ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо"
Мутобиқи моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо" ба Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" иваз карда шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати се моҳ бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи мазкурро ҳал намояд.
3. Сархати ҳаштоду ҳаштуми Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 апрели соли 2023, № 174