Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, № 175 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, №459"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, №459

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 459 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби идораи кумаки башардӯстона ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1) дар ном калимаҳои "техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида" ба калимаҳои "техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2) Дар Низомномаи тартиби идораи кумаки башардӯстона ва техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар бандҳои 6 ва 7 калимаи "тандурустии" ба калимаҳои "тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" иваз карда шавад;

- ба банди 6 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муҳлати истифодабарии доруҳои дар асоси кумаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ воридшуда барои он доруҳое, ки муҳлаташон аз як сол кам аст, бояд на кам аз 50 фоизи муҳлати истифодаи онҳо ва барои доруҳое, ки муҳлати истифодаи онҳо аз як сол зиёд аст, бояд на кам аз 10 моҳро ташкил диҳанд.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 апрели соли 2023, № 175