Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 136 "Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали соли 2023 Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро дар доираи маблағҳои буҷетии пешбинигардида, маблағҳои махсуси муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ таъмин намояд.

3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамасола то 15 декабр оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2023, № 136