурии давлатӣ ба соҳибкорон, бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар шаҳри Роғун ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, корхонаҳои саноатӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолию сайёҳӣ, дар доираи иқдоми "Солҳои рушди саноат" эълон гардидани солҳои 2022-2026;

- рушди хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, такмили омор, тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд, такмили инфрасохтор, рушди захираҳои инсонӣ, баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ.

17. Амалигардонии ҳадафҳои асосии Барнома дар бандҳои нақшаи амали он барои солҳои 2024-2026 инъикос ёфта, онҳо ба се самти ба ҳам алоқаманд, яъне такмили асосҳои институтсионалии рушди сайёҳӣ, тақвияти дастгирии давлатии рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани имиҷи сайёҳии шаҳри Роғун мутобиқи меъёру стандартҳои байналмилалӣ равона карда шудаанд.

18. Дар раванди амалигардонии Барномаи мазкур самаранокӣ ва рақобатпазирии соҳаи сайёҳии шаҳри Роғун, рушди захирахои инсонӣ, тақвияти институтсионалӣ ва ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ ҷанбаҳои афзалиятноки Барнома мегардад.

4. ВОСИТАҲОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

19. Яке аз самтҳои расидан ба ҳадафҳои Барнома ин ҷалби сармояи дохили ва хориҷӣ мебошад. Барои ҷалби сармоя дар ин соҳа андешидани тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

- баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Роғун ва дар ин самт рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла тавассути мақоми ваколатдори давлатии дар соҳаи сайёҳӣ;

- фаъолгардонии ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо кишварҳои хориҷӣ бо мақсади зиёд кардани созишномаю шартномахои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ;

- мусоидат ба сармоягузории лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳои сайёҳӣ бо ҷалби институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд;

- ташкил ва пешбурди Интернет-портали ягона бо роҳи ҷойгир намудани маълумоти зарурӣ оид ба иқтидори сайёҳии маҳаллӣ;

- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ташаккули имиҷи ҷолибияти сайёҳии шаҳри Роғун бо истифодаи фаъоли омилҳои рушди таърихии маҳал, арзишҳои миллии он, анъанаву ойин, хӯрокҳо ва фарҳангу санъат;

- ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни миллӣ дар дохили шаҳр бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ва созмону ассотсиатсияҳои соҳавӣ;

- андешидани тадбирҳо оид ба рушди саноати маҳсулоти армуғонии сайёҳӣ.

20. Яке аз шартҳои асосии рушди сайёҳии шаҳри Роғун ин таъмини бехатарии сайёҳон ба ҳисоб рафта, он дар 16 харитаи заминистифодабарии шаҳри Роғун, ки аз тарафи Институти лоиҳакашию тадқиқотии "Фазо"-и назди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 тасдиқ гардидааст, инъикос шудааст.

21. Омили муҳимми рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ин ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Нақши сохтори мазкур ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид барои ҳамаи аъзои он дар самти рушди сайёҳӣ ва ташаккули робитаҳои байналмилалии ҷомеаи ҷаҳонии сайёҳӣ басо муҳим аст.

5. РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ҲАМЧУН САМТИ МУҲИММИ БАРНОМА

22. Рушди саёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама аз захираҳои табиӣ ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои дурдаст вобастагӣ дорад. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ сайёҳии экологӣ дар 15 соли охир миёни сайёҳон бештар машҳур гашта, яке аз намудҳои устувори рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

23. Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори сайёҳии шаҳр нишон медиҳанд, ки вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ 90 фоизи шаҳри Роғунро кӯҳсор ташкил медиҳад, ки дар он барои рушди сайёҳии экологӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд буда, инчунин асоси онро табиату манзараҳои нодир, обҳои мусаффо, кӯлҳо ва чашмаҳои обҳои шифобахш, боғу наботот, ҳайвоноти куҳии нодир ва мавзеи обанбори "НБО Роғун" ташкил медиҳанд.

24. Иқтидори иқтисодии саёҳати экологӣ дар шаҳри Роғун бемаҳдуд аст, вале барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок зарур аст. Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои сайёҳии экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гӯшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон таъмин карда шавад.

25. Барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар иншооти сайёҳии экологӣ фароҳам овардани шароити мусоид мувофиқи мақсад аст. Тадбирҳое, ки барои фаъолнокии ҷараёни мазкур равона шудаанд ва барои таъмини бомуваффақонаи рушди сайёҳии экологӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун имкон медиҳанд, чунин мебошанд:

- ҳарчи тезтар анҷом додану бо насби аттраксионҳои гуногун пуррагардонии сохтмонҳои боғи фарҳангию фароғатии шаҳрӣ, боғи ба номи И.Сомонӣ, беҳтаргардонии маҷмааҳои "Нақб" ва "Роғун-ман туро дӯст медорам" бо мақсади ташаккули инфрасохтор барои рушди сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;

- рушди ҳамкории байналмилалии шаҳри Роғун дар самти сайёҳии экологӣ;

- амалисозии тадбирҳо ва таъмини талаботи махсуси сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи ба нигоҳдории намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот нигаронидашуда дар ҳамоҳангӣ бо фарҳангу анъанаҳои қадими аҳолӣ, тавсеаи баробари хатсайрҳои ҷуғрофӣ.

6. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

26. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

27. Мониторинг ва арзёбии амалишавии Барнома бо тартиби муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 "Дар бораи Қоидаҳои гузарондани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад.

7. МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИСОЗӢ ВА МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

28. Барнома дар се марҳила - солҳои 2024-2026, соли 2027 ва соли 2028 мутобиқи нақшаҳои амали он, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.

29. Амалигардонии Барнома аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун анҷом дода мешавад.

30. Хароҷоти маблағҳо барои амалишавии Барнома дар ҳаҷми 17 миллиону 604 ҳазор сомонӣ аз манбаъҳои зерин пешбинӣ карда мешавад:

- буҷети ҷумҳуриявӣ - 795 ҳазор сомонӣ;

- буҷети маҳаллӣ - 1 миллиону 840 ҳазор сомонӣ;

- шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст - 14 миллион 969 ҳазор сомонӣ.

31. Амалишавии Барнома бо тартиби зерин сурат мегирад:

- ҳамасола аз нав дида баромадани номгӯйи чорабиниҳои Барнома бо мақсади маблағгузории онҳо;

- ҳамасола аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба амалисозии Барномаи мазкур ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда мешавад.

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

32. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вазифадор аст, ки барои дарёфту ҷалб намудани соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷиҳати сохтмон ва таъмиру азнавсозии инфрасохтори минтақаи сайёҳии "Роғун" чораҳои зарурӣ андешад.

33. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди минтақаи сайёҳии "Роғун" тамоми тадбирҳои муассирро меандешад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2023, № 187

Нақшаи амали солҳои 2024-2026-и Барномаи рушди минтақаи сайёҳии "Роғун" барои солҳои 2024-2028

Замима