Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 556 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, №116"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, №116

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 19(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"19(1). Бо мақсади тақвияти фаъолияти бойгонӣ ва китобхонаи идоравӣ, ба таври доимӣ нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ барои истифодаи самараноки хизматӣ, истеҳсолӣ ва илмии онҳо, инчунин ҳифзу нигоҳдории фонди китобхона бахши бойгонӣ ва китобдорӣ таъсис дода шавад.";

- ба замима сархати сиву дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Бахши бойгонӣ ва китобдорӣ".

2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби воҳидҳои кории мавҷуда дар басти вазифаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намояд;

- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 апрели соли 2023, № 556