ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2009, №673
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2009, №673 "Дар бораи масъалаҳои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба муқаддима пас аз калимаи "таъсисёбии" калимаи "мақоми" илова гардида, калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Шумораи ниҳоии кормандони мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 39 воҳиди корӣ (бе дар назар доштани ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ 33 воҳиди корӣ муқаррар карда шавад.";
- банди 2 хориҷ карда шавад;
- дар банди 3 калимаи "Дастгоҳи" ба калимаи "мақоми" иваз гардида, пас аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва сохторҳои маҳаллии он" илова карда шаванд;
- дар банди 4 пеш аз калимаи "Ваколатдор" калимаи "мақоми" илова карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти нигоҳдорӣ (пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ)-и 14 воҳиди кории иловагии мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2023 ва дар солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
...

ш. Душанбе,
аз 29 апрели соли 2023, № 555