ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647 "Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) ба банди 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Хизматчиёни давлатии тибқи хулосаи комиссияи аттестатсионӣ аз мансаб озодгардида метавонанд дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии категорияи пасттар (ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои ҳафтум барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии категорияи ҳафтум) баъди гузаштани шаш моҳи тақвимӣ иштирок намоянд.";
2) дар сархати чоруми банди 4 пас аз калимаҳои "дар асоси" калимаҳои "натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ ё" илова карда шаванд;
3) дар банди 11:
- дар сархати шашум калимаи "суҳбат" ба калимаҳои "санҷиши пешакӣ - навиштани иншо, эссе, кори хаттӣ, диктант ё санҷиши тестӣ (минбаъд - санҷиши пешакӣ)" иваз карда шаванд;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- гузарондани санҷиши пешакӣ;";
4) ба банди 14 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Комиссияи озмун дар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии онҳо то 15 нафарро ташкил дода, роҳбарони онҳо ҳуқуқи таъини хизматчиёни давлатиро доранд, ташкил карда намешавад ва озмунҳо мувофиқан дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор гузаронда мешаванд.";
5) дар банди 21:
- дар сархати якум калимаҳои "ва гузаронидани" ба калимаҳои ", гузаронидани санҷиши пешакӣ ва" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаи "суҳбат" ба калимаҳои "санҷиши пешакӣ" иваз карда шавад;
- сархати сеюм хориҷ карда шавад;
- дар сархати чорум пас аз калимаи "гузаронидани" калимаҳои "санҷиши пешакӣ ва" илова карда шаванд;
6) номи боби 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. ҚАБУЛ, БАРРАСИИ ҲУҶҶАТҲО, ГУЗАРОНДАНИ САНҶИШИ ПЕШАКӢ ВА СУҲБАТ БО ДОВТАЛАБОН";
7) дар банди 27:
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;";
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);";
8) банди 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"31. Комиссияи озмун баъди анҷоми муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо амалҳои зеринро иҷро менамояд:
- баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва муайян намудани мувофиқати довталабон ба талаботи тахассусии мансабҳои холӣ на дертар аз 3 рӯзи корӣ;
- муайян намудани намуди санҷиши пешакӣ, вақт ва маҳалли гузарондани он, меъёри баҳо (хол)-и гузариш аз санҷиши пешакӣ дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи кории баъди баррасии ҳуҷҷатҳо;
- ҷалби мутахассис (мутахассисон) барои гузарондани санҷиши пешакӣ;
- даъват намудани довталабон ба санҷиши пешакӣ дар муҳлати на дертар аз 2 рӯз то баргузории санҷиши пешакӣ;
- муайян намудани баҳои гузариш (аз 15 то 25), ҷой ва вақти баргузории суҳбат бо довталабон дар муҳлати на дертар аз 6 рӯзи корӣ баъди баррасии ҳуҷҷатҳо;
- даъвати довталабон ба суҳбат дар муҳлати на дертар аз 2 рӯз то баргузории суҳбат;
- қабули қарорҳо аз натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳо, санҷиши пешакӣ ва суҳбат;
- хабардор намудани довталабон аз натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳо, санҷиши пешакӣ ва суҳбат дар муҳлати на дертар аз 1 рӯзи баъди қабули қарори комиссияи озмун.";
9) дар банди 35 калимаҳои "дар суҳбат" ба калимаҳои "пеш аз санҷиши пешакӣ" иваз карда шаванд;
10) бандҳои 36 ва 37 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"36. Бо мақсади муайян намудани сатҳи донишҳои касбӣ, дар мақомоти давлатӣ тариқи гурӯҳӣ санҷиши пешакӣ гузаронда мешавад. Барои гузарондани санҷиши пешакӣ ва баҳогузории натиҷаҳои он мутахассисони соҳавӣ даъват карда мешававд. Дар сурати ба даст наовардани баҳо (хол)-и гузариши санҷиши пешакӣ, довталабон ба суҳбат иҷозат дода намешаванд ва дар ин хусус комиссияи озмун дар шакли протокол қарор қабул мекунад.
37. Суҳбат бо ҳар як довталаб алоҳида гузаронда мешавад. Дар рафти суҳбат сатҳи донишҳои касбӣ, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таърих ва фарҳанги Тоҷикисгон, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор бо технологияҳои иттилоотӣ (электронӣ), ки дар варақаи баҳодиҳии сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории довталабон пешбинӣ шудаанд, муайян карда мешавад (замимаи 2). Меъёри баҳодиҳӣ аз 2 то 5 муқаррар карда мешавад. Барои занон, шахсони хизмати ҳарбиро тибқи даъват адонамуда ва сокинони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии дар ҳифзи сарҳади давлатӣ иштирокнамуда, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот кабул мегарданд, се хол илова карда мешавад.";
11) банди 39 дар таҳрири зерин ифода карда шавад;
"39. Ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмун баъди анҷоми суҳбат бо довталабон баргузор гардида, номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ тавсия дода мешаванд. Қарори комиссияи озмун дар ғоибии довталаб қабул карда мешавад. Довталаб дар ҳолати ба даст овардани баҳои муқарраршуда аз озмун гузашта ҳисобида шуда, довталаби баҳои баландтар гирифта барои таъин пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми баробар будани баҳои гузариши муқарраргардида ба мансаби холии дахлдор довталаби аз озмун гузашта, бо пешниҳоди раиси комиссияи озмун муайян карда мешавад. Комиссияи озмун ҳуқуқ дорад довталабони дигари баҳои гузариш бадастовардаро барои таъин ба мансаби холии категорияи баробар ё пасттари ҳамин мақоми давлатӣ пешниҳод намояд. Дар чунин ҳолат таъин бояд дар муҳлати то 6 моҳ бо риояи талаботи тахассусӣ амалӣ карда шавад.";
12) дар банди 41 пас аз калимаҳои "Дар сурати ба" калимаҳои "санҷиши пешакӣ ё" илова карда шаванд;
13) замимаи 2 дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 апрели соли 2023, № 544